ДЕМОКРАТИЯИ ҲАРБИИ ТОҶИКОН ВА КӮЧМАНЧИҲО

Таърих 30.03.2010 15:43

(идомаи матлаби "Давлат ва миллат: кӣ ба ин сатҳ расидааст)

Боз як ташкилоти махсуси давлатӣ буд, ки барои сохти ҷомеаи авлодӣ шинос набуд ва он ба тариқи ҳатмӣ ва зарурӣ бар сари аксарияти мардум меафтад. Албатта инро системаи андоз меноманд, ки ягон ташкилоти авлодӣ барои андоз ҷамъ кардан ҳеҷ кӯшиш ва ғайрат ҳам намекард. Барои авлод тамоми ҳосил якҷоя истеҳсол ва истеъмол мешуд. Аммо андоз барои нигоҳдории дастгоҳи давлатӣ зарур мебошад, ки давлатдор тавонад бо воситаи он вазифаҳои давлатдориро иҷро намояд.

ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ВА МУНОСИБАТИ ҚАБИЛАҲО

Агар тартиботи пайдошавии давлатро аксарияти олимон дастгирӣ намоянд, пас чунин фикрро бояд баён намоем, ки мафҳуми "давлати кӯчманчигӣ" умуман нодуруст аст ва барои тасдиқи худ ягон асос надорад. Агар қабилаҳои кӯчманчиҳо ба хотири амале ҳамроҳ фаъолият карданӣ хоҳанд, шакли ташкилоти онҳо дар асоси ихтиёрӣ ё зӯрӣ пайдо шуданаш мумкин буд, ки агар объекти талабот ба даст оварда шавад, чунин ташкилот ба осонӣ пароканда мешавад. Мисол, баробари ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо дар тамоми қаламрави ишғолгашта ягон давлати муғулҳо пайдо нагардид ва баъди марги Чингизхон империяаш тамоман вайрон мешавад. Барои роҳандозии давлатдорӣ кӯчманчиҳо бояд ба шакли нави иҷтимоӣ, ки онро мардум меномиданд, мегузаштанд. Барои он, аввал аз тарзи ҳаёти чорводорӣ ба ҳаёти кишоварзӣ гузаштанашон зарур буд ва сонӣ баробари афзоиши миқдорашон муносибатҳои қабилавӣ ва авлодӣ ба шакли нави муносибатҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад, ки онро дар илми сотсиология "мардум" меҳисобанд. Баробари пайдошавии мардум тамоми аҳолӣ ба табақаҳо тақсим мешаванд. Ба табақаҳо тақсимшавии мардум нобаробарии иҷтимоиро ифода мекунад, ки оқибат раванди муносибатҳо барои пайдошавии давлат оварда мерасонад. Дар таърихи башарият бисёр мардумоне буданд, ки дар тарзи кӯчманчигӣ мондаанд ва тамоман шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ надоштанд, ки давлати худро ташкил кунанд. Чӣ тавр тараққиёти муносибатҳои авлодӣ ба пайдошавии мардум ва давлат оварда мерасонад, дар мисоли қабилаҳои кӯчманчиёни германиҳо низ дида мешавад. Ба қабилаҳои ваҳшии германиҳо зарур буд, ки барои ташкили як мардуми алоҳида тақрибан 1200 -1500 сол собиқаи сарнавишт дошта бошанд, агар вақти ба нимҷазираи Аврупо омадани онҳоро тақрибан асри III-II пеш аз солшумории мелодӣ ҳисоб намоем. Дар Осиёи Марказӣ чунин раванд тақрибан аз ҳазорсолаи якуми пеш аз мелодӣ оғоз мешавад, ки қабилаҳои кӯчманчиёни ориёиҳо, ки дар илми таърих бо номи суғдиҳо, бохтариҳо, тоҳариҳо, ҳайтолиҳо ва саккоиҳо маълум буданд, аллакай қисман ё пурра заминӣ шуданд ва ба кишоварзӣ шурӯъ карда буданд. Мо онро ба инобат намегирем, ки як қисми қабилаҳои ориёӣ, ки ба тарафи Ғарб ҳаракат карданд, дар заминаи аз дигар мардуми Шарқи наздик боқимонда як маданияти бой ва ғаниро пойдор менамоянд ва оқибат давлатдории Ҳахоманишинонро ташкил доданд. Бештар доир ба он мавзеҳои таърихие сухан ронданӣ ҳастем, ки оқибат равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ташкил шудани мардум ва давлати тоҷик оварда мерасонад.

