Абармарди қалам

Таърих 20.06.2012 09:46

ё бозии "Гург ва буз" бо Отахон Латифӣ

Тифлии ману Отахон

Баҳоlatifiри соли 1954 бо падари мушфиқу ғамхорам дар бозори Панҷакенти бостон хушкмеваи зардолву чормағзу тутмавиз мефурӯхтем. Харидорон зиёд буданд. Чунки меваҳои Фалғар басо болаззатанд. Тарозудори бозор Облоқул наздамон омада гуфт: - Шуморо бисёр дидаам, ба назарам дар омӯзишгоҳи педагогӣ мехонед? - Бале,- гуфтам. - Ин кас кӣ? - Падарам,- ҷавоб додам. Ӯ қафо баргашту рафт. Баъди ним соат омада гуфт: -Ман як ҳамсояи бисёр табаррук дорам, номашон Муҳаммадлатиф. Он кас ба ман супориш доданд, ки агар бо ягон мусофири Дардардеҳи ноҳияи Заҳматобод (имрӯз Айнӣ) дучор шудӣ, зуд маро хабар деҳ, ин қарзи ҳамсоягӣ. Бо шунидани исми Муҳаммадлатиф дар чашмони падарам ашки шодӣ ҳалқа зад. Вақти зиёд нагузашта, марди қоматбаланди тануманд, ки чеҳраи кушода дошт, наздамон омад: - Оҳ, ҳо, Муҳаммадхолиқӣ,- гуфту бо падарам гарму ҷӯшон вохӯрӣ карда, ҳамдигарро бо навбат то болои нофи худ бардор - бардор карда, дар тахтапушташон тап - тап мезаданд. Солҳо пушти сар мешаванду ҳанӯз ин вохӯрӣ пеши чашмонам аст.

Ҳамин вақт корчалоне омада меваҳои моро арзонтар карда, хост яклухт бихарад.

- Остонақул - ҷӯраҷон, айёми току анҷир кушоӣ мон мардум ду - се килоӣ бигиранду гулунчоб карда, маза кунанд, - гуфтанд амаки Муҳаммадлатиф. Ӯ чизе нагуфта, аз паи кораш рафт. Ба бахти мо дар бозор мисли меваҳои мо меваи хушсифат набуд, маҳсулоти пеши бозор, чунки падарам деҳқони асил буданд. Амак бо Облоқул супориш доданд, ки меваҳои ҳамсабақи маро баркашида бигиру бифурӯш, мо хона меравем. Маблағашро бегоҳӣ хона биёр, ҳангома мекунем. Ману падарам ва Муҳаммадлатифу Отахон бо Облоқул то нисфи шаб ҳангома кардем. Мо хурдсолон гӯшу ҳуш шуда мондем. Ҳамсолон дастпарварони хушзеҳни Мулло Болтабою Қозӣ Олим будаанду аз онҳо ёдовар шуданд. Муҳаммадхолиқу Муҳаммадлатиф баъди намозгузориҳо бархе аз сураҳои Қуръони шарифро тафсир намуда, аз шоирони забардаст Умари Хайём, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандию Нақибхон Туғрал порчаҳо хонда, ба ману Отахон маънидод мекарданд.

Набарди бою камбағал

Амаки навшиноси ман дар ҳақиқат марди ориф буданд. Дарк намудам, мактабҳои онвақта ба шогирдон дониши васеъ медодаанд. Давраи ба камол расидани онҳо аҷиб замони пурошӯбу пурпечутобе будааст, фақат родмарди оқиле аз ин офатҳо раҳоӣ меёфт. Рӯзе сардори дастаи босмачиён ба деҳаи Дардар омада, чандин ҷавонони бақувват, вале гумроҳро бо ваъдаи зиёду пуч ба хидмат пазируфт. Навбат ба бародари калони Муҳаммадлатиф Мирзоқулов Худойдод расид. Сардор ба ӯ нигариста ту ҳомии асили дини мо мешавӣ, ватанро ба кофирон намедиҳӣ ва ба хидмат тайёрӣ бин, гуфт. Худойдоди ҳақгӯю дурандеш ба сарвари босмачиён чунин посух медиҳад; то даме ки дар Русия як занаки рус ҳаст, ман ба Шумо ғоратгарон аскар намешавам. Ин зан мезояду писари вай омада, шуморо маҳв мекунад. Чунки халқи рус бо роҳбарии Ҳизби коммунист бечорапарвариро касб кардааст. Босмачӣ ба кафи дасти росташ туф карда, ба рӯи Худойдод як шаппотии сахт мезанад. Вай чаппа ғалтидаву зуд бархоста мегурезад. Ӯ аввал ба шаҳри Панҷакент меояду баъд ба сӯи Самарқанду Тошканд равон мегардад ва чанд сол мардикорӣ мекунад. Панҷ соли расо дар хонаи яҳудӣ Михаили тоҷири бадавлат чун хидматкор зиндагӣ мекунад. Михаил гарчӣ ғайри дин буд, инсофу саховатпешагии зиёд дошт. Ӯ ин ҷо аз ҷиҳати иқтисодию маънавӣ камолот меёбад. Дар водии Зарафшон бо дастгирии заҳматкашон Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор мешавад. Одамон озоду баробарҳуқуқ ва соҳиби замину ҷои кор мешаванд. Ободонию созандагӣ авҷ мегирад, шодию хушҳолии мардумро ҳадду канор набуд. Акои Худойдод чун ҳазорон гуреза ба зодгоҳ бармегардад. Падар аз олам гузаштаасту аз Муҳаммадлатиф нишоне нест. Касе ба куҷо ғайб задани ӯро намедонист. Ӯ ғӯтаи ғаму андӯҳ шуду вале ноумед нашуд, боварӣ дошт, ки укои қавииродааш як рӯз не як рӯз аз дарвоза медарояду чароғи хонаашон фурӯзонтар мешавад. Худойдод бо Наврӯзмоҳ оиладор шуд. Онҳо соҳиби ду писар Абдурауф ва Михаил шуданд. Аммо ба ёди додараш дарунакӣ месӯхту пайваста ҷустуҷӯяш менамуд.

Таъқиби муллову сарватмандон

Муҳаммадлатиф худро шаҳрӣ тарошида, сири дил ба касе намегуфт ва аз дидани ҳамдиёронаш парҳез мекард. Баъди фирори бародараш дар водӣ таъқиби муллою бойҳо сар шуд. Ба ҳабсгирию бадарғакунӣ ва сӯзондану ба коми Зарафшон партофтани китобҳои нодир авҷ гирифт. Муҳаммадлатифи зираку доно ва дурбин андешид, ки мабодо чун муллою ҷонибдори босмачиҳо бо тӯҳмате ба дом наафтад, тарки зодгоҳ кард. Ӯ ба Панҷакент омаду бо ҷавони хушсалиқа Бобобеков Мӯсо ном тоҷире шинос шуд. Мӯсо ӯро ба хонаашон бурд. Бобобек ӯро бо хушнудӣ қабул намуда, барояш ҷои махсус ҷудо кард. Муҳаммадлатиф баробари китобҳои исломӣ хондан, таълимоти диниро хуб ба ҷо овардан, чорпоҳоро хуб нигоҳубин карда, корҳои боғ ва полезии ин марди дирёдилу саховатпешаро мувофиқи таъб ба субут мерасонд. Ба қавле ҳалол кор мекарду ҳалол мехӯрд. Муҳити оилавии ин марди шариф мувофиқи шариати исломӣ ҷараён дошт. Рӯзе Мӯсои яккаписару бойбача ба дӯсти ҷониаш Муҳаммадлатиф хабар расонд, ки падарам ҳамаи хидматҳои Шуморо ҳисоб карда, бақияи муздро ҷамъ карда истодаанд, кадом вақте ки даркор шуд, мегиреду хароҷот мекунед. Мӯсо ӯро барои донишмандиаш сахт эҳтиром мекард.

