Қиссаи қатли Эшони журналист

Таърих 14.03.2012 11:45

ё "Ҳукм"-и қатл барои тағойи "генерали мардумӣ" будан

Sharofidiin_01Шарофиддини Қосим, як рӯзноманигори барҷастае аз Хуросон буд, ки қариб се даҳсола дар ҳафтаномаи "Коммунисти Қӯрғонтеппа" баъдан "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа" кору фаъолият намуда, аммо номаш дар саҳифаҳои таърихи матбуоти Вахшонзамин бо ҳарфҳои сурх ҳаккокӣ шудааст. Оре, номи инчунин рӯзноманигорон, ки дар солҳои даргириҳо бегуноҳ куштаву то имрӯз беному нишонанд, дар зеҳнҳои пайвандону дӯстон ва насли пайрави онҳо бо ҳуруфоти сурх нақш бастааст. Мутаассифона теъдоди шаҳидони рӯзноманигор дар водии Вахш ҳудуди 20 ё шояд бештар аз 20 нафарро ташкил диҳад.  Эшони Шарофиддини Қосим - мухбиру мутрибу ҳофизу воизи матбуоти Қӯрғонтеппаи солҳои 1960-1990 аз зумраи ин шаҳидони гулгункафан аст. Рӯзноманигор ва донишманди маъруфи хуросонӣ Эшони Шарофиддини Қосим санаи 3-юми майи соли 1945 дар деҳаи Меҳнатободи шаҳраки "Қизил-Қалъа"-и ноҳияи имрӯза Хуросони вилояти Хатлон дар оилаи Эшони Саидқосим ба дунё омадааст. Даврони кӯдакии Шарофиддин дар зодгоҳаш гузашта, тақрибан аз 15-20 солагӣ нахуст дар маҳфилҳои мухбирони ҷавон баъдан дар рӯзномаи "Коммунисти Қӯрғонтеппа" ба ҳайси мухбир фаъолияти рӯзноманигории худро оғоз кардааст.

Шарофиддин ва навқаламон

Давлатҷон Султонов мухбири минтақавии "Садои Мардум" дар Хатлон нақл мекунад, ки вақте соли 1967 дар синфи 7-уми мактаби миёна таҳсил мекардам, бо рӯзномаи "Коммунисти Қӯрғонтеппа" мукотиба доштам. Рӯзе аз номи мудири шӯъбаи мактубҳои ин рӯзнома - Шарофиддин Қосимов ба номи ман номае омада, маро барои таҳсил дар мактаби мухбирони ҷавони назди рӯзномаи "Коммунисти Қӯрғонтеппа" даъват карданд. Дар дидори аввал ман аз симои бовиқору сӯҳбати дилнишини ин бузургмард таассуроти зиёд бардоштам. Ӯ дар ташаккули истеъдоди рӯзноманигории ману даҳҳо нафар ҳамсолони мо нақши муҳим бозидааст.

Davlatjon_SultonovБа гуфтаи Давлатҷон Султонов, ҳарчанд устод Шарофиддини Қосим маълумоти олӣ надоштанд, аммо бениҳоят шахси босаводу аз илми таърих, дини ислом ва илми адаб бархурдор буданд: "Ёд дорам, вақте матлаби ӯ "Кавсан аз бедаи колхоз" чоп шуд, чӣ гуна вокунишҳоеро ба бор оварда буд. Он вақтҳо барои мо аҷиб менамуд, ки вақте дар ҷаласаи ҳафтаина ба устод Шарофиддин огоҳӣ медоданд, аз тарафи дигар матлабашро дар гӯшаи мақолаи беҳтарини ҳафта ҷой медоданд. Яъне агарчанде барои ба кор дер омадан ё дигар сабабе огоҳӣ мегирифт, аммо мақолаҳои навиштаашро беҳтарин матлаби ҳафта эътироф мекарданд.

Ёдгориҳои шаҳидон

Наргис Қосимова, духтари бузурги Шарофиддини Қосим, ки имрӯз пешаи падарро интихоб кардааст, ба ёд меорад, ки ҳар саҳар падарам навиштаҳои шабонаашро гирифта, ба редаксия мерафту ман даста-даста варақҳои сиёҳнависашро бароварда, ба оташдон мепартофтам. Ӯ шабонгоҳон зиёд бехобӣ мекашид. Зимни бозгашт аз сафарҳо беҳтарин тӯҳфааш барои аҳли оила китоб буд. Солҳои 1980-ум буд, дар китобхонаи "колхоз"-ӣ сухтор  ё кадом ҳодисае рух доду падарам барои ҷавобгар нашудани китобдор, бештар аз 1000 нусха адабиёти нодирро ба китобхона супорид. Ӯ зиёд мардумонро кумаку дастгирӣ мекард, аммо баъди маргаш баъзе ҳамдиёрону таборонаш мо фарзандони ӯро аз хона бехона карданд.

Асрори хонадони Эшони рӯзноманигор

Nargis_dukhtari_Sharofiddinn- Гарчанде аз оилаи эшонзодаҳо будему мо бонувон бо марди ношинос рӯ ба рӯ намешудем, аммо зан дар назди қиблагоҳии мо мавқеи хоса дошт, -мегӯяд бонуи Наргис. - Вақте модарам бемор буд, падарам саҳаргоҳон тамоми корҳоро ба ҷойи модар иҷро намуда, баъдан ба кор мерафтанд. Ҳунари хуби ошпазӣ, ки доштанд, ҳар шанбе дар коргоҳашон ва якшанбе дар хона ош мепӯхтанд. Як лаҳзаи ширине аз ҳавлии падар дар ёд дорам. Рӯзе қиблагоҳӣ болои кат нишаста, машғули кори эҷодӣ буданд, ки модарам аз хона баромада, бо сари хам аз назди падарам гузашта, сӯйи ошпазхона рафтанд. Ба нохост падарам ин сурудро бо оҳанги шашмақом зам-зама карданд:

Чӣ сабаб, ки шӯхи мастам, бари мо надида бигзашт,

Нанишасту нолаи дил - ғами мо нашнида бигзашт.

Дӯст ва собиқ ҳамкори Шарофиддини Қосим устод Сайдалӣ Бобохонов иброз медорад, ки Шарофиддин яке аз чеҳраҳои маъруфи соҳаи рӯзноманигории қарни гузаштаи тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳарчанд ягон маълумоти касбии дунявӣ нагирифта буд, аммо истеъдоди нодир ва ҷаҳонибинии васеъ дошт. Дар масоили дину таърихи ислом ва фарҳангу маънавиёти ҷомеа кам нафароне тавони баҳс бо ӯро доштанд. Шарофиддини Қосим ва Шарифамоҳи Кишвардӯхт дар коллективи мо яке оташу дигаре тӯфонро мемонд, ки дар андеша ба ҳам созгор намеомаданд. Муқовимати фикрии онҳо ҳанӯз чандин сол қабл аз ҳаводиси шаҳрвандӣ мушоҳида мешуд. Аммо дар вуҷуди ин ду рӯзноманигори ба қавле исёнӣ кина ҷой надошт.

Инқилоб дар афкори Шарофиддини Қосим

Шарофиддини Қосим аз зумраи рӯшанфикроне буд, ки ҷонибдори табаддулоти давлатии режими Шуравӣ буд. Ӯ дар сӯҳбатҳои алоҳида бо дӯстон чунин мавқеъгирӣ мекардааст, ки як инқилобе бояд ба вуқуъ биояд, то миллати тоҷик давлати ҳазорсола пеш аз даст додаашро барпо намояд. Нафаре аз собиқ ҳамқаламонаш бо таассуф мегӯяд, ки Шарофиддин бо умеди расидан ба ҳамин гуна рӯзгоре кору зиндагӣ мекард, ки имрӯз насиби мо гардидааст.

