Шоҳони ватандӯст дар масири таърихи тоҷик

Таърих 28.02.2014 16:37

GrJCFtJPidoЗарурият пеш омадааст, ки барои ба амал баровардани эҳтиёҷоти муҳими инсонӣ, арзишҳои ахлоқию маънавӣ, ки гузаштагони мо эҷод кардаанд, ҳамчун сарчашма барои тарбияи шаҳрвандон хидмат кунанд. Ин сарчашмаҳоро ҳамчун маводи муҳим барои тарбияи ватандӯстӣ истифода бояд бурд. Аҷдодони мо арзишҳоеро пас аз сари худ боқӣ гузоштаанд, ки онҳо заминаи методологии таълиму тарбия дар даврони мо хидмат карда метавонанд. Ислоҳоте, ки дар соҳаи маориф гузаронида мешавад, пеш аз ҳама талаб мекунад, ки ба мазмуни таҳсилоти умумӣ бештар унсурҳои миллӣ ва умумибашариро дохил кунем. Таъғирот дар системаи таълиму тарбия, ки ислоҳоти мактабу маориф, онро талаб мекунад, зарурияти ҷанбаи башардӯстона гирифтани он аст. Аз ин ҷост, ки ба он нигоҳ накарда, ки қаҳрамони мақолаи мо Тоҳир ибни Ҳусейн (асосггузори давлати Тоҳириён) намояндаи синфи доро буду манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекард, фаъолияти сиёсии ӯ ба манфиати тамоми халқ буд. Баҳо додан ба фаъолияти Тоҳир ибни Ҳусейн ва Тоҳириён дар асоси арзишҳои ахлоқию маънавии миллию умумибашарӣ, тақозои давлати демократӣ ва зарурияти таърихист. Омӯзиши таърихи ин сулола ба камбудиҳояш дар сиёсат нигоҳ накарда, ба ташаккули шахсияти озоду мустаъқилу ватандӯсти насли наврас мусоидат карда метавонад.

Дар асри IX, дар қаъри асрҳои миёна пайдо кардани шоҳоне, ки ақидаҳои гуманистӣ ва адолатхоҳӣ дошта бошанд ва барои зиндаву ҷовид мондани халқи тоҷик ҷонбозӣ карда бошанд, амри маҳол буд. Вале Тоҳириён истисно буданд. Дар шароити по барҷо будани сензураи шуравӣ баҳои ҳаққонӣ додан ба фаъолияти шоҳон, ҳокимон, ашрофон имкон надошт. Гуманизатсиясозии равиши дарси таърих имкон медиҳад, ки ба шахсиятҳои таърихӣ, навобаста ба он ки онҳо намояндагони кадом синф ё табақаанд, ба фаъолияти онҳо баҳои ҳақиқӣ бояд дод. Донишомӯзонро маълумоте бояд бидиҳем, ки дар заминаи омилҳои ахлоқию маънавӣ асос ёфта бошанд, дар лаҳзаҳои ҳассос ва душвори зиндагӣ қарори дуруст қабул карда тавонанд. Дар раванди баҳо додан ба (фаъолияти) шахсиятҳои таърихӣ, ба воқеъаҳо мо набояд мутеъи сиёсат ва муҳит шавем, ба онҳо бояд баҳои сазовор бидиҳем, нисбати рақибони сиёсӣ низ эҳтиром гузорем.  Ба мавзӯи Тоҳириён рӯй овардани мо бесабаб нест. Ин мавзӯъ аҳамияти хуби тарбиявӣ дорад. Барои мо муҳим аст, ки давлат барои шаҳрвандон чӣ гуна зиндагии сазоворро муҳайё сохтааст. Шаҳрвандон дар мамлакат озодона зиндагӣ мекарданд. Оё сатҳи идораи давлат, таъминоти моддӣ, ахлоқ ва маънавиёт дар ҷомеа ба зарурияти рушди иҷтимоии давлат ва инсон созгор буд? Ин давлат тамаддуни сазовори инсонҳоро ба вуҷуд оварда буд. Кӯшиши ин давлат барои ин буд, ки зиндагии сазоворро барои инсонҳо таъмин намояд. Нарасидани хотираи таърихӣ, норасоии дониши сиёсӣ, маҳдудияти шуури таърихӣ аз ҳамин сабаб ҳифз карда натавонистани таърихи миллат ва суннатҳои волоии он ба он оварда расонд, ки баъзе ашхос чӣ дар гузаштаю чӣ имрӯз ба иззати нафси миллати тоҷик мерасиданд. Нобоварӣ ба имкониятҳои миллати тоҷик ба андозае буд, ки як гуруҳ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарду дигар гуруҳ ноуҳдабароии ӯро васф мекарданд. Ин дирӯз буд. Имруз чӣ? На танҳо дар хориҷи мамлакат воситаҳои ахбори умум ин анъанаҳоро давом медиҳанд. Дар дохили мамлакат дар ҷамъомадҳо дар масҷидҳо "аз корнамои"-ҳои баъзе шахсиятҳо сухан мекунанд, вале дар бораи корнамоиҳои ватандорон, ки Ватани худро муҳофизат мекарданд, ҳеҷ кас маълумот намедиҳад. Ин гуна "нақлҳои таърихӣ"-ро аз забони шахсони алоҳида мешунавед ва маълум аст, ки он маълумотҳоро аз куҷо ба онҳо дастрас кардаанд. Суст донистани таърихи халқи худ, натиҷаи ногувор дорад. Ин одамон ба таҳрифкунандагони таърих ҷавоби сазовор дода наметавонанд. Онҳо соддалавҳона ба маълумотҳои бардуруғ бовар мекунанд, махсусан, вақте ки ин маълумотҳоро аз забони ходимони дин шунида бошанд.