Зиндагии нав ва таваллуди Отахон

Дар Панҷакент ҷамъияти матлубот таъсис ёфт. Мӯсоро мудири анбори хӯрокворӣ таъин карданду Муҳаммадлатифро ёрдамчӣ. Муҳаммадлатиф дар байни кормандон ҳамчун шахси босавод, боинсоф, боодоб, камгапу хушгуфтор тез обрӯ пайдо кард. Раиси ҷамъияти матлубот Муқаддас Искандарови конибодомӣ, ки марди ҷаҳондидаю одамдида ва пухтакор буд, Муҳаммадлатифро мудири анбори маҳсулоттайёркунӣ (закотконтора) таъин намуд. Рӯзе дар деҳаи Ғарибак ҳангоми биринҷхарӣ ба Султонбегӣ ном духтар вохӯрд. Ин зебосанам ӯро хуш омад ва ба ин деҳа тез - тез меомад. Бо маслиҳату ёрдами падаронаи амаки Бобобек дар мавзеи зебоманзари Қайнар каме пойинтар аз чашмае хона хариду бо ёри дӯстдоштаниаш ақди никоҳ баст. Тӯяшон ниҳоят серодам буд, чунки дӯстони бисёр дошт. Онҳо соҳиби писараке мешаванду ба хотири падари Султонбегӣ номашро Отахон мегузоранд.

Ақди дӯстӣ бо марди машҳур

Шабе, ки қиблагоҳамон ҳангома карданд, ман донишҷӯи соли дуввуми омӯзишгоҳи педагогӣ будаму Отахон толибилми мактаби миёнаи рақами 1 ба номи И.В. Сталин. Васияти падарони бузургворамонро ба ҷо оварда, мо дӯстони қавӣ гардидем. Отахон маро бисёр ба хонаашон мебурд, нону намакашон имкон дод, ки Отахонро хуб омӯзам. Отахон дар синфи русӣ мехонд, котиби ташкилоти комсомолӣ буд, ин забонро ба дараҷаи аъло медонист. Ин гуфтаро навиштаҳояш, суханрониаш, маҷлисгузарониҳояш исбот менамуданд. Дар хотирам ҳаст, ки ҳамсинфонаш Серёжа, Витя ва Торкину Надежда ба хонаашон омада дарс тайёр мекарданд. Отахон дар ҳалли вазифаи хонагӣ аз математика ҳамеша мушкилкушои онҳо буд. Баъди хатми омӯзишгоҳ ман ба омӯзгорӣ пардохтаму Отахон донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) гардид. Отахон ин донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуд. Дар матбуоти ҷумҳурӣ ба фаъолият сар кард ва фурсати зиёде нагузашта, мухбири "Комсомольская правда" дар Осиёи Миёна таъин шуд.

Аз ҳаёти ҷавонону комсомолон матлабҳои пурмазмун пешкаши хонандагон мегардонд. Қобилиятнокӣ ва коркуштагиашро ба эътибор гирифта, мухбири "Правда" дар Тоҷикистон таъин карданд. Ман обуначӣ ва хонандаи доимии ин нашрия будам. Чакидаҳои қалами сеҳрноки дӯстамро гаштаю баргашта мехондам. Боре ватандӯсти шӯълавар навишта буд; "заминҳои ҳосилхези Тоҷикистони офтобиро ба биносозӣ кам ҷудо карда, биноҳои як - ду ошёна не, чор - панҷ ошёна сохта, заминро бештар барои ғаллакорӣ, шолӣ, пахта, сабзавот, боғ ва беда истифода бояд бурд ва бо ин васила осудаҳолии шаҳрвандонро боло бардоштан даркор". Ӯ ҳақ бар ҷониб буд. Воқеан мо замини кам дорем ва босамар истифода кардани онро набояд фаромӯш кунем. Отахон инчунин китобҳои зиёде дастраси хонандагон гардонд.

Отахон меҳмони азизи деҳ

Ҳар сол Отахон як - ду бор ба зодгоҳи падари хеш меомад. Дар тан куртаю шиму костюми пахтагин, дар пой чоруқ (муки) мепӯшид. Соқҳои чоруқро ба поён қатъ менамуд, мӯйҳои тиллоранги такабузи кӯҳӣ диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб мекард. Дар тасмаи шимаш корду ғилофи истаравшанӣ овезон буд. Отахони накӯном аввал аз ҷойҳои таърихии деҳа: Хоҷаи Мушкилкушо, Биби Робиаи чилгазамӯй, мазори Шамсуддин, масҷид, осиёб, ҷувозхона, устохонаи оҳангарию чармгарӣ дидан мекард.

