МАЛИКШО НЕЪМАТОВ: РАСУЛ БАРГАРД!... АГАР АЗ КАСЕ ОЗУРДАӢ, ВАТАН ГУНОҲЕ НАДОРАД

Варзиш 04.09.2009 20:48

Пас аз чопи матлабе таҳти унвони "Қаҳрамони тоҷик ба оғӯши Русия рафт, чаро?, ки "Миллат" инро матраҳ карда буд,ки суоли мо ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки посух бидиҳанд: Чаро паҳлавони Тоҷикистон аз оғӯши Ватан рафт ва шаҳрвандии Русияро пазируфт?! Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамон рӯзи нашри ҳафтанома ҳозир шуд, ки ба мо посух бигӯяд:

Дар мавриди он ки Расул Боқиев Тоҷикистонро тарк мекунад, сару садоҳое баланд шудааст.

Аммо дар ҳама маврид ин нуктаро ё падари ӯ - Худойназар Боқиев эълон медорад ё мураббиаш, ки як шаҳрванди Русия аст. Ин матлабро боре ҳам аз забони худи қаҳрамон - Расул Боқиев нашунидаам. Фикр мекунам, ки Расул, бояд худаш тасмим бигирад ва ҳар коре, ки мекунад, бояд худаш онро эълон кунад. Ӯ як шахси комилҳуқ аст, ӯ як қаҳрамон аст, ӯ як ҷавони ҷаҳондида ва соҳибихтиёр аст ва бояд худаш тасмим бигирад ва фикри мустақили худашро дошта бошад.

Мураббии ӯ Елчанинов эълон кардааст, ки Расул шаҳрвандии Русияро қабул мекунаду аз номи Русия баромад мекунад. Худи Расул ҳам моҳи май ба федератсияи дзюдои кишвар ариза навиштааст, ки "…агарчи мехоҳам дар Тоҷикистон бошам, аммо бо сабабҳои оилавӣ ва иқтисодӣ маҷбурам дар Федератсия Русия кору фаъолият кунам ва дар мусобиқаҳо аз номи давлати Русия баромад кунам….". Ба фикри ман, ба Расул шахсони беруна зиёд таъсир расондаанд, чун Расул як шахси ватандӯст, бо нангу номус ва меҳанпараст аст ва шояд ин корро аз рӯи ҷавонияш карда бошад. Чанде пеш дар утоқи кориам тақрибан ду соат ҳамроҳи ӯ сӯҳбат доштам. Барояш гуфтам, ки шояд аз ҷониби мо кадом каму костиҳое шудааст, кадом нофаҳмиҳое шудааст, мо ҳозирем ҳамаи онҳоро ҷуброн кунем, ҳар чизе ки хоҳӣ, ҳар камбудиву норасоие, ки дорӣ, бигӯ, ҳатман фароҳам хоҳем кард. Аз Ватану ватандорӣ ва нангу номус сӯҳбат кардам, аммо хомӯш буд, чизе намегуфт.

Аризааш аз 7 майи соли ҷорӣ ба дасти ман омадааст, аммо ман дар тӯли ин се моҳ онро эълон накардам, бо умеде, ки шояд Расул аз фикраш бармегардад ва ҳанӯз ҳам умед дорам, ки Расул ба ин роҳи хато намеравад. Расул аввалин варзишгари тоҷик аст, ки аз намуди варзиши дзюдо дар бозиҳои олимпӣ иштирок кардааст, парчамбардори миллати мост ва мо бо ӯ ифтихор мекунем, ман ӯ ва меҳнати ӯро қадр мекунам.

Шурӯъ аз соли 2008, тамоми чорабиниҳо барои омодагии Расул ба олимпиадаи навбатӣ аз ҷониби Кумитаи варзиш, ҷавонӣ ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии кишвар маблағгузорӣ мешаванд. Барномаи мукамали омодагӣ барои Расул Боқиев ва Неъмат Аслонқулов таҳия шудааст, ки дар он таъминоти фармакологӣ ва доруҳои витаминдор, лагерҳои таълимӣ-варзишии байналмилалӣ, иштирок дар ҷомҳои ҷаҳон, Аврупо, Осиё ва дигар мусобиқаҳои бонуфуз ва байналмилалӣ, сафарҳо пурра иҷро мегарданд. Барои омодагии Расул Боқиев ба бозиҳои Олимпии 2012 ҳам нақшаи махсус таҳия шудааст. Ҳамчунин ба мураббиаш 2000 доллар маош муайян шудааст ва то имрӯз онро мегирифт. Расул қариб як моҳ бо муррабиаш дар Парижу Австрия ва Венгрия дар мусобиқаҳо иштирок кард, ки тамоми ин сафар аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ шуд. Ҳама медонанд, ки зиндагӣ дар ин кишварҳо чи қадар гарон аст. Иштирок дар ана ҳамин гуна мусобиқот, яъне таҷрибаи бой ба Расул кӯмак кард то ӯ дар бозиҳои Олимпии зиёд озод ва бо боварӣ қувваозмоӣ кунад.

