Бесарусомонӣ дар номгузориҳо

Таърих 16.01.2013 19:01

Ysufsho YqubovЯке аз  талошҳои муҳтарам Президентамон эҳё намудани номҳои топонимияи таърихӣ дар кишварамон аст. Дуюм аз вожаҳои бегона ва носуфта пок намудани забони тоҷикӣ. Барои ин дар назди Академияи илмҳо Кумитаи забон ва истилоҳот амал менамояд, аммо натиҷаи кори он самараи дилхоҳ надорад. Ҳоло, боз як Кумитаи истилоҳоти забон дар назди ҳукумат бо сарварии узви вобастаи Академияи улум, профессор Додихудо Саймиддинов, донандаи забонҳои қадим ташкил шудааст ва умедворем, ки забони ширини тоҷикӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои то арабӣ ва мардумӣ ғанӣ мешавад.

Бояд донист, номгузорӣ қоидаву қонуни ба худ хос дорад, гузаштагони мо вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии деҳа,шаҳр ва вилояти худро номгузорӣ кардаанд. Номҳо маъно ва сабаби пайдо шудани онҳоро ифода мекунад. Масалан: Дебаланд-деҳаи дар баландӣ ҷойдошта, Лангар-истгоҳ, Хушакат-деҳаи зебо, Паргар-дар кӯҳ, номи суғдии ноҳияи Айнӣ, Зинг-зери баландӣ, Зиғар-зери кӯҳ ва амсоли инҳо. Чи тавре мебинем ҳамаи мисолҳои оварда мавқеи ҷуғрофии ноҳияҳоро ифода мекунад. Деҳаҳое ҳастанд, ки номашон бо иловаи пасованди ак дарахтеро ифода мекунад: Чормағзак, Норак, Зардолуак Тутак, Шайкак ё чортут, Чанорҳо, Чорчамано ва амсоли инҳо.

Дар натиҷаи номгузории нав, деҳае ки дар роҳи кутали Чормағзак бо номи Зардолуак буд, номи Зардолуро гирифтааст. Албатта дар инҷо кадом "донишманди" деҳа аз вожаи зардолуак, ки маънои зардолуи хурдро дорад, шармаш омада пасованди акро ихтисор карда, қоидаи номгузориро вайрон кардааст.  Баъзеҳо номи деҳаро ба номи шахсе иваз карда, дар тахтачаи даромадгоҳи деҳа Саттор навиштаанд. Бояд донист, ки дар номгузории тоҷикӣ Деҳи Аҳмад, Деҳи Мавлоно ва амсоли онҳо вуҷуд доранд ва исми Сафар ё Ҳушбат номи деҳаро ифода намекунад ва ин ғайри қоидаи номгузории тоҷикӣ мебошад.

Дар замони Шуравӣ қоидаи номгузорӣ дағалона вайрон шуда буд ва номҳои бисёр шаҳру деҳаҳо бо номи ходимони ҳизбӣ бетавақуф гузошта мешуданд, бамонанд Сталинобод -Душанбе, Ленинобод- Хуҷанд, Кагановичобод- Қубодиён, Турсунзода- Регар, Орҷоникедзеобод-Янгибозор ва даҳҳо номҳои дигари таърихӣ иваз шуда буданд. Сохти шуравӣ аз байн рафту  номҳои шаҳрҳои қадими мо Хуҷанд, Қубодиён, Душанбе барқарор шуданд. Дар таърих шаҳрҳое, ки номи одамонро доранд, онҳо бунёдгузорашон мебошанд, ба монанди Нишопур, Искандария ва ғайра, деҳаҳо: Файзобод, Хонобод, Ғуломобод ва амсоли дигар. Модоме ки шахс он шаҳр ё деҳро обод накардааст ва ҳатто дар он зиндагӣ накардааст, ҳақ надорад номи онро ба худ бигирад ва мо низ ҳақ надорем, ки номи онро иваз намоем.

 Шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода зодаи шаҳри Қаратоғ аст ва хуб мешуд, ки ин ҷоро номгузорӣ мекарданд. Қаратоғ то асри 18 Сиём ном дошт ва хуб мешуд, ки номи аслии он барқарор мешуд.