То ҳатто нависандаи машҳури рус А.И.Солженитсин таклиф карда буд, ки бо Русия лозим аст, ки ҳар чӣ тезтар аз Осиёи Миёна ҷудо шавем. Ӯ менависад, ки "Ба ҳамин тариқа мо аз бори гарони таъзиқовари "шикамбаи зиёдатӣ (под брюшье)" -и Осиёи Миёнагӣ ҷудо шуда, боз ҳам зиёдтар қоматамонро рост карда метавонем." Нависанда (ва боз садҳо Солженитсинҳои дигар) сабабҳои забт кардани Русия, омилҳои дигар - захираҳои фаровони ашёи хом, қувваҳои арзони кории бунёдкори кишвари мо, бозори васеи фурӯши молро, ки барои Русия аҳамияти калоне доштанд, ба назар нагирифтааст. Аз ин ҷост, ки зарурият аст, то барои тарбияи сиёсӣ - маънавӣ имкониятҳои дарси таърих истифода бурда шавад. Такя ба донише, ки хонанда дорад ва бо ин донишаш ба маданияти ҷаҳон ворид мешавад. Дарси таърих имконият дорад шаҳрвандонро ба ин иқдом ҳидоят кунад.

Тавре дар аввали мақола зикр шуд, имрӯз зарурият пеш омадааст, ки дониши сиёсӣ ва мафкуравии ҷавононро баланд бардорем. Донистани таърихи пурифтихори халқи худ метавонад барои ташаккул ва зуҳуроти хештаншиносӣ мусоидат кунад. Назария ва таълимоте, ки дар эҷодиёт ва фаъолияти бузургони миллат мебинем бо хусусиятҳои миллии таъриху фарҳангу арзишҳои маънавию ахлоқӣ доштаашон, меарзанд, ки онҳоро ба наслҳои нав дастрас кунем. Корнамоиҳое, ки яке аз фарзандони фарзонаи миллат Тоҳир ибни Ҳусейн ва фарзандонаш ба иҷро расонидаанд, метавонанд сарчашмаи таълимии ахлоқу рафтори наслҳо гарданд. Тоҳир ибни Ҳусейн бо вуҷуди он ки муҷоҳиди истиқлолияти миллӣ буд, аз хилофати исломӣ, забони арабӣ ва дини мубини ислом пуштибонӣ карда буд. Эътиқоди комил ба дини мубини ислом Тоҳириёнро водор кард, ки ба халифаҳои араб эътиқод дошта бошанд. "Онҳо, навишта аст олими пухтакор Ҳақназар Назаров, усулҳои исломро муҳтарам ва муқаддас мешумориданд ва халифаҳои Аббосиро ба ҳайси амир ул-муъминин эътироф мекарданд ва худро давлатшарики онҳо медонистанд ва тартиби волои халифаҳоро инкор карданӣ набуданд ("Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён", "Ирфон", 1999, саҳ.45).

