Носир Бозоров: Паҳлавонони мо «хонашери майдонғариб» нестанд, балки мушкил доранд

Варзиш 12.08.2011 11:01

Nosir Bozov 10Рӯзи 13 июн, пас аз зуҳр, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба «дзюдо», устоди варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди варзиши Шуравӣ оид ба «самбо» ва «дзюдо», мураббии хизматнишондода ва тренери дараҷаи байналмилалии класси «A», Носир Бозоров, ҳамроҳ бо варзишгар- қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон оид ба «дзюдо» ва гуштии миллӣ Муҳамадмурод Абдураҳмонов, вориди идораи нашрияи «Миллат» шуданд. Устод Носир Бозоров аз чопи матлабе дар нашрияи «Миллат» каме нороҳат менамуд ва бо пешниҳоди мо розӣ шуданд сабаби ташрифашонро ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи варзиш, ҳамчун мутахассис дар шакли мусоҳиба ба хонандагони нашрия пешниҳод намоем.

- Устод, сабаби ташрифатон ба идораи нашрияи «Миллат» дар чист?
Носир Бозоров: -Рости гап, ман ҳар ҳафта нашрияҳои кишварро мехонам. Дар нашрияи «Миллат» чашмам ба мақолаи «Пирӯзии Расул Боқиев ва «хонашерони майдонғариб»» афтод, ки ин суханонро дар ҳаққи паҳлавонони тоҷик номуносиб медонам. Аз ин рӯ хостам то ба нашрияи шумо ташриф орам ва аз воқеияти ҳол бозгӯ кунам. Ин сухани «хонашерони майдонғариб» дар ҳаққи паҳлавонони мо, ки бо ҳазорон мушкил дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд, ба назари ман номуносиб аст. Ғалабаи Расулҷон пирӯзии тамоми Тоҷикистон ва тоҷикон аст ва ҳама аз чунин фарзанди барӯманде, ки дар байни садҳо кишвар парчами Ватанро баланд мекунад, бояд ифтихор кунем. Аммо ҷудо кардани Расул ва паст задани заҳмати дигарон боиси як ҷудоие дар байни варзишгарон мешавад. Зеро пирӯзии Расул пирӯзии ин паҳлавонон низ ҳаст. Дигар ин ки бисёр мехостам бигӯям, ки журналистони мо агар дар бораи варзиш матлабе навиштан хоҳанд, беҳтар мебуд, ки аз мутахассисони ин соҳа низ мепурсиданд, то аз асли воқеъа хабар ёбанд ва аз овозапарокании ин ё он кас камтар истифода кунанд.

Muhammad s 10- Аммо сабаби аслии нофаҳмиҳо фикр мекунам, робитаи заъифи кормандони ин соҳа бо журналистон аст, фикри шумо чист?

Н.Б:- Шояд, аммо то ҳамин рӯз ман ҳеч гоҳе аз ягон журналист дурӣ наҷустаам ва пайваста кӯшидаам, ки пурсишҳои журналистонро ҷавоб бигӯям. Зеро бояд қайд кард, ки инъикоскунандаи заҳмат ва обрӯи ҳар як варзишгар, дар байни омма на танҳо мураббӣ, балки журналистонанд. Маҳз онҳо нишон медиҳанд, ки мо дар кадом сатҳ қарор дорем ва то кадом дараҷа меҳнат мекунем.

