Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Решаҳои таърихии Конститутсия; аз аҳди Куруш то имрӯз

Таърих 15.01.2015 15:33

Kon qadimДавлат ва ҳуқуқ ҳамавақт вуҷуд надошт. Вале қудрат вуҷуд дошт, ки ҳокимият аз рӯи одатҳо, расму анъанаҳо амал мекард. Дар равиши зиндагии худ инсоният одатҳо, қонунҳо, анъанаҳоеро ҳимоят мекард, ки онҳоро зиндагӣ, ҳаёт ба миён гузошта буд. Ин одатҳо, анъанаҳо ва қонунҳои эҷод кардаро бояд ҳама риоя мекарданд. Онҳо аз тарафи давлате назорат, вале танзим карда намешуданд. Вале мардум бовар карда буданд, ки он анъанаю одатҳоро риоя кунанд. Риояи онҳоро зарурат водор мекард. Одамон мефаҳмиданд, ки риояи он одату анъанаҳо зиндагии онҳоро осон месохт. Масъалаҳои муҳими зиндагӣ дар маҷлисҳои умумии аъзои болиғи давлат ҳал карда мешуд. Сардорон дар байни маҷлисҳо иҷрои одату анъанаҳои ҷориро назорат мекарданд. Муносибатҳо дар асоси баробарӣ сурат мегирифт. Ин анъанаҳо то он вақте вуҷуд доштанд, ки моликияти ҷамъиятӣ - умумӣ вуҷуд дошт. Сардорони гуруҳҳоро ҳар сари вақт иваз карда метавонистанд.  Онҳо ҳеч афзалияти ҳуқуқӣ надоштанд.

 

Тарақии қувваҳои истеҳсолкунанда ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат (машғулият бо чорподорӣ, кишоварзӣ, тиҷорат) ҷамъияти он давраро ба синфҳо ҷудо кард, ки ин боиси пирӯз шудани зиддиятҳо дар байни одамон шуд. Ин зиддиятҳо боиси он гардид, ки сарватмандон сохтореро ба вуҷуд биоранд, ки қобил бошад, манфиати онҳоро ҳимоят кунад.

Барои ин гурӯҳҳо вуҷуд доштани сохтори маҷбуркунӣ лозим буд. Пешрафти иқтисодиёт, тақсим шудани он дар байни ҷомеа боиси пайдо шудани синфҳо шуд. Ҳамин тариқ ин муносибатҳо барои аз байн рафтани ҷомеаи ибтидоӣ замина тайёр кард. Пайдо шудани одамони сарватманду камбағал, зиёд шудани миқдори онон, инкишофи чорподорӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ фарқияти табақаҳои ҷамъиятиро зиёд кард. Масалан дар яке аз мамлакатҳои қадим - Миср зироаткорӣ инкишоф ёфт. Ба одамон лозим омад, ки аз оби Нил дарбандҳо сохта, ба воситаи ҷӯй об биоранд. Ҳамаи инро сардорон, ки баъд шоҳ шуданд, сарварӣ мекарданд. Яъне пайдо шудани давлатҳо зарурияти таърихӣ дорад. Барои таъмину ҳукмронии як гурӯҳ ба дигарон сохтори қудратманд лозим шуда буд.  Ҳамин тариқ дар ҳазораи 5 ва 6 пеш аз милод аввалин давлатҳо дар Миср пайдо шуданд. Ана ҳамин раванд, яъне зарурияти истифодаи қудрат, ба вуҷуд омад. Ва давлатҳо дар Ҳиндустону Чин ва Байнаннаҳрайну дигар ҷойҳо ба вуҷуд омаданд. Маҳдуд кардани озодиҳои як гурӯҳ одамон дар баъзе маврид боиси норозигии одамон мешуд. Муносибатҳои ғуломдорӣ реша давонданд.  Фарқияти синфҳо зиёдтар шудан гирифт ва ба ин восита зиддияти ин табақаҳо меафзуд. Ин зиддиятҳо боиси он шуд, ки синфҳои доро ҳокимияти худро мустаҳкам мекарданд, то ки муқобилияти синфҳои бенавошуда ва ғуломонро шикананд.

Давлатҳои ба вуҷуд омада, воситаи асосии ҳокимияти сиёсӣ дар ҷамъияти ба синфҳо тақсим шуда буданд. Сохтори ба вуҷуд овардашудаи давлат аз суд, додситон, политсия, лашкар барин гурӯҳҳо иборат буд, ки онҳо барои дар амал татбиқ кардани қарорҳои давлат хидмат мекарданд. Қонунҳо, актҳои нормативӣ буданд, ки сохтори давлатии ғуломдорӣ қабул мекард, ки онҳо барои мустаҳкам кардани сохтори давлатӣ ва дар тобеи худ нигоҳ доштани синфҳои истифодашаванда лозим буд. Дар ҳар мамлакат барои мустаҳкам кардани сохторҳои давлатӣ, барои ҷорӣ кардани низому тартибот, барои дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои ташкилотҳо ба шахсони алоҳида қонунҳо қабул карда мешуданд.

Ҳамин тавр қонунҳое, ки давлат қабул мекард, қувваи олии ҳуқуқӣ доштанд. Мардум маҷбур буд, ки он қонунҳоро иҷро кунанд. Зеро барои иҷро накардани қонунҳо ҷазои сахт медоданд.

Ин қонунҳо ирода ва манфиати аксарияти оммаро инъикос намекарданд.  Мардуми дар қаламрави давлат зиндагӣ карда ба чунин муҳите вобаста шуда мемонанд, ки тамоми фаъолияти онҳо ба қонунҳои қабулкардаи давлат вобаста буданд. Шаклҳои муносибатҳои байни одамон, ки аввалҳо дар асоси урфу одатҳо шакл мегирифтанд, онҳоро ҳокимон ба ҳукми қонун медароварданд. Мазмуни онҳоро ба манфиати худ тағйир медоданд. Қонунҳои таҳияшуда воситаи асосии мустаҳкамкунии ҳокимият буданд. Ҳамин тариқ ба қабули қонунҳо зарурият пайдо шуд. Қонунҳо таърихи қадима доранд. Олимон дар қаламравии Шумер дар Баҳнанаҳрайн ҷадвали гилении бо хатти мехӣ навишта шударо пайдо карданд, ки таърихи 2100 сола дорад. Дар ин навиштаҷот дар бораи мурофиаи додгоҳие сухан меравад ва вобаста ба ин ҳодиса, ривоятҳо ва қонунҳо оварда шудааст.  Ба ҳамагон қонунҳои Ҳамурапӣ маъмуланд, ки дар солҳои 1792 - 1750 пеш аз милод дар Бобулистон ҳукмрон буд. Ин қонунҳо ба он мақсад навишта шуда буданд, ки манфиати синфҳои ҳукмрон - ғулоидоронро ҳимоят кунанд. Қонунҳои қадимтарин қонунҳои Ҳиндустони қадим, қонунҳои Саломон дар Юнони қадим, қонунҳои Рими қадим, "Русская правда" - и Русия ва ғайра  вуҷуд доштанд. Ҳамаи онҳо ба мақсади ҳимоя кардани ҳукмронон нигаронида шуда буданд. Онҳо инъикоси сиёсат ва афзалияти синфҳои ҳукмрон буданд. Дар ҳамон замони тираву тори замони ғуломдорӣ дар асри 6 то милод сохтори давлатие арзи вуҷуд кард, ки бо сохтори боадолаташ сазовори таваҷҷуҳи таърихнигорон шуд. Ин давлат дар қаламравии Ирони имрӯза ташаккул ёфт. Асосгузори он Куруши II-ро ҳисоб мекунанд, ки солҳои 550 - 529 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Ҳукми тақдирсоз ва маҳорат кардани ин сиёсатмадор будааст, ки ӯ соҳиби давлат шуд ва дар як қисми калони олами дунёи қадим, ки сохтори ҷамъияти ғуломдорӣ ҳукмфармо буд. Ҳукумати боадолат ташкил кард, ки ситораи дурахшоне дар олами он давра буд. Куруши Кабир дар давраи ҳукумрониаш санади давлатиро қабул кард, ки вай намунаи идеяҳои адолатпарваронаи давлатдориро дар амал татбиқ кард. Дар аҳди Куруши Кабир Декларатсияи ҳуқуқи башарро қабул карданд, ки ба сабаби аҳамиятнок ва адолатпарваронааш беназир буд.

Шоҳи тамаддунпарвар Куруши Кабир исбот кард, ки ӯ шахсияти тамаддунофар будааст. Бори аввал дар ин ҳуҷҷати таърихӣ талаботҳоеро дарҷ кард, ки онҳо орзуи чандин асраи оммаи халқ буданд. Мувофиқи талаботи ин эъломия навобаста ба рангу пуст, ақидаҳои динӣ, нажод, ҷинс, забон ва ҷои истиқомат дар қаламрав ҳамаи шаҳрвандони империя ҳуқуқи баробар доштанд. Ин сиёсатмадори дурандеш орзуи оммаи халқро ба назар гирифта, бар хилофи анъанаҳои давраи ғуломдорӣ сиёсати боадолатонаеро пеша кард. Ва номи худро дар таърих ҷовидонӣ гардонд. Тавассути ин сиёсати дурандешонаи давлатдорӣ империяи бузургро идора мекард. Олими намоён Б. Ғафуров, ки таърихи Хахоманишҳоро татқиқ карда буд, дар асари худ "Тоҷикон" навиштааст: "Хахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешин замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо хеле бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати Хахоманишҳо Куруш шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Форсҳо ӯро Ҷадди Кабир, бобулиҳо расули Худои Мардук, юнониҳо Раҷули бузурги давлат ва яҳудиён наҷотбахши Худо Яҳве номида буданд." (Б. Ғафуров, Тоҷикон, Ирфон, 1983, саҳ. 110-111).

Шароити хубе, ки дар давраи Хахоманишҳо фароҳам оварда шуда буд, барои равнақи тиҷорат аҳамият калоне дошт. Талабот ба риояи ҳатмии сиёсати хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳавасмандии шаҳрвандонро ба ҳунармандӣ ва тиҷорат зиёд мекард. Дар қаламрави империя аз як қаламравӣ ба дигар ҷо муҳоҷир шудани шаҳрвандон бисёр мушоҳида карда мешуд. Намояндагони мамлакат мухталиф ба мулкҳо дигар кӯчида, бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Сарчашмаҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар байни шаҳрҳои Миср форсҳо, юнониҳо, хоразмиҳо, бобулиён, оромиҳо яҳудиён, финикиягиҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва фаъолият доштанд. Онҳо на танҳо бо урфу одати ҳамдигар шинос мешуданд, қаробати хешу таборӣ пайдо мекарданд. Дар Бобулистон дар Шушу Истахр бобулиҳою мисриён, кариҳо, лидиягиҳо, мидиҳо, яҳудиён, зиндагӣ мекарданд. Вобастагии ҳаёти иқтисодию иҷтимоию сиёсии онҳо барои ташаккули халқияти ориёӣ замина тайёр мекард. Сохтори дохилии империяи Хахоманишҳо имконият медод, ки халқҳо бо ҳам алоқаи наздики тиҷорат дошта буданд, ки ба наздикшавии урфу одат, равонии бо ҳам наздики халқҳо ба вуҷуд биёяд. Дар ҷангҳои зафаровари Куруши Кабир ҷанговарони Осиёи Миёна фаъолона иштирок карда буданд. Махсусан, аскарони савораи сакоӣ дар муҳорибаҳои шадиди тақдирсоз иштирок мекарданд. Намояндагони дигар халқҳои империя ҳам дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекарданд. Масалан, дар асри IV пеш аз милод Аминаспи Портӣ ҳукмрони Миср буд. Ойини Мазда Ясно, ки дар Осиёи Миёна зуҳур карда буд, дар қаламравии Форс паҳн шуд. Ин ҳодиса барои мустаҳкам кардани қаробати мардуми империя аҳамияти калон дошт. Мардум то ҳатто ба худоҳои ҳамдигар ҳайкал мегузаштанд ва ба онҳо эътиқод доштанд. Эъломияи ҳуқуқи башар маҳсули ақлу заковат ва дунёфаҳмии сиёсатмадор Куруш буд. Қабули чунин санади боаҳамият барои идора кардани давлат бисёр муҳим буд. Вале баъди Куруши Кабир империя на он иқтидореро дошт, ки пеш империя соҳиб буд. Лашкаркаши зираку тавоно ва дар муборизаҳо барои мустаҳкам кардану васеъ кардани давлаташ обутоб ёфта - Искандари Мақдунӣ тавонист хатогиҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбии Хахоманишҳоро истифода бурда, ба мавҷудияти ин давлат хотима гузорад. Адолати Куруш ва сиёсати Искандари Мақдунӣ муқоисанашаванда буданд.

Оқибатҳои забткориҳои шогирди Арасту - Искандари Мақдунӣ садҳо ҳазор қатлшудагон ва ғуломшудагонро боқӣ гузошта буд. Сарлашкари мақдунӣ бо идеяҳои Арасту мусаллаҳ буд. Вале ин идеяҳо барои барқарор кардани адолате, ки ба адолати Куруш ҳамсанг бошад, басандагӣ намекард. Искандар ба идеяҳои ғуломдорӣ содиқ монд. Дар сарзамини мо юнониву мақдуниҳо аҳолии ба онҳо муқобилият кардаро сар мебуриданд, шаҳрҳо ва рустоҳоро оташ мезаданд, зиндамондаҳоро ба ғуломӣ мефурӯхтанд. Чуноне дар боло қайд кардем, азбаски дар он қонунҳое, ки манфиати мардумро ҳимоя кунанд, конститутсияҳо вуҷуд надоштанд, дар кори ҷорӣ кардани адолат мардум ба шоҳони одил ниёз доштанд. Хушбахтона, сиёсати Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён барои беҳбудии ҷомеаи он вақта ҷавобгӯ буданд. Асосгузорони ин сулолаҳо-шахсиятҳои бузурги таърихӣ сиёсатмадорони дурандешу миллатдӯст тавонистанд дар давраи тақдирсоз барои тоҷикон давлатҳоро ташкил кунанд ва роҳбарӣ карданд, ки онҳо ҳимоятгари забону тамаддуни тоҷик шуданд, қонунҳои қабулкардаи ин абармардони таърих барои ҳимояи забони тоҷикӣ, урфу одатҳои тоҷикӣ ва беҳтар шудани зиндагии мардум мусоидат карданд. Он адолати давлатдорие, ки имрӯз дар сарқонунҳои мамлакатҳои демократӣ инъикоси худро ёфтаанд, дар сиёсати давлатҳои дар боло номбурда инъикос ёфта буданд. Маълум аст, ки аз асри X сар карда, баъди забткориҳои бодиянишинон ва суқути давлати Сомониён вазъияти хонигариҳо дигар шуд. Ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимону хонҳо барои салтанат, мулкҳои Осиёи Миёнаро хароб карда буданд. Чунин шаҳрҳои тараққикарда - Бухорою, Самарқанд, Уротеппа, Хоразм, Хуҷанду, Қуқанд чандин маротиба ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии ҳунарманди онҳо ба ҳар гӯшаю канори Мовароуннаҳру Хуросон, Ирон ва дигар ҷойҳо муҳоҷир шуданд. Идоракунӣ аз рӯи мақоли халқии "зӯр дар болои нотавон қарз дорад" ба амал бароварда мешуд. Чунин ҳодисаи нанговар ғуломфурӯшӣ ва ғуломдорӣ боз садсолаҳои минбаъда давом карданд. Масалан, то нимаи II асри XIX дар Аморати Бухоро ғуломфурӯшию ғуломдорӣ боқӣ монда буд.

