Он номгузори бесавод ман будам!

Таърих 22.01.2013 09:34

Ю. Ёқубов: "Агар номгузор каме савод медошт, онро Бохтариён меномид…"

TolibsohДар шумораи 2- юми нашрияи "Миллат" аз 9 январи соли равон мақолаи профессор Юсуфшоҳи Ёқуб-шоҳ зери унвони "Бесарусомонӣ дар номгузориҳо" ба чоп расида, ки банда мехоҳам ба як интиқоди беадолатонаи муаллифи муҳтарам ибрози андеша намоям. Бо ҷаноби профессор комилан мувофиқам, ки мо дар номгузории кӯчаву хиёбонҳо ва деҳу шаҳру ноҳияҳоямон, иштибоҳоту ғалатҳои замони Шӯравиро на танҳо, ки ислоҳ накардем, балки васеътар идома додем ва ба ҳадди бесарусомонӣ расонидем. Дар тақвияти андешаҳои профессор Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ гуфтаниам, ки дар як шаҳри Душанбе ба номи устод Айнӣ хиёбон, донишгоҳ, театр, майдон, боғ, мактаб, осорхона, маҳалла ва чанд амокини дигарро номгузорӣ кардаем, аммо ному хидмату пайкори дигар нобиғагони миллатро нодида гирифтаем, мисле, ки дигар бузурге надошта бошем. Чаро ба номи дигар Қаҳрамононамон, масалан Шоҳтемур ва Махсум дар Душанбе ва умуман дар саросари кишвар камтар кӯчаву мавзеъотро номгузорӣ кардаем?

Қаҳрамонон бояд мақом ва эҳтирому эътибори баробар дошта бошанд, якеро аз дигаре наметавон боло гузошт. Пас, яқин адолат ин ҷо риоя нашуда! Ва аз хонандаи гиромӣ хоҳиш дорам дар пойи банда ҳеч ҷурму гунаҳ набандад, ки ман ба ҳамаи Қаҳрамонони Тоҷикистон эҳтироми баланду баробар қоилам, хидматҳои арзишманди эшонро барои миллат беназир медонам ва танҳо инро мехоҳам, ки мо бояд ҳамаи эшонро баробар қадрдонӣ карда бошем. Масалан, дар Душанбе боғи Шоҳтемур, донишгоҳи Махсум нест. Ё месазад, ки Донишгоҳи миллӣ ба номи Аллома Бобоҷон Ғафурови Қаҳрамон номгузорӣ шавад. Ва чаро ба номи се Қаҳрамонамон шаҳру ноҳияҳоро номгузорӣ кардаему дигар Қаҳрамонон аз ин лутфу инояту қадрдонӣ бенасиб мондаанд? Ва ҳам чаро номҳои таърихиву хушоянди Хоҷамастон, Дарбанд, Ғозималик ва Кофарниҳонро ба дигар номҳо табдил кардем? Чаро солҳост, ки огоҳони миллат мегӯянду менависанд, ки номи Қурғонтеппа ба Леваканд табдил шавад то адолати таърихӣ пойдор гардад, вале гӯши масъулини Хатлону шаҳри марказии он кар аст? Донишмандони миллат гуфтанду мегӯянд, ки Колхозобод ба исми таърихиаш Ҳалевард табдили ном кунад, мо гирифтему онро Ҷалолуддини Румӣ унвон кардем. Акнун биёем сари мавзуъ.

Профессор Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар мақолааш менависад, ки "Мо аз надонистани таърихамон гирифтему як ноҳияи хурдакро Бохтар ном гузоштем. Агар номгузор каме савод медошт, онро Бохтариён меномид, ки чандон хато набуд." Қабл аз ин ҷумла донишманди муҳтарам нигоштааст, ки "юнониён Бохтарро давлати бузурги Шарқ номидаанд, албатта давлат давлати Каёниён ном дошт ва онро давлати Бохтар гуфтан хатост." Мегӯянд, ки бо донишманд баҳс кардан бефоида аст. Банда бо як нухбаи илм, донишманди таърихи аҳди бостон, устод Ёқубшоҳ баҳс карданӣ нестам ва ин ҳақро ба худ намедиҳам, танҳо мехоҳам ба эшон бигӯям, ки ҳамон номгузори бесавод ман ҳастам, нигорандаи ин сатрҳо, яъне Толибшоҳи Сайидзода! Таърихи ба Бохтар табдили ном кардани ноҳияи Коммунистиро дар як навиштаам зери унвони "Чӣ тавр Коммунистӣ Бохтар шуд?" ("Миллат", №38, аз 21. 09. 2011) қисса карда будам ва такрори онро ин ҷо зарур намедонам. Ва зикри ин нуктаро зарур мешуморам, ки бахти мани номгузор ва он ҳама ҷонибдорони ба Бохтар табдили ном кардани ноҳияи Коммунистӣ дар он замон, яъне охири соли 1990 ва ибтидои соли 1991 он буд, ки зимоми dostievроҳбарии ин ноҳия бар дӯши Абдулмаҷид Достиев, Сафири имрӯзии Тоҷикистон дар Русия буд. Достиев марди фарҳангсипос ва аз зумраи камтарин мансабдоронест, ки китобхон аст ва шеър менависад. Табдили номи Коммунистиро ба Бохтар Достиеви коммунист ба таври демократӣ ва бо роҳи машварат ва маслиҳат бо мардуми ноҳия ва аҳли зиёи вилояти собиқи Қурғонтеппа ҳал кард, то баъдан дар таънаву маломати ҳеч гуруҳе гирифтор нагардад. Абдулмаҷид Достиев баъд аз он ки Номаи бози банда ба унвони вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ноҳияи Коммунистӣ ҷиҳати мусоидат дар табдили номи ноҳия ба Бохтар дар рӯзномаи вилоятии "Навиди Вахш" чоп шуд, гуруҳи бузурги аҳли зиёи Қурғонтеппаро барои машварат сари ин мавзуъ ба ҳузури хеш хонд, ки ин фақир низ дар он мулоқот ширкат дошт. Раиси Бунёди фарҳанги вилоят, вакили мардум Азизи Хошок, устоди зиндаёд Пиримқул Сатторӣ ва шоири хушбаён Сиёвуш Озодӣ ном гирифтани ноҳияро хостанд. Шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ, рӯзноманигорони шодравон Сайидҷалоли Фахриддин ва Шарофиддини Қосим ҷонибдори Хуросон ном гирифтани ноҳия буданд. Бостоншинос Қиёмуддини Сатторӣ, шоир Зариф Ибод ва раиси Бунёди забон дар вилоят Қодиршоҳи Мурувват пешниҳоди бандаро дар мавриди Бохтар номгузорӣ шудани ноҳия пуштибонӣ намуданд. Абдулмаҷид Достиев ҳам мехост, ки ноҳияи зери амраш буда дигар Коммунистӣ набошад ва номи Бохтарро бигирад. Хуласи калом он рӯз дар ҳуҷраи кори Достиев мубоҳиса ва баррасии тӯлонию мондагоре сари мавзуъи табдили номи ноҳия сурат гирифт, ки фикр мекунам дар масъалаи номгузорӣ назираш дигар ҷое иттифоқ науфтода. Ва имрӯз ин анъанаи нек аз байн рафта. Барои мисол вақте дар соли 2007 номи Колхозободро ба Румӣ табдил мекарданд, ин фақир, ки он замон сардабири нашрияи "Бомдод" дар вилояти Хатлон будам, аз раиси вақти он ноҳия хоста будам то масъалаи мазкурро бо таърихдонон, аҳли зиё ва рӯзноманигорон мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор бидиҳанд, ки мутаассифона ин пешниҳод қабул нашуд.

