"Тоҷикон сахтҷонтарин халқанд"

Таърих 10.02.2013 19:11

Ahmadshoh KomilzodaИн матлаб, ки дар сомонаи форси Би-би-сӣ нашр шудааст, боиси сару садо ва эътирози густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла миёни корбарони фейсбук шудааст. Ин ҷо намунае аз ин баҳсҳоро рӯи чоп меорем ва ба далели эҳсосӣ ва хориҷ аз ахлоқ будани лаҳни бисёре аз баҳскунандагон аз овардани пурраи ин баҳс худдорӣ мешавад. Аммо бояд гуфт, ки аз ин баҳсҳо пайдост, ки то кунун ҳам Темури хунхор ва тоҷиккуш дар миёни сокинони Тоҷикистон ҳаводор дорад. Ин ҳаводорони Темур, ду навъанд; яке ҳамтаборонаш, ки аз ҳамхунӣ бо ӯ ифтихор доранд ва дигаре бархе ба истилоҳ аз исломгароҳое, ки на ба моҳияти ислом расидаанд ва на миллат ва на ба дурустӣ таърихро хондаанд.

Аҳмадшоҳи Комилзода:

Дӯстони гиромӣ, дар сафҳаи имрӯзи Би-би-сӣ матлабе хондам, ки онро чун таҳқир қабул кардам. Барои Би-би-сӣ посухе навиштам ва ирсол кардам. Назари шумо чист? Ва ин посухи ман аст:

Дар сафҳаи форсии Би-би-сӣ навиштаеро таҳти унвони "Оё Темур воқеъан ланг буд?" хондам. Ман, ки ҳамеша бо номи хабаргузории Би-би-сӣ чун бузургтарин манбаъи боэътмод ва аз сӯи дигар манбаъе, ки хидмати пурарзише барои фарҳангу забони форсӣ анҷом додааст, аз ин навишта якбора дилсард шудам. Хабаргузорие бо ин ҳашамату бузургӣ аз шахсияти манфури дунё чун Темури ланги лаъин ба номи "қаҳрамон" ёд кардааст ва ин матлаби касиф дар сафҳаи форсии ин хабаргузорӣ ба нашр расидааст. Шояд шумо ҳадаф доред мардуми форсизабонро таҳқир кунед, вале кори бадест чунин равиш. Агар ҳар касе дар ин дунёи пур аз шебу фароз аз шахсиятҳои манфуре чун Ҳитлару Чингиз ва Темури лангу мисли инҳо, ки барои фатҳи сарзаминҳои тобеъашон рӯи заминро аз хуни ҳазорон инсонҳо олуда кардаанд, ба ин шева ёдовар мешавад, худ пайравии одамкушиву хунхорист. Нафрат бод бар ин гуна фотеҳон ва "қаҳрамонҳо"! Ислом Каримуф низ аз ҳамин тоифа аст, ки солҳои мадид мардуми ин сарзаминро ба хоку хун кашидааст. (Ҳукумати Ислом Каримов аз барафрӯзандагони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва тарафи ҷанг буд-"М"). Ва саранҷом навиштаи донишманди рус Павлуфро, ки воқеъияти футуҳоти ин "қаҳрамонон"-ро ба як сухан бозгӯ кардааст, пешкаши шумо мекунам:

"Одилона бояд гуфт, ки тоҷикон дар ҳоли ҳозир сахтҷонтарин халқ ҳастанд; кам халқе мисли тоҷикон ба ин андоза зарбаҳои шадид хӯрдааст, вале барои тоҷикон кофӣ буд фурсати ночизе дода шавад, онҳо дубора ҷон мегирифтанд. Ин сатрҳоро ман дар замоне менависам, ки мо дар арафаи эҳё шудани ин халқи қудратманд ва побарҷо қарор дорем. То давраи ин эҳё, тоҷикон зиндагӣ накардаанд, балки зиндагии бемақсуде доштанд ва ин зиндагии бемақсуд натиҷаи зарбае буд, ки ба онҳо Темучин (Чингизхон) - муғулҳо, Темур (Темурланг) ва узбакҳо расондаанд".

