ОНҲО ВАТАНХОҲ БУДАНД! Аз силсилаи "Босмачӣ кӣ буд? Ватанхоҳ ё хоин?"

Таърих 04.07.2009 14:10

ФИРОР АЗ ДАСТИ ХУДИҲО

Байни Шермуҳаммад ва Фузайлу Салимпошшо дар масъалаи ба чи тарзу усул идома додани мубориза алайҳи Артиши сурх баҳсу мунозираҳое сурат мегиранд, ки наздик буд ба даргирӣ бианҷоманд. Оқибат Шермуҳаммад қаҳр карда размандагонашро гирифта ба водии Вахё меояд. Дар ин ҷо ӯ ба эшони Султон аз ниятҳои бад ва нақшаҳои зидди Эшони Султон тарҳрезӣ намудаи Салимпошшо ва Фузайл Махсум нақл менамояд ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки якҷо ба Афғонистон ҳиҷрат карда, дар он ҷо каме ба худ омада баъд ба муборизаи хеш алайҳи ҳукумати шӯравӣ вусъат бахшанд.

Вале Эшони Султон ба гапҳои Шермуҳаммад чандон бовар намекунад ва аз рафтан ба Афғонистон худдорӣ менамояд. Сипас ба бародараш Эшони Сулаймон амр медиҳад, ки мусоидат намояд то Шермуҳаммад бо аскаронаш бе мушкилӣ марзи Тоҷикистонро убур карда ба Афғонистон бираванд. Дар аксари манбаъҳои таърихии дар Тоҷикистон ба нашр расида омадааст, ки Шермуҳаммад баъди ақибнишинӣ кардан ба Қаротегин ва чанд муддати дар он ҷо будан аз он ҷо ба водии Олой меравад, ки ин хилофи ҳақиқат аст. Шермуҳаммад бо кӯмаки Эшони Сулаймон тахминан моҳҳои октябри соли 1922 ба Афғонистон гузашта чанд муддат дар Кобул дар доираи амир Олимхон буда буду бош карда, сипас солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба Туркия мекӯчад. Ӯ соли 1970 дар синни 78 солагӣ дар шаҳри Адан вафот карда дар гӯристони ҳамон шаҳр ба хок супурда мешавад.

ШИКАСТИ САЛИМПОШШО

Салимпошшо бошад бо ҳамроҳии Махсуми Фузайл пеш аз он ки дар моҳи декабри соли 1922 ба Кӯлоб болои Артиши Сурх лашкар бикашанд, аввал дар Тавилдара яке аз маъруфтарин фармондеҳони ҳаракати зиддишӯравӣ дар он замон Эшони Султонро бо ҳамроҳии бародараш Эшони Сулаймон тахминан дар моҳи ноябри ҳамон сол дар қаряи Деҳи Калон ба дор мекашанд. Дар бораи зиндагиномаи Эшони Султон, нақши ӯ дар ҳаракати зиддишӯравӣ ва моҷарои ӯ бо Махсуми Фузайл, сабабҳои ба қатл расидани Эшони Султон мо ният дорем дар матлаби алоҳидае, ки баъди анҷоми нашри силсиламақолаи "Босмачӣ кӣ буд? Ватанхоҳ ё хоин?", ба табъ хоҳад расид, сухан бигӯем.

Салимпошшо гарнизони Кӯ¬лоб¬ро, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳо онро ҳамагӣ 50-60 нафар аскари сурх муҳофизат мекард, тайи ду ҳафта ба муҳосира гирифта билохира вориди он шуда онро ба куллӣ маҳв месозад. Вале худ ба ҳуҷуми артиши сурх, ки аз Кангурт ба кӯмаки гарнизони Кӯлоб шитофта буд, тоб наоварда ба Ҳисор фирор мекунад. Дар он ҷо боз лашкар ҷамъ карда нақшаи ба Қаршӣ ҳамла бурданро мекашад. Аз ин нияти Салимпошшо болшевикон воқиф шуда мудофиаи Қарширо ҷиддӣ гирифта моҳи марти соли 1923 лашкари чорҳазорнафараи Салимпошшоро дар даромадгоҳ ва дараҳои Қаршӣ шикаст медиҳанд. Лашкари ӯ ба ду самт пароканда мешавад. Як теъдодашон ба Мастчоҳ фирор мекунанд, қисмати дигарашон бо ҳамроҳи Салимпошшо аввал ба қаторкӯҳҳои Боботоғ ва баъда аз он ҷо ба Балҷувон паноҳ мебаранд. Ба Салимпошшо муяссар мешавад, ки то моҳи май боз қариб ду ҳазор сарбоз ҷамъ кунад. Ӯ низ мисли Анварпошшо мушкили Иброҳимбекро бо худ дошт. Бинобар ин мехоҳад, ки аