ҲАМРАЪЙИИ «ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН» БО НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛ

Варзиш 01.02.2010 22:11

Ахиран, чанд нашрияи мустақили Тоҷикистон вориди қазияҳои додгоҳӣ бо мақомот шудаанд. Вазорати кишоварзӣ аз болои «Миллат», се додраси Додгоҳи Олӣ аз болои «Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ба додгоҳ шикоят бурдаанд ва «Пайкон» дуввумин набарди додгоҳии худро бар Тоҷикстандарт бохтааст. «Футболи Тоҷикистон» чунин мешуморад, ки мақомот ва мақомдорон набояд интиқод аз фаъолияти худро зери пардаи таҳқир ва бӯҳтон бипӯшонанд ва ба обрӯи кишвар бо маҳдуд кардани озодии баён латма бизананд.

«Футболи Тоҷикистон» изҳор мекунад, ки ҷонибдори бозпас гирифтани ин даъвоҳои додгоҳӣ мебошад.


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97