Қаҳрамони даврони мо кист: Латиф Назари бепуштибон ё…?!

Таърих 30.01.2014 13:52

Вақте ки қаҳрамон ноаён аз байни мо меравад

Latif nazarБобои Муҳаммадлатиф хеле вақт бемори бистарӣ буд. Бобои N баъди адои намози пешин ба хонаи Муҳаммадлатиф, ки дар сари роҳи масҷид воқеъ аст, ба аёдати ӯ омад. Бобо беморро дар ҳолати вазнин дарёфт ва баъди анҷоми пурсупос аз даргоҳи Худованд барои бемор шифо хоаста, ба зӯдӣ хонаи пирамардро тарк кард. Баъди аз дарвозаи хонаи Муҳаммадлатиф берун омадан бобо як оҳи сард кашида, худ ба худ бо овози нимшунаво - "Ин дафъа тоби мардак нест..",- гуфту роҳи манзилашро пеш гирифт.

Баъд аз гузашти чанд рӯзи ба шумор аз ин аёдат аҷал ин "хулосаи тиббӣ"-и боборо тасдиқ кард. Пирамарди Муҳаммадлатиф, ки қадам ба сини 92 монда буд, аз олам даргузашт. Хабари шуми вафоти ӯ барқосо ба маҳаллаҳои атроф паҳн шуд. Хешу табор ва ҳамдеҳагону ҳамқавмон тахмин баъди як соат ҳама ҷамъ омаданд. Раиси маҳалла бо чанд ёвари худ низ ҳозир шуда, барои даъфни марҳум машварат барпо кард ва вақти баргузории намози ҷанозаро низ эълом намуд.

Анбуҳи зиёди одамон, ки одатан аксар, дар деҳот фасли зимистон ба ҷуз ғайбати якдигар шуғли дигаре  надоранд, дар соати муайян гардида ҷанозаи пирамардро хонданд. Қисме баъди "рухсати ом" аз пайи шуғли дӯстдоштаи худ рафтанд, қисми дигари издиҳом, ки аксарият ҳаммаҳаллаҳо ва ҳамқавмони бобо буданд, ба қавли худашон гӯё барои дарёфт намудани савоби бештар ҳамроҳи пайвандони ӯ аз пайи тобут роҳи қабристони русторо пеш гирифтанд.

Latif nazar vaХулосаи калом маросими дафни Латиф Назар (ӯро дар ноҳия ҳамин тавр ном мебурданд-муаллиф), ки як замон фахри деҳа, колхоз, ноҳияву вилоят ва ҳатто кишвар буд, чун маросими дафни маъмулӣ анҷом дода шуд. Дар мазористони ин рустои тоҷик боз як хоктӯдаи нав чун гӯри аскари гумном дар намуди мусулмонии тоҷикиаш, ки дар қабристонҳои кишвар бешумор аст, пайдо гардид. Аммо шахси зери хоктӯдаи нав қарор гирифта, як шаҳрванди маъмулӣ набуд, Ӯ қаҳрамони ҳақиқӣ, қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд! Ӯ  на танҳо бар мо ҳатто рӯи мардуме, ки имрӯз дар сарзамини собиқи Иттиҳодияи шуравӣ зиндагонӣ мекунанд, ҳаққи зиёд дошт. Аммо мо ба қадраш на дар зинда буданаш расидем ва на баъди даргузаштанаш.

То ба ҳанӯз сари ҳар чанд вақт аз тариқи телевизиони Русия, ки дар ҳар хонадони тоҷик бинанда дорад, ва ҳамчунин дигар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ, ки замони ҷанг ҳудуди онҳо корзори ҷанги зидди фашизм будааст, маросими дафнии аскарони дар ҷанг ҳалок шудаву гумномро намоиш медиҳанд.

Аммо оё чиновникҳои муҳтарами ноҳияи Мастчоҳ ва вилояти Суғд, магар ягон маротиба иттифоқ науфтодааст, ки шумо бинандаи ин сужаи телевизионӣ бошед, ки чӣ гуна бо шукуҳу шаҳомат ва бо қадрдонӣ турбатҳои аз зери хоку гил пайдо кардаашонро даъфн мекунанд?!