Регар таърихи беш аз 2 ҳазор сол дорад ва бо ин ном дар сарчашмаҳо ёд мешавад ва мо ҳақ надорем номи як шаҳри таърихии худро иваз кунем.

Мо аз як тараф мегӯем, ки номҳои таърихиро барқарор мекунем аз тарафи дигар анъанаи замони Шӯравиро идома дода, ба номи шахсиятҳое номгузорӣ мекунем, ки муҳтоҷи ин нестанд. Аслан номгузорӣ ба хотири он мешавад, ки номи шахси хидматнишондодае фаромуш нашавад. Шоиру нависандагон ва олимони бузурги мо ба монандӣ; Абуалӣ ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Ҷомӣ, Носири Хусрав, Айнӣ ва амсоли инҳо бо асарҳои худ ҷовидонианд ва ҳеч эҳтиёҷе ба номи онҳо деҳу мактабу, кӯчаву боғу роғу шаҳру ноҳияро гузоштан нест.

Дар асрҳои 18 -19- и мелод бо зиёд шудани туркзабонон бисёр номҳои ҷуғрофӣ ва топонимии тоҷикӣ айнан ба туркӣ таҷума мешаванд. Масалан Навбозор ба Янгибозор, Сиём ба Қаратоғ, Шаҳри Тус ба Шаҳри Туз, Сурхоб ба Қизилсу, Кӯҳна гузар ба Иски гузар, Чашмаи Тор ба Торбулоқ ва амсоли онҳо хеле зиёданд иваз мешаванд ва бояд дар вақти ивази номҳо  ин масъала ба инобат гирифта мешуд. Аммо ба ҷои номҳои аслияшонро барқарор кардан комилан номи нав бе риояи қоидаи номгузорӣ амалӣ шудааст. Ҳатто баъзан номҳои аслии тоҷикиро бо номи ба мавқеи деҳа номувофиқ иваз кардаанд. Масалан дар роҳи Данғара- Кӯлоб деҳаи Ҷартеппа аст. Номаш мувофиқ ба ҷойгиршавиаш аст, яъне  дар гузаштаи дур деҳа дар баландӣ дар лаби ҷарӣ-обкандагии рӯди Тоҳир бунёд шудааст ва таърихи беш аз ҳазорсол дорад. Ҳоло ӯро Хуррамзамин ном гузоштанд. Номгузорон фикр накарданд, ки хурамзамин гуфта, ҷойи хушбоду ҳаво, сероб ва сабзу дарахтзорро мегӯянд, ҳол он ки Ҷартеппа на обу на дарахт дорад. Дар омади гап ёдовар мешавам, ки номи таърихии Оби Тоҳир дар сарчашмаҳои асри 10 Буроб аст ва хуб буд, ки номи аслиаш барқарор мешуд. Ё дар саршавии кутали Чормағзак деҳаи Лақайбегӣ бо номи Суғдиён иваз шудааст. Аз таърих маълум аст, ки мардуми инҷо бохтарианд на суғдӣ. Агар номгузорон каме аз таърих огоҳӣ медоштанд, ба ин хатогии гумроҳкунанда роҳ намедоданд. Барои чӣ мо инро  гумроҳкунанда мегӯем, солҳо мегузаранд ва ин ном дар таърих ворид мешавад. Омӯзандагони топонимия бо ин ном вохӯрда гумон мекунанд, ки бошандагони ин деҳа аз Суғд аз водии Зарафшон омадаанд, бубинед ин сохтакорӣ маъниро ба куҷо мебарад.