Ба гузашти солҳо ва асрҳо ба ташкили давлатҳо ва низомҳои демократӣ зарурият пайдо шуд. Ин комёбиҳое, ки дар таърихи ба вуҷуд омадани сохторҳои демократӣ ба вуҷуд омаданд бо кӯшиши шахсиятҳои равшанфикр пайдо шуданд. Муборизаҳои оммавии ғуломон давлатҳои ғуломдориро суст карданд ва баъд аз байн бурданд. Ҳамин муборизаи оммаи халқ ҳокимон ва дигар ҳукумрононро маҷбур мекарданд, ки дар бораи тарзи идоракунӣ фикр кунанд. Масалан, дар Юнони қадим ҳуқуқи шаҳрвандони озодро бо ҳам баробар карданд. Қонунҳо дар бораи  "ҳукумати демос", ки ҳуқуқи шаҳрвандони озоди Афинаро баробар карданд. Ҳама шаҳрвандони озоди Афина дар идоракунии Афина иштирок мекарданд. Инро юнониҳо "демократия", яъне, "ҳукумати халқ" номиданд. Вале ин демократия барои ҳама набуд. Қонунҳои танзимкунандаи сохтори давлатӣ муносибатҳои байни шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ дар давраи авҷи тараққиёти ҷамъияти сармоядорӣ пайдо шуданд.

Пайдо шудани қонунҳои танзимкунандаи сохтори давлатӣ муносибатҳои байни шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ дар давраи авҷи тараққиёти ҷамъияти сармоядорӣ пайдо шуданд. Ҷамъияти сармоядорӣ инкишоф меёфт. Иқтисодиёт пеш мерафт, вале тарзи идоракунии давлатҳои пешрафта, ҷавобгӯи талаботи давр набуд. Қишри пешқадами ҷомеа ба чунин хулоса омад, ки барои беҳтар кардани низоми идоракунии ҷомеа қонуни асосиро таҳия ва қабул бояд кард, ки сарварони давлат ва ҳукумат аз доираи он қонун берун набароянд. Яъне, ин қонун чорчӯбае бояд мешуд, ки ҳукуматдоронро водор мекард, ки аз доираи ин қонуни асосӣ берун набароянд. Воқеаҳои сиёсии Аврупо ва махсусан, Фаронса равшанфикронро водор кард, ки ҳамингуна, қонунҳо эҷод кунанд. Соли 1787 Конститутсияи ИМА қабул карда шуд. Ин аввалин конститутсия дар таърихи давлатдорӣ буд. Соли 1791 бори аввал дар таърихи давлатдории Фаронса дар ин кишвар конститутсия қабул шуда буд. Вале номи конститутсия ҳанӯз аз давраи мавҷудияти империяи Руми қадим маълум буд. Санадҳои алоҳидаи ҳуқуқиро конститутсия ном мебурданд.