Пеш аз сафар ба Пекин ба бозиҳои Олимпӣ ду маротиба шахсан худам ба хонаи Расул рафтам, гилемҳои махсуси варзишӣ, ки нархи баланд доранд ва сару либосҳои варзишӣ бурдам ва аз падараш Худойназар Боқиев, ки нисбати ӯ ҳам эҳтироми беандозае дорам, дуои хайр гирифтем. Ҳамчунин ҳамаи иштирокчиёни олимпиада қабл аз сафар бо Раиси ҷумҳур мулоқот карданд. Президент ҳам бо варзишгарон сӯҳбати самимие дошт ва то ҳадди имкон онҳоро рӯҳбаланд кард. Дар ҳамон шаҳраки олимпӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмон ба дидорашон рафт, ба утоқи ҳар яке ворид шуда, барояшон бурдбориҳо хост. Умуман раҳбари давлат ҳам ба ин варзишгарон таваҷҷуҳи хосе зоҳир кард. Ба мо масъулин ҳам таъкид мекарданд, ки муроқиби бачаҳо бошем, то ба ягон мушкил рӯ ба рӯ нашаванд…

Тибқи муқаррароти Олимпиада, баъд аз гирифтани медал, варзишгар бояд аз допинги контрол бигузарад. Допинг-котрол муҳимтарин ва ҳассостарин лаҳзаи бозиҳои олимпист. Допинг-контроли Расул то соати 12 шаб давом кард ва ман ҳамроҳи муовинам то он лаҳза пушти дар мунтазир будем ва бо масъулин сӯҳбат мекардам, дар ҳоле ки ҳатто ҷоизадорони медали тиллоро касе интизор набуд. Баробари тамом шудани назорат ӯро ба оғӯш гирифтаму бори дигар табрикаш кардам, то ки фарзанди тоҷик худро танҳо эҳсос накунад. Ва ҳатто рӯзи бозгашт, ки ҷаласаи ҳукумат баргузор мешуд, Раиси ҷумҳур маро ҷавоб доданд, то ман варзишгаронро дар фурӯдгоҳ дар сатҳи баланд пешвоз бигирам. Ҳамчунин Расулро дар зодгоҳаш, дар ноҳияи Рӯдакӣ хеле хуб истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин бо пешниҳоди ман ва бо дастури Эмомалӣ Раҳмон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов бо ордени Шараф, ки мақоми хеле баланд дорад, сарфароз шуданд.

Дар поёни соли 2008 Раиси ҷумҳур зимни суханрониаш, агар як банди сӯҳбаташро дар бораи варзиш сӯҳбат карда бошад, як банди дигарро ба хидматҳои Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов бахшид.

Дар охири сол кумита як миқдор маблағ ба худаш, ба падараш, ки аввалин мураббиаш ба ҳисоб меравад ва ба мураббии кунуниаш, ки дар Русия аст, тақдим кардем. Албатта ин миқдор маблағ кам аст, аммо буҷаи давлат, буҷаи кумита ҳамин қадар аст. Албата мо ҳам мехоҳем мисли дигар кишварҳои абарқудрат қаҳрамонҳоямонро аз нигоҳи молӣ хеле хуб дастгирӣ кунем, аммо чунин имконро надорем.

Бо дар назардошти ҳамаи ин мушкилот, аз соҳибкорону ширкатҳои хусусӣ хоҳиш кардем, ки варзишгаронро қадрдонӣ кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бародарон Неъматовҳо, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб кору фаъолият доранд, барояш яке аз беҳтарин мошинҳоро тақдим карданд. Ширкати Вавилон-мобайл ва дигар ширкатҳову соҳибкорон Расулро аз нигоҳи молӣ дастгирии хуб карданд.