Дар вақташ банда бо дастури корманди масъули дастгоҳи Президент Абдуҷаббор Раҳмонов, дар бораи барқарор намудани номҳои шаҳру деҳаҳои таърихӣ мақола навишта, ёдовар шуда будам, ки номи шаҳру ноҳияи Ҳисор дар "Таърихи Табарӣ" Шуман,ки баъдан Шумон ва Шодмон шудааст, Шаҳри Нав- Аҳурон, Мавлоно- Ахалту, Орҷоникедзиобод дар қадим Андигон, баъдан Навбозор ва туркзабонон онро Янгибозор номидаанд, Кофарниҳон дар қадим Кумед  (номи гуруҳи сакоӣ), дар "Ҳудуд ул олам" Кумиҷиён, Файзобод-Вошҷирд, Висагирд, Комсомолобод- Дарбанд ва водии Қаротегин Рошт ном доштаанд.

Номи қадими ноҳияи Ғози Малик ҳоло Хуросон-Ганҷина, Кӯбишев-Хурамшаҳр, Қурғонтеппа- Левканд (дурусташ Лабканд), Колхозобод-Ҳеловерд ва ноҳияи Панҷ Саройкамар будааст.

Ноҳияи Восеъ-Ҳулбук, Совет- Селакон, Московский- Метантуғай, яъне меҳан, ватани туғай ёд мешавад, аммо дар адабиёти асри 10 номи Чӯбак ва шаҳри Ҷазон зикр мешаванд. Шаҳри Ҷазон ба харобаи дар назди деҳаи Саёд рост меояд, яъне ноҳия дар замони Сомониён Ҷазон ном дошт. Дар ин ҷо хатлоншоҳҳон қасру боргоҳ доштанд ва аз ҷониби бостоншинос Э. Ғуломова таҳқиқ шудааст. Номи қадимии ноҳияи Шурообод Тирай буд.

Бояд тазаккур дод, ки ман дар охири солҳои ҳаштодум ва навадуми асри гузашта бо талаби ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бораи номҳои қадими Қаротегин, Комсомолобод, Орҷоникидзеобод ва Ғозималик мақолаҳои ҷудогона навишта будам, аммо танҳо бо ташаббуси котиби якуми ҳизби коммунистии Ғарм Одилбек Бердиев ва шоира Гулрухсор Сафиева номи Қаротегин ба Рашт ва Комсомолобод ба Дарбанд иваз шуданд. Аз номҳои мақолаи фармоишӣ ягонтояш қабул нашуд.

Чи тавре маълум аст, Ғозималик номи Хуросонро гирифтааст. Ман намефаҳмам, ки номгузорн ба чи маънӣ ин номро гузоштаанд. Хуросони таърихӣ, Хуросони имрӯзаи Эрон, Осиёи Миёна ва Афғонистон то Тибетро дар бар дошт. Маънои вожаи хуросон мамлакати офтоббарост, акнун қазоват кунед, ки мавқеи Ғозималик то кадом андоза номи ин бахши бузурги Эронзамин-Тоҷикзамиро ифода мекунад? Ё ноҳияи Бохтар. Ба Бохтари қадим ҳамаи вилоятҳои аз Ҳинди кӯҳ ин тарафи Афғонистон, Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбакистон дохил буд. Дар замони Каёниён ба Бохтар Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Синтсияни Чин ва Кашмиру Панҷоб, бахши Хуросони Эрон итоат дошт. Беҳуда юнониён Бохтарро давлати бузурги шарқ наномидаанд. Албатта давлат, давлати Каёниён ном дошт ва онро давлати Бохтар гуфтан хатост. Мо аз надонистани таърихамон гирифтему як ноҳияи хурдакро Бохтар ном гузоштем. Агар номгузор каме савод медошт онро Бохтариён меномид чандон хато набуд.

Яке аз меҳмонхонаи пойтахт ба номи "Авесто" гузоштанд, ва бо ин ном хоҷагии "Авесто" дар ноҳияи Фархор, дастаҳои ҳунармандӣ ва ғайра вуҷуд доранд. Оё номгузорон медонанд, ки Авесто ба монанди Таврот, Инҷил ва Қуръон китоби осмонии гузаштагони мост?! Шояд номгузорон барои ифтихор ин корро карда бошанд, аммо баръакс шудааст. Ин нодонии мо, таҳқир ба сарчашмаи фарҳанг ва каломи муқаддаси мост. Авесто китоби муқаддас аст,даъват ба "Гуфтори нек, кирдори нек ва рафтори нек" кардааст, оё ҷой ва гуруҳои ин номро дошта гуфтаҳои Авесторо баҷо меоранд?