Конститутсияҳои солҳои 1787 ва 1791 бо вуҷуди бисёр камбудиҳояшон таҳкурсии ҳуқуқии давлатҳои дунявиро бунёд карданд, барои демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ асос гузоштанд, ба ташаккули давлатҳои ҳуқуқбунёд мусоидат карданд. Ба ақидаи эҷодкунандагони Қонуни асосӣ- Конститутсия бояд сохтори фаъолияти ҳукуматдорон ва рафтори одамонро ба танзим медаровард ва барои пешгирии беназмиҳо хотима мегузоштанд. Баъдтар конститутсия дар ҳамаи кишварҳои дунё қабул карда шуданд. Вале на дар мазмуни ҳама конститутсияҳо талаботҳои демократию гуманистӣ пурра инъикос ёфтаанд. Бо вуҷуди он ки ҳуқуқҳои демократӣ талаботҳои асосии конститутсияҳоянд, вале на ҳама ҳукуматдорон ва баъзе шаҳрвандони мамлакатҳо талаботҳои конститутсияҳоро риоя мекунанд. Дар конститутсияи аввалини ҷаҳон - конститутсияи ИМА навишта шудааст, ки ҳама шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқи баробар доранд. Вале сиёсати нажодпарастӣ дар ИМА ҷомеаи ҷаҳонро нигарон карда буд. Чаро ИМА дахлнопазии ҳуқуқҳои халқҳои Тунис, Ливия, Ироқ, Сурия, ва дигар кишварҳоро риоя накард. Соли 1919 дар Олмон конститутсияе, қабул карда шуда буд, ки он бо номи конститутсияи Веймарӣ машҳур аст. Ин Конститутсия - сарқонуни демократитарин дар он давра буд. Дар Олмон соли 1933 ҳизби сиёсие бо раҳбарии А. Гитлер ба сари ҳокимият омад, ки сиёсати нажодпарастӣ ва ғайридемократиро пеша кард. Дар мамлакат диктатураи фашистӣ ҷорӣ карда шуд. Бо дигар шудани режими сиёсӣ ҳукуматдорон ҳокимиятро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода бурданд. Дар бисёр мамлакатҳои Осиё, Аврупо, Амрико диктаторҳои худкома ҳокимиятро ба манфиатҳои гурӯҳҳои худ истифода мебурданд ва мебаранд. Дар Конститутсияи ИҶШС, сохтори Давлати Шӯравӣ демократӣ эълон карда шуда буд. Вале ин талаботҳои конститутсионӣ барои бе суд ва далелҳои шаръӣ нест кардани миллионҳо шаҳрвандон ба И.В.Сталин халал расонда натавонистанд. Аз ин ҷост, ки барои ҷорӣ кардани сохторҳои демократӣ ва сиёсати демократӣ на танҳо қабули конститутсияи демократӣ инчунин маърифати баланди ҳукуматдорон ва шаҳрвандон ҳам лозим аст.

Дар қаламравии Тоҷикистони имрӯза ба конститутсия баъди инқилоби Октябр шинос шуданд. Сокинони Тоҷикистони имрӯза дар давраи амали чанд конститутсия зиндагӣ кардаанд. 30 апрели соли 1918 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ташкил ёфт. Съезди 5 - уми кишври Туркистон апрели 1918 "Низомнома оид ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон" - ро қабул кард, ки вай вазифаи конститутсияи муваққатии Туркистон ба ҳисоб мерафт. Ноҳияҳои Шимолии Тоҷикистон имрӯза ба ҳайати ҶМШС Туркистон дохил буданд. Октябри соли 1918 лоиҳаи конститутсияи ҶМШС Туркистон қабул карда шуда буд. Сентябри соли 1920 Конститутсияи ҶМШС Туркистон бо баъзе ислоҳотҳо аз нав қабул карда шуд.

Баъди Инқилоби халқии Бухоро ва ташкил ёфтани Ҷумҳурии Халқии Бухоро халқҳои дар Бухорои Марказӣ ва Шарқӣ зиндагӣ мекардагӣ ба ҳайати ҶХБ дохил шуданд. Конститутсияи ин мамлакат ифодагари манфиати онҳо буд. Дар давраи мавҷудияти ҶМШС Тоҷикистон (солҳои 1924 -1929) меъёрҳои ҳуқуқӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ дар асоси Конститутсияи ҶШС Узбакистон ба амал бароварда мешуданд. Баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон барои он конститутсия таҳия карда шуда буд, ки онро 28 апрели соли 1929 қабул карданд. Ин конститутсия сохтори ҷамъиятию давлати Тоҷикистонро инъикос мекард, таври ташкили фаъолияти сохторҳои давлат, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро ба таври қонунӣ мустаҳкам карда, барои қонунгузории Тоҷикистон замина тайёр кард. Баъд аз он солҳои 1931, 1937, 1978, дар Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон конститутсияҳо қабул карда шуданд. Ин конститутсияҳо дар заминаи конститутсияҳои ИҶШС тартиб дода шуда буданд. Ин конститутсияҳо вобаста ба дигаргуниҳои дар ҷомеаи шӯравӣ ба амал омада, иловаҳо ва тағйиротҳо дароварда шуда буданд.

