Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

«Бо мо якҷо бошед, то бо русҳои бедин…»

Таърих 25.06.2016 12:46

Муборизаи турку рус барои нуфуз ёфтан дар Осиёи миёна

 Мақолаҳои донишмандони тоҷик роҷеъ ба туркгароӣ ва таҳрифи осори пешвоёни илму адаб, ки тамоми умри худро сарфи миллат ва адабу фарҳанги он кардаанд ва дар сафаҳоти матбуоти тоҷик нашр мешаванд, ҳар фарди солимақлу бошуурро водор месозад, ки дар ин бора фикрашро баён намояд. 

 

Бо ин мақсад дар ин ҷо мехоҳем каме аз мақосид ва амали туркгароён, ки решаашон ба асри сенздаҳ мебарад, ба хонанда мухтасар маълумот бидиҳем.

Се хатти сиёсии усмонигароӣ

 Аз сарчашмаҳои илмӣ возеҳ аст, ки афкору идеологияи миллатгароӣ ва ҷунбишҳои сиёсию фарҳангӣ дар охирҳои қарни сенздаҳум зуҳури бештар карда, ақидахоҳони турк онро ҳамчун ваҳдати фарҳангӣ, забонӣ, сиёсӣ ва марзии туркҳои саросари гетӣ қаламдод кардаанд. Туркҳо чунин мешумориданд, ки ваҳдати миллӣ аз қаробати забони хешовандон, таъриху суннатҳои муштарак оғоз меёбад ва дар саросари ҷаҳон як империяи бузургеро ташкил медиҳад. Бо такя ба ин андешаҳо туркзабонони мусулмон, махсусан ононе, ки дар Туркия, Кипр, Нимҷазираи Балкан, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ироқ, Ирон, Афғонистон ва Туркистони шарқӣ (Синтсзян) зиндагӣ мекунанд, ҷузъи як миллати бузурги турк ба шумор мераванд ва бояд онҳо бо роҳбарии Туркияи имрӯза дар як давлат муттаҳид шаванд.

Исмоил Ғаспаралӣ (Гаспиринский) 1851-1914 (асосгузори ҷунбиши ҷадидия дар Русия) аз раҳбарони наҳзати фарҳангии ҷадидҳо ва пантуркизм буд, ки бо барномаҳои омӯзишии худ барои тадвину омӯзиши забони туркӣ таблиғот мекард ва кӯшиш ба харҷ медод, ки мардумони минтақаҳои аз Босфор то Синтсзян бояд бо ин забон такаллум кунанд ва онро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт истифода баранд. Ӯ дар соли 1909, ҳангоме туркгароӣ дар сояи ҳокимияти кумитаи «Иттиҳод ва тараққӣ» дар Туркия дар ҳоли равнақ буд, ба Истанбул сафарҳо анҷом дода, дар маҳфилҳову анҷуманҳо бо рушанфикрон вомехӯрд ва идеяи пантуркизмро таблиғ менамуд. Шиори пантуркизми Ғаспаралӣ «Иттиҳод дар забону андешаву амал» буд ва он бештар пантуркизми фарҳангӣ буд. Дар ҳоле ки ҳаводорону ҳамақидаҳои тотори ӯ ба монанди Юсуф Оқчуро ва Абдурашид Иброҳим бештар пантуркизми сиёсиро таблиғ менамуданд. Бисёре аз равшанфикрони мусулмони Русия дар аввалҳои қарни бистум пантуркизми Ғаспаралиро рангу бору тавони дигар бахшиданд. Аз миёни онҳо Юсуф Оқчуро нақши фикрии боризтаре дошт. Ӯ аз тоторҳои Қазон буд, ки пас аз таҳсил дар Истанбул ва Порис ба Қазон баргашт ва ба фаъолияти худ шуруъ намуд. Юсуф дар мақолаи худ «Авҷи тарзи сиёсат» (се тарзи сиёсат), ки баъзе онро «Баёнияи пантуронизм» мегуфтанд, се хатти сиёсии усмонигароӣ (Османская ориентация), иттиҳоди ислом ва пантуркизмро баррасӣ мекунад. Ӯ пас аз арзёбии ин се нукта ва бо назардошти мавонеъи мавҷуда эҷоди миллати воҳиди усмонӣ ва муттаҳид кардани мусулмононро дар ҳайати миллати воҳиди турк, яъне муттаҳид кардани тамоми туркҳо дар таркиби як давлат ҷонибдорӣ мекунад. Пас аз саркӯбии инқилоби 1905-1907-и Русия ҷунбишҳои миллигароён ва фаъолони онҳо таҳти фишори шадид қарор гирифтанд ва бисёре аз раҳбарони ин ҷунбишҳо ба қаламрави усмонӣ, ки ҷунбиши машрута дар он ҷо ба раҳбарии кумитаи «Иттиҳод ва тараққӣ» дар феврали соли 1908 ба пирӯзӣ расида ва заминаи мусоиде барои тарвиҷу таблиғи туркгароӣ фароҳам омада буд, муҳоҷират карданд. Дар соли 1947 Юсуф Оқчуро бо кумаки шоири туркгаро Муҳаммадамин нахустин анҷумани туркгароёнро бо номи «Талош барои омӯхтану омӯзондани осор, афъол, аҳвол ва муҳити гузашта ва ҳоли тамоми ақвоми турк» эълон намуда, баъди муддате онро пардаи сиёсӣ пӯшонид ва он ба ҳаракати сиёсӣ табдил ёфт. Ин анҷуман дар соли 1950 моҳномаи «Турк дирангӣ»-ро мунташир кард. Сипас ин анҷуман ҷои худро ба «Турон нашр маориф ҷамъиятӣ» (Ҷамъияти нашри маорифи Турон) дод, ки нашрияи «Турк юрду» (Сарзамини турк)-ро ба сарпарастии Юсуф Оқчуро мунташир месохт.