Банда равоншинос нестам, аммо ба руҳия ва тафаккури инсони муосир, ки дар замони муносиботи бозаргонӣ камол ёфтаанд, ошноӣ дорам, ин инсон чун пулу сарват қариб ҳам чизро дар зиндагӣ бо рақами арифметикӣ ҳисоб карданро дӯст медорад. Далелу исботи қаҳрамонию марди корзор будани бобо ордену медалҳои ба ивази ҷонбозиҳояш дар ҷанг ба даст овардааш мебошанд: Ордени "Шараф" дараҷаи севвум, ордени "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дараҷаи якум, ордени "Ситораи сурх"  ва  медалҳои зиёде...

Ордени"Шараф" -ро давлати шуравӣ дар замон ҷанг маҳз барои қадршиносии корнамоиҳои аскарони қаторӣ таъсис дода буд ва яке аз мукофотҳои олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Ин орден се дараҷа дошта дорандагони ҳар се дараҷаи он баробари Қаҳрамони Иттиҳодия Шуравӣ  қадру манзалат доранд. Дараҷаи севвуми ин орден аз биринҷӣ, дуввумии он аз нуқра ва якуми он аз тилло сохта шуда буд. Тартиби эътои ин орден чунин буд. Барои корнамоиҳои вижа, аз он ҷумла тарконидани анборҳои аслиҳаи душман ё ба асорат гирифтани чанд нафар аз ҳайати шахсии душман, ё несту нобуд кардани чанд тан аз сарбозони душман ва ғайра, даставвал дараҷаи саввуми ин орден ба сарбозони қаторӣ эҳдо карда мешуд ва сипас барои корнамоиҳои минбаъда ба дараҷаҳои дигари он онҳо қадрдонӣ мешуданд. 

Латиф Назар дорандаи дараҷаи севвуми ордени "Шараф" буд,  яъне ба истилоҳи насли имрӯза, аз се як ҳиссаи ҷонбозиии Қаҳрамони Иттифоқи Советиро анҷом дода аст. Агар мо саҳнаи корзорро ба саҳнаи бозиҳои олимпӣ муқоиса намоем (ҳар чанд ин ду чиз ҳаргиз бо ҳамдигар қобили муқоиса нестанд, аммо барои таъкид ба онҳое, ки ба дарки ин қаҳрамонӣ намерасанд, ноилоҷ таъкид мекунем - муаллиф), қаҳрамони мо дар зинаи севвуми қаҳрамонии олимпӣ ҷойгузин буд. Дар бораи дигар орденҳои  ӯ ҳоҷати гуфтан нест. Дар он замони ҳама чиз дар ҳукми қонуни ҷанг қарор дошта, барои хушомаду чоплусӣ ва дигар аёрӣ  ҳиҷ гоҳ ҳиҷ гуна  мукофоте дода намешуд ва танҳо дар майдони ҷанг ин гуна ҷойизаҳои олии давлатиро ба ивази сипар кардани ҷону тан мегирифтанд. Барои ин гуна Latif nazar 2исботи андаке густохонаам аз рӯҳи каҳрамонони Ватан маъзарат мехоҳам, аммо дар зеҳниятҳои манкуртшуда танҳо бо ҳамин роҳ метавон таъсир гузошт. 

