Дашноми таърихии «сукин сын» ва мақулаи Ҳазрати Алӣ

Таърих 05.11.2010 09:00

dashnom_12548

("он сукин сын, но наш сукин сын" - "son of bitch")

Яке аз мақулаҳои машҳуре, ки одатан дар маҳфилҳову сӯҳбатҳои ғайри расмӣ онро ба кор мебаранд, ин ибораи маъруфест, ки бо русӣ бештар шӯҳрат дорад: "он сукын сын, но наш сукын сын". Вақте ин ибораро ба тоҷикӣ бармегардонем хеле сухани дурушту қабеҳе мешавад "ӯ сагбача аст, вале сагбачаи мост".

Маънояш асосан ба муҳим будани одами худӣ бар замми ҳама мушкилоту проблемаҳояш мебошад. Таъбири "сукын сынь" асосан тарҷумаи "son of bitch" -и англисист.   Тарҷумаи дақиқтари таҳтуллафзии тоҷикияш "писари моддасаг" аст. Аз дашномҳоест, ки ба тоҷикӣ тарҷума нашудааст, вале ҳақорати "сука" аз замони шӯравӣ дар миёни тоҷикони Тоҷикистон пайдо шуда ҳамин гуна боқӣ мондааст.

Вале имрӯзҳо мутаасифона ҷомеаи мо он қадар ба коми дашному ҳақоратҳо фурӯ рафтаасту дучори уфти шадиди ахлоқу фарҳангӣ шудааст, ки ҳар рӯзе як дашному ҳақорати наве сар мезанаду дигар ҳатто "сука" хеле дар баробари ин дашномҳои навбаромад боадабтар ба назар мерасад.

Ба ҳар ҳол шояд ин дашном ё ҳақорат дар ҷаҳони сиёсат машҳуртарин ҳақорат бошад, ки бо гузашти давру замонҳо ҳанӯз аз истифода науфтодаву кӯҳна нашудааст.

"He may be a son of a bitch, but he's our son of a bitch" асли дақиқи англисияш ҳаст, ки агар ба тоҷикӣ баргардон намоем ингуна мешавад: "Шояд ӯ писари моддасаге бошад, вале ӯ писари моддасаги мост". Ин ибораро вақте русҳо тарҷума намуданд, "шояд"-ашро ҳазф намуда ба шакли каме дағалтар баргардонаш намуданд: "он сукин сын но наш сукин сын". Ин дашном ба Президент Рузвелт нисбат дода мешавад ва адабиёти интернетӣ низ инро тасдиқ менамояд.

Намедонам, ки оё Рузвелт таърихи исломро хонда буду аз Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб ёри диловари Пайғамбар(с) ва халифаи чаҳоруми таърихи Ислом шинохте дошт ё не, вале ҳар гоҳ ин дашномро мешунаваму ҷойе мехонам як мақулаи машҳури Ҳазрати Алӣ дар ёдам меояд.

Огоҳони таърихи Ислом медонанд, ки солҳои ҳукмравоии Ҳазрати Алӣ айёми сахту душворе буд. Фитнаҳо бархоста буду хунҳо мерехт ва худи Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб низ бо марги табиӣ намурд, балки дар намоз аз захми ханҷар маҷрӯҳ шуду бар асари он ҷон ба ҷонофарин таслим намуд.

Яке аз мавзеъгириҳои сахту душворе, ки халифа Алӣ ибни Абитолиб бо он рӯ ба рӯ шуд ин дар баробари гурӯҳе бо номи Хавориҷ буд. Достони пайдоиши Хавориҷ ва ҳатто Хавориҷ ном гирифтани онҳо каме тӯлонист ва аз мавзӯи мо берун. Хулоса онҳо гурӯҳе буданд, ки аз итоати Ҳазрати Алӣ саркашӣ намуда, алайҳи ӯ шамшер бардоштанд.

Дар ин ҳангом ёрони он Ҳазрат сахт ба хашм омада аз ин рафтори Хавориҷ оташин шуда буданд. Барои онҳо пазируфтани ин воқеият, ки чигуна як мусулмон метавонад дар баробари халифа шамшер бардорад, як кори тааҷҷубангези боварнокарданӣ буд.

Онҳо назди Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб омада аз ӯ пурсиданд, ки Хавориҷ киҳо ҳастанд? Ҳазрати Алӣ ибораи таърихиеро ба кор бурда гуфт: "Ихвонуно валокин бағав алайно-онҳо бародарони моанд, вале алайҳи мо исён (бағоват) кардаанд".

Ҳазрати Алӣ шахсияте, ки имону ҷуръату шамшерро бо ҳикмату фасоҳату ақлу хирад омехта буд, бо ин мақулааш ду нуқтаи асосиро равшан намуд. Яке ин ки одамони худӣ одамони худӣ боқӣ мемонанд, ҳатто агар алайҳи ту шамшер бардоранд ва дуввум нуктаеро, ки равшан намуд ин буд, ки бояд барои шамшери аз наём бурун шуда омода буд ҳатто агар шамшери "бародар"-у "одами худӣ" низ бошад.

Дигар нуктаи муҳиме, ки қобили таамул дар ин масъала ҳаст, ин ба намоиш гузоштани фарҳангҳо низ ҳаст. Агар Рузвелту дигар сиёсатмадорони сатҳи баланди Амрикову Ғарб, ки парвардаҳои назарияҳои сиёсии Макёвилӣ буда, ахлоқро аз сиёсат ҷудо намуда бошанд, Ҳазрати Алӣ парвардаи мактаби нубувват дар авҷи қудрату сиёсати худ ахлоқро бо сиёсат омезиш дода, ин мақулаи машҳури таърихиро ба ёдгор гузоштааст, ки дар он ахлоқу одоби суханварӣ бармало дида мешавад. Андешидану гуфтан дар бораи Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу сухани мондагори Иқболро, низ ба ёд меорад, ки дар ишора ба Умару Алӣ разияллоҳу анҳумо фармудааст:

Мусулмон фақру султонӣ ба ҳам кард,

Замираш боқиву фонӣ ба ҳам кард.

Саъдии ЮСУФӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97