Осебпазирӣ аз туркгароӣ

 Пантуркистон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мушахассан дар ҷумҳуриҳои туркнишини Иттиҳоди Шӯравӣ намоишу тазоҳуроте барпо мекарданд ва ба ин васила зеҳнияти мардумро ба сӯи худ мекашиданд. Сарфи назар аз ҷунбишҳо ҷадидон дар Тотористон ва қиёми босмачиён дар Осиёи Марказӣ баъзе аз созмонҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ низ дорои тамоилоти каму беши пантуркистӣ буданд. Ба унвони мисол пас аз пирӯзии инқилоби Октябр (1917) анҷуманҳои адабии «Ҷағатой Қурунқӣ» «Қизил қалам» дар Узбакистон аз андешаи бозгашт ба давраҳои Чингиз ва Темур ва ба расмият шинохта шудани забони туркии чағатоӣ ҷонибдорӣ мекарданд.

Аз ин ба баъд мудҳиштарин фоҷеоти туркгароӣ аз ин сарзамин ба ҷамоҳири мутеъи иттиҳоди Шуравӣ, махсусан Тоҷикистон сарозер мешавад ва миллатҳои дар хоби ғафлат буда, чун тоҷикон фирефтаи васвасаӣ тургароён мегарданд.

Абдурауф Фитрат ва амсоли онҳо, ки бардаву ғуломи ҳалқабаргӯши туркҳо гашта буданд, танҳо барои манфиати хеш ва андухтани сарвату ғановат бар зидди тоҷикони миллатдӯст чун устод Айнӣ муборизаро ошкорову пинҳонӣ оғоз намуданд. Ин мавзӯест, ки бар гӯши миллати бедори тоҷик расида ва ба шарҳу тафсире эҳтиёҷ надорад. Аммо ватанфурӯшоне чун пайравони ақоиди Фитратиҳо ба хотири пардапӯш кардани ҷиноёти гузаштагони худ аз бехабарии миллат истифода бурда, Айнӣ ва фидоиёни миллатро тамоми умр сияҳ кардан хостанд, вале сухани пучу бемаънӣ ва орӣ аз ҳақиқат ҳаргиз наметавонад аззамату шукуҳи фарзандони фарзонаи миллат чун Айниро паст бизанад. Торих медонад, ки ҷиноятпеша ҳамеша дар паи пӯшондани ҷинояти ҷинояткори дигар аст.

М. Шакурӣ дар асари илмии худ «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикиии садаи бист», Душанбе, 2006 ёдовар мешавад. ки тадриҷан бо пешравии шуури миллӣ баъзе ҷадидони пешқадам мафҳуми миллатро ба маънии этникӣ дарк мекардагӣ шуданд, вале бо сабабҳои мухталиф ташаккули худшиносии этникиашон бо роҳи нодуруст ҷараён гирифт ва бархе аз онҳо ба вартаи пантуркизму панӯзбакизм афтоданд, ки яке аз намоёнтарини он худи Абдурауфи Фитрат буд.

