Фарзанди сулолаи ғурур ва озодӣ

Таърих 10.04.2009 18:12

Ба ифтихори 66 солагии Тоҳири Абдуҷаббор аз апрели соли 2009 бознашр мешавад

Дасте, ки Қонуни Истиқлолро навиштааст

Tohiri_AbdujabborҲавопаймои АН-24 ба оҳистагӣ ва мушкил осмони абриеро дар масири Душанбе-Хуҷанд мепаймояд. Як дӯсти халабонам зимни гусел гуфт, ин навъи ҳавопаймо бештар фақат дар кишварҳои африқоӣ истифода мешавад ва аз ҷумла халабонони тоҷик низ он ҷо кор мекунанд. Андаке таҳаммул ва нигаронии маро аз ин суханонаш пай бурд, ки бадоҳатан афзуд, АН-24 дар душвортарин шароит ва "грунтовка"-е фуруд меояд, ки дигар ҳеч ҳавопаймо чунин имконеро надорад ва фурудгоҳҳои африқоӣ аслан ҳамин хел саҳроиянд.

Гуфтам, ки медонам, бо чунин "ҳавопаймое" дар ҳамчунин "саҳрое" дар наздикии шаҳри Кописо, маркази вилояти Кописои Афғонистон фуруд омада будам. Дар соли 2001 вақте Толибонро мезаданд.

Ва АН-24 ба оҳистагӣ ва мушкил, вале маро ба мақсад, ба Хуҷанд мерасонад. Ба аёдати марде меравам, ки аз ӯ шунида будам, "василаи расидан ба ҳадаф муҳим нест, муҳим расидан ба ҳадаф аст. Мунтаҳо ҳадаф бояд пок бошад, агар ҳадаф пок буд, василаи расидан ба он низ иншооллоҳ пок ва ноолуда хоҳад буд"… АН-24 имрӯз фақат тоҷику занги (ҳабашӣ)-ро ба ҳадаф мерасонад…

Аз ҷодаҳои бороншустаи Хуҷанд мегузарам, мисле ки чизеро мушоҳида намекунам. То ин ки ба дидори ӯ нарасам. Мардеро, ки бист сол боз мешиносам, бори аввал рӯи бистари маризӣ мебинам, аммо дастамро, ки мисли ҳамеша мефишорад, эҳсос мекунам, ки қуввати дасташ бар ҷост… Дасте, ки ҚОНУНИ ИСТИҚЛОЛи моро навиштааст. Ҳарки бихоҳад ва ҳарки не, чунин аст.

Агар истиқлол ба даст намеомад, ҷои мо Сибир буд

Баъди андаке фурсат, ҷуръат мекунам бигӯям; Устод, ҳукумат ба ҳарфи шумо амал кард. Гуфт: Чӣ кард? Гуфтам; бо пуштибонии Раиси ҷумҳур, порлумон дар қонунгузорӣ ислоҳот ворид кард, ки тибқи он Роғун, ТАЛКО ва Норак моли истисноии давлати Тоҷикистон эълон шуданд. Ва инро се соли пеш танҳо шумо ба ҷуръат ва сароҳат эълон карда будед, ёдатон нест? Гуфт: Ин мард, кори зиёде мекунад, агар воқеъан дар рӯ ба рӯи мушкил қарор бигирад. Шумо аз воқеъиятҳо натарсед. Ин баҳсу рӯёрӯиҳо дар мавриди истифодаи обу сохтани ниругоҳҳо ҷои нигаронӣ надорад, агар пештар ба миён меомаданд, Роғун зудтар сохта мешуд. Шумо ӯро таърифи зиёд накунед, танқид ҳам накунед.

Ман намехоҳам ӯро ба сухан гуфтани зиёд водор кунам, чун мебинам, сухан гуфтан барояш бисёри бисёр мушкил меояд. Аммо мегӯяд, ва ҳар ҳарфаш ҳикмат аст, ки албатта беш аз даҳ дар сади онро наметавонам дар дафтари хотира ҳифз кунам, аммо рӯи коғаз навиштани онро боз ҳам ҷуръат намекунам, ӯ мегӯяд: Ҳар касе ҳанӯз ҳам агар эътирозе дорад, бигӯяд, ман кадом вақт, дар кадом макон, дар кадом ҳолат ҳарфи ғалат ва ё дурӯғ гуфтам, омодаам бипазирам. Вале чунин коре накардаам, аввалин ҳарф ва талошамон ин буд, ки гуфтем, бояд истиқлол дошта бошем. Магар ғалат буд?! Ҳар ки даъво дорад, пеш биояд ва бигӯяд, ки кори нодурусте буд! Ва ба ту гуфта будам, ки истиқлол, яъне чӣ ва чаро мо мехостем истиқлол дошта бошем…

Бале, касе, ки аввалин тарҳи Қонуни истиқлолро менависад, таърифи онро низ дорад ва он ин аст: "ИСТИҚЛОЛ, ЯЪНЕ ЗИСТАН БА ҚОНУНИ НАВИШТАИ ХЕШ. ВАҚТЕ ИНСОН БА ҚОНУНИ НАВИШТАИ ДИГАРОН ЗИНДАГӢ МЕКУНАД, ИСТИҚЛОЛ НАДОРАД". Ва тамоми талоши мо барои навиштани қонуни истиқлол барои зистан ба хости худ буд, на чизи дигаре.

Дар миёнаҳои соли 1989 тарҳи Эъломияи истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" нашр намуд, ки албатта аз сӯи порлумон бандҳое аз он пазируфта шуд, вале ба сурати комил қабул нашуд. Дар 24 августи соли 1990, акнун вақте ки вакили маҷлис, яъне Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ба сароҳат се намуна аз Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро пешниҳод кард. Тарҳи севуми Эъломияи ӯ, ки дар ҳоли рост истодан дар назди микрофони шаш эҷод шуд, иборат аз як банд буд. Ва он ҳам иборат аз як ҷумла ва ин: "Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад". Акнун мегӯяду механдад, вале он замон мегирист, ки аз 216 вакили порлумон ҳамагӣ ба ин пешниҳод раъйи мухолиф дода буданд. Ҷолиб ин аст, Аслиддин Соҳибназаров, Акбари Тураҷонзода, Ҳайдаршоҳ Акбаров, Абдулло Ҳабибов, Бозор Собир, Акбаршоҳ Искандаров ва Қадриддин Аслонов, ки ба зери Эъломияи истиқлол имзо гузошт низ дар он иҷлос ҳузур доштанд (Нурулло Ҳувайдуллоев ҳам, ки аз ӯ бархе расонаҳо қаҳрамони қонуннавис метарошанд). Муаллифи пешниҳод то назди курсии худ расид, ки депутати ҳамсояаш ба ҷои ӯ тугмачаи "нет"-ро пахш кардааст. Аммо талоши мо барои озодӣ буд, ки ба он расидем. Ормони мо истиқлол буд, ба он даст ёфтем. Мо озодихоҳ ва истиқлолталаб будем, на мансабталош ва ба ин ормон низ расидем, мегӯяд ӯ. Мо медонистем, ки агар талошҳои мо ба шикаст бирасад, агар истиқлол ба даст наояд, ҷои мо Сибир хоҳад буд. Мо инро медонистем ва барои ин омода будем…

Дар воқеъ агар истиқлол ифтихоре дорад, ки ҳатман дорад, қабл аз ҳама ифтихори истиқлоли Тоҷикистон ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бармегардад. Дер ё зуд ин ҳақиқатро эътироф хоҳем кард.

Тарҷеҳи зиндагии мушкил бар шаҳрвандии Қирғизистон

Аз Хуҷанд ба Душанбе меоем ва бояд баъди як рӯз дӯстоне, ки масъулият доштанд устодро дар шифохона рӯзи душанбе, 30 март бистарӣ кунанд, занг мезананд, шӯъбаи марбута дар таъмир аст ва касе масъулияти дар беморхона хобондани ӯро ба дӯш намегирад. Вале ваъда супурдаанд, ки фардо... Ин суханон маро маҷбур мекунад, ки сӯҳбатҳои ду ҳафтаи қаблро, ки ба аёдати эшон рафта будам, таъкид кунам. Он вақт Устод бештар сари ҳол буданд ва ҳарфашон қобили шунидан ва фаҳмидан буд.

