ҒИРОМБОЗИҲО ВА КАМРАНГ ШУДАНИ ГӮШТИИ МИЛЛӢ

Варзиш 31.03.2010 13:47

Тоҷикистони мо Наврӯзи имсоларо дар қатори дигар кишварҳои олам дар доираиҷашни ҷаҳонӣ таҷлил намуд, гарчанде ин соли нави ниёгонро пеш аз ин ҳам дар тӯли таърих аз замонҳои куҳан ҷашн мегирифанд. Бо гузашти ҳазорсолаҳо дар баробари бархӯрди фарҳангу тамадунҳои кишваркушоён ва ғосибону салтанатхоҳони худиву бегона, ин иди фархунда на танҳо тавонист ҳуввияти хешро нигаҳ дорад, балки дохили ин тамадунҳо гашт ва шакли наверо ба худ пазируфт ва рушд намуд. На Искандар тавонист ӯро аз байн бибарад ва на дигар турктозиҳои кишвархоҳу ҷоҳталаб.

Ҳатто бо ворид гаштани мардуми мо ба дини Ислом, ки дини яктопарастӣ ва тавҳид мебошад тавонистанд Наврӯзро бо каме тағйирот душодӯши ин тамаддуни бузург нигаҳ доранд. Баъдан, бо паҳн гаштани дини Ислом ба дигар манотиқи Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Қафқозу тотору дигар қавмҳо, инро ҳачун як ҷашн қабул намуданд. Ҳатто солшумории шамсии ҳиҷриро бо саршавии баҳор дар ин рӯзи фархунда, то истилои коммунистон сартосари ин кишварҳо онро чун соли нави ҳиҷрӣ ба қайд мегирифтанд.

Наврузи ниёӣ ба ғайр аз таҳияи суманаку анвои ҷашнӣ боз дигар намудҳои ҷолиберо дорост, ки асрҳо дар байни мардуми умумифорсӣ то ҳанӯз боқӣ мондаанд. Мардуми мо, ки аҷдодан ба варзишу қаҳрамонӣ таваҷӯҳ доштанд дар ин рӯз мусобиқаҳои мухталиф аз қабили гуштӣ, бандкашӣ, пойгаи савораву пиёда ва ғайра. Ҳама вақт барои тамоми мардуми мо ҷолибтарин ҳадяи наврӯзӣ тамошои аспдавонӣ, бахусус гуштӣгирии паҳлавонон буд, ки ҳоло ҳам бузургтарин мақомро дорост. Ҳамасола тамошои ҷашни Наврӯзиро паҳлавонони кишварамон ҳусни нав мебахшанд. Имсол низ дар арафаи ин ид, дар аксари навоҳии ватанамон, ба хусус ҷашни ҷумҳуриявии он дар Данғара басо бошукӯҳ гузашт. Дар ин ҷашнвора дар баробари дигар намоишҳо зӯрозмоии паҳлавонони тоҷик басо дилчаспу ҷолиб буд, тавонист мухлисони ин навъи варзишро, ки дар ҷумҳуриямон бонуфузтарин ва серҳаводортарин аст, то дергоҳ дар майдони паҳлавонӣ дилхуш намояд. Дар ин майдондорӣ беш аз 215 паҳлавонони номиии кишварамон иштирок варзида дар охир шоҳҷоиза насиби Муҳаммадҷон Абдурраҳмонов гардид. Инчунин мусобиқаи бузкашӣ ва пойгаи аспҳо басо хуб гузашт. Таърихи 21 март бояд дар майдони марказии пойтахт гуштӣ бо иштироки бузургтарин паҳлавонон мегузашт. Мутаассифона, ҳавои борониву хунуки он рӯз сафи беш аз 10 ҳазорнафараи ҳаводорони ин бахши варзишро дилхунук намуд. Дар назар аст ки таърихи 24 март ин мусобиқа баргузор гардад. Метавонам қайд намоям, ки гуштӣ аз оммавитарин навъи варзиш дар ҷумҳуриямон ба ҳисоб меравад. Агар дар Брозилиё футбол дар Амрико боскетбол ва ғ машҳур бошад дар диёри мо гуштӣ чунин мақомро дорост. Ба хусус дар манотиқи куҳистон ва ҷануби кишвар ин навъи зӯрозмоии қадимаи бобоӣ мухлисони зиёде дорад ва ҳама вақт тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ бо тамошои гӯштӣ мегузашт. Ҳатто дар замони шӯравӣ, ки Наврӯзро манъ намуда буданд мардуми кӯҳистон бо дигар ном, "сарҷуфтӣ" ё ба ин маъно иди баҳориро таҷлил намуда, ҳатман мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили бузкашӣ, пойгаи асб, ва дигар намудҳои онро ташкил менамуданд. Дар ин байн ҳама вақт барои мардуми тоҷик ҷолибтарини он тамошои гуштии миллӣ ба ҳисоб мерафт. Дар тамоми ҷашну маросимҳо мардуми кӯҳистонро тамошои гӯштӣ гирди ҳам меовард ва ин як ҷанбаи ифтихору сарбаландии мардум ба ҳисоб мерафт. Тибқи гуфтаҳои куҳансолон, ҳатто барои баланд бардоштани обу рӯ дар ин мусобиқаҳо паҳлавонони навоҳии дуру наздик ва ҷумҳуриҳои ҳамсояро низ даъват менамуданд. Ин навъи зӯрозмоии қадима собиқаи беш аз ҳазорсола дорад, ки таърих гувоҳи он аст ва бисёре аз бузургони шеъру адаб дар асарҳояшон онро ба қалам овардаанд. Саропои "Шоҳнома"-и Пири Тӯс аз ситоиши ин ҷасорат ва ҳунармандӣ иборат мебошад ва ҳамчунин шоирони баъдӣ нисз ба ситоиши гуштӣ пардохтаанд.

ГУШТИИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ ЗАМИНАСОЗИ

ЯККАҲАРБИИ ЧАНДИН КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ

Гуштии миллии тоҷикӣ заминасози намудҳои яккаҳарбии чандин кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Масалан самбо ки дар тамоми олам машҳур аст ва дар замони шуравӣ рӯйи кор омад, бисёре аз усулҳои гуштини тоҷикӣ дар он ворид гардида аст. Кураши узбакӣ бошад сар то по гуштии тоҷикӣ асту танҳо номашро тағир дода, тавонистанд онро байналмиллалӣ гардонанд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин ҳунари волои бобоӣ имрӯзҳо дар байни мардуми мо ҳаводорони хешро камтар намуда истодааст. Ҷойи онро бештар самбою дзюдо ишғол мекунанд. Сабабаш дар чист? Чаро аксари ҳаводорон аз тамошои кунунии гуштини миллӣ норозиянд? Ба ин савол кӣ бояд ҷавоб диҳад.

Ба назари мо, аз масъалаҳои асосии камтар гаштани мухлисон ҷой доштани баъзе камбудиҳо дар ин соҳа мебошад. Масалан то ба ҳол мактаби махсуси гӯштии миллӣ мавҷуд набуда, аксари паҳлавонони мо асосан, варзишгарони дигар соҳаҳои яккаҳарбӣ амсоли дзюдо ва самбо мебошанд. Дар тамошои гӯштии ҷавонпаҳлавонони имрӯза усул¬ҳои басо ҷолиби махсуси гӯштии тоҷикӣ кам мушоҳида мешавад. Бештари усулҳоеро, ки онҳо истифода менамоянд, ба мактабҳои дзюдо ва самбо тааллуқ доранд, зеро онҳо дастпарвари ин мактабҳоянд. Аз усулҳои машҳуре, ки пештар аз ҷониби паҳлавонони номии кишварамон истифода мешуд аз қабили: ҳалуки искандарӣ, дарунҳалук, дастпеч, сари даст, сари севҷӣ, ва ғайра дар гӯштиҳои феълӣ қариб истифода нашуда, ба олами фаромӯшӣ афтодаанд. Ба ин чиз камэътибории устодони ин соҳа низ сабаб шуда метавонад. Ҳамчунин, надоштани сару либоси махсуси ин навъи варзиш, ки барои ташаккул ёфтан ва симои ягона пайдо кардани он асос мешавад, аз беэътибории дигар аст. Агар мо хостори ҳифзи ин навъи варзиш бошем бояд, гӯштии тоҷикӣ бо сару либоси хосаи хеш аз дигар зӯрозмоиҳо фарқ намояд. Чанд сол пеш як либосе низ таҳия намуда буданд, аммо бо сабабе, ки ӯро на мутахассисин, балки ашхоси тасодуфӣ дӯхта буданд чандон писанди мардум наомад. Аз ин рӯ, бояд масъулони соҳа сари ин масъала диққати ҷиддие намоянд. Олам ҳамарӯза дар пешравӣ мебошад ва масъулинро мебояд дар баробари талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ сару либоси паҳлавонони моро тайёр намоянд. Онро метавон дар ҳамоҳангии "кимоно" ва "самбовка" барои паҳлавонони имрӯза мувофиқ дӯзанд.

НИЗОМНОМА ВА ҒИРОМБОЗИҲО

Дар мусобиқаҳои кунунии гуштӣ, ки бо каме дигаргуниҳо сурат гирифта истодааст, бо вуҷуди баъзе паҳлӯҳои мусбаташ, ба фикри иддае аз мухлисон ҷаззобияти пештараи хешро каме костааст. Зеро ба қавли онҳо гуштии тоҷикӣ бо ҳамон задани ба тахтапушт-"ҳалол" шавқовар буд. Бо паҳлӯ ё бадан ғолиб омадан ростӣ чандон шавкати пештараи гӯштиро ифода намекунад. Аз ин рӯ, бояд ба низомномаи гуштии миллӣ каме навоварӣ дохил намоянд. Низомномаи нави гӯштии миллӣ,ки ҳамакунун усулҳои он дар мусобиқоти варзишӣ ҷорӣ шудаанд, ҷазоббияти гӯштиро аз байн бурдаанд. Гап сари он меравад, ки вақте як навоварӣ аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта намешавад, лузуми он то куҷо муҳим аст. Аз ин рӯ, ҷорӣ шудани низомнома ғиромбозиҳоро дар маъракаҳои гуштӣ зиёд кардааст. Зарурат пеш омадааст, ки дар таҳияи низомномаи нав. ҳаққи мухлисон низ ҳимоя шавад ва онро дар доираи васеи коршиносӣ бояд омода кард.

