Ҳалолро ҳаром гуфтан гуноҳ не, куфр аст, довар!

Варзиш 31.03.2012 09:48

Guchti_dovaronНаврӯз ҷашни баҳору шукуфоӣ дар сартосари кишвар бо хушнудиву базму бозиву ҳаёҳу ва тамошои театрӣ тайи чанд соли ахир таҷлил мешавад. Аммо бе муболиға барои аксари сокинони кишвар мусобиқаи гуштии паҳлавонон ҷолибтарин ва сермухлистарин маъракаи наврузӣ буда ва ҳаст. Шурӯъ аз 22-уми март маъракаҳои наврузӣ оғоз гардиданд ва хабар расид , ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода сабқати гуштӣ бо иштироки паҳлавонони тоҷику узбакистонӣ ҷараён мегирад. Садҳо мошини пуродам ба ин шаҳр раҳсипор буданд, ки миёни мухлисон намояндагони тамоми манотиқи кишвар ҳузур доштанд. Рӯзи дуввум бошад, дар майдони варзишии Душанбе (собиқ стадиони Фрунзе) беш аз 30 ҳазор ҳаводори ин навъи сабқат ширкат доштанд. Ҳамин тавр, рӯзи 24-ум боз мардуми зиёде дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба тамошои гуштӣ омаданд, то хастагии рӯҳӣ ва маънавиашонро бартараф намоянд… Аммо ҳайҳоту вовайло, ки хастагиҳо на бадар шуданд, балки ба мондагӣ ва лакот боз як идда мушкилоти дигар зам гашт. Банда низ дар ин се сабқати паҳлавонон ширкат доштам ва чанде аз мушоҳидаҳои худро лозим донистам, ки рӯи саҳфа биёрам. Акнун мутаваҷҷеҳ шавед, ба бардоштҳои мани мухлис аз ин майдонҳо: 

Паҳлавони номаълум - барандаи шоҳҷойиза!

Дар шаҳри Турсунзода (рӯзи 22-юми март) сабқати нахустини имсолаи наврӯзии гуштии миллӣ баргузор шуд, ки бисёре аз паҳлавонон ва мухлисон аз ин давра ношод берун баромаданд. Дар ин маърака беш аз 12 паҳлавони узбакистонӣ низ ширкат доштанд ва хело хуб ҳам ҳунарнамоӣ карданд. Аммо ин дафъа "бахт" омад кард ё шояд онро "оварданд"-у паҳлавонони тоҷик аз болои онҳо пирӯз шуданд. Аммо ба сабабҳои ба мо мухлисон номаълум, яке аз шоҳҷоизаҳо- мошини аввалро на дар номи ин паҳлавонҳо, балки дар қиболи Сайвалӣ-паҳлавон (Гунҷишков) гузоштанду бо Абубакр Зоиров гуштӣ гирифт ва бо як паҳлӯ ғолибиятро ба якумӣ доданд.

Мошини дуввум насиби Парвиз Собиров  шуд, ки ба назари мухлисону ҳаводорон ӯ сазовори он буд. Зеро ду паҳлавони узбак ва Додохони регариро мардонавор ба замин зад. Барои мукофоти асосӣ боз Гунҷишков ба майдон омаду дар паҳлӯи Муҳаммад Абдураҳмонов (маъруф ба Ҷага) нишаст. Ин дар ҳоле буд, ки паҳлавонони номии дигари кишвар: Неъматулло Аслонқулов, Набимуҳаммад Хоркашов  ва Зиёратшоҳ Баротов  нав вориди майдон шуда буданду ҳар кадоме як нафарӣ ҳарифи худро шикаст дода буданд. Мардум аввал аз майдондории Сайдвалӣ Гунҷишков норозӣ буданд ва чунин ранг гирифтани воқеаъро дида, майдонро тарк гуфтанд ва гуштӣ нотамом монд…