Гуфтам: Бархе аз ҳамватанони мо, ки тӯли ҷанги дохилӣ муҳоҷир шуданд, дар талоши ёфтани зиндагии осонтар табаияти кишварҳои дигарро пазируфтанд. Касеро намешиносам, ки аз ин имкон то кунун сарфи назар карда бошад, балки барои ин кор вақт ва пул низ сарф мекунанд. Магар боз ҳам шумо, Устод… Беҳтар набуд, ки ҳамон шаҳрвандии Қирғизистонро мепазируфтед?

Устод гуфт: Дар Академияи хидмати давлатӣ ва қабл аз он дар Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Бишкек, мудири кафедра будам ва ростӣ борҳо чунин пешниҳоде шуд. Дар имтиҳоноти давлатӣ, маъмулан муовини сарвазир, раиси Бонки миллӣ, вазири молиёт ва иқтисод раисони комиссиюн буданд, ё дар донишгоҳ ҳамин тур дарс мегуфтанд ва ҳам муовини сарвазир ва ҳам дигарон ҳамеша исрор мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо фақат як ариза бинависед, халос. Ҳатто боре бисёр исрор шуд ва гуфтанд, хуб, нанависед, онро менависанд, шумо имзо гузоред.

-Мегузоштед, устод, як имзо будааст-да. Агар Шведсия ё Олмон намефиристоданд ҳам, дар беҳтарин шифохона табобат мегирифтед, беҳтар аз шаҳрвандии Тоҷикистон набуд?

- На, ин корро накардам, он гоҳ маънои зиндагӣ ва талош барои истиқлол ба сифр баробар мешуд.

Вазорати Набиевро низ напазируфтам…

Ронандаи таксие, ки аз ӯ хоҳиш кардем моро ба соҳиле аз Сирдарё бирасонад, то дар пасманзари он мусоҳибаи Зиннатуллоҳи Исмоил бо Наҷмиддини Шоҳинбодро барои Симои мустақили Тоҷикистон сабт кунем, раҳораҳ ба мо манзараеро нишон дода ва мегуфт, ки ин фазендаи Қосим Қосимов аст.

- Кист ӯ, - суолаш мекунам ва ӯ ҳайрон мешавад ва мисле ки ба истилоҳи як дӯстам ман Рӯдакӣ ё Фирдавсиро нашинохта бошам, каме нороҳат низ мешавад. Вале боз ҳам мегӯяд; - ҳа вай, раиси собиқи вилоят.

Ман тааҷҷуб мекунам ва мепурсам, ки; наход ин ҳама дар номи ӯст?

- Намедонам, албатта дар номи худаш набудагист…

- Вале аз ӯст?

- Хуб… намедонам, - қоил мешавад ӯ.

- Ӯ аз Тоҳири Абдуҷаббор ҳам бузургтар аст, - боз ҳам мепурсам аз ӯ…?

- Абдуҷаббор кист? - мепурсад аз ман.

- Ба назари ман бузургтарин сокини шаҳри шумо…

- Ҳа вай касо пеш вақто буданд, вақти ҳукумато ба… ун вақто ин корҳо намешуд.

-Чӣ корҳо…?

- Хуб, хайр…

Ҳамин ҷост, ки шоир ба кӯмакам мешитобад, вагарна посухи ҳамаи ин суолҳоро ман худам беҳтар аз ронадаи хуҷандӣ медонам:

"Фалак бо мардуми нодон диҳад зимоми мурод,

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас"…

Ва ин ҷост, ки боз ҳам қиссае аз сӯҳбати қаблии Устод ёдам меояд: "Чанд бор Набиев билофосила баъди раиси ҷумҳур шуданаш одам фиристод, ки наздаш биравам, вазифа медиҳад. Нарафтам, гуфтам, ки меравам, вале нарафтам… Билохира, ӯро чанд бор мулоқот кардам, ваъда мекардам, вале нарафтам… Билохира, дар ҳамон рӯзе, ки мардум ба пуштибонӣ аз вазири дохила дар назди қасри раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ шуда буданд, ман иттифоқан ба назди ӯ мерафтам.

- Чаро?

- Ман пештар фикру пешниҳодҳоямро баъди омадан аз Маскав ба ӯ ва Кенҷаеву Ҳаёев гуфта будам ва медидам, ки авзоъ бадтару бадтар мешавад, мехостам дар бораи авзои иқтисодӣ ва сарнавишти он пешниҳодоте, ки карда будам, бифаҳмам…

Аммо Набиев баробари дидани ман дар утоқи кораш чашмонаш дурахшид ва баланд шуд ва гуфт, ки "о мардак, куҷоба мегардӣ, о вазифата гир, мондагиша дигароба тием". Билохира ҷиддитар гуфт, ки вазорати якҷояшудаи иқтисоду молияро қабул кунам, гуфтам, ки фикр мекунам, Шумо, ки ҳоло мардум пушти даратон омадаву ин ҷо ҷамъ шудаанд, ба пурсишҳои онҳо посух диҳед, баъд дар масъалаи вазифа фикр мекунем… вале накардам…

- Чаро накардед?

- Зеро, ки омадам ва бо худ андешидам ва ба натиҷа расидам, ки ман ба танҳоӣ дар ин низом коре карда наметавонам, Зеро низомро мебоист дигар кард ва тамоми масъулияти ҳукумат ба дӯши бахши иқтисод мешуд ва ман як вазири масъул, аммо бесалоҳият мешудам, зеро Набиев гаравгони дасти дигарон шуда буд…

Гуфтам, ки устод, мутмаинан Бобозода ва Наҷмиддинов то "пенсия" рафтанашон ҳатто рӯйхати китобҳои хондаи шуморо наметавонанд қориазёд кунанд, вазир шуданду Шумо наметавонистед? Ё Шумо куҷову ҳамин Қосим Қосимов куҷо, тавонист - ку?

-Виждон низ бояд дошт… Чиро тавонистанд?!

Вақте ӯ боз ҳам ҷиддӣ мешавад, ман посухе намеёбам…Қосим Қосимов куҷову Тоҳири Абдуҷаббор куҷо?

Тоҳири Абдуҷаббор ва Карим Абдулов

Як дӯстам аз ман барои нашри матлабе дар мавриди фаъолияти корхонааш, ки гуфтаанд, кораш шаффоф нест, нороҳат шудааст. Гуфтам,… ҳақиқат болотар аз ӯст. Аммо дар се соли пеш Устод мақолае навишт, зери унвони "Роғун бояд моли давлати Тоҷикистон бошад" ва аз мавқеъи ҳамин дӯсти ман ва корхонаи ӯ низ ҳимоят карда буд. Дӯстамон хеле хушҳол буд, аммо қиссаи нашри мақоларо намедонист… акнун барояш мегӯям ва барои шумо низ… Карим Абдулов баъди ин мақолаи Устод мақолае фиристода ва гуфтааст, ки аз суханони Тоҳири Абдуҷаббор бӯи фитна ва нооромии солҳои навад мерасад ва назири ин иттиҳом ва тавҳинҳое. Акнун одамон пул медиҳанд, ки мақолае муқобилашон нашр нашавад, аммо ин суханро устод шуниданд ва он замон, ки дар Хуҷанд буданд, ба ман телефон заданд ва гуфтанд, ки ба хонум бигӯед, ҳатман он суханони Абдуловро нашр кунад ва ҳар матлаби дигаре, ки дар муқобили ман навишта мешавад. Гуфтам; Устод, шуморо тӯҳмат кардаанд, чӣ тур мешавад? Гуфт; шарти озодии баён ҳамин аст. Боз афзуд, ки медонӣ Балзак чӣ гуфта? Гуфтам; не…

Ва вақте мақолаи Карим Абдулов нашр шуд, ки мегуфт, монед, Роғунро Русия созад, о пушт карда ба Русия намебаранд - ку…; Фақат дар як моҳи пеш вақте Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди ҳукумат Роғунро моликияти истисноии давлат эълон кард, ман бори дигар такон хӯрдам ва шефтаи фаросат, ҳушмандӣ ва ақлу донишу ҷасорати худодод шудам.