Гуштӣ, ки аслан баёнгари мардонагиву зӯрмандӣ буд ва имрӯз, ки ба низоми тиҷорӣ ворид шудааст, бояд ҷанбаҳои фоидаи молии он низ коркард шавад. Соҳибкорони моро низ зарур ҳаст, ки ин навъи варзишро ҳамун самти тиҷоратӣ рушд диҳанд ва дар ин кор бояд Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ бештар ҳавасманд бошад. Агар гӯштӣ мисли дигар намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол ба тиҷорат ворид шавад, метавонад, ки дар асоси рақобати бозорӣ тараққӣ кунад ва ин чиз барои пайдо шудани мактабҳои неруманд ва махсуси гӯштии миллӣ боис мегардад. Аз ҷониби дигар ғиромбозиҳо ва субъективизими доваронро низ то андозае аз байн мебарад.

Дар аксари ҷойҳо барои солими ночизе шуда аз ҷониби доварон тарафгирӣ ва ноҷавонмардиҳо дида мешавд, ки боиси дилшикастагии ҳаводорон мегардад. Инчунин, гӯштиҳои "маслиҳатӣ" - и баъзе аз паҳлавонони тоҷик басо нороҳаткунанда ва ноинсофона дар баробари ин ҳунари воло мебошад. Борҳо чунин рафтори паҳлавонону доварон ба он сабаб мегардад, ки марди асосии майдон "берун аз майдон" мондаву ноҷавонмарде бо фиреб ин мақоми ҷавонмардонаро насиб мешавад. Чандин паҳлавононе буданд, ки дилшикаста гашта тарки паҳлавонӣ намуданд. Сабаб он чи буд, ки зикр шуд. Ин рафтори нодурусти онҳо садҳо насли болаёқатро, ки дар оянда метавонанд ифтихори миллат бошанду бардорандаи парчами Ватанӣ дар хориҷ, аз байн бибарад. Дар замони шӯравӣ қариб дар тамоми навоҳии кишварамон мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон (ДЮСШ) амал менамуданд ва ба ҳамагон маълум аст, ки бештари паҳлавонони номӣ дастпарвари ин мактабҳо буданд. Имрӯзҳо дар деҳоти дурдаст қариб чунин мактабҳо вуҷуд надорад. Ин ба он оварда расонида, ки ҷавонони ҳузарби кӯҳистоние пештар "шамъи" майдон ва лаззати мухлисон буданд, аз надоштани шароити варзишӣ дигар наметавонанд майдонҳои паҳлавониро "гарм" намоянд. Кӯҳистони тоҷик ва табиати зебову ҳавои софи он бе муболиға паҳлавонпарвар аст, ки садҳо мардони майдонро дар майдонҳои дохиливу хориҷӣ бароварда ва номи Тоҷику Тоҷикистонро машҳур намуда. Аммо тайи солҳои ахир, аз набудани шароити хуби варзишӣ дигар он паҳлавононро намебинем. Аксари ҷавонони болаёқат аз надоштани шароит ё маҳв мешаванд ва ё аз бекорӣ даст ба корҳои ношям мезананд. Бо доштани якчанд толорҳои варзишии шаҳрҳои кишварамон, ки на ҳамаи онҳо шароити хуб доранд ва бештар ба тамрини дзюдою самбо машғуланд, наметавон паҳлавонони номиро ба майдон овард. Бинобар ин, масъулини соҳаи варзишро мебояд сари аз нав эҳё намудани мактабҳои варзишии наздимактабӣ ва оммавӣ гардонидани он ҷиддитар андеша намоянд. Ба хусус гӯштии миллиро. Дар оммавӣ гардонидани ин соҳа на танҳо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, балки бояд тамоми ВАО-и ватанӣ ба хусус телевизион, ки бузургтарин роҳи таблиғ дар ҷомеаи кунунӣ мебошад, ҳиссагузор бошад. Ба ҷои филмҳои дилбазани такрорӣ ва рақсу сурудҳои шаборӯзӣ, агар дар бораи таъриху хусусиятҳои ин ҳунари волои ҷавонмардӣ барномаҳо таҳия мешуд, басо хубу бамаврид мебуд. Ҳам барои тарбияи насли солим ва ҳам зинда нигоҳ доштани фарҳанги ҳаммосии миллиямон! Ё Шумо чӣ назар доред???


Аъзамшоҳи ҚУҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97