Дар очерки таърихии худ "Исёни Муқаннаъ" устод С. Айнӣ чунин фактро меоранд, ки пеш аз ҳуҷуми арабҳо мардуми Осиёи Марказӣ дар чунин шакли муносибатҳои иҷтимоӣ зиндагӣ мекарданд, ки онро ҳоло сохти сиёсӣ номидан мумкин набуд. Дар ҳузури ҳокими Бухоро, ки номаш Бухор-худот буд, ҳар моҳ яке аз авлодҳои дар атрофии Бухоро сесад нафар аскаронро бояд барои посбонии Бухорхудот пешниҳод кунад. Аз ин факт чунин хулоса бармеояд, ки ҳоло мақоми деҳқонон, яъне сардорони авлодҳо, пурзӯр буданд ва Бухор-худот бошад аз деҳқонон вобаста буд ва лашкари доимӣ дар ҳузури ҳоким набуд. Ин шакли ташкилоти иҷтиомиро ҳамчун иттиҳоди авлодҳо ва қабилаҳо номидан мумкин аст, ки дар илми таърих онро "демократияи ҳарбӣ" меноманд. Бинобар ҳамин таърихчиён шакли "демократияи ҳарбӣ"-ро ба шакли давлат монанд мекунанд ва иштибоҳан онро ба моҳияти давлат баробар мекунанд. Азбаски иттиҳоди авлодҳоро демократияи ҳарбӣ меноманд, пас кӯчманчиҳо низ чунин шакли иттиҳодро доштанд, ки дар давраи ҷанг фақат дар таҳти роҳбарии як шахс ба арса мебаромаданд. Ҷомеашиносон ба чунин тарзи ташкилот моҳияи давлатро мечаспонанд ва бо ҳар гунна суханбозиҳо онро "давлати кӯч¬манчигӣ" меноманд.