Тавре устод Ҷамолиддин Саидзода дар яке аз мақолаҳояшон «Айниситезӣ ва таҳрифи осору таҳқири шахсияти ӯ» зикр намудаанд, «Зоҳиран устод Шакурӣ нахустин касе буд, ки расман ба ин кор (бадномсозии устод Айнӣ) иқдом намуд ва дар китобҳое чун «Равшангари бузург» (2006), «Фитнаи инқилоб»(2010), «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон» (2012) ва ғайра ба баҳонаи навназарӣ даст ба таҳрифи осору шахсияти Айнӣ зад ва роҳро барои айниситезӣ, шакку шубҳа, камбудию нуқсон ҷустан барои муддаиёни навназар, шӯрависитезон ва инкоргарони дастовардҳои миллати тоҷик дар тӯли зиёда аз 70 сол (замони шӯравӣ, саҳеҳтараш асри ХХ) ҳамвор сохт».

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар аввалҳои соли 1990 тамоилоти фархундаи пантуркистӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои мусулмонишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шиддати тозае зуҳур ёфта ва ҳатто аҳзоберо низ таъсис доданд, ки мақсадашон бо баҳонаи муттаҳид сохтани мусулмонон ва ҷалби онҳо таъсиси як давлати бузурги мутамаркази туркӣ буд.

Нигоҳи каж ба шарқ

 Дар Туркия низ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва поён ёфтани ҷанги сард сиёсати «Нигоҳ ба шарқ» фаъол шуд ва бар асоси ин сиёсат давлатмардони Туркия нақши ҷадиде барои ин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Кафқоз қоил шудаанд. Вуҷуди панҷ кишвари туркнишин-Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ва иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ, қавмӣ ва динӣ ба тавсеъа ва таҳкими равобити Туркия бо ин ҷумҳуриҳо Туркияи усмониро водор месохт, ки фаъолияташро дар ин ҷумҳуриҳо бештару бештар тавсиа диҳад. Дидгоҳҳои туркгароии ифротӣ дар бораи накши Туркия ба унвони «Бародари бузург» дар муносибот бо ин кишварҳо ва тарҳҳои пантуркистии аввалия чун «Ташкили ҷомеъаи турк» бо меҳварияти Туркия ва ширкати ҷумҳуриҳои турки минтақа ва тарҳи ташкили «Вазорати ҷаҳони турк» ба далели мухолифатҳои Русия ва Ғарб иҷро нашуд. Бо ин ҳама Туркия барои таблиғи туркгароӣ ва муаррафии ин кишвар ба унвони намунаи муваффақи ҳукумати мардумӣ, ғайримазҳабӣ ва мубтанӣ бар низоми сармоядории иқтисоди бозор, сиёсатҳо ва барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзишии махсусеро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар пеш гирифтааст. Ташвиқи кишварҳои ин минтақа ба тағйири хати худ аз русӣ ба лотин (монанди Туркия) кӯшиш барои табдили туркии истанбулӣ ба забони муштараки минтақа, баргузории гирдиҳамоиҳо бо ширкати сарони кишварҳои туркзабони минтақа, пахши шабонарӯзии барномаҳои телевизиюни хусусӣ ва давлатӣ барои ин ҷумҳуриҳо, таъсиси мадрасаҳои динӣ ва марказҳои омӯзиши ҳирфаӣ дар кишварҳои минтақа барои таблиғи фарҳанги Туркия ва Отатуркизм ва қабули донишҷӯ дар донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишии Туркия аз муҳимтарин ин фаъолиятҳост.

Тавре ҳамагон огоҳанд, пас аз он ки Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, туркгароёни дохилӣ бо ҳамдастаҳои хориҷиашон барои ташкили маҳофилу макотиб даст ба кор шуданд ва дар як муддати кӯтоҳе дар шаҳрҳои марказӣ, аз ҷумла Душанбеву Хуҷанд литсейҳои туркиро таъсис доданд ва барои фаро гирифтани таълим фарзандони мардумро ташвиқу таблиғ намуда, дар як муддати кӯтоҳе тавонистанд як системаи бонизоми таълимиро созмон диҳанд. Кор то ҷое расида буд, ки муҳассилони литсейҳои туркӣ танҳо ба Туркия ба таҷрубаандузӣ мерафтанд ва дар муддати муайяне бо ақоиди туркгароён хӯ гирифта, бо ҳамон тарзу шевае, ки Фитратҳо барин ашхос дар бораи бузургии туркҳо ва бебақоии миллати форс ҳарф мезаданд, ба ҳамон гунаву шакл аз бузургиву шаҳомати туркҳо сухан мегуфтанд.