Saidali_BobokhonovvБа гуфтаи пайвандонаш маҳз амӯи Эшони Қиёмиддини Ғозӣ будани Шарофиддини Қосим сабабгори шиканҷаҳои сангину ба шаҳодат расиданаш гардид. Вақте нируҳои собиқ "опозитсионӣ"-и минтақа шикаст мехӯранд, ӯ таклифи хешовандонашро бобати ҳиҷрат ба хориҷи кишвар рад мекунад. Ҳарчанд аксари дӯстону ҳамқаламон таъкидаш мекунанд, ки то ором шудани вазъи сиёсӣ ба ягон шаҳри дигар сафар кунад, аммо "Ман гуноҳе надорам",-гуфта аз Тоҷикистон берун намеравад.

Ба ҷойи "генерал" рӯзноманигор муҷозот шуд

Шӯравӣ барои хидматҳои шоёнаш дар соҳаи рӯзноманигорӣ ба Шарофиддини Қосим боре мошини сабукрав ва барои бори дувум манзили истиқоматиро аз шаҳри Қӯрғонтеппа тақдим кардааст. Соли 1990-ум устод духтари бузургаш Наргисро ба шавҳар дода, манзили қӯрғонтеппагии худро ба ӯ медиҳад. Дар замони чангҳои шадид Шарофиддину фарзандонаш тарки Қӯрғонтеппаву Ғозималик (имрӯза Хуросон)мекунанду бо ҳамин аз манзилҳои зисти худ маҳрум мешаванд. Аз рӯи нақли фарзандон онҳо дар солҳои шадиди ҷанги бародаркӯш дар як манзили бисёрошёнаи воқеъ дар рӯ ба рӯи бозори марказии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагонӣ доштанд. Фарзанди дигару пайрави падар- Аловиддини Шарофиддин хабарнигори радиои "Садои Хуросон" нақл мекунад, ки рӯзи 23 августи соли 1993 баъди ноништои оши палов занги дар садо доду ман рафта дарро кушодам. Хӯҷа - командир ҳамроҳи ду се нафар зада ба хона даромаданду ӯ ба модарам гуфт, ки мо акои Шарофиддинро бурда, баъзе чизҳоро мепурсем, боз ӯро ба хона бармегардонем. Падарам дар тан таҳпӯши зард, дар сар тоқии сафед ҳамроҳи онҳо аз хона баромаду мо дигар ӯро надидем. Аз байн чанд муддат сипарӣ гардиду аз рӯзноманигор-Шарофиддин хабаре нашуд. Ҳоҷиподшоҳ-ҳамсари рӯзноманигори шаҳид ба деҳаи зисташон шаҳраки Ғозималик баргашта, ба хонаи Хӯҷа-командир меравад, то аз ӯ хабари шавҳарашро пурсон шавад. Дидбонҳои манзили зисти Хӯҷа ба Ҳоҷиподшоҳ мегӯянд, ки "командир" дар сафар асту омаданашро интизор нашавад, ки мабодо балое ба сари худ наорад. Баъди боздошти Хӯҷа-командир Саидамир Зуҳуров, собиқ сардори Кумитаи амнияти кишвар дар қатори дигар ҷабрдидагон ҳамсари Шарофиддинро низ ба пурсиш даъват мекунад. Баъдан бинобар он ки қотилон яке мурда буду дуи дигар дар пайгард қарор доштанд, баррасии парвандаи куштори рӯзноманигор Шарофиддини Қосим қатъ карда мешавад.