Ба назари ҳаводорони сабқат, ин ҳама норозигии мардум дар номи паҳлавонони регарӣ гузоштани ду мошини сабукрав буд, алалхусус дар номи Гунҷишков. Ногуфта намонад, ки ҷаноби Гунҷишков ҳамагӣ як паҳлавонро ба замин афтонида буд, аммо ҳайати доварон ва ровӣ ҳар замон эълом медошт, ки Сайидвалӣ чаҳор танро мағлуб кардааст…

Guchti_qahramonhoБино ба шаҳодати мухлисон ва "гӯшакӣ"-и онҳо паҳлавони номбурда "майдондори дарборӣ" будаву соли пор низ бо кадом ҳиллаи шаръӣ мошинеро аз они худ кардааст. Хуб, "ҳалол"-ашон бод, масъулини ин ҷашнвораро як чунин ҳаромкорӣ. Аммо аз ҳама ҷолибаш  ин буд, ки паҳлавонон- Набӣ , Зиёратшоҳ ва Неъматулло  дар майдон буданду Муҳаммад бо Сайидвалӣ дар набард, раиси шаҳр эълон кард, ки гуштӣ ҷамъбаст шуд. Ин амали норавои масъулин мухлисинро ором нагузошт ва ҳазорон бутали холӣ ва зарфҳои пуроби плостикӣ ба майдон партоб шуданд. 20 ҳазор тамошочии аз дуру наздик омада, бо алфози қабеҳу пасту баланд майдонро тарк мегуфтанд. Ба хусус ононе, ки беш аз 100-300  километр роҳро тай карда, ба тамошо омада буданд. Инчунин паҳлавонони барҷаста ҳам.

Дар шоҳроҳи Турсунзода-Душанбе дар ошхонае барои хӯрдани ғизои шомгоҳӣ аз мошин поин шудем. Дар ин мавзеъ мухлисони зиёд ҳурок мехӯрданд ва аз миёни эшон як нафар садо баланд карду гуфт:  "Рости гап ба тамошои ин гуштӣ аз дуриҳои дур омада будам, аз дили Русия. Омада будам, то кайф кунам, баръакс тамоман кайфамро парронданд. Беинсофӣ аз ин зиёд намешавад. Магар бояд фақат паҳлавон аз Регар мошинро бигирад?  Ё ҳамин узбакҳои меҳмон ҳаққи соҳиб шудани як сабукравро надоштанд? Аз чӣ бошад, ки боз чун порсола дар номи Сайидвалӣ мошин монданд, ки ягон ҳунарнамоии ҷолибе  нишон надод ва Абубакр паҳлавонро низ ҳалол назад…"

Хуллас, дар роҳ ҳама аз гуштии фардои дигар (23-юми март) мегуфтанд, ки дар   Душанбе баргузор мешавад, баробар ба 3-юми моҳи ҳамали соли 1391 ҳиҷрии шамсӣ. 

Наврӯзи имсол низом хуб буд

Гуштӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бояд тибқи нақша соати 14-00 оғоз меёфт, аммо мухлисон аз саҳари  солеҳон  роҳ ҷониби сабқатгоҳ доштанд. Теъдоди зиёди  кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён далолат бар он мекард, ки  шукӯҳу шаҳомати ҷашни наврӯзии имсола бештар аз ҳар соли дигар аст. Хурсандиовар ин буд, ки барои аввалин бор дар чанд соли ахир мухлисон бе шавқуну талотуб ва бе "дубинка" оромона вориди майдон мегаштанд, аҳсан ба кори мақомоти интизомӣ. Бояд бигӯям, ки на ҳамаи мухлисон ба майдон ворид шуданд, зеро дар соати 12-у 30 аллакай тамоми ҷойҳо банд шуда буданду Варзишгоҳ дигар ҷои нишаст надошт. Як дӯсти банда бо исми Зоҳиршоҳ қабл аз вуруд ба майдон изҳор дошт, ки беҳтар аст, ки ин сабқатро дар хона тариқи ТВ тамошо кунам, он ҷо роҳаттар асту садо камтар, агарчи аз дохил дидан беҳтар аст. Баъди тамошои ин мусобиқа ба дурустии ҳарфҳои дӯстам бори дигар итминон кардам, зеро баъзе аз "бозиҳо"-и дохилии доварон ва масъулин нороҳаткунанда буданд, ба хусус барои онҳое, ки гуштии ҳақиқӣ, мардонагӣ ва майдондории воқеиро ҳаводоранду онро ҳамчун фарҳанги миллӣ муқаддас медонанд…