Тамоми  фаъолияти пурсамари Тоҳир ибни Ҳусейн ба он бахшида шуда буд, ки орзуи чандинасраи халқи тоҷик барои соҳибистиқлол шудан аз зуроварии арабҳо, кушиш барои эҳё ва ташаккули забони тоҷикӣ, фарҳанги тоҷикӣ намунаи барҷастаи фаъолияти сиёсатмадори дурандеш буд. Назария ва таълимоте, ки дар эҷодиёт ва фаъолияти бузургони миллат мебинем бо хусусиятҳои миллии таъриху фарҳангу арзишҳои маънавию ахлоқӣ доштаашон, меарзанд, ки онҳоро ба наслҳои нав биомӯзонем.

Омӯхтани таърихи сулолаи Тоҳириён нишон дод, ки Тоҳир ибни Ҳусейн на танҳо сиёсатмадор, инчунин тарбиятгари шоистае будааст. Фарзандони Тоҳир (соҳиби ақлу заковат, адолатпарвару дурандеш буданд. Фарзандонаш аз рӯи қонунҳои генетикӣ ҷисман бо падар монанд будаанд. Дар натиҷаи таъсири оилавӣ соҳиби ақлу фаросат, донишманд, ба насиҳатҳои падар содиқ будаанд. Тоҳир, ки дар ҳаёти мардум таҳаввулоте ба вуҷуд оварда буд, аҳли оилаи худро як ҷузъи ҷомеа мешумурд ва ба онҳо тарбияи хуби ватандӯстӣ дода буд. Ҳам  Талъа (822-828), ҳам Абдулло  (828-844), ҳам Тоҳири II (844-862) сиёсатмадорону лашкаркашони намоёне буданд. Яке аз фарзандони ин хонадон Муҳаммад бини Абдулло дар дарбори халифа вазифаи масъуле дошт. Истеъдоди хуби ӯро ба назар гирифта, халифа ӯро ҳокими Бағдод таъин карда буд. Баъди вафоти Муҳаммад ин вазифаро бародараш Абдулло иҷро кард. Фарзандони ин хонадон аз тарбияи мустақили падарон баҳра бурдаанд ва ҳам ғаризаи фитрӣ ва авлодӣ кори худро карда будааст.

Дар рафти омӯзиши фаъолияти сулолаи Тоҳириён ва махсусан фаъолияти сиёсии Тоҳир ибни Ҳусейн ва фарзанди ӯ Абдулло ибни Тоҳир донишомӯзон бояд бидонанд - халқи тоҷик на танҳо адибону олимони забардасти ба тамоми олам машҳур дошт. Инчунин сиёсатмадороне ба мисли Балъамӣ, Яқуб ибни Лайс, Исмоили Сомонӣ , Аҳмади Дониш ва дигаронро дошт, ки бо ақлу заковату дониши худ ба пешрафти ҷомеа ёрӣ расониданд, барои барқарор кардани адлу инсоф саҳми босазое гузоштанд. Дар давраи қадим сиёсатмадорон - шоҳони бузург Куруши  Кабир, Ардашери Бобакон ва Анушервони Одил намунаи ибрат барои дигар шоҳон буданд, ки Тоҳир ибни Ҳусейн аз адолати шоҳони қадим хабардор буд. Ба сари ҳокимият омад ва Тоҳир сиёсати давлатро дигаргун кард. Номи халифаро дар хутбаҳо ба забон намегирифтанд, забони давлатдорӣ тоҷикӣ шуд. Муносибати  беэътиёна ва нописандӣ бо раият дигар шуд.