Мо агар Бохтарро ба қавли донишманди муҳтарам "аз бесаводӣ" давлат донистаем пас мисли он юнониён андеша рондаем, ки Бохтарро давлати бузурги Шарқ номидаанд ва бояд бигӯям, ки он замон, дар соли 1990 аз тобеъи давлати Каёниён будани мулки Бохтар хабар надоштам, вале аз чӣ бошад устод Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ худ низ дар асари тозанашраш "Давлати Каёниён" Бохтарро давлат донистааст. Масалан ӯ навишта: "Суғд ҳама вақт дар ҳайати давлати Бохтар буд."ё".. дар таърихномаҳои халқи тоҷик роҷеъ ба давлати Бохтар ҳарфи муътамаде нест." ("Давлати Каёниён", Душанбе, соли 2012, саҳ. 8- 9.)

Мо аз табдили номи ноҳияи Коммунистӣ ба Бохтар танҳо эҳёи номи як сарзамини бостонии ақвоми гузаштаи хеш, зинда кардани ҳофизаи таърихии мардум ва боло бурдани эҳсоси худшиносии миллиро мехостем. Шояд профессор Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ ҳақ аст вақте мегӯяд, ки бояд ноҳияи Коммунистиро Бохтар неву Бохтариён ном мегузоштанд. Аслан росташро бигӯям банда он вақт (соли 1990) аслан намедонистам, ки Вахшонзамин дар як замони дуре тобеъи Бохтар буда ва ба қавли куҳистониҳо таваккал бар Худо дар он Номаи бозам ба вакилони Шӯрои Олӣ навишта будам, ки ноҳияи имрӯзии Коммунистӣ як замоне тобеъи мулки Бохтар буд ва бояд аз баҳри Коммунистӣ бигзарем ва адолати таърихиро пойдор намоем. Муроди банда танҳо раҳоӣ аз номгузории режими болшевикӣ, бегонапарастиву бардагӣ ва бозгашт ба асли хеш буд. Худо шоҳид аст, ки ин иқдоми хайрро дар 22 сол қабл ба ҳамин хотир рӯйи даст гирифта будем. Ва замоне, ки Ҳайдаршоҳ Акбаров раиси ноҳияи Қалъаихумб номи ноҳияашро ба Дарвоз дар соли 1990 табдил дод, ӯро низ ҳадаф ҳамин буд, ки номи таърихии Дарвоз бигзор дар унвони як ноҳияи хурд ҳам, ки бошад, аз нав эҳё шавад. Аммо баъдтар ин роҳбари огоҳу фарзона дар зери таънаву маломати хеле афроду гуруҳҳо гирифтор монд, ки ба як ноҳияи хурдак номи сарзаминеро гузошт, ки дар собиқ ҳудуди қаламраваш баробар бо масоҳати як вилоят буд. Бояд зикр кард дар қиёс бо Абдулмаҷид Достиев, ки ташаббускори табдили номи ноҳияи Коммунистӣ ба Бохтар рӯшанфикрони вахшонзаминӣ буданд, раиси Қалъаихумб Ҳайдаршоҳ Акбаров худ аз пешгомони иваз кардани номи ноҳия ба Дарвоз буд.

Аслан шояд камоли хирад набошад, ки бо як нухбаи илм, бо муаррихи тавоное чун Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ вориди баҳс шудаам, вале ба хотири бозгӯ намудани асли воқеъа ва чӣ тавр Коммунистӣ ба Бохтар табдили ном кард, зарур донистам, ки посух бигӯям.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА, узви ИЖТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97