Қиссаи дӯсти вафодори рӯзноманигор

Баъди беному нишон шудани рӯзноманигор ҳамсару 12 нафар фарзандони ӯ дар кӯча мемонанд. Зеро манзили истиқоматии онҳоро дар деҳаи "Меҳнатобод"-и ҷамоати "Ғозималик" Шоҳҳасан ном бригадир ва манзили дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи рӯзноманигорро як фарзанди додарарӯсаш соҳиб мешаванд. Сентябри соли 1993-юм саги вафодори Шарофиддин шабонгоҳон ба манзили бесоҳибонаш омада, улос мекашидааст. Баъдан ҷасади он сагро дар берун аз деҳа меёбанду дигар нафаре аз наздикони ин хонадон барои даъвои соҳибмулкӣ ба ин деҳа барнамегарданд. Дар бораи Васка-саги вафодори Шарофиддини Қосим нақлу ривоятҳои зиёд аст. Наргис мегӯяд, ки ҳар гоҳе қиблагоҳӣ ош мепӯхтанд, сардегии ошро аввал ба саги вафодораш Васка медоданд. Аловиддини Шарофиддин дар ёддоштҳо дар бораи падараш овардааст, ки ҳар замоне падар аз кор бармегаштанд, саги мо -Васка бо пешвози падарам давида, пойҳои ӯро бӯса мекард. Шояд он саг дарк карда буд, ки рӯзе ин марди Худоро аз даст медиҳему аз он фурсатҳо истифода бурда, дар зиндагии падар ба ӯ миннатдорӣ баён мекард. Мо кӯдак будему ба фаҳми ин чизҳо намерафтем, акнун таманнои онро дорем, ки боре пойи падарро бӯса кунем, аммо ӯро зинда дарнамеёбем.

Чашмони интизор

Аҳмад аз фарзандони калонии Шарофиддини Қосим тамоми дороии худро сарфи ҷустуҷӯйи падар мекунад, то лоақал манзили охирати қиблагоҳашро пайдо кунад. Сурайё яке аз дигар духтарони нозбӯи Шарофиддин пайваста хоб медид, ки падараш бо пироҳани сафед аз дарёи Вахш берун мебарояд. Набераи бобо ба модараш мегуфт: "Модарҷон, ман дар хоб дидам, ки бобоям дар лаби як соҳили ҷангалдор миёни "солдат"-ҳои бисёре бо банд баста буд." Ахиран Аҳмади Шарофиддин мавзеи куштори падарро дарёфт мекунад.

"Зиндон" барои рӯзноманигор

Фарзандони Шарофиддин мегӯянд, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа баъд аз пули "Қизил-қалъа"-ро гузаштан, дар лаби соҳил якчанд баландиҳои ба гур монанд ба чашм мерасанд, ки дар зери яке аз онҳо шояд падари мо хоб бошад. Ин далелро шодравон Бобои Қурбон аз Хумдони Хуросон, ки рӯзноманигорро аз ҷасадаш шинохтааст, таъйид карда будааст. Ба гуфтаи Аловиддини Шарофиддин яке аз гумонбаршудаҳо зимни тафтишоти парванда гуфта будааст, ки рӯзноманигорро парронда, ба об партофтаанд. Пайвандон шиканҷаҳое мисли сӯзонидани нохуни ангуштону устухоншиканӣ ва кӯр кардани Шарофиддини Қосимро натанҳо дар хоб дидаанд, балки аз нақли баъзе шоҳидон ҳам шунидаанд. Зимни тафтиши парвандаҳои марбут ба Хӯҷа Карим маълум шудааст, ки қумандони дар ҷустуҷӯйи генерали мардумӣ- Эшони Қиёмиддини Ғозӣ амӯи ӯ Шарофиддини рӯзноманигорро аз манзили муваққатии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бароварда, ба Хуросон овардаанд. Баъдан Шарофиддинро тӯли якуним ду моҳ дар манзили яке аз пайравони Хӯҷа дар маҳбаси хонагӣ нигоҳ доштаанд.

Ӯ боре ба суроғи ёр омад?

