ҚАҲРАМОНИ ТОҶИК БА ОҒӮШИ РУСИЯ РАФТ. ЧАРО?

Варзиш 28.08.2009 17:02

Дар Ҳоланд мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо ҷараён дорад. Аммо бидуни Расул Боқиев. Чаро? Дар ин мусобиқот ҳудуди 660 нафар аз 105 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ хоҳанд кард, ки дар ин миён ҳафт нафар қаҳрамони олимпӣ ва нӯҳ нафар қаҳрамони ҷаҳон низ ширкат меварзанд. Дар Мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон Тоҷикистонро се варзишгар; Шералӣ Бозоров, Фарҳод Раҳимов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов муаррифӣ хоҳанд кард. Барои нахустин бор дар тайи се соли ахир дар Мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳонии дзюдо Расул Боқиев, нахустин барандаи медоли биринҷ дар Олимпиадаи Пекин аз Тоҷикистон ширкат нахоҳад кард.

Дар мавриди ширкат наварзидани Расул Боқиев дар ин мусобиқот Владимир Елчанинов, мураббии ӯ Тренери Шоистаи Федератсияи Русия ба расонаҳо эълом кардааст.

Владимир Елчанов дар ин маврид гуфтааст, ки Расул Боқиев пас аз ба даст овардани медали биринҷӣ дар Олимпиадаи Пекин аз сӯйи мақомоти марбутаи кишвараш, яъне Тоҷикистон ба гунаи шоиста қадрдонӣ нашудааст ва ӯ ҳатто маоше ҳам дарёфт намекардааст. Ҷаноби Елчанов мегӯяд: "Дар ҳамин ҳол аз сӯи бархе аз кишварҳо пешниҳод шудааст, ки шогирди банда Расул Боқиев дар Олимпиадаи Лондон, ки соли 2012 баргузор хоҳад шуд, ин кишварҳоро намояндагӣ кунад. Мо аз ин миён Русияро интихоб кардем ва рӯзҳои наздик Расул шаҳрвандии Русияро ҳам дарёфт хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир дар Русия дар вазни 72 килограмм ҳеч дзюдогарре дар баробари Расул Боқиев пайдо нест. Аз ин рӯ ман муътақидам, ки Расул дар мусобиқоти байналмилалӣ дар оянда ба дастовардҳои чашмгире даст хоҳад ёфт".

Мураббии озурдаи Расул Боқиев дар сомонаи интернетии www.judoclub.ru дар ин маврид ба таври муфассал изҳори назар кардааст. Талоши мо барои пайдо кардани Расул Боқиев натиҷа надод ва падари Расул Худойназар Боқиевро дар бемористон бистарӣ ёфтем, ки аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ мекард.

Аммо суоли мо ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки посух бидиҳанд: Чаро паҳлавони Тоҷикистон аз оғӯши Ватан рафт ва шаҳрвандии Русияро пазируфт?!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97