Аз бузургию адлу инсофи хонадони Тоҳириён ин ҳодиса гувоҳӣ медиҳад: Вақте яке аз намояндаи хонаводаи Тоҳириён - Муҳаммад (862-873), ки нафси заиф дошт ва соли 867 хост то чарогоҳи мардумро аз худ кунад, мардум аллайҳаш шӯриданд. Душманони Тоҳириён - аз авлоди Алавиён мардумро ба муборизаи зидди Тоҳириён ташвиқ мекарданд. Ба шӯришгарон муяссар шуд, ки Табаристонро забт кунанд. Тоҳириён қувваи худро ҷамъ карда, ба муқобили шӯришгарон, ки ба сардории Ҳусейн бинни Зайд амал мекарданд, мубориза сар карданд. Роҳбари дастаҳои Тоҳириёнро лашкаркаш Сулаймон ибни Абдулло ба уҳда дашт. Ин лашкаркаше, ки таълими Тоҳириёнро гирифта буд ва аз бераҳмию ноадолатӣ орӣ буд, тавре рафтор кард, ки шӯришгарон аз карда пушаймон шуданд. Сулаймон ба назди шӯришгарон омад ва рафторе кард, ки шӯришгарон хатогии худро фаҳмиданд ва ба адолати Тоҳириён боварӣ ҳосил карданд. Тоҳириён ба деҳаҳо одамонро фиристонида, таъкид мекарданд, ки ба муқобили касе таҷовуз накунанд ва ҷазо надиҳанд. Содиркунандагони таҷовуз ва дилозоркунанда ба ҷазои сахт гирифтор карда мешуданд.

Он чиро, ки баъди Тоҳириён фозилону донишмандони тоҷик аз қабили Муҳаммад Ал-Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Сино, Низомулмулк, Диноварӣ (Ибни  Қутайба), Ибни Арабшоҳ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мирхонд, Ҳоҷӣ Муҳаммадсалим  (охири асри XVII- авали асри XVIII), Дилшоди Барно, Аҳмади Дониш ва дигарон гуфта буданд, тарзи идоракунии асримиёнагиро маҳкум карда буданд, сиёсатмадорони гузаштаи тоҷик Тоҳириён, Саффориён, Сомониён дар амали сиёсатмадории худ, таҷриба карда буданд. Шахсони номбурда, донишмандон дар асарҳои худ усулҳои давлатдории ба зулму таадӣ асос ёфтаро ба зери тозиёнаи танқид гирифта, беадолатиҳои баъзе саркардагони давлатҳои феодалӣ, аз ҷумла Темуриёну Шайбониёнро фош карда буданд. Фаъолияти сиёсатмадории онҳо барои наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик шоистаи ифтихор буда метавонад. Хонандагон бояд бидонанд, ки таърихи пуршарафи халқи тоҷик натанҳо аз эҷоди ходимони адабиёту санъат, инчунин аз сиёсатмадорони зираку далер ва дурандеш ғанист. Тадқиқотҳои таърихи давлатдории турку муғулҳо дар Осиёи Миёна исбот кардаанд, ки аксари вақт хону амирон дар соҳаи сиёсат ва иқтисодиёт ҳамон вақт ба муваффақиятҳо ноил мешуданд, ки ба сиёсатмадорону ашрофони маҳаллӣ тоҷикон созиш ва ҳамкорӣ мекарданд.

Тоҳириён барои муттаҳид кардани мулкҳои тоҷикнишин кӯшиш карданд. Барои ба тарафи худ ҷалб кардани мардуми мусалмон барои паҳн кардани дини ислом кушиш ба харҷ доданд. Соли 822 бо сардории Аҳмад ибни Абдухолид Истаравшанро пурра ба мулки худ ҳамроҳ карданд. Дар шимоли Хуросон барои пеши ҳуҷуми туркҳои уғузро гирифтан истеҳкомҳои мустаҳкаме бунёд карданд. Дар давраи Тоҳириён низому тартиби муайян ҷорӣ шуда буд, барои ривоҷи кишоварзӣ, маҳдуд кардани зӯроварии амалдорону деҳқонон як қатор тадбирҳо андешиданд. Тоҳириён, ки шахсиятҳои донишманд буданд, таъкид мекарданд, ки барои омӯхтани илм ҳама  имкониятҳоро бояд истифода бурд. Масалан, Тоҳир ибни Ҳусейн мегуфт, ки одамони босавод роҳҳои озодшавии худро пайдо карда метавонанд.