Н. Павлов, соли 1910

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов:

Ба дӯстоне, ки бо эҳсосот аз Темури лангу дигар касоне, ки дасташон ба хуни мардуми бегуноҳ олудааст дифоъ мекунанд, гуфтаниам, ки беҳтар мешуд таърихро хубтару ботаамултар бихонанд. Он бедодгариҳои худхоҳиву золимии Темури ланг на аз барои ислом ва на мазҳаб буд. Ислом барӣ ва безор аст аз чунин одамкушоне, ки бо номи ислом худро фотеҳу мусалмон метарошанд. Он бедодгарии Темури ланг аз тинату табиати муғулзодагии ӯ буд, ки ҳазорҳо-ҳазор мардуми бегуноҳро сар бурид ва барои ин кори палидаш динро абзори хеш сохт. Таърих на танҳо қиссаву афсона нест, балки ҳақиқате аст, ки аз он бояд таҷриба андӯхт. Он Темури ланге, ки алъон аз ӯ қаҳрамон метарошанду дар пояи тандисаш гул мегузоранд дар тамоми муддати зиндагониаш на як кофаре куштаву на сарзамини кофаронро фатҳ карда, балки ӯ танҳо мусалмон куштаву ба сарзамини мусалмонҳо тохту тоз карда, ки танҳо ва танҳо барои қудратталабӣ ва ҷоҳталабӣ буд. Дигар ин ки агар ҷанги Темури ланг барои мазҳаб мебуд, ӯ бо ҳаммазҳабону ҳамзабонони туркаш аз Императории Усмонӣ намеҷангид. Мардуми Хоразму Ҳирот магар шиамазҳаб буданд, ки аз онҳо калламанора сохту он шаҳрҳоро ба хок яксон намуд? Кӯр-кӯрона набояд аз чеҳраи манфуртарини таърих дифоъ кард. Ба хотири ҳар як қатра хуни ноҳақе, ки ӯ рехт бар ӯ бояд лаънату нафрин кард. Таърих гувоҳ аст, ки Темури ланг кӣ буд.

Эдворд Броун дар таърихи адабиёти Ирон дар бораи аъмоли шанеъ ва манфури Темурланг менависад: Қатли оми мардуми Сиистон дар соли 1383 мелодӣ, ки дар он воқеа ду ҳазор нафарро бесар гузоштанд; Дар Деҳлӣ ҳазор асири ҳиндиро сар бурид (1398); Ӯ чаҳор ҳазор нафар арманиро низ зинда ба гӯр кард, дар соли 1400 м; Ва ҳамчунин наздики Ҳалаб ва Димишқ калламанора барпо кард; Ҳамин тавр қатли оми мардуми Исфаҳон дар соли 1387мелодӣ.

Бинобар ривояти Ибни Арабшоҳ, ба амри Темур дар Сабзавор "ду ҳазор асирро зинда бар рӯи ҳам афканданд ва бо гилу хишту оҷир (хишти пухта), бар рӯи онҳо манораҳое барпо намуданд. Сиистон, ки мардумаш исён карда буданд ба чунин сарнавишти шум гирифтор шуд…"

Ахборнависи дарбори темуриён навиштааст, ки "сарбозони мо аз ҷасади мурдагон куҳе сохтанд ва бо сари онҳо манораҳое афроштанд." (Ибни Арабшоҳ, Т.,1348. с.25, 27)

Пешниҳод: Бояд дар Тоҷикистон қонуне қабул шавад, ки барои ҳимоят аз Темур ва Чингиз муҷозот пешбинӣ кунад. Мисли он ки дар Аврупо барои инкори Ҳолокост ва ҳимоят аз Гитлер ва ҳатто ба баҳс кашидани ин масъала муҷозот пешбинӣ шуда ва чандин донишманд барои таҳқиқ рӯи ин қазия маҳкум ҳам шудаанд.