Дар арафаи ҳуҷуми арабҳо аксарияти мардумони соҳили рости Амударё ҳоло сохти авлодиро доштанд ва баробари ҳуҷуми арабҳо ба муносибатҳои авлодӣ зарбаи сахт зада мешавад. Яке аз сабабҳои забт шудани мардуми таҳҷоӣ аз он буд, ки дар арафаи ҳуҷуми арабҳо онҳо ягон шакли давлатдориро надоштанд ва албатта лашкарҳои доимӣ низ набуд, ки бар зидди арабҳо мубориза баранд. Арабҳо баробари забт кардани Мовароуннаҳр тамоми аҳолии мутамаддин ва ниммутамаддинро тавассути худашон ба бозори ҷаҳонӣ ворид мекунанд, ки дар он вақтҳо маркази тамаддунро давлати Византия иҷро мекард ва дар дигар минтақаҳо бошад ҳоло чунин давлати пуриқтидор набуд. Беҳуда нест, ки арабҳо аз лашкари Византия мағлуб мешаванд ва ҳаракати худро ба тарафи Осиёи Марказӣ равона мекунанд. Арабҳо, ки Осиёи Марказиро забт мекунанд, ба муносибатҳои авлодии мардуми таҳҷоӣ зарбаи сахт мезананд ва вайроншавии муносибатҳои авлодӣ барои пайдошавии иттиҳод оварда мерасонад. Сабаби пойдоршавии иттиҳодро на танҳо хатари берунаи арабҳо иҷро менамояд, боз бар замми ин муносибатҳои нави иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ пайдо мешаванд, ки дар илми таърих онро сохти феодалӣ меноманд. Сохти феодалӣ дар асл сохти нави тартиботи сиёсӣ, иҷтиомӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки аввал аз пайдошавии табақаҳо оғоз мешавад ва сонӣ ин шакли ҷомеа ба пайдошавии давлати феодалӣ сабабгор мегардад. Акнун барои мудофиаи давлат лашкари доимӣ лозим буд ва дастаҳои яроқноки муваққатии деҳқонон чунин вазифаро иҷро карда наметавонистанд. Дастаҳои деҳқонон бо лашкари доимӣ иваз карда мешаванд ва барои дар тайёрӣ нигоҳ доштани онҳо бояд маблағи муайян лозим буд, ки онро тавассути андозҳо ва хироҷҳо аз мардум ситонида гирифтан мумкин буд. Сохти табақавӣ оқибат тамоми аҳолии бо як забон ё лаҳҷаҳои наздиктар ҳарф мезадагиҳоро ба шакли халқият табаддул менамояд, ки дар натиҷа мардуми тоҷик ташкил мешавад. Чунон ки зикр гардида буд, тарзи ташкили ҷомеаи табақавӣ бояд барои пайдошавии мардуми якзабона сабабгор шавад ва оқибат дигар забонҳоро низ ба худаш омехта карда гирад. Чунин забоне, ки барои тамоми мардуми тоҷик паҳн мегардад ва лаҳҷае, ки бештар қабул мешавад, аз нишондодҳои таърихчиён ба минтақаи Балх ва Марв хос буд. Агар қабилаҳо аз якдигар бо забон, урфу одат ва тарзи зист фарқ кунанд, ки барои муттаҳид шудан монеа мегардид, дар шакли нави ташкилоти иҷтимоӣ чунин монеаҳо бардошта мешуданд ва акнун шахс метавонист дар мавзеи дигар қабила, худро бегона ҳисоб накунад. Дар асари Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" чунин фактҳо оварда мешаванд, ки баробари пойдоршавии давлатдории Сомониён, онҳо доим зидди деҳқонҳо мубориза мебурданд, ки сардорони қабилаҳо буданд ва ба давлатдории марказӣ муқовимат нишон медоданд. Заминҳои онҳо бояд ба ихтиёри давлат мегузаштанд. Оҳиста-оҳиста дар давоми асрҳои ХI - ХIII шароити деҳқонон пурра тағйир меёбад ва онҳо ба мақоми деҳқони кишоварз фароварда мешаванд, ки замини амлокдоронро кишт менамуд ё худаш камтар замини хусусӣ дошт, аммо сардор ва сарвари дастаи ҳамқабилаҳояш набуд.

Бояд ба як масъалаи дигар равшанӣ андозем, яъне ба худи мафҳуми "давлати табақавӣ". Азбаски табақаҳо гурӯҳи калони одамонро ифода менамояд, аз авлод вобаста намебошанд, яке аз хосиятҳои асосии онро моликият тартиб медиҳад. Яъне як табақа аз табақаи дигар танҳо дар асоси ҳаҷми моликияташ фарқ мекард. Мисол, дар ибтидои таърихи пайдошавии давлати Афина тамоми мардумро Тезей ном сарвар, новобаста аз қабила ва авлод, ба се табақа ва аз ҷиҳати мавзеъ бошад, ба "фил"-ҳо тақсим мекунад. Чунин ҳолатро дар давраи пайдошавии давлати тоҷикон низ дидан мумкин аст. Тамоми аҳолии давлат ба се табақаи калон тақсим мешавад, ки онҳо кишоварзон, ҳунармандон ва савдогарон, ашрофон ва рӯҳониҳо (феодалҳои хурду калон) буданд. Дар ин маврид чунин масъаларо гузоштан мумкин аст: барои чӣ то арафаи ҳуҷуми арабҳо дар Мовуроуннаҳр ягон давлати муттамарказ пайдо нашуд? Барои ин масъаларо аз роҳи илмӣ ҳал намудан, бояд ба мантиқи пайдошавии давлат назар кунем ва онро бояд ишора намоем, ки дар давраи ҷамъияти авлодӣ доир ба давлат тамоман сухан рондан мумкин нест ва барои пайдоиши давлат бояд ба чанд омили муҳим эътибор диҳем.