Давраи ҳукмронии Тоҳириён давраи эҳёи маданияти тоҷикон пас аз  истилои арабҳо буд. Онҳо аз табеият ба Хилофат рӯй нагардониданд. Вале давлати нави мустаъқил ба вуҷуд оварданд. Давлат пешрафт дошт. Вале бо фориғболии намояндаи охирини Тоҳириён Муҳаммад (862-873) давлат заъиф шуд ва оқибат бо зарбаҳои дигар лашкаркаши далеру бомаҳорати тоҷик Яқуб ибни Лайс аз байн рафт. Боиси таассуф аст, ки давлате, ки барои бақои миллати тоҷик ин қадар ҷонбозиҳо карда буд, аз дасти дигар лашкаркаши тоҷик ба хок яксон карда шуд. Ба хонанда маълум буд, ки ба иғвои душманон дода шудан, мубориза барои ҳокимият, манфиатҷӯӣ, парокандагии сиёсӣ ва задухурдҳои қабилавӣ "мерос" - и тоҷикон будааст? Вагарна, бо ҳам созиш кардани Тоҳириён бо Яқуб ибни Лайс метавонист дар ҳаёти мардуми тоҷик гардиши таърихӣ гардад. Аз задухурдҳои онҳо қувваҳои зиёди ватандӯсти ҳарду тараф талаф ёфтанд.

Ба умри кутоҳи худ нигоҳ накарда, фаъолияти давлати Тоҳириён барои тақдири тоҷикон аҳамияти калон дошт. Давлат аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ рушд кард. Дар давраи Тоҳириён ба обёрии заминҳо бештар эътибор медоданд. Бо супориши Абдулло бинни Тоҳир маҷмуаи қоидаҳои истифодаи об "Китоб-ул-куний" мураттаб сохта шуд. Дар ташкили корҳои обёрӣ, ки дар асоси таълимоти илмӣ роҳандозӣ шуда буданд, хидмати Абдуллоҳ ибни Тоҳир ва Тоҳири II хеле бузург аст.

 Дар равиши дарс хонандагон супориш мегиранд, ки чӣ тавр дар шароити асримиёнагӣ чаро чунин давлате пайдо шуду рушд кард?  Бо вуҷуди он ки Тоҳир ибни Ҳусейн шахсияти бузурге буд, вале ба вуҷуд овардани чунин сохтори давлатӣ бо идеологияаш дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд омада наметавонист. Онҳо ногаҳон ҳам пайдо нашуданд. Мавзӯъҳои гузаштаро ба хотир меоварданд. На ҳама хонандагон фаъоланд. Вале мушкилоти онҳоро хонандагони фаъол осон мекунанд. Мавзӯи ватандӯстӣ ҳамгашти таърих аст. Ҳаракати Абумуслим шӯришҳои зидди арабҳоро ба хотир меоранд. Якҷоя бо хонандагон хулоса баровардем.

Таҳаввулоте, ки Абумуслими Хуросонӣ ба вуҷуд овард, барои бедории мардуми тоҷик аҳамияти калоне дошт. Ҳаракати шуубия на танҳо зиёиёни тоҷикро, инчунин сиёсатмадоронро низ дар атрофи худ ҷамъ оварда буд. Ташаббускорӣ, яъне ҳаракат барои ҳимояи анъанаҳо ва арзишҳои дигари миллӣ ба он оварда расонд, ки ба ин гурӯҳҳои шуубия ҳар чӣ миқдори зиёди тоҷикон ҷалб шуда буданд. Дар бораи шахсиятҳои ин ҳаракат аз як нафар хуросонӣ, ки дар дарбори халифа Мутаваккил (847-861) эрод карда буд, маълумот мегирем. Ӯ гуфта буд: " Дар рӯи замин нест санъати олӣ аз (соҳаи) адабиёт, фалсафа, ҳисоб, ҳандаса, мусиқӣ, ҳунармандӣ, ҳуқуқшиносӣ (дониш), ки дар он хуросониён набошанду бар (донишмандони) бузург ва олимони машҳур ғолиб наоянд" (иқтибос аз китоби "Давлати Сомониён" Н.Неъматов, 1989, саҳ.7).