Баъд ба ҳақиқати Тоҳири Абдуҷаббор расидам, ки эътиқод дорад ҳақиқатро дарк кардан кори сода нест. Ва барои он ки ҳақақати Тоҳири Абдуҷаббор маълум шавад, дар воқеъ замоне Маҳкамов дар муқобилаш зарур буду, баъд ҳам Абдулов ва дар қиёс ӯро хоҳем шинохт. Мисле, ки замоне ҳамшаҳрии ӯ дар порлумон, Ҳувайдуллоев зимни барасии масъалаи интихоби президент дар порлумон ё дар Шурои олӣ бо хушунат сӯяш гуфт, ки мантиқ - мантиқ мегуед, ҳамин мантиқро шумо танҳо медонед, ё мо ҳам медонистагистем? Баъд ҳама фаҳмид, ки интихоби президент дар порлумон мантиқ надоштааст. Не?

Воқеъан мо куҷову Тоҳири Абдуҷаббор куҷо…

Ту низ хонандаи азиз, мебахшӣ, вале ман танҳо ин ҳарфро аз ӯ шунидам, на аз каси дигар… На аз ман, на аз ту…

Тоҳири Абдуҷаббор, Раҳим Масов ва истиқлоли Тоҷикистон

Дар поёни тобистони соли 2000-ум устод Тоҳири Абдуҷаббор бори аввал баъди муҳоҷират ба Душанбе баргашт ва баъди зиёрат ва дидорбинии чанде бузургон ба зиёрати Раҳим Масов, муаллифи "Таърихи табартақсим" расид. Ману Аҳмадшоҳи Комилзода роҳбаладу ронанда будем. Баъди чанде ҳолпурсӣ Масов гуфт, дидед натиҷаи истиқлолатона, барои ҳамин миллат чӣ даркор истиқлол? Тоҷикистон бояд як протекторати Русия бошад, бас аст. Маълум шуд, дигар бас аст, гуфт Масов. Комилзода каме асбонӣ шуду ба баҳонаи сигоркашӣ берун рафт. Асаби ман он замон оромтар буд ва чанде дигар шоҳиди сӯҳбати ду нафар будам.

Баъд, ки берун омадем, Комилзода оташин гуфт, ки устод, ин гуна шахсон қобил надоранд, зиёрати онҳо раво нест, шумо моро куҷо овардед? (Ҳарчанд, ки мо дар хидмати ӯ будем ва ӯро мебурдем, аммо ин нидои тоҷикӣ буд. Ҳарчанд Тоҳири Абдуҷаббор назди мо эҳтиром дорад, аммо мавриди сухан гуфтан, тоҷики ҳақиқӣ ҳарфи худро пинҳон намедорад…) Ва бо тамкине, ки хоси ӯст, Тоҳири Абдуҷаббор баъди шунидани эътирозҳои мо оромона гуфт, ки ин мард мудири Пажӯҳишгоҳи таърихи Тоҷикистон аст, марди бисёр боэҳтиром дар назди мардум ва давлат ва ман шуморо овардам, ки бо намунаи болобаланди зиёии Ватан ошно кунам… Мо чизе нагуфтем…

Марде, ки андешааш коромад, худаш нодаркор шудааст

Имрӯз вақте дурӯғ мегӯем, шарм намедорем… Афсона мегӯем, ки истиқлол барои мо ҳадя шуд. Афсона… Аммо Устод мегӯяд, ки касе ин ҳарфро мегӯяд, ки ифтихоре аз истиқлол надорад. Мисле пурсидам, ки Абдумаҷид Достиев дар ҷое навиштааст, ки Қонуни забон бо сарҷунбонии Маскав қабул шуд ва русҳоро гурезонд ва қабл аз вақт буд. Ӯ гуфт, ки ман намедонам, ки кӣ чӣ гуфта, вале касе ин ҳарфҳоро бояд бигӯяд, ки дар қабули қонуни забон саҳме надоштааст ё мухолиф буда ва акнун танҳо роҳи худсафедкунӣ гуфтани чунин суханон аст.