- Хуб, аз гилагузор
ӣ ба асли мақсад биёем. Имрӯз мақоми дзюдои тоҷик  дар нисбати дигар кишварҳо дар кадом сатҳ аст?
Н.Б:- Бояд бигӯям, ки бо он шароите, ки имрӯз варзишгарони мо доранд ва дар мусобиқаҳо ширкат меварзанд, боиси ифтихор аст. Мо наметавонем бигӯем, ки варзишгарони мо аз дигар варзишгарон пасттаранд. Ягона чизе ки моро ба қафо мекашад, ин камбуди маблағ аст. Аммо бо ин нигоҳ накарда, мо кӯшиш менамоем, ки аз камтарин имконот истифода намуда, варзишгарони хешро омода созем. Шукри истиқлолро бояд кард, ки ба мо ин шароитҳоро додааст ва ин имконотро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем ва аз он истифода кунем. Лекин мутаассифона баъзе шахсоне ҳастанд, ки чун «вирус» дар варзиш мавқеъи худашонро ҷо кардаанд. Чунин ашхос агарчанде кам бошанд ҳам, вале то инҳоро тоза накунем, кори мо ба осонӣ пеш намеравад.

- Варзишгарони мо аз
ҷониби кӣ сармоягузорӣ мешаванд ва кадом ширкатҳову корхонаҳо варзишгарони моро кӯмаки моддӣ мекунанд?
Н.Б: - Аввал мехостам минатдории худро ба ширкати «Талко» баён кунам, ки ягона ширкатест, ки варзишгарони моро дастгирии моддӣ мекунад, то битавонанд дар як ё ду мусобиқа ширкат варзанд. Ягона такягоҳи асосии варзишгарон Кумитаи варзиш, саёҳӣ ва кор бо ҷавонон аст, ки дар ҳақиқат он маблағҳои аз тарафи ҳукумати кишвар ҷудо шударо сад дар сад ба варзишгарон сарф мекунад. Аммо барои варзишгарро тайёр кардан, ин қатрае аз баҳр аст. Бо ин маблағ мо Расул Боқиев, Парвиз Собиров ва дигаронро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ тайёр кардан наметавонем.

- Ч
ӣ қадар маблағ барои як варзишгар лозим аст?
Н.Б: - Барои як варзишгари сатҳи ҷаҳониро тарбия кардан дар як давра, ки 4 солро дар бар мегирад, 200 ҳазор доллар лозим аст. Мо 200 ҳазор намегӯем, агар барои мо 100 ҳазор доллар мешуд, кифоя буд ва мо метавонистем, ки аз минбарҳои баланд парчами ҷумҳуриро боло кунем. Бубинед, ҳоло барои ҳамин варзишгароне, ки мераванд, дар як сол аз 7 то 15 ҳазор доллар рост меояд, ки барои варзишгарро тайёр кардан хело кам аст.

- Устод, кадоме аз шогирдони шумо метавонанд умеди кишварамонро дар мусобиқаҳои байналмилал
ӣ бароварда созанд?
Н.Б: - Агар мо бозиҳои олимпиро дар назар дошта бошем, аллакай дер шуд. Дар тамоми ҷо ҳамон соле, ки мусобиқаҳои олимпӣ тамом мешаванд, аллакай барои олимпиадаи оянда нақшакашӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Мо ҳам ин нақшаҳоро мекашем, вале аз норасоии маблағ наметавонем дар ҳама сабқатҳо ширкат кунем ва иҷрои ҳамаи он мисли як занҷирест, ки ба маблағ вобаста аст, ки агар як пайвандаш канда шавад, мо аз он мусобиқаҳо канор мемонем. Дар маҷмӯъ, мо хело ҷавонони болаёқат дорем, аз қабили Халилов Ҷамшед, Ашуров Ҳотам, Боқиев Расул, ҷавонтарин паҳлавони мо Сайидҷалол Саидов, Шералӣ Бозоров, Фарҳод Раҳимов, Муҳаммад Абдураҳмонов ва паҳлавони умедбахши мо Набимуҳаммад Хоркашов мебошанд, ки дар сурати ба даст оварадани маблағ метавонистанд дар мусобиқаи олимпӣ ширкат кунанд.