Тоҳир ибни Ҳусейн ҳамчун шахси миллатдӯст дар зери таъсири ҳамингуна одамон ва дар натиҷаи эҳсос кардани амалиётҳои такабуронаи арабҳо ташаккул ёфт. Ҳаракати шуубия ва тадқиқотҳои илмӣ ба инкишофи ҷамъият, рушди маданият ва сохтмони давлатӣ таъсир расонд.

Дигар далеле, ки аз бузургии Тоҳир ибни Ҳусейн шаҳодат медиҳад, ин мактуби ӯ ба писараш Абдуллоҳи Тоҳирӣ буд. Аз ин мактуб бар меояд, Тоҳир сарвари инсонпарвар, волии дурандеш будааст. Мактубе, ки ба писараш Абдулло - волии Шом, Миср ва Мағриби Хилофати Аббосӣ навиштааст, нишонаи он аст, ки худи ӯ дар давлате, ки ҳукмронаш буд, адолатро ҷорӣ карда буд. Иқдомҳои ӯ дар хусуси муҳофизати забони тоҷикӣ, ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, ҷорӣ кардани адолат дар соҳаи иҷтимоиёт инҳо тақозои замон буданд.

Ба вазифаи баланди ҳукмронии Миср, Шому Мағриб таъин кардани Абдуллои Тоҳирӣ ҳодисаи муҳиму ғайричашмдошт буд. Дар ин вазифаҳо бештар ашрофони араб таъин карда мешуданд. Вале маҳорати хуби лашкаркашии Абдулло бо дарбориёни Халифа маълум буд. Муносибат бо арабҳо ва Хилофат ва гузаронидани сиёсати соҳибистиқлолӣ метавонист муносибатро бо онҳо муташанниҷ кунад. Вале ҳашамати Тоҳириён ба чунин дараҷа буд, ки халифа маҷбур шуд, падарро волии Хуросон ва писарро волии Мисру Шому Мағриб таъин кунад. Халифаҳои Аббосӣ тамоми чораҳоро медиданд, ки Хилофати Аббосӣ побарҷо бимонад. Онҳо муқобили ҳар гуна фаъолияте буданд, ки сохтори давлатдориашон ва сиёсаташонро маҳкум мекард. Вале халифа боз дигар вазъиятро ҳам медонист. Медонист, ки Тоҳириён метавонанд оромии Хуросону Мовароуннаҳрро таъмин кунанд. Барои хилофат таъмини бехатарӣ аз ҳуҷуми туркону чиниҳо муҳимтар буд. Тоҳириён сади роҳи ғоратгарони шарқӣ мешуданд.

Нома, ки насиҳатномаи падар буд, аҳамияти калони тарбиявӣ дошт, ҳамчун офаридаи аҳамиятноке дар байни мардум паҳн шуда буд. Сиёсатмадору таърихнигори араб Ибни Халдун гуфтааст: Ин мактуб "беҳтарин ва ҷомеътарин осори иҷтимоӣ дар бораи одоб ва русум ва сирати подшоҳон" номида, таъкид намудааст, ки он чиро, ки доир ба сиёсати иҷтимоии халқҳои дунё буд, аз ин мактуб дарёфтам. Дар он давра сохтори давлатие ё ҳизби сиёсие, ки манфиати мардумро ҳимоят кунад, вуҷуд надошт. Аз ин ҷост, ки мардум ҳамеша хоҳони давлатдори (шоҳи) одил буданд.  Зиндагию оромии мардум ба шоҳ вобастагӣ дошт. Аз ин лиҳоз номаи Тоҳир ибни Ҳусейнро ба писараш ҳамчун дастур, усулномаи давлатӣ донистан равост. Ба фаъолиятҳои фарзандони Тоҳир баҳо дода, ба хулосае омадан мумкин аст, ки фарзандон дастурҳои падари бузургворро иҷро мекарданд.

