Ду бародар, ду шоир, ду шаҳид

Таърих 28.07.2012 11:03

Ё шоир андар синаи миллат чу дил…

AmonbekЯк нафар, як  рӯз гуфтам рӯ ба рӯ:

"Дар Бадахшони ту ғайр аз санг чист?

Гарчи дорад одамони сарбаланд,

Лек онҷо пахтаву ангур нест…"

Ҳар чӣ гуфтӣ боз гӯю … лек  ман,

Кӯҳосо худнамоӣ мекунам.

Дур  афтам аз Бадахшонам агар,

Сангҳояшро гадоӣ мекунам.

                                        (Султон Шоҳзода)

Аз шоирони фақиди тоҷик - бародарон Султон ва Амонбек Шоҳзода ёд мекунем:

Модар, ту гиря макун, гиря ин ситам,

Ман хокиям, ба хок бирафтам, чӣ ҷои ғам?

Гар хок оварад хабари гиряат ба ман,

Дар хоки тира гиря кунам аз ғаму алам.

Ин сатрҳои пурсӯзу гудоз, ин мисраъҳои моломоли дарду алам, ин суханони ҷигарсӯз аз охирин навиштаҳои Амонбек Шоҳзодаанд, ки чанде қабл аз марги ногаҳониаш таълиф шудаанд. Шоир гӯӣ ин ки марги худ, нафаси шуми аҷал, омадани таёраи тақдирро эҳсос кардааст. Вай дар он солҳои ноорому пурдаҳшати ҷанги дохилӣ дар як фалокати ҳавоӣ, ки сабабаш ҳам бидуни шакку тардид, ҳамон нотинҷии замон буд, ҳамроҳи духтари наврасаш ҷон бохт.

Аммо бозии талху ноҷавонмардонаи қисмат идома ёфт. Пас аз чанде Султон Шоҳзода - бародари ӯ низ аз олам даргузашт. Ва боз ба ин мисраҳои дардолуди Амонбек таваҷҷӯҳ фармоед:

Ҷуз гард ба доман накунам ҳеҷ таманно,

Ин зиндагӣ акнун набувад чизи гуворо.

Бурдасту барад боз  чу манн чанд ба яғмо,

Ман дар дами ин боди самум хору хасастам.

sultonПайроҳаи сафари бародарон дар зиндагӣ яксон буду шабоҳат дошт. Ба ҳукми тақдир ба роҳи абадият низ яке аз паси дигарӣ рафтанд. Онҳо низ мисли  садҳо дигар фарзандони Тоҷикистон аз нобасомониҳои сиёсию иҷтимоӣ, аз бурузи ҷанги дохилӣ дар ҷумҳурӣ дилафгору дилшикаста, хунинҷигару ғамзада буданд. Ночор Душанбешаҳрро чун "гуреза" муддате тарк карданд. Амонбек он солҳо бо дарду алам  мегуфт:

Гуфтам набиё бар дарам имсол баҳоре,

Бар ғамзада ҳоҷат набувад чашми низоре.

Ҳам абр насозад ба сарам ашк нисоре,

Бе ашки баҳор ҳам сарупо дарду ғамастам.

Хунинҷигарам, хез кунад сабза зи хунам,

Хунинкафанам, лек ман аз хок бурунам.

Сад оҳи ҷигарсӯз бихезад зи дарунам,

Имрӯз наафзудаму дар хеш камастам.

Хоҳам, ки шавам аз дару аз хона гурезон,

Худро бизанам бар сари маъвои шаҳидон.

Боре бизанам бӯса зи рухсори ятимон,

Имрӯз сари марқади ёрон чу шамъастам.

Шоирро метавон таҳқир кард, шоирро метавон озор дод, шоирро метавон гурезаю муҳоҷир кард ва ниҳоят, шоирро метавон ҷисман аз байн бурд. Вале шоир дар каломи худ, дар сухани худ, дар шеъри худ зинда аст ва умри дубора меёбад ва хушбахтона, ин ҳаққашро ҳеҷ аҳаде аз ӯ ситонида наметавонад…

Ин сатрҳои Амонбек Шоҳзода муроҷиати ӯ ба бозмондагон, "армони ношикастаи"  вайанд:

Эй онки пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,

Биншин ба рӯи хоки манн ин орзӯи ман.

Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,

Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.

Рӯҳашон шод боду ёдашон ба хайр!

Мирзошоҳ Ватаншоҳ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97