Варзишгарони сифрбоз ва медали биринҷии Расул Боқиев

Варзиш 18.11.2010 11:15

rasul-bokiev_4

Дар рӯзи панҷуми Бозиҳои 16-уми Осиё варзишгарони тоҷик натавонистаанд дар ҳеч гуна навъи варзиш пирӯз шаванд. Рӯзи сешанбеи 16 ноябр дар Бозиҳои 16-уми Осиё дар шаҳри Гуанжоуи Чин дар 29 намуди варзиш мусобиқот баргузор гардид ва варзишгарони тоҷик танҳо дар се навъи он ширкат карданд.

Бино ба иттилои сомонаи ВВС, дар тенниси “Soft” Шабнам Юсуфҷонова аз рақибони худ аз Куриёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ бо ҳисобҳои калони сифр бар 4 мағлуб шуд. Раҳматулло Раҷабалиев, варзишгари дигари тоҷик, дар ин намуди варзиш дар миёни мардҳо ба варзишгарони Тайпейи Чин, Чин ва Ҳинд бо ҳисоби мушобеҳи сифр бар 4 бозиро бохт.

 

Дар бозиии ҷуфти Шабнам Юсуфҷонова ва Раҳматулло Раҷабалиев бо ҷуфти варзишгарони чинӣ низ ҳисоб сифр бар чор ба фоидаи чиниҳо анҷом ёфт.

Дар намуди тенниси рӯйи миз ҷуфти Инъом Саидов ва Акбар Яҳёев ба рақибони худ аз Непол бозиро ба ҳисоби 1 бар 3 бохтанд. Гуштигири тоҷик Ҷамшед Халилов ин силсиларо идома дода ва дар мусобиқаи дзю-до дар вазни 60 килограм аз сӯйи Амартурсар Дашдаво, паҳлавони муғул, мағлуб шуд.

Дар маҷмӯъ, бештари варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 16-уми Осиё маҳорати хубе аз худ нишон надоданд.

Гуштигирон Шавкат Иқболов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар радаи панҷуми мусобиқот ҷой гирифта ва ду гуштигири дигар, Фарҳод Раҳимов ва Шералӣ Бозоров, дар зӯрозмоии нахустин мағлуб шуданд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар тенниси рӯйи миз низ дар гурӯҳи “А” бозиҳоро ба ҳисобҳои калони сифр бар 3 ба тимҳои Ҷопон, Тайпейи Чин ва Чин бохтанд ва ҳеч имтиёзе ба даст наоварда, аз ҳаққи ширкат дар идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.

Танҳо гуштигир Расул Боқиев дар мусобиқоти дзю-дои Бозиҳои 16-уми Осиё медали биринҷиро соҳиб шуд.

P.S. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки оё воқеан варзишгарони озмуда роҳии ин Бозиҳо шуда буданд? Оё гуфтугузорҳо дар мавриди «хотирбиниҳо» дар интихоби варзишгарон барои мусобиқоти байналмилалӣ воқеият дорад? Агар надорад, пас чаро ба ҷуз Расул Боқиев дигар варзишгарон натавонистанд маҳорати бозигарии худро ба намоиш бигузоранд ва парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқот барафрозанд? Мунтазири бозгашти ин варзишкорон ба Ватан хоҳем шуд, то ин ва дигар суолоти матраҳро дар бораи натиҷаҳои ин бозӣ бо масъулин дар миён бигузорем. Зеро сарафрозии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳунари варзишгарон сахт робита дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97