Мактуб на ба шахси одӣ, балки ба шахсияти намоёни таърихию фарзанди арҷмандаш ирсол карда шудааст. Тоҳир мехост, ки писараш  пас аз сари худ номи некро боқӣ монад. Обрӯй ва эҳтироми раият нисбати сарвар чизи қимматтарин барои ҳукмрон аст. Аз ин ҷост, Тоҳир таъкид кардааст, ки фарзандаш талаботи дини мубини исломро иҷро намояд. Тоҳир фарзандашро насиҳат кардааст, ки ҳирси чизпарастиро аз худ дур кунад. Чизи қимматбаҳотарин барои ту некӣ бошад, парҳезкорӣ аз ҳама рафторҳои ношоиста, беҳтар кардани зиндагии раият ва умрони вилоятҳо, ҳимояи ҷамоат ва ёрӣ расонидан ба дармондагон вазифаи муқаддаси ту мебошад. Писарашро насиҳат кардааст, ки молу амволи дар хазинаҳо захира шуда, самар намедиҳанд. Онҳо он вақт самар медиҳанд, ки ба манфиати раият истифода шаванд ва зиндагии мардум беҳтар шавад.

Ба маврид мебуд, ки барои дурусттар дарк кардани бузургии Тоҳириён давраи давлатдории онҳоро бо дигар шоҳони замонҳои гуногун муқоиса бикунем. Темурланг дар давраи ҳукумрониаш давлатҳои зиёдеро тасарруф кард. Дар Хоразм, Олтин - Ӯрда, Кавкоз, Осиёи Хурд, Ирон, Хуросон, Ҳиндустон ва дигар мулкҳои зери тасарруфи худ дароварда, баъд аз ин юришҳо харобаҳо боқӣ гузошт. Ҳақиқати ҳолро аз  таърихнигорон, тадқиқотчиёни юришҳои Темурланг ва замони ӯ пурсед.  Обод кардани Самарқанду Шаҳрисабз  магар ба баҳои ғоратгариҳои Темур  муқоисашаванда аст?  Сарлашкарон  ва ашрофони Темур барои худ қасрҳо месохтанд, бо кайфу сафо зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин ба Темур содиқ буданд. Ин лошахурони нағз мусаллаҳ барои ба даст овардани ғанимат аз ҳеҷ амали ноҷавонмардона руй наметофтанд. Барои инсоният чӣ суд аз ин ғоратгариҳо. Барои обод кардани харобаҳои Хоразму Ирону Ҳиндустон пас аз ин ҷангҳо садҳо соли бунёдкории мардум лозим мешуд. Садҳо ҳазор одамон қурбони ин ғоратгариҳо мешуданд.

Дар таҳхонаҳои Арки Бухоро сарвати ҳангуфте ҷамъоварӣ шуда буд. Баъди сарнагун шудани амир Олимхон ӯ имконият наёфт, ки ҳамаи он сарватро ба Бухорои Шарқӣ интиқол бидиҳад. Он қисми сарвате, ки амир бо худ гирифт на ҳамааш насиби амир шуд. Як қисми ҷавоҳироти амирро дарёи Зарафшон фурӯ бурд. Боқимондаи сарвате, ки амир ба Афғонистон бурд, насиби тоҷирони ба амир наздик шуданд. Тоҷирон онҳоро барои савдо ба Ҳиндустон бурданд. Вале онҳо ба назди амир барнагаштанд. Боқимондаи сарвати дар таҳхонаҳои Арк бударо лашкари шуравӣ ба Русия интиқол дод. Боигарии ҳангуфти амир Олимхон, ки бо хун ва арақи ҷабини мардум ҷамъ карда шуда буд, ба боди фано рафт. Ин аст, ки Тоҳир ибни Ҳусейн ба фарзандаш насиҳат карда буд, ки ҳирси молу чиз нашавад, боигариҳоро барои беҳбудии мардум сарф намояд. Он гоҳ ин боигариҳо афзоиш меёбанд. Худо саховатпешагонро дӯст медорад. Мактуб ба ҷомеаи он вақта таъсири сахт расонд. Худи ҳукмрони замон Халифа Маъмун фармон дод, ки ин мактуб дар байни роҳбарони музофотҳо мавзуи омӯзиш қарор бигирад.