Расул раҳгум задаст. Ӯ ба хатогии бузурге роҳ дода истодааст. Ман ӯро хуб мешиносам ва боз таъкид мекунам, ки Расул бисёр ҷавони хушахлоқ, ботамкин ва самимӣ аст. Ман ин хислатҳои Расулро дар Пекин мушоҳида кардам. Бисёр ба осонӣ бо ҳампешагони кореягиву, аврупоиву амрикоӣ ва дигарон дустӣ барқарор мекард. Сӯҳбат мекарданд… Ӯро шахсони гирду атрофаш ба ин роҳ кашиданд. Хуб, имрӯз, ки ӯ соҳиби ҳунар аст, ба Русия даркор шудааст. Аммо агар худое накарда, як ҷояш як латмае бихӯраду қувваозмоӣ карда натавонад ва ё ба натиҷаҳои хуб нарасад, дарҳол ӯ барои онҳо нодаркор мешавад. Дар чунин ҳолат, ки аз Ватан ба хотири кадом подоше рӯ гардондааст, дигар ба Ватан баргашта наметавонад. Албатта дарҳои Тоҷикистон ба рӯи фарзандонаш ҳамеша боз аст. Расул ҳар лаҳза метавонад ба Ватан баргардад, аммо дар чунин ҳолат Ватан бозгашташро хуш қабул нахоҳад кард.

Баъзеҳо барои ба чунин амал даст задани Расул, моро гунаҳкор медонанд. Ман намедонам дигар аз ин зиёд бояд чӣ кор кунем. Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳар чи қадар метавонистем ва аз имкониятҳоямон ҳам берун ба хотири онҳо дар пеши соҳибкорону раисони ширкатҳо хоҳишу илтиҷо кардем, ки ҳамин қаҳрамонони миллатамонро дастгирӣ кунед. Аз нигоҳи маънавӣ ҳам хуб дастгирӣ кардем. Дар куҷое, ки чи ман ва чи раиси ҷумҳур аз онҳо ёд мекардем, бо номи онҳо ифтихор мекардем ва ҳатто тамоми суханрониҳоямро шахсан ман аз қаҳрамонии Расул оғоз мекардам. Дар шабакаҳои телевизион ҳам рӯзе нест, ки на камтар аз се чаҳор бор Расулро нишон надиҳанд. Ҳамаи роҳҳову усулҳоро истифода бурдем. Ҳар коре ки аз дасти ман меомад, ҳамчун як роҳбар, як инсон ва шаҳрванди ҳамин сарзамин анҷом додам ва худро дар назди виҷдонам пок медонам. Шояд касе ӯро нороҳат кардааст, касе озурдааш кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ ҳамин тавр ба осонӣ ватанашро тарк кунад, зодгоҳашро бифурӯшад. Дар зиндагӣ баъзе каму костиҳое сар мезанад, аммо набояд инсон хеле майдабозӣ кунад. Ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам давлат бе дарвоза нест, назди роҳбарият меомад, дари ман ҳамеша боз аст, якҷоя маслиҳат мекардем, роҳи ҳалли он масъалаҳоро, ки пеш омадааст, ҳамроҳ меҷустем. Аммо…

Дар мавриди он ки чаро Расул Боқиев дар Ҷоми Ҷаҳон иштирок накард. Аввалан ин, ки мо алакай дар даст аризаи Расулро оиди тарки ватан карданаш доштем ва ин далели хеле муҳим буд, аммо ӯ бояд дар ин чемпионат аз номи Русия қувваозмоӣ мекард, аммо намедонам, чаро баромад накард. Дар ҳамин ҳол ҳам мо аризаи ӯро нодида гирифтем. Дуввум ин, ки ҳар мусобиқа қонуну қоидаҳои худро дорад. Дар Ҷоми ҷаҳон он варзишгаре ҳуқуқи иштирок дорад, ки дар кишвараш қаҳрамон шудааст. Масалан қаҳрамони Тоҷикистон оид ба дзюдо. Вақте ки мо мусобиқаи ҷумҳуриявиро баргузор мекардем, ман чанд дафъа кушиш кардам, ки Расулро пайдо кунам, то ки дар ин мусобиқа қувваозмоӣ кунад ва ё ҳатто агар майли қувваозмоӣ ҳам надошта бошад, ҳадди аққал дар мусобиқа иштирок кунад, дар канори бачаҳо бошад, онҳоро ташвиқу тарғиб кунад. Аммо мутаассифона, ӯро пайдо карда натавонистам.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97