"Булъаҷаб"  дар гуштии тоҷикӣ. Ё паҳлӯву бадану ба шиками рост

Дар сабқати имсола чеҳраҳои наву умедбахш, паҳлавононе амсоли Сайёд, Хушқадам, Абубакр ва ғайра хубу олӣ ҳунарнамоӣ карданд, аммо боз ҳам доварони ҳилладони мо мушкил эҷод мекарданд. Таври мисол, Нозим- паҳлавон  аснои мусобиқа ҳарифашро ду маротиба ба замин афтонда, як паҳлӯ ва ду бадан кор кард, аммо Аҳтам Раҷабов довари болои гилем ғолибиятро ба ҳарифи ӯ дод. Дар ҳоле ки ҳарифи Нозим ҳамагӣ як бадан гирифта буд. Садои доду фарёди мухлисон ва алфози қабеҳ ба сӯи довар равона гардид, аммо довари "нодовар" ин ҳамаро намешунид ва агар ҳам шунид, гӯшро ба карӣ андохт…

Мухлисон то охири сабқат нафаҳмиданд, ки "бадан"-у "паҳлӯ" ва "бо шиками рост" чӣ иртиботе ба гуштии миллӣ дорад. Акнун тафовут миёни ҷу-до (дзю-до), самбо ва гуштии тоҷикӣ ҳам аз байн рафтааст чӣ? 

Наврӯзи имсол бе қаҳрамон монд

Мусобиқаи паҳлавонон то баромадан ба даври ниҳоӣ хело ҷолиб ва бозавқ пеш мерафт, аммо дар даври ниҳоӣ боз баҳсҳову ҳиллаҳо шурӯъ шуданд. Муҳаммад  Абдураҳмонов (маъруф ба тахаллуси Ҷага), ки дар вазни беш аз 95 килограмм дар баробари Абубакр Раҳмонови 23-сола мағлуб шуд. Ҷуфти дигари даври ниҳоӣ Раҳматулло Абдуллоев ва Парвиз Собиров буданд, ки дар ин сабқат Парвиз ғолиб омад.  

Guchti_tamosjogarҲаводорони гуштӣ  байни якдигар тахмин мезаданду фарзия пешниҳод мекарданд, ки талабгорони асосии шоҳҷойиза Парвиз ва Абубакр хоҳанд буд, зеро дар қиёс бо дигар қаҳрамонҳои вазнҳои аз 75  то вазни мутлақ ин ду нафар аз ҳар ҷиҳат тавондмандтар менамуданд.  Парвиз барои ҳама мухлисони гуштӣ маълум буд, вале Абубакр ном ҷавоне, ки Муҳаммадро бо як паҳлӯ ё бадан мағлуб кард, чеҳраи навест дар майдони паҳлавонии кишвар. Аммо чун ровии сабқат эълон кард, ки ҳама афроди аз 75 килограм боло ҷойи дуввум ва якумро соҳиб шудаанд, барои шоҳҷойиза сабқат хоҳанд кард. Ин боиси норозигии мухлисон шуд. Чаро?