Бояд донишмандон ва рӯшанфикрони тоҷик дар ин маврид садо баланд кунанд, ҳарчанд ки дар ин ватан на донишманде чандон мондааст ва на рушанфикре. Вале боз ҳам ин миллат ҳаргиз умед аз даст надодааст.

 

Темур ланг буд ё набуд...

Temuri LangТемури Гургонӣ, ки баъзан ба номи Темур Ланг хонда мешавад, дар қарни чаҳордаҳуми мелодӣ аз гумномӣ сар баровард ва ба як кишваркушои машҳур табдил шуд.

Ӯ аз сари душманонаш манораҳо сохт.

Он тавр, ки Ҷостин Морузӣ менависад, дар давроне, ки тавоноии ҷисмӣ аҳаммияти зиёде дошт, анҷоми чунин футӯҳоте, яъне кишваркушоӣ кори бузурге буд.

Ҳангоме, ки бузургтарин фотеҳони таърихро ба ёд биёваред, ба эҳтимоли зиёд фавран номи Чингизхон ва Искандари Мақдунӣ ба зеҳнатон мерасад. Аммо агар аҳли Осиёи Марказӣ ё фаротар аз он, ҷаҳони ислом бошед, баъид аст аз Темур Ланг ёде кунед.

Ин ҷангҷӯйи тотор, ки дар соли 1336-и мелодӣ дар наздикии Самарқанд дар Узбакистони имрӯз ба дунё омад, аз бархе ҷиҳатҳо шоҳи мақдунӣ ва ҷангҷӯйи муғулро шеваи худ қарор дод.

Темур бар хилофи Искандар узви хонадони салтанатӣ набуд ва гузаштагонаш хонаводагии содае доштанд. Ба илова бар хилофи Чингиз ӯ қавмеро таҳти фармони худ надошт, ки битавонад онҳоро ба футӯҳоти низомӣ раҳнамуд шавад, балки маҷбур буд аз маҷмӯъае аз ақвом ва миллиятҳои мухталиф ва бештар саркашон артише муваффақ бисозад.

Замоне, ки дар соли 1402-и мелодӣ Темур дар майдони набард бо Боязиди аввал, султони усмонӣ, рӯ ба рӯ шуд, сарбозонеро аз саросари императории худ дар ихтиёр дошт: Аз Арманистон гирифта то Афғонистон ва аз Самарқанд гирифта то Сибир.

Бо чунин костагиҳое, ки барои худашон нуқоти заъф ба шумор мераванд, бахудии худ масъалаи бузурге буд. Аммо аз ҳама шигифтангезтар ин аст, ки тарафи рости бадани Темур дучори иллати ҷиддӣ буд.

Дар ҳангоми таваллуд, номи ӯро Темур гузоштанд, ки ба маънои оҳан аст.

Аммо баъд аз ин ки дар ҷавонӣ дасту пои чапаш башиддат осеб дид, дар забони форсӣ ба ӯ лақаби "Ланг" доданд. Номҳое, ки ӯ дар Ғарб ба онҳо хонда мешавад низ бо тағйире ҷузъӣ дар ҳамин ном ва лақаби форсӣ ба вуҷуд омадаанд.

Қабри Тимур дар оромгоҳи "Гӯри амир" дар Самарқанд қарор дорад

Дар давроне, ки маҳоратҳои ҷангӣ василае барои расидан ба қудрати сиёсӣ буд, дорои чунин иллати сахт будан барои бештари афрод зарбае хурдкунанда аст.

Эҳтимолан Темур ҳам дар ҷавонӣ бо ин зарбулмасали маҳаллӣ ошно буд, ки мегӯяд: "Танҳо дасте, ки тавони нигаҳ доштани шамшер дорад, метавонад тоҷи ҳукуматро ба даст гирад."