Ман ҳайронам, ин ҷомеа кай аз Тоҳири Абдуҷаббор пештар меравад? Аз бист соли пеш як баҳс дошт, ки мустақил шавем ё нашавем? Ӯ гуфт, аз мустақил будан натарсед, мустақил шавед. Шудем, агарчанд ба истилоҳ талхаи баъзеҳо ба даҳанашон омад. Вале фаҳмидем, ки истиқлол чизи хубе будааст ва онро аз даст доданӣ нестем.

Ӯ гуфт, ки артиши миллӣ бояд дошта бошем, гуфтем, ки касе ба марзи мо ҳамла карданӣ нест ва мо низ қасди ҳамларо надорем. Вале шоҳид будем, ки яке дар соли 1992 Сафаралӣ Кенҷаеви худамонро сарвари лашкари аҷир ба сарамон фиристоданд ва дар соли 1998 Маҳмуд Худойбердиевро. Ва ҳардуро ҳам Узбакистон… Акнун росттарин мард барои вазири дифоъамон Тоҳири Абдуҷаббор аст ва барои раиси собиқи Бонки миллӣ Алимардонов ҳам, ки шаҳди пули миллиро бештар аз дигарон дидааст… Зеро ақидаи нашри пули милиро низ ӯ қабл аз ҳама тавре гуфтем, пешниҳод карда буд. Билохира, охирин баҳси мо сари Роғун ва Талко буд, ки ӯ расид ва низ нахустин шуда, ҷуръат кард ва гуфт, ки бояд ҳарду моли Тоҷикистон боқӣ бимонад…

Ман тамоми рӯзнома ва нашароти то соли 1989-90 - ро тагурӯ кардам. Вале аз як нафар ҳам нахондам, ки ба сароҳат гуфта бошад, Тоҷикистон бояд давлати мустақил бошад… Ба ҷуз ӯ. Азизон мебахшед бо ҳама бузургиатон, аммо санаде дар номи касе ба ҷуз аз Тоҳири Абдуҷаббор сабт нашудааст. Пас андешаи истиқлол ҳаққи ҳалоли ӯст. То ин муҳимро эътироф накунем, адолатамон ноқис хоҳад буд…

Худо ҳофиз, Устод

Боз ҳам Ан-24 -и мо дар ҳоли шикофтани дили анбӯҳи абри тираи осмони Душанбест, ки ба замин нишинад. Мо фақат дохили ҳавопайморо мебинему абри печонида атрофи ҳавопаймо ва мусофирони дар таҳлукаро. Ин ҷост, ки дӯсти наворбардори мо бо нигаронӣ суол мекунад, лётчик заминро мебинад? Гуфтем, ки олимонамон дар ҳавои соф аз Душанбе то Регару Роғунро надиданду лётчикамон худост, ки заминро аз пушти абр мебинад. Шояд ба изтироби ӯ афзудем… Аммо Ан-24-и мо дар фурудгоҳи мисли дилҳоямон кӯчак ба замин мефарояд. Худоро шукр мекунем, ки дар набарди абрпораҳо пирӯз ба замини пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол нишастем, ба саломат… Дар ҳамин андешаам, ки Зинатуллоҳ гӯё суханони дили маро ба садо меорад, Худо Устодро низ дар паноҳаш нигаҳдор бошад… Муаллифи андешаи истиқлолро...?

Бале бузургтарин сокини шаҳри Хуҷанд, саромади андешаи истиқлолро…Агарчанде маълум мешавад, ки хуҷандиҳо ва мо низ ба қадри ин ифтихор намерасем.

Наҷмиддини Шоҳинбод, ки акнун танҳо ҳамрозу таскини дили пурдарди Тоҳири Абдуҷаббор аз ҷумлаи дӯстони қадимии ӯст, моро дар фурудгоҳ гусел карда буд ва садояш аз пушти гӯшии телефон баланд мешавад, "рафтеду хеле хавотир шудам". Ҳайрон шудам, ки чаро? Гуфт, "баъд фаҳмидам, ки мотори самалёти шуморо дар фурудгоҳи Хуҷанд дуздида ва ба ҷои он матори КАМАЗ задаанд…"

Гуфтам, дар ин ватан агар самолётҳо бе мотор ҳам бипаранд, ман дигар тааҷҷуб намекунам….

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97