Омили аввал, шакли иқтисодиёт бояд кишоварзӣ бошад, ки дар Осиёи Марказӣ қабилаҳои ори¬ёиҳо тақрибан аз асрҳои 5-и пеш аз мелод шурӯъ мекунанд ва оқибат дараҷаи баланди он баробари омадани арабҳо гум мешавад, ки дар ин давр тамоми ориёиҳо таҳҷоӣ ва муқимӣ мегарданд.

Бояд онро зикр кард, ки асоси муносибатҳои иқтисодии давраи тоарабиро рустакҳо ташкил менамуданд, ки дар Россия онро "обғина" меномиданд. Дар дохили рустак муносибатҳо дар асоси авлод пойдор шуда буданд ва баробари омадани арабҳо ва пайдошавии табақаҳо рустак ба шакли муносибати ҳамсоягӣ мегузарад, ки чунин инкишофи рустакҳоро дар тамоми ҷомеаҳои кишоварзӣ дидан мумкин буд. Рустаки ҳамсоягӣ гуфта чунин тарзи ташкили онро меноманд, ки авлод ба оилаҳо тақсим мешавад замин байни оилаҳо тақсим карда шуда аст. Беҳуда нест, ки ҳоло дар деҳа аксарияти хоҷагиҳои деҳқониро оила ташкил менамояд, ки он баъди авлод пайдо мешавад ва то ҳоло дар ҷомеаи кишоварзӣ боқӣ мондааст. Дар рустак кишоварзон ҳар дафъа дар байни худашон баъди гузаштани чор ё панҷ сол заминро аз сари нав тақсим мекарданд. Чунин тақсимотро вобаста аз миқдори аъзои оила мекарданд, ва аз ҳамин сабаб маълум аст, ки оилаи серфарзанд метавонист замини бисёр ба даст оварад ва агар тавонад заминҳои ҳамрустаконашро низ ба иҷора гирад. Бинобар ҳамин асоси тақсимоти замин сабаби серфарзандӣ дар оила аст. Чунин муносибатҳо дар ҳамаи рустакҳои кишоварзӣ мавҷуд буданд. Мисол, дар "обғина"-и русҳо олимон чунин ҳолати муносибатҳоро қайд мекунанд. Маркс низ дар мақолаҳои худ оид ба аҳволи Ҳиндустон рустакҳои ҳиндиро тасвир карда нишон медиҳад, ки дар тамоми давлатҳои шарқ рустакҳо асоси шакли ҳокимияти золимиро ташкил медоданд. Бинобар ҳамин давлатҳои шарқро давлатҳои табақавӣ номидан мумкин аст, ки агар ҳоким тағйир ёбад ҳам, шакли давлат тамоман бетағйир мемонад ва ташкилоти кишоварзон, яъне рустакҳо тамоман бетараф аз муносибатҳои давлатдорӣ мемонданд. Аз иваз шудани сулолаи Сомониён давлати тоҷикон гум намешавад. Бинобар ҳамин маълум мешавад, ки дар муҳорибаи Сомониён ва Қарохониён табақаҳои рӯҳониён ва савдогарони калон бетараф мемонанд. Чунин рафтори рӯҳониён он нишонаро ифода менамояд, ки барои давлати табақавӣ фарқе надорад давлатдор аз кадом қавм мебошад ва агар шумо манфиати тамоми табақаҳоро ифода карда тавонед, пас шумо ҳоким шуда метавонед ва тамоми мардум тарафдори шумо мешавад.

(идома дорад)


Очил ЗОҲИДОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97