Тақрибан солҳои 1996 фарзандони рӯзноманигор қотилону ҷойи марги падарро пайдо мекунанд. Наргис мегӯяд, ки вақте яке аз бародаронам хабар меорад, ки падарамро ёфтем, модарам гумон мекунад, ки шавҳараш зинда аст. Ва баъди шунидани он ки "манзили охираташ пайдо шуд", ҳамсари Шарофиддини Қосим бонуи Ҳоҷиподшоҳ гирифтори сактаи дил мешавад. Баъди 8 соли ғаму ноумедиҳо аз зиндагӣ дили модарам бори дуввум мезанаду ӯ вафот мекунад. Ҳамсари Шарофиддин, ки дар арафаи иди Қурбон ба дунё омада, дар рӯзи ин ид аз дунё гузашт. Ҳоҷиподшоҳро дар қабристони дар рӯ ба рӯи манзили зисташон ба хок супориданд. Ҳоҷиподшоҳ субҳи вопасини умри худ ба духтараш нақл мекунад, ки имшаб падаратро дар хоб дидам. Ӯ омаду аз дастам дошта; "Акнун кӯдакон паррончак шуданд, биё рафтем",- гуфту мо дасти ба даст равон шудем.

Асрори шаб дар манзили шуҳадо

Воқеан ҳам 12 нафар фарзандони рӯзноманигори шаҳид Шарофиддини Қосим имрӯз паррончак шудаву пайи ободии зиндагии хешанд. Он рӯзҳои бехонагиву шояд ташнагию гуруснагиҳоро бо сари баланд паси сар карданд. Кору кирдори бадкорони ин хонавода низ оҳиста ба боди фаромӯшӣ меравад, аммо дар рӯзи ҳисоб қотилону "меросхурон"-и ҳаққи ҳамсару 12 наврасу тифлони бепадармондаи Шарофиддини Қосим дар назди Қозии Ҳақ ҷавоб хоҳанд гуфт. Баъзеашон дар ҳамин дунё ҳам сазои кирдори хешро дода истодаанд. Ба гуфтаи Аловиддин, "соҳибмулк"-и манзили дар деҳаи "Меҳнатобод" будаи мо дар он хона осуда зиндагӣ карда наметавонад. Шунидем, ки наварӯси он оила дар шабҳои хобаш руҳи сафединапӯшеро медидааст, ки дар хона сайругашт дорад. Бисёре аз собиқ ҳамсояҳо ба он марде, ки манзили моро ғасб карда буд, лаънат хондаанд. Алъон дар он ҳуҷраи кори падарам касе иродаи зиндагонӣ карданро надорад. Охир мо эшонзодаем, аммо он инсонҳое, ки моликияти моро ба зӯрӣ аз худ кардаанд, шояд фаромӯш кардаанд, ки гузаштагони мо киҳо буданду мардум нисбати онҳо чӣ эҳтиромеро қоил буданд.

Ҳақ ба ҳақдор мерасад, ё ба пулдор

Азбаски модар дар зиндагӣ гуфта буд, ки хотири нону намаки ҳамсоядорӣ дигар он хонаи дар деҳа бударо даъво накунед, мо низ дигар он манзиламоноро суроғ накардаем. Аммо дар хонаи шаҳриамон, ки додарзодаи модарам онро бо зурӣ аз худ кардааст, даъво дорем. Зеро он хонаро падар ба Наргис ҳадя карда буду имрӯз он духтари нозпарвардаи Шарофиддини Қосим бо 5 нафар фарзандони хеш дар манзили иҷора ба сар мебарад. Имрӯз фарзандони Шарофиддини Қосим умед ба дастгирии мақомоти маҳаллӣ доранд, ки шояд дар соли таҷлили 100 солагии матбуоти тоҷик, ба хотири гиромидошти рӯзноманигори шаҳид, лоақал яке аз ду манзили ӯро барои фарзандонаш, ки меросбари қонунии ӯ ҳастанд, баргардонанд.

Худи ӯро, ки ба ҳеч ваҷҳ баргардонида намешавад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97