Ҳама ёд доранд, ки барои гузоштани номи Хатлон муҳокимаи калон шуда буд ва ин иқдом бо илмона анҷомид ва номи таърихии Хатлон барқарор шуд. Бояд ҳамаи номҳо аз ҷониби Кумитаи номгузорӣ муҳокима ва пешниҳод шаванд.

Дар хотима мехоҳам як чанд терминҳои дар адабиёт ва забони мардуми Дарвоз ва Кӯлоб бударо ба Кумитаи истилоҳот пешниҳод намоям: Якум дар адабиёти таърихӣ , вазорати боҷу хироҷ буд. Дар сарчашмаҳои пеш аз исломӣ божкарам яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ буд. Аз чи бошад, ки вожаи қадими тоҷикӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва калимаи туркии гумрукро қабул кардем.

Дуюм, дар конҳои тиллои Дарвоз аз ҷумла деҳаи банда Равнов роҳҳои зери заминии тиллокобон ҳастанд бо номи сумчҳо ва мавзеи дараи Сумчо (сумчҷо) низ вуҷуд дорад .  Дар Кӯлоб деҳае аст бо номи Сумчакон. Ин вожа дар шеъри устод Рӯдакӣ низ истифода шудааст. Ин калима дар забони тоҷикони Афғонистон дар шакли сумуч нисбат ба нақби Соланг истифода мешавад. Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ нақби Истиқлол, Шаршару Шаҳристонро сохтем ва корҳо дар нақби Чормағзак бо суръат идома дорад. Дар Роғун даҳҳо роҳрав ва обрав ва обпартовҳо канда шуданд, ки яке онҳоро тунел,тонел ва дигаре бомушкилие нақб мегӯяд, ҳол он ки вожаи хуби тоҷикӣ сумч вуҷуд дорад.

Сеюм вожаи Тоҷикзамин. Дар адабиёти таърихӣ калимаи Эронзамин маъмул аст, ки бар ивази Ориёзамин истифода шудааст. Таҳқиқот дар бораи этноними тоҷик нишон медиҳад, ки он ба ҷои ориёӣ пайдо шуда, номи этникии ҳамаи форсизабонон мебошад, бинобар ин вожаи Тоҷикзамин низ метавонад ба ҷои Эронзамин нисбат ба таърихи асрҳои милод ва замини кунунии тоҷик истифода шавад.

Чорум, термини Тоҷикистони таърихӣ. Чи тавре, ки маълум аст, номи Тоҷикистон нисбат ба таърихи бисёрҳазорсолаамон нав мебошад ва ҳудуди он як гушаи хурдакак аз ватани паҳновари гузаштаи мост. Дар гузаштаи  дур ва начандон дур замини тоҷикон тамоми Осиёи Марказӣ ва Синзияни Чинро дар бар дошт ва дар навиштани таърихи халқи тоҷик зарурати истифодаи Тоҷикистони таърихӣ ба миён меояд. Ин термин аз ҷониби устод Н. Неъматов махсус, асарҳои президентамон ва дигарон истифода шудааст, аммо на ҳама онро қабул кардаанд. Хуб мешуд, он аз ҷониби Кумитаи терминалогия расман тасдиқу пешниҳод шавад.

Панҷум, калимаи капол. Дар адабиёти таърихӣ нисбат ба устухони сар вожаи  арабӣ ҷум ҷума ё устухони сар истифода мешавад, ҳол он ки дар забони имрӯзаи мардумони Дарвоз,Дашти Ҷум, Ховалинг ва Муъминобод термини капол вуҷуд дорад ва дар Шоҳнома ба шакли купол омадааст. Хуб мешуд, ки Кумитаи терминалогия  онро расмӣ менамуд.

Шашум калимаи колбад. Инвожа дар адабиёти авестоӣ фаровон ба маънои склет истифода шудааст. Пешниҳод мешавад,ки ин термин қабул карда шавад.

Профессор Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97