Агар бачаҳои бобои Муҳаммадлатиф пулдор мебуданд…

Агар бачаҳои бобои Муҳаммадлатиф  пулдор мебуданд, маросими даъфни бобо бо ин қадар ордену медалҳои сарбозиаш чунон пуршукуҳу пуртантана мегузашт, ки ҳатто онро амалдори воломақоми тамоми умр аз як курсии хидматӣ ба курсии дигар ҷаҳанда барои худ дар дами пирӣ орзу карда наметавонист. Дар он сурат ҳатман комиссари ҳарбии ноҳия  барои бо шукуҳ гузаштани маросим аз қисми низомии наздик чанд аскару афсарро даъват мекард. Ҳамроҳи раиси ноҳия боз чанд нафар аз мақомоти вилоят низ  ширкат мекарданд ва аз номи Ҳукумати кишвар низ болои қабри марҳум гулчанбар мегузоштанд. Чунин маросимро чанд шоираки сатҳи маҳаллӣ (ин гунаҳоро дар тамоми маросимҳои ҳукуматӣ  дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар вохӯрдан мумкин аст-муаллиф) аз ҳузури воломақомон дар ҷаноза илҳом гирифта, дар васфи бобои қаҳрамон ҳамоно марсияву наҳвасароӣ карда, оби чашм низ мерехтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта мо чанд нафар аз наздикону пайвандони  Бурҳон Охунов Аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди шуравӣ, ветерани ҷангу меҳнат ба ҷашни 90 солагии ӯ ба ноҳияи Ғончӣ даъват шудем. Ин ҷашн ба ибтикори ҳукумати ин ноҳия баргузор шуда буд ва раиси ноҳия аз аввал то ба охир дар ин маърака ширкат дошт. Баъди анҷоми ин маърака набераи он кас Аюб тасмим гирифтааст, ки ӯ ҳам мисли бобояш барои Ватан хидмат мекунад ва ҳамоно ариза дода ба хидмати Ватан меравад.

Дар Мастчоҳ пеш аз вафоти бобои Муҳаммадлатиф он шабу рӯзе, ки Аюб аз ноҳияи Ғончӣ ба хидмати ватан омодагӣ медид, воқеъае рух дод, ки барои кишваре, ки худро эҳтиром мекунад, хеле нанговар аст. Кормандони комиссари ҳарбиии ноҳия ҳангоми амалиёти машҳури "облава" дар минтақаи наздик ба марзи Узбакистон- "Садвин"   дунболгири Саидҷавҳар Юсуфов ном ҷавон мешаванд. Аз пушти ин ҷавон хеле медаванд ва ниҳоят ба марзи Узбакистон мерасанд. Ӯ маҷбур мешавад, ки барои халосияш канали обгузарро убур карда, худро ба ҳудуди Узбакистон расонад. Ӯ аз ҷониби сарҳадбонони кишвари ҳамсоя дастгир шуда, ба Тошканд  интиқол дода мешавад. Билохира дар натиҷаи кӯшишу талош ва саргардониҳои зиёди волидайн ва пайвандонаш баъд аз 15 рӯзи зиндонӣ "гуреза" ба хона бармегардад.

Дар замонҳои қадим мардуми Мастчоҳ дар минтақа нақши казакҳои русро анҷом медоданд ва бештар рӯзгори худро аз ҳисоби хидмати низомӣ таъмин мекарданд. Дар замони истиқлолият мастчоҳиҳо ба хидмати низомӣ ин қадар сари хуш надоранд ва аксар вақт ноҳия тавассути амалиёти "облава" нақшаи ба артиш таъмин кардани наваскаронро иҷро мекунад. Сабаби сарпечӣ аз хидмат ба Latif nazar v gazet pravdaВатанро пайдо кардан кори чандон мушкил нест. Имрӯз дар кишвар низомиён ба таври бояду шояд қадрдонӣ намешаванд, хидмати анҷомдодаи онҳо аз ҷониби ҳукумат ва амалдорони ноуҳдабаро монанди корнамоии бобои Муҳаммадлатиф қадрдонию аҷргузорӣ намегардад. 

Мо Ватандорию ватандӯстдориро танҳо аз ҷор задану суруд хондан дар васфи он медонем…  Афсӯс!

Аз рӯҳи бобои Муҳаммадлатиф маъзарат мехоҳам, ки боз ҳам барои даъват ба ватандорӣ аз номи ӯву аз ҷанозааш истифода кардем. Аз номе, ки мо ва мақомдорони Мастчоҳ на дар зиндагӣ ва на рӯзи марг аз он қадрдонӣ накардем. Сад афсӯс, зеро мо ин носипосиро танҳо бо як худи ин бобои қаҳрамон накардаем…

Неъмат Неъматзода 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97