Бозии "Гург ва буз" бо Латифӣ

Дардариҳо дар болои тахтасангҳо бо болға нақши бозии "Гург ва буз"-ро кашида бозӣ мекарданд. Ҳамагон ин бозиро дӯст медоштанд. Отахон ин бозиро зуд ёд гирифт ва бозингарони номдор ба ӯ шартро мебохтанд. Дӯсти ҷонии ман аз ин бозию чақ - чақу шӯхиҳои ҳамдиёрҳои меҳмоннавозаш кайф мекард. Беҳуда нагуфтаанд: "Бо дардарӣ нишинӣ, дарду ғаме набинӣ". Боре дар хонаи писарамакаш Михаил як воқеаи ниҳоят хандаовар рух дод. Шоҳтут мехӯрдем. Шоҳтут хунро тозаю фишорро паст мекунад. Отахон сер нашуд. Чоруқҳояшро кашида, сатилро гирифта, болои тути бобоӣ баромад, хуб хӯрд, сатилро пур карда фуромад. Дасту рӯй, мӯи сару буруташ, либосҳояш аз шираи тут ало було шуданд. Ба ҳолаш хуб хандидем. Малолаш омад. Сабаби аз ханда зафъ задани моро нафаҳмид. Гуфтамаш, Отахон як ба оина худро нишон деҳ. Ҳамсол, ки будем ҳамдигарро ту - ту мегуфтем. Нахуст сӯйи ман ғурид; - Чаро манро огоҳ накардӣ, ман матои пургул шудам. Баъд ба ман нигариста, беғараз гуфт; боке нест.

Солҳои охири умр Латифӣ дар вазифаҳои масъулиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ адои хидмат мекард. Дар бораи Отахони ботамкин хушгуфтори хушрафтор мехостам ёддоштҳои хондании зиёде бинависам. Вале бо иллати пирӣ, онро рӯи коғаз оварда натавонистам.

Хотироти охирин

Отахон назар ба ман каме қоматбаланд ва хушрӯйтар буд. Рӯзҳои истироҳат ду - се соат ба сайру гашт мебаромадем. Духтарҳои тоҷик, узбак ва бештар русҳо ба мо нигоҳ карда, гап мепартофтанд. Бисёр мехостам, ки бо онҳо сӯҳбате кунам. Вале дӯсти қавииродаам аз орзуям тез пай бурд; - ҳа деҳотӣ, духтарбозӣ омадӣ ё илмомӯзӣ,- гуфта мисраҳои Рӯдакии бузург

 Дониш андар дил чароғи равшан аст,

 В - аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

ва аз Носири Хусрав шеъри ташвиқотии

Беҳ аз динору гавҳар илму ҳикмат,

К - аз ӯ дил равшан асту чашм бедор.

-ро қироат кард.

Духтарҳо парида, ба осмони ҳафтум намераванд. Вақташ, ки расиду ману ту соҳиби кор шудем, духтарони модарашон нобӯсида ба суроға-мон меоянд.

Қалам шикаст…

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,

Қаламкашро ба мақсад мерасонам.

Афсӯс, ҳазорҳо афсӯс, ки дӯсти азизу меҳрубонам қаламкаши беҳамто ба орзуҳои ниҳоии худ нарасида, аз дасти номарде шаҳид гардид. Хулосаи ёддошт ҳамин, ки Отахон Латифиро пиру барнои деҳаи мо мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд. Қобилияти Худодод дошт.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол талаб дорам, ки ҷояш ҷаннату хонаи охираташ анбаросо бошад!

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар илҳои мардум ҷо гирифт.

Оре, ёду чакидаҳои Отахон Латифӣ  барои дӯстону ҳазорон - ҳазор хонандагонаш хотирмон аст.

Холиқов Тӯрақул

сокини деҳаи Дардар,

ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97