Рисолаи донишманди ҷавон ва умедбахши тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон бо номи Таърихи Масъудӣ-и Абулфазли Байҳақӣ (Муруре пиромуни сохтори идорию русумоти дарбори Ғазнавиён) аз чоп баромад, ки хушхабари Наврӯзӣ аст.
Бидуни шак, нашри ин рисолаи арзишманд армуғони шоистаи Наврӯзие барои ҳаводорони таъриху адабиёт аст.
Бояд гуфт, ки матни комили "Таърихи Байҳақӣ" низ тавассути Сайфуллоҳи Муллоҷон ба кирилӣ таҳия ва омодаи чоп шудааст ва ба зудӣ ба дасти хонанда хоҳад расид.
Зимни арзи табрик ба донишманди тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон, чанд иқтибосеро аз ин китоб ба ҷойи муаррифинома меорем ва маслиҳат ин аст, ки ин китобро пайдо ва мутолеъа кунед:
...Бузургтарин хидмати ин фарзонаи даврон ва алломаи замон будааст, ки ӯ тавону имкону ҷамолу ҷалоли забони модарии хешфорсиро дар баробари муҳити адабу донишу ҳикмати айём ойинадорӣ карда, ҳамчун Шарафулмулк Ибни Сино ба порсӣ хилъати заррини илму андеша пӯшонд. Мебинем, устод Берунӣ, аз ҳамзамонони Байҳақӣ, дар Китобуссайдана-и хеш қолиби порсию хоразмиро барои илм тангу нокифоя медонад. Аммо Байҳақии дабир бо иншои дебои хусравонӣ собит месозад, ки забони порсӣ (забони гуфтори тозикон ё тоҷикон) аз арабӣ камӣ надорад ва ба порсӣ метавон ҳар асареро дар боби адабу илму сиёсат бо фасоҳату балоғати тамом таълиф кард...
...Сомониёни бедордилу покгавҳар дар қиболи тозиёни бедодгар шавкати ҷаҳоншумули Ирони бостонро умри дубора доданд, барбари равнақи донишу ҳунару меъморию шаҳрсозӣ ва ғ., забони модарии хеш-порсиро ба маснади шоҳгуфтори ҷаҳониён шинонданд (ҳамчун Ҳахоманишиёни гиромӣ, ки порсиро ба дараҷаи забони ҷаҳонӣ густариш дода буданд); порсӣ дар аҳди онон то ҳазор соли баъд дуюмин забони гуфту навишти олами ислом гардид ва аз як сӯ то Ироқу Шому Яман ва аз сӯйе ҳам то Қафқозу Ҳинду Рум қалбу руҳи соҳибзавқонро навозиш мекард. Порсӣ нӯшдоруи Ирони бостон аз марги маънавии тадриҷӣ гардид. Ин аст хидмати босазои Оли Сомон ва қаҳрамонии нухбагони илму фарҳанги остони онҳо ҳамчун Балъамию Табарию Пӯри Сино, Берунию Форобию Хоразмӣ, Рӯдакию Дақиқию Фирдавсӣ ва садҳо нафари дигар барои мардуму Меҳани хеш.
Байҳақии диловар ва соҳиброёни даврони ӯ маҳз бо ҳамин иродату маром ба Ғазнин гирди ҳам омада, аз худафрӯзии фарзонагони Оли Сомон пай гирифтанд ва нагузоштанд, ки машъали порсӣ бо ҳикмату дониши Бухоро дастхуши турктозиҳо шуда, хомӯш гардад. Аз Таърихи Масъудӣ мебинем, порсӣ барои барнои Байҳақ он чунон хубу азиз аст, ки ҳатто султони ҷаҳон Масъуд ва атрофиёнашро дар фаро гирифтани он ташвиқу тамҷид мекунад. Байҳақӣ (аз Масъуд) мегӯяд: Чун дар сухан омадӣ, ҷаҳониён боястӣ ки дар наззора будандӣ, дурр пошидию шаккар шикастӣ(!).
Аммо хидмати Байҳақӣ фаротар аз ин аст. Дар рӯзгори ӯ туркони барда дигар иддиъои хоҷагӣ доштанд ва табдил ба як хатари бузурге барои сарзамини ӯ гашта буданд. Инро метавон аз руҳияи Шоҳ Носири Хусрав ё Аттору Саъдӣ низ пай бурд. Бо ин манзур устод Байҳақӣ дар қиболитурк вожаи тозик-ро ҳамрадифи Иронӣ китобат кардааст, тозик тозикон, мо тозикон бо таъкиду такрор ҳар гоҳе менависад ӯ. Пай бурдан душвор нест, ки маниши туркгароии туркон Байҳақиро водору ночор ба таъкиду таъйиди ҳувийяти милли хеш карда, ки пас аз ӯ меомадагонро бо худу бегона шиносонад, ки тозикон (яъне тоҷикон ё Ирониён) киҳо ва аз куҷо буданду чӣ кардаанду чӣ гуфтаанду чӣ навиштаанд...
...аз таъкиди Байҳақӣ рӯйи вожаи тозик бармеояд, ки ҳукуматҳои Тоҳирию Саффорию Сомонӣ ҳама тоҷикӣ (Иронии асил) ва дастбакорони ин ҳукуматҳо ҷумла тоҷик будаанд. Соҳибқиронони илму адаби ин давронро, ки бар чашми башар аз коиноти маърифати хеш ҳазорон хуршед намуданд, низ ҳамчун тозик медонистанд. Баъдан дигар бузургони моҲаким Саноию Шайх Аттор, Мавлонои Балху Саъдии Шероз ин вожа (тозик)-ро ба гунаи тоҷик фаровон ба кор бурда, зимнан, худро тоҷик хондаанд (Шояд, ки ба подшаҳ гӯянд, Турки ту бирехт хуни тоҷик Саъдӣ!).
Бад-ин артиб номовари ғаюри Байҳақ, устод Байҳақии бузурговор нишон медиҳад, ки дар авҷи шадиди фоҷеъаи истилои тозию турк тоҷикон (тозикон) дар эҳёи дубораи Ирони бостон, дар поёию ҷовидонагии ин марзи пургуҳар нақши калидии сазоворе доштаанд. Ва бешакк, ҳамин тавр ҳам ҳаст...