«Бо мо якҷо бошед, то бо русҳои бедин…»

 Дар солҳои қабл аз инқилоби Октябр вақте ҳоҷиёни мо аз тариқи Истанбул ба Макка мерафтанд, туркгароёни Туркия онҳоро бо шукуҳу шаҳомат пешвоз мегирифтанд ва сафари роҳкироро дода, таблиғ менамуданд, ки «шумо беҳтар аст бо мо якҷо бошед то ин ки бо русҳои бедин. Шумо ҳамон решаву пайванди гузаштаи моед, ки дар асари таҳаввулоти табиӣ ба форс табдил ёфтаед ва ҳоло вақти он расида, ки ба асли худ бозгардед. Бояд бидонед, ки миллатеву забоне бо номи форсу форсзабон вуҷуд надорад, ин як чизи сохта аст.» Бо баҳонаи мусулмон кардан туркгароён тавонистанд ақлҳои миллатро ба сӯи худ бикашанд ва Фитратиҳо барин фурӯхташудагон бори дигар мехостанд миллату фарҳанги моро аз байн бибаранд.

Хушбахтона, Айнӣ ва дигар фарзандони ҷоннисори миллат моро аз ин бадбахтӣ ва марги ногаҳон наҷот доданд, ки то имрӯз забону фарҳанг ва асолатҳои миллиамонро нигоҳ медорем, ки дар ин бора шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир гуфтааст:

 

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

 

Усмонигароии нави Туркия

 Имрӯз вазъ ҳам боз ба сӯи солҳои пешин рӯ ниҳодан дорад. Дар замоне, ки раҳбарияти имрӯзаи Туркия кӯшиш дорад як империяи бузурги туркиро ташкил диҳад, набояд ба ин роҳ дод. Бо рӯи кор омадани ҳизби «Адолат ва тавсеа» дар Туркия аз соли 2002 таҳаввулоти фаровоне дар сиёсати хориҷии ин кишвар шакл гирифтааст. Давлати баромада аз ин ҳизб сиёсати хориҷии чандпаҳлӯӣ ва мустақимеро дар пеш гирифта, ки ба таври ҳамзамон густариши равобит бо кишварҳои ғарбӣ аз як тараф ва тақвияти сиёсати нигоҳ ба шарқро аз дигар сӯ таъқиб мекунад. Дар сиёсати хориҷии ҷадиди худ Туркия истилоҳи «навъусмонигарӣ ё усмонигароии ҷадид»-ро ба роҳ мондааст, ки мақсад аз он таъсиси як императории ҷадиду мудерни Туркияи бузург аст. Бар пояи ин рӯйкард Туркия мехоҳад бо кишварҳое, ки қабл аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба импературии Туркияи Усмонӣ дохил мешуданд, дубора аз Балкан то манотиқи Синтсзян ин имперотуриро таъсис дода, чун гегемон раҳбарии ин кишварҳоро ба душ бигирад ва Туркияи ҷадидеро таъсис намояд.

Аз ин рӯ, моро ҳушёрии дучанд мебояд то дар саҳнаи ҷаҳонишудан, ки кишварҳои маккор бо фиребу найранг кишварҳои дигарро фурӯ мебаранд, фирефтаи суханбозиҳои туркгароён нашавем, зеро ин қавм то тавонист ба миллату забони форсӣ зарба зад, вале то ҳанӯз коре аз дасташ наёмад, бад-он хотир ки ин миллату ин фарҳанг таърихи қадима дорад ва зиндаёд аст. Ба даҳони пайравони Фитратиҳо барин шикамчаронҳо, ки мори думбуридаеро мемонанд, бо мушт маҳкам зад, то ҷуръат накунанд бори дигар ақоиди муғризу душманонаи туркҳоро дар минтақа ҷорӣ намоянд.

 

Ибодуллоҳ Оқилпур  

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97