Пеш аз волии Хуросон таъин кардани Тоҳир дар он ҷо гуруҳҳое буданд, ки ҳолати мавҷуда барояшон писанд буд. Олимони тоҷик, шоирон ба арабӣ асар эҷод мекарданд. Бисёрии онҳо соҳибмансаб буданд. Ба мо ин муҳит аз таърихи Осиёи Миёнаи асри XX  шинос аст. Халқҳое, ки дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик истода буданд, забони худро иваз карданд ва ба иқдоми пантуркистҳо созиш карданд, дар қаламравҳое, ки таърихан тоҷикон мезистанд ва фаъолият доштанд, мардум худро узбак муаррифӣ карданд ва инро ҳодисаи муқаррарӣ медонистанд. Ин кор бо ташаббуси пантуркистон ва дастгирии мансабпарастони тоҷик сурат гирифт. Ин тамоил дар давлати ҳамсоя Афғонистон ҳам ҷой дошт. Дар майдони сиёсат ва иқтисодиёт мавқеи миллати бумӣ - тоҷикон суст карда шуд. Бо амру хоҳиши аҷнабиён, барои суст кардани мавқеи тоҷикон маҷбур карданд, ки Бурҳониддин Раббонӣ - сарвари он вақтаи Афғонистон ва ҳамсафонаш аз ҳокимият дур шаванд ва кореро ба анҷом расониданд, ки ҳукумати ИМА онро мехост. Вале Тоҳириён дар давраи тақдирсоз дар аввали асри IX кореро ба сомон расониданд, ки назираш дар дунё кам дида шудааст. Онҳо ба ҷои забони арабӣ, ки забони давлатӣ, забони илму адабиёт, забони ҳукмрон буд, забони тоҷикиро ҷорӣ карданд. Ба ин восита илму маданият тараққӣ кард. Худо дар давраи тақдирсоз сарваронеро ба рӯи кор овард, ки забони тоҷикиро аз ҳолати нестшавӣ раҳо сохтанд ва ба давлатдории тоҷикон асос гузоштанд. Он кореро, ки Саффориён ва Сомониён анҷом доданд, заминааш дар давраи Тоҳириён гузошта шуда буд.

Омӯхтани таърихи давлатдории Тоҳириён аҳамияти калоне дорад. Дар дарс хонандагон аз он маълумоте, ки аз далерию шуҷоати Тоҳир ва писаронаш мегиранд, боиси ифтихори онон мегардад. Тоҳир то волии Хуросон таъин шуданаш дар ҷангҳои зидди мухолифини Халифа ном бароварда буд. Ӯ кайҳо ҳамчун лашкаркаш машҳур шуда буд. Аз ин ҷост, ки хонандагон ба саволи чаро ба вуҷуди гарданшшах буданаш ӯро ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъин мекарданд(?), ҷавоб ёфта метавонанд: Ӯ лашкаркаши доно, зирак, дурандеш ва бо ҷанговарони зердасташ меҳрубон буд.  Ҳангоми мухолифати байни халифа Амин ва бародараш Маъмун Тоҳир тарафи Маъмунро гирифту галабаи ӯро  таъмин кард. Аз ин ҷост, ки дар идоракунии Хилофат мавқеи форсизабонон пурқувват буд.

Офаридгор ба ин ҳомии манфиати тоҷикон умри кӯтоҳе дода будааст. Дар авҷи камолоти эҷодӣ, дар синни 47-солагӣ риштаи умри ӯ канда шуд.

Дар бораи сабаби марги Тоҳир ибни Ҳусейн далели шаръӣ боқӣ намондааст. Вале тадқиқотчиён ақида доранд, ки ҳасудон ӯро заҳр дода куштанд. Маълум аст, ки ӯ дар дил нақшаҳои зиёди бунёдкорӣ дошт.

Саидмаҳмад Гулов, омӯзгори фанни таърихи мактаби миёнаи амагонии рақами  66-и шаҳри Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97