Хонандагони гиромиқадр!
Шумо хуб медонед, ки дар ҳар гушаю канори кишвари мо мавзеъ таърихӣ; қалъаҳо, шаҳру деҳкада ва рустоҳои замоне дар пешрафти тамаддуни Осиёи Марказӣ саҳмдошта, мавзеъҳои хеле дилрабои шигифтангез, оромгоҳу қадамҷойҳои инсонҳои шарифу бузург ва таърихсоз хеле зиёд мебошанд, ки то ба имрӯз дар бораи инҳо одамон кам иттилоъ доранд. Рӯзномаи "Миллат" ба хотири шинос кардани ин гуна мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои муборак тасмим гирифтааст, ки дар саҳифаи худ матолиберо дар ин мавзӯъ ба чоп расонда, шуморо ба сайр ва зиёрати тахаёлии ин ҷойҳо бибарад. Мо дар ин саҳифаи ҳафтанома аввалин мақоларо дар ин мавзуъ ба табъ расонида, умедворем, ки шумо низ дар ин бора навиштаҳову тавсирҳои худро барои чоп дар ҳафтанома ирсол мекунед.
Мо, як гурӯҳи аҳли қалами ноҳияи Мастчоҳ барои муоинаи кори ҳафриётгарон ба Қалъаи Ҳисораки воқеъ дар канораи деҳаи Падаски Куҳистони Мастчоҳ раҳсипор гардидем. Дар даромадгоҳи қалъа, моро Павел Луре-шарқшинос, номзади илмҳои филологӣ аз Эрмитажи Санкт Петербург, ки гурӯҳи ҳафриётгаронро роҳбарӣ мекард, истиқбол гирифт. Ӯ ба забони форси лаҳҷаи Афғонистон хеле хуб ҳарф мезад. Бино ба фармудаи худаш ӯ ин забонро дар Донишгоҳи Сакт- Петербург аз худ намудааст. Чанд муддат дар Ирон ва Афғонистон низ будааст. Худро шогирди Ставитский, Маҳмуд Солеҳов ва Юсуфшоҳ Ёқубов меҳисобад.
Павел Луре ба мо шарҳ дод, ки ин қалъа дар масоҳати 7 га қомат афрохта, хеле қадимист. Аммо алҳол он чӣ аз далелҳои ба дастомада ба мо имкон медиҳад гӯем, ки таърихи беш аз 1800-соладорад. Қалъа як истеҳкоми муҳими мансуб ба "Маршкат"-и қадим, пойтахти Масчоҳи куҳан, яъне Мадрушкати ҳозира мебошад, ки шоҳи Мадрушкат ин ҷо менишаст. Қалъа аз се бахш: "Шоҳнишин", "Куҳандиз" ва "Шаҳристон" иморат ёфта, ки алҳол ҳама зери хок мондааст. Ҳам акнун моро лозим аст, ки ин ҳама ёдгориҳои замони куҳанро ба имрӯзиёну ояндагон муаррифӣ намоем. Қалъаи Ҳисорак аз ҷиҳати аҳамияти омӯзиш ба "Қаҳқаҳа" баробар аст ва аз ҳама бузургтарин иншооти таърихии водии Зарафшон маҳсуб мешавад. Дар қисмати ғарбии қалъа ҳавзҳоро дарёфт кардаанд, ки аз он ҷо ба қалъа об мерафт. Об ба ин ҳавзҳо аз чашмаи Лолахон тавассути лӯлаҳои сафолии дар зеризамин нуҳуфта меомад. Ва ин низоми обёрии замони куҳанро низоми обёрии корезӣ мегуфтанд, ки сар то сари ин минтақа маъмул буд.
Дар қисмати ҷанубии қа-лъа дарвоза - арки воридшавӣ мавҷуд аст, ки ин ягона вурудгоҳ-роҳи ба қалъа ворид шудан асту халос. Қалъа дигар аз ягон ҷониб роҳи даромад надорад.
Бостоншиносони зану мард чандин иншоотҳои ҳайратангези ин қалъаро аз зеризамин кофта баровардаанд, ки муҳимтаринаш толори дуошёнаи дарозиаш 19-метр мебошад. Ҳамчунин хонаҳои бисёреро, бо тарзи меъмории хос ва ороиши ҷолиб вобаста ба давру замонҳои гуногун пайдо намудаанд. Масалан, хонаеро дарёфт намудаанд, ки "Оташ-када" ном дорадва ба ҷониби офтоббаро нигаронда шудааст. Маълум, ки ин ҷои ибодатгоҳи Зардуштиён буд. Павел Луре ба мо нақл кард, ки мактубе бо хати суғдӣ дарёфтаанд, ки дар он Деваштич мефармояд, ки ин қалъаро таъмир кунанд. Дар ин ҷо қабрҳоеро низ пайдо намудаанд, ки ба замонҳои гуногун, чун давраи кушониён, ҳахоманишиён ва истилои юнону араб рост меоянд. Барои мисол ҷасадеро дарёфт кардаанд, ки андаруни даҳонаш тангае дорад. Расми "дар даруни даҳони майит танга пинҳон кардан" аслан расми юнониҳост. Аммо аҷаб он буд, ки дар даҳани мурда тангаи ба ҳуруфоти арабӣ сикказада шуда ҷойдошт.
Деворнигораҳои бисёре аз қабили нақшҳои ангур ва барги он дар доира, тасвири оҳувон, сафолпораҳои мунаққаш ҳама ҷолиб ва шигифтангез буд. Маро ба хотир омад, ки дар Ирон- дар Нишопур қабристони куҳанеро дидам, ки дар ҳар мағок чандин мурда ва саркуфта аз замони фитнаи муғул барои ибрати имрӯзиён дар намоиш гузошта буданд. Вале ин ҷо, дар Мастчоҳи Кӯҳан он қадар ёдгориҳои антиқӣ вуҷуд дорад, ки мо низ метавонем болои ин бозёфтҳои таърихиро бипӯшонем ва ба мӯзеи ёдгориҳои қадима табдил диҳем.
Павел Луре моробо "дӯ-ғоб" зиёфат намуд ва ҳам роҳи мо ба хаймагоҳаш омад, то бозёфтҳо ва суратҳоро ба мо нишон диҳад. Дар зери офтоби сӯзони нимрӯзии куҳистон хаймаҳои ҳафриётгарон чун "табақҳои паррон" менамуд. Мо хаёл мекардем, ки дар сайёраи Миррих бошем. Павел Луре барои мо чой дам карда овард. Баъд ноутбуки худро боз намуда бо хоҳиши мо барои мо дар "флешка" тасвирҳоеро аз натиҷаи ҳафриёт бигунҷонид. Ман низ барои иртиботи минбаъд "визитка"-и худро барояш тақдим намудам. Сипас мо ҳама ба ӯ хайру хуш намуда, ӯро дар иҳотаи олами куҳанаш раҳо намудем.
Қалъаи Ҳисорак, ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ин якпора аз Тоҷикистони ман аст.
Маликнеъмат Нематов.