Бешак пешрафт ва тараққӣ дар ҷаҳони бераҳмии он замон бидуни дастболо будан дар муборизаи тан ба тан ва тирандозӣ мумкин набуд.

Манбаъҳои таърихӣ ҳам шаке дар бораи мдорои иллат будани Темур боқӣ намегузоранд, аммо дар мавриди ин ки ин маълулият дақиқан чи тавр эҷод шуда, ҳанӯз тардидҳое вуҷуд дорад. Эҳтимолан ин иттифоқ дар соли 1363-и мелодӣ афтодааст. Яъне замоне ки Темур дар хидмати хони Сиистон дар ҷануби ғарбии Афғонистони кунунӣ буд.

Ибни Арабшоҳ, воқеъанигори қарни понздаҳуми мелодӣ, ки албатта ғарази бисёр душманонае нисбат ба Темур дорад, мегӯяд, ки як чӯпони ҳушёр дид, ки Темур дар атрофи галаи гӯсфандонаш парса мезанад. Пас бо як тир ба китфаш ва тири дигареро ҳам ба нишемангоҳи ӯ зад.

Ӯ менависад: "Нуқси узв ҳам ба фақри ӯ (Темур) изофа шуд ва эроди дигаре ба шарорат ва хашми ҷунуномези ӯ илова гардид."

Гунзолес Кловиху, сафири Испониё, ки дар соли 1404 мелодӣ ба Самарқанд рафт, навиштааст, ки дар даргирии Темур бо гурӯҳи бузурге аз саворони сиистонӣ, ки қисми зиёде аз сарбозони ӯро куштанд, чи гузаштааст.

Ӯ менависад: "Онҳо худи ӯро ҳам аз асп андохтанд ва пои росташро захмӣ карданд. Ӯ бар асари ин ҷароҳат то поёни умр ланг мемонад; дасти росташ ҳам маҷрӯҳ шуда буд ва ангушти кучак ва ангушти канории онро аз даст дода буд."

Дар соли 1941 мелодӣ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ як гурӯҳ бостоншиносон таҳти ҳидояти Михаил Герасимов барои кашфи қабри Темурро вориди амал шуд ва ба мақбараи зебои ӯ дар Самарқанд рафт.

Узбакистон -сарзамини Темур Ланг

Масоҳате беш аз Олмон дорад, бо ҷамъияти 27 млн. нафар

Дар соли 1991 эъломи истиқлол кард, аммо охирин раҳбари даврони коммунистӣ, Ислом Каримов, ҳанӯз дар қудрат аст ва низоми ҳоким амалан ҳамчунон якҳизбӣ аст.

Дар соли 2012 ба унвони яке аз саркӯбгартарин кишварҳои ҷаҳон шинохта шуд; Созмони Афви Байналмилал ба нақзи густардаи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ишора кардааст.

Узбакистон Темури Гургониро қаҳрамони Милли худ муъаррифӣ мекунад. Дар соли 2000 раиси ҷумҳур Каримов дар як суханронӣ хитоб карда ба миллаташ гуфт: "Шумо наберагони мардони бузург ҳастед. Шумо нерӯи Темури Гургониро дар дастонатон доред."

Дар Тошканд (пойтахти кишвар) муҷассамае аз Темур савор бар асб ҷойгузини тандиси Карл Маркс шудааст.

Аъзои тим дарёфтанд, ки Темур воқеъан ланг буда, ҳайкале тануманд ва ҳудуди 1 метру 70 см қад доштааст; пои росташ дар маҳалли пайвастшавии устухони рон ва косаи зону осеб дида буд ва дар натиҷа, пойи росташ аз пои чап кӯтоҳтар будааст. Далели пасванди таҳқиромези "Ланг" дар номи ӯ ҳамин мавзӯъ аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97