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон вобаста ба дигаргуниҳои ба амал омада, қабули конститутсияи нав зарур шуд. Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба талаботҳои демократитарин ҷавобгӯ мебуд. (Конститутсия манфиати ҳамаи шаҳрвандонро муҳофизат мекард, қонунҳои дар асоси конститутсия таҳия шуда, равияи демократӣ медоштанд, озодии ҳақиқии ҳама шаҳрвандонро бояд муҳофизат мекард ва ӯҳдадории онҳоро муайян мекард, ба вайрон кардани қонунҳо имконият намедод).

Дар сарахбори конститутсияи Тоҷикистон мақсади конститутсияи Тоҷикистон ин тавр баён карда шудааст: "Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем".

24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС қабул карда шуда буд. Дар ин эъломия чораҳои амалӣ гардонидани он нишон дода шуда буд. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Барои ҳамин ба конститутсия тағйиротҳо ворид карданд, ки он то қабули конститутсияи нав қонуни асосӣ ба ҳисоб мерафт.  Соли 1992 лоиҳаи конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муҳокимаи оммаи халқ гузошта шуд. Дар хусуси ном ва мазмуни конститутсия дар мамлакат баҳси доманадоре бархест, ки дар муҳокимаи он на танҳо мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, ҳазорҳо одамони касбу кори дигар ҳам фаъолона иштирок карданд. Комиссияи махсусе, ки барои тартиб додани лоиҳаи Конститутсия ташкил карда шуда буд, фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандонро ҷамъбаст карда, лоиҳаи конститутсияеро бо назардошти фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон тартиб доданд ва барои муҳокима кардан онро бо номи "Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карданд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ дар натиҷаи раъйпурсӣ бо ҳамин номи дар боло номбурда тасдиқ гардид. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда барои райъпурсӣ пешакӣ вариантҳои гуногуни конститутсия пешниҳод шуда буданд. Лоиҳаи аз нав дида баромада шуда, ба райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 пешниҳод карда шуд. Онро рӯзномаҳо чоп карданд.

Ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба 26 сентябр соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиеро дорост, ки дигар қонунҳо надоранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ва пойдор гардидану камолоти давлатдорӣ аҳамияти калоне дорад. Конститутсияи Тоҷикистон ба монанди конститутсияҳои мамлакатҳои демократии ҷаҳон барои мустаҳкам кардани демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани мамлакатамон ёрӣ мерасонад.

Дар конститутсияи ҶТ омадааст, ки "мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад мафкураи давлат эътироф шавад" (моддаи 8). Дар сархати ҳамин мода навишта шудааст: "Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад". Ин талаботҳо ҷавобгӯи онанд, ки конститутсияи Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқӣ шароит муҳайё мекунад.

Муҳимтарин талаботи конститутсия он аст, ки "Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд". Талаботи дигари конститутсия дар моддаи 7 -уми он дарҷ гардидааст: "Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст". Иҷрои ин талабот осоиштагии давлат ва шаҳрвандонро таъмин менамояд.

Конститутсия кафили оромӣ, осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмист. Шаҳрванд наметавонад дар худ ҳиссиёти инсонбадбинӣ, хусумат доштан, нажодпарастиро дар худ парварад. Шаҳрванди бомаърифат ва қонундон медонад, ки талаби конститутсия чунин аст: "Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд… манъ аст" (моддаи 7). Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки нафъи инсониятанд ва онҳоро Тоҷикистон қабул кардааст, эътироф мекунад. Дар яке аз моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон гуфта шудааст: "Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунад, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд" (моддаи 10). Ин нишонаи он аст, ки конститутсияи Тоҷикистон бо қонунҳои байналхалқӣ мувофиқ карда шудааст. Аз ин ҷост аҳамияти байналхалқии конститутсияи Тоҷикистон.

Сайидмаҳмад Гулов, омӯзгори мактаби миёнаи ҳамагонии №66 ноҳияи Сино

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97