Ҳиллаи нави доварон ё гуштиро ба баҳс кашидану "ҷанҷол"-и сабқат

Зеро барандаи ин сабқат нахуст эълон кард, ки танҳо касоне ҳаққи ширкат барои шоҳҷойизаро доранд, ки дар вазнҳои аз 75 боло ҷойи аввалро мегиранд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин сухан тағйир хӯрд ва боз касоне, ки мағлуб шуда буданд-Муҳаммад ва Раҳматулло  боз ба майдон хонда шуданд. Ин дафъа Муҳаммад, Аъзам -паҳлавони ҳисориро бо усули ба қавли гӯянда "номаълум" аз по афтонд ва боз бо Абубакр каштал ба каштал шуд. Гуштии дафъаи дуввуми онҳоро ҳавола ба инсофи доварон мекунем, вале якумаш дар гуштии тоҷикӣ касе дар майдон ғалтидааст, ҳаққи ширкат надорад ва ба хусус бо он ҳарифе, ки шикасташ додааст. Ҳар гунае бошад, бо як танбеҳ  Муҳаммад Абдураҳмонов пирӯз шуд.  "Танбеҳ" ва "огоҳӣ" козери (қартаи) асосии доварони тоҷик аст, дар қиболи онҳое, ки ғолибияти соф ба даст намеоранд. Бинандагони ин гуштӣ худ шоҳиданд ва аз ин баҳодиҳиҳои ахири доварон ками мардуми мо огаҳанд, ки ин чӣ гуна аст ва он кадом меъёрро дорад.

Ба ҳар шева боз Раҳамтулло ва Парвиз дубора дар нимфинал ба ҳам вохӯрданд. Ин дафъа низ Парвиз ғолиб омад. Барои гирифтани шоҳҷойиза боз Муҳаммади шикастхӯрда ва Парвиз боқӣ монданд. Пас аз эъломи ин тасмими доварон мардум майдонро тарк кардан гирифтанд ва ман низ қатори дигарон аз майдон берун шудам. Аснои берун рафтан аз майдон Даврон ном мухлиси ашаддии гуштӣ хабар дод, ки Парвиз дасти Муҳаммадро боло кард, вале Маликшоҳ Неъматов раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ шоҳҷойизаро ба Расул Боқиев туҳфа кард, ки ҳаводорону тамошочиён хело хурсанд шуданд. Ӯ гуфт: "Офарин ба Маликшоҳ, ки туҳфаро ба Расул супорид. Зеро ӯ ягона касест, ки обрӯйи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон мебардорад. Агар ӯ ин корро намекард, боз мухлисон норизо мемонданд, зеро Муҳаммад шикаст хӯрда буду ҳаққи паҳлавони наврӯзӣ буданро надошт. Аз ин амали оқои Неъматов  тири баъзе аз доварони хешутаборбоз хок хӯрд".

Намедонам, шояд доварон аз ин амали Маликшоҳ Неъматов нороҳат буданд, аммо ин кори ӯро мухлисон бо самимият ва хушнудӣ истиқбол карданд.

Рӯзи 3: Маркази Хатлон ва 2 ҳазор доллари Расулу боз аҷобати шоҳҷойиза

Кумитаи тадорукоти ҷашни Наврӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа, қабл аз оғози мусобиқа дар ҳузури мухлисон Расул паҳлавонро бо 2 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ кард, ки боиси ташаккур ва эҳтиром аст. Боқиеви марди майдон барои дуввумин маротиба чунин пазироиро эҳсос кард. 

Бояд тазаккур дод, ки соҳибкор- Нусратулло Файзуллоев ва кумитаи тадорукоти ин ид дар Қӯрғонтеппа гуштии хубу гарме созмон дода буданд, аммо боз ҳам аснои эҳдои шоҳҷойиза сар шуд аз он чӣ ки метарсидем…

Сайдмуъмин ном паҳлавони барои доварон "маълум" ва барои мухлисин "ношинос" чор ҳарифашро ба  замин зад ва дар сабқат барои мошин аз Сайидҷалол-паҳлавон шикаст хӯрд ва падари Сайидҷалолро, ки дар минбари ифтихорӣ менишаст, барои пирӯзии фарзандаш "табрик"  гуфтанд.