- Аммо к
ӣ бояд кӯмак кунад?
Н.Б: - Ҳоло дар тамоми дунё ба ғайр аз буҷаи давлатӣ саҳмгузорон ва федератсияҳо ҳастанд, ки 80 фоизи сарпарастиро ба дӯши худ доранд. Аммо дар кишвари мо чунин саҳҳомони саховатпеша то ба ҳол нестанд, ки аз варзишгарони мо дастгирӣ намоянд ё ақаллан як нафарро то ба охир сармоягузорӣ намоянд. Ман фикр мекунам, ки сарчашмаи асосии маблағгузорӣ буҷаи давлатӣ аст ва ин саҳмгузориҳо барои мустаҳкамтар кардан ва сайқал додани он мебошад. Мо танҳо бо ин имконоти дошта ҳаққи узвият месупорем ва ширкат менамоем то ин намуд аз байн наравад.

- Муҳаммад, аз ҳама мушкили
ҷиддӣ барои ба даст овардани муваффақият дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва дохилӣ дар чист?
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов: Мушкили асосии мо дар ин мусобиқаҳои ахир асосан ҳамроҳи мо ҳузур надоштани мураббии мо буд. Ростӣ гап, ҳангоме ки мураббӣ бо мо буд, тамоми мушкилоти меҳмонхона, муоинаи духтур ва ба даст овардани визаро ба мо ёрӣ медод ва мо танҳо рафта гуштӣ мегирифтем. Аммо ин дафъа (манзур мусобиқа дар Руминия) аз набудани мураббӣ мушкилоти зиёде пеш омад. Барои ба даст овардани раводид ба Руминия ва ҷойи хоб хело азоб кашидем. Мо мисли дастаҳои дигар аз баҳри психологу массажист гузаштем, танҳо ин хоҳишро доштем, ки агар мураббии мо ҳамроҳамон мебуд, шояд ба дастоварди хубтаре ноил мегаштем. Зеро лаҳзаҳое мешавад, ки ҳатто дар майдон набудани мураббӣ боиси шикастани рӯҳияи варзишгар мегардад.

-  Ҳоло Муҳаммад метавонад дар ягон мусобиқаи қарибулвуқ
ӯъ ширкат кунад?
Н.Б: - Муҳаммад фардо бояд ба Бразилия сафар мекард, аммо бо сабаби нарасидани маблағ натавонист дар ин мусобиқа иштирок намояд ва аз шаҳри Маскав бозпас гашт.

- Ч
ӣ қадар маблағ зарур буд, ки дарёфт нашуд?
Н.Б. - Тақрибан се- чор ҳазор доллари амрикоӣ зарур буд.

- Устод, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бархе аз мухлисон ва варзишгарон аз кори доварон дар маъракаҳои гушт
ӣ ва мусобиқаҳои дохилӣ норозигӣ баён мекунанд, дар ин бора чӣ назар доред?
Н.Б: - Яке аз мушкилоти асосии мо дар ҳамин аст, ки мо миллатдӯст неву маҳалчием. Аз ин рӯ дар баъзе мавридҳо, агар довар ба тарафи як паҳлавон бозиро ҳал карданӣ шавад, мухлисони дигар тараф сару садо баланд мекунанд. Дар ҳақиқат дар Варзишгоҳи марказӣ имсол чунин воқеъа рух дод ва ҳамаи доваронро ҷамъ карданд. Кулли доварон аз рӯи нуктаи назари профессионалӣ камераро тамошо карда, ба хулосаи ниҳоӣ омаданд. Хуб мешуд, ки журналистон  на ба гуфтаи омма баҳодиҳӣ намоянд, балки аз мутахассисон аҳвол бипурсанд.

- Ҳангоми вох
ӯрии варзишгарон бо президенти кишвар дидем, ки мо қаҳрамонони зиёди варзишӣ дорем, баъди он дигар онҳоро намебинем, онҳо куҷо шуданд?
Н.Б: - Дар арсаи байналмилалӣ беш аз сад намуди варзиш аст. Аммо бояд мо бидонем, ки асос варзишҳои намуди олимпӣ мебошанд. Намудҳои олимпӣ ва ғайри олимпӣ аз якдигар фарқ доранд. Зеро дар ин намуд метавон бо як ё ду ҳарифро шикаст додан ҷойи дуввум ва саввумро гирифт. Аммо дар таърихи кишвар мақоми саввумеро, ки Расул дар олимпиадаи Чин гирифт, ин дигар маъно дорад.

- Вақте, ки сухан дар бораи доварон меравад, оё метавонед биг
ӯед, ки мо доварони сатҳи байналмиллалӣ дар ин соҳа дорем ва чанд нафаранд?
Н.Б: - Доварони сатҳи байнамилалиро дар дохили кишвар таёр кардан имкон надорад. Ин доваронро дар хориҷа тайёр менамоянд. Мо то ҳоли ҳозир танҳо як довари сатҳи ҷаҳонӣ- Шамиловро дорему тамом. Вай ҳам ҳоло тайёр нест, ки дар мусобиқаҳои байнамилалӣ ба мисли чемпионати Осиё доварӣ кунад, зеро ҳоло танҳо категорияи «B» дорад ва барои категорияи «A»-ро гирифтан на камаш се соли дигар бояд собиқаи корӣ дошта бошад. Ин масъала низ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар сол ақаллан як ё ду нафарро барои тайёр кардан бояд ба хориҷа бифиристем.

- Ҳангоме ки варзишгарон дар сурати ягон узре ё рафтани сину сол аз варзиш канор мераванд, ба кадом кор машғул мешаванд, оё ягон имтиёз ва шароите барои ояндаи онҳо муҳайё ҳаст?

Н.Б: - Саволи басо бомаврид аст, ки ин варзишггарон то ҳамон даме зӯри бозу доранд, барои мо заруранд, вале баъди рафтан аз майдон рости гап ҳеч имтиёзе надоранд. Худое накарда, агар ягон зарбе ёбад ва ё маъюб шавад, фақат дар сурати доштани суғурта ягон маблағе ба даст меорад, вагарна ҳеч. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарори махсусе дар бораи дастгирии варзишгарони сокини Душанбе баровард, ки касе ҳатто дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дастболо шавад ва сокини Душанбе бошад, ба маблағи сад доллар дар тӯли як сол кӯмак мегирад. Ҳамин тавр дар сурати мақоми болотар гирифтан дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ боз тӯҳфаи беҳтаре варзишгарро интизор аст. Ин як иқдоми хело боиси таҳсин аз тарафи шаҳрдорӣ буда, умед аст, дар оянда боз беҳтар шавад ва дигар ниҳодҳо ва афроди ватандӯст аз он пайравӣ кунанд.

- Муҳаммад барои худат дар То
ҷикистон ҳарифи ҷиддӣ киро меҳисобӣ?
М.А: - Ҳарифи ҷиддӣ дар маъракаҳо Набимуҳаммадро меҳисобам, аммо дар дзюдо фикр мекунам то ба ҳол ягон ҳарифи ҷиддие надорам.
 
- Ба назари шумо чиҳо зарур аст, ки варзишкори асл
ӣ ба воя бирасад?
М.А: - Шароити хуб. Масъалан, дар Тоҷикистон барои арсаи байналмилалӣ баромадан хӯроки нағз ва базаи хуби варзишӣ зарур аст. Залҳои мо дар зимистон хунук ва дар тобистон бошад беҳад гарманд ва дар чунин шароит ростӣ гап хело душвор аст. Ҳатто зали мо ҳамоми одӣ надорад, ки пас аз тармим оббозӣ бикунем.

- Муҳаммад, шумо чанд фарзанд доред ва дар ку
ҷо истиқомат мекунед?
М.А: - Дар Душанбе дар хонаи падарам зиндагӣ дорам ва ду фарзанд дорам, як писар ва як духтар.

Ташаккур ва барори кор барои шузмо дар набардҳои оянда!

Мусоҳиб Қ. Аъзамшоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97