Мулоқоти Президент бо варзишгарон

Варзиш 25.12.2010 16:48

varzish345Дастоварди нахустин мулоқот

Барои аввалин бор рӯзи 20 декабр мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар бо варзишгарони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси ҷумҳури кишвар аз ин ки аксарияти варзишгоҳҳо хусусӣ шуда ва ба ҷойи онҳо марокизи тиҷоратӣ ё хона бунёд шудаанд, ибрози нигаронӣ карда ва дар ин замина ниҳодҳои масъули давлатиро бемасъулият хонд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои маҳаллии давлатӣ, соҳибкорон ва варзишгарон таъкид кард, майдончаҳои варзишии наздики биноҳои бисёртабақа дар шаҳрҳо низ ба маҳалли тафреҳии бузургсолон ё масҷидҳо мубаддал гаштаанд.

Президент таблиғ ва рушди варзишро аз роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз гароиши "насли наврас ба ифротгароӣ" ва густариши зуҳуроти номатлуб аз ҷумла дилбастагӣ ба маводди мухаддир талаққӣ кард.

Раиси ҷумҳур ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастур дод, ки барои бунёди варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ талош карда ва ба ин васила роҳро барои рушди варзиш дар Тоҷикистон ҳамвор кунанд.

Ӯ эълом кард, ки дар соли оянда дар Тоҷикистон беш аз 20 муассисаи варзишӣ таъсис хоҳад шуд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ба зарурати таъсиси Маркази омодагӣ ба Бозиҳои Олимпӣ дар Тоҷикистон таъкид шуд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик дар Маркази воҳиди омодагӣ ба Бозиҳои Олимпии шӯравӣ ба мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ омодагӣ мегирифтанд.

Коршиносон таъсиси чунин марказро барои омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Олимпии Ландан дар соли 2012 муҳим арзёбӣ мекунанд. То ҳоли ҳозир дар варзишгоҳҳое, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ нестанд, ба мусобиқоти байналмилалӣ омодагӣ мегиранд ва бар ивази пардохти пули зиёд дар варзишгоҳҳои кишварҳои дигар машқ мекунанд.

Федератсияҳои ғайрифаъол

Зимнан, дар Тоҷикистон панҷоҳ федератсияи мухталифи варзиш сабти ном шуда, аммо бештари онҳо фаъолият намекардаанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа дастур дод, ки раисони ин федератсияҳо дар муддати шаш моҳ барномаи фаъолияти худро таҳия ва ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар пешниҳод кунанд.

Бурду бохт

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин дидорҳои фарогири раҳбари давлати Тоҷикистон бо варзишгарон маҳсуб мешавад.

Дар ин дидор аз бурду бохти варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии гузашта сӯҳбат шуда ва таъкид гардид, ки дар соли ҷорӣ варзишгарони кишвар дар мусобиқоти сатҳҳои гуногун 194 медал, аз ҷумла, 60 медали тило ба даст оварданд.

Ин дар ҳолест, бино ба арзёбии коршиносони варзиш коромад будани тимҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти бонуфузе чун нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии навҷавонон дар Сингапур ва дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин чандон муваффақ набудааст.

Аз ҷумла, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии навҷавонон дар Сингапур дар моҳи августи соли ҷорӣ тими миллии Тоҷикистон натавонистааст натиҷаи хубе аз худ нишон диҳад.

Тибқи гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 103 варзишгоҳ, беш аз 4 ҳазор майдончаҳои варзишӣ, ҳазор толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби спортӣ фаъол аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97