Паҳлавонони номӣ Абубакр, Парвиз, Раҳматулло ва Зиёратшоҳ нав ба майдон омада буданд. Доварон аз фурсати муносиб истифода карда, мошини дуввум, Мерседесро ба номи Муҳаммад Абдураҳмонов ва Рауф Ҳикматов  эълон карданд. Рауф бошад, пас аз як ду давр дасти Муҳаммадро бардошту аз "мағлубияташ" дарак дод. Ростӣ, ҳам Рауф ва ҳам Муҳаммад шоистаи ҳама гуна ҷойиза ва туҳфаанд, вале хуб мебуд, ки доварону онҳо ҳам мегузоштанд,  то касе  сарак мебаромаду соҳиби аслии шоҳҷойиза мешуд…

Суолҳое, ки ҷавоб мехоҳанд

Аз ҳама мушоҳидаҳоям як чизро барои худ дарк кардам, ки қариб ҳама ҷо паҳлавонони худро доштаасту ҳар мансабдор ё дигар масъули варзиш танҳо мехоҳад, ки нафарони худӣ шоҳҷойизаро соҳиб шаванд. Масалан ду сол аст, ки дар Регар Гунҷишков онро мегирад. Дар майдони марказӣ ҳам бо кадом усули номаълум пирӯз мешаванд. Дар Қӯрғонтеппа бо ҳама карру фараш боз мошин насиби худиҳо шуд.   Мардум барои тамошо мераванд километрҳоро тай карда пиёдаву бо мошин то лаззате баранд. Аммо аз чи бошад , ки дар ҳар се майдон ҳанӯз ҳам паҳлавонон зӯрозмоӣ доштанд, ки мухлисон майдонро тарк мегуфтанд. Чаро? Суолест ба масъулин. Дигар ин ки дар ҳама кор фиребу  найранг аст, вале ин варзиш аст. Хуб мешуд, ки дар ин соҳа маҳз дар гуштӣ дигар маҳал неву бачаи ягон раис ё тоҷири калон неву паҳлавони ҳақиқӣ ғолиб мебаромад ва паҳлавони шоиста соҳиби ҷоиза мешуд ва дигар ба минтақа тақсим намекардем. То паҳлавонони сазовори миллат шавқманд шаванду мисли Расул номбардори кишвар бошанд. Чаро чунин паҳлавонони дарборӣ  дар дигар ҷойҳо наметавонанд аққалан боре Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд ё аққалан дар дигар минтақаи кишвар мухлисон дошта бошанд? Ё ҳамин раисону дӯстдорони он паҳлавонони дарборӣ намешавад, ки қаблан ё дар байни мардум бе ягон ҳилла туҳфае ба он номбардорони ноҳия ё хешу таборашон бидиҳанд, то ибрате шавад барои дигар мансабдорону тоҷирон барои рушди варзиши кишвар?  Соли гузашта  зимни як нишасти хабарӣ масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ ваъда доданд, ки соли оянда дар Наврӯзи байналмилалӣ гуштигирони тоҷик бо либоси хоссаи гуштигирӣ ба майдон хоҳанд баромад, ки надидем. Оё он омода аст? Мегӯянд, 1 апрел дар Ёвон гуштӣ аст ва кӣ дар он ҷо тасодуф мошин мегирад ё не, хоҳем гуфт.

"Ҳалол" гуфтани пирони гуштӣ, яъне чӣ?

Гуштӣ як бозии ҷашнҳои миллии мост ва дар ҳама замон танҳо ғолибро муайян мекард, ки "ҳалол" буд. Борҳо ин калимаро шунидаам, вале дирӯз гуфтаи як мухлис маро ба андеша бурд, ки чаро бобоёни мо ҲАЛОЛ мегуфтаанд. Зеро ба гуфтаи он ҳаводор ҳалолро ҳаром гуфтан на танҳо гуноҳи кабира, балки куфр аст. Ана ин аст назари бобоёнии мо, ки танҳо ҳалол ҳамон замоне ба забон меоранд, ки ҳалол буд, на ба хотири касе. Хуб аст, ки доварони мо ки аксаран ҳоҷиянду сари худро бар даргаҳи Худованд ба замин мезананд, бояд андеша кунанд, ки ғиромбозӣ ва ҳалолу ҳаром гуфтан, ҷавоб гуфтан дорад дар пеши Довари аслӣ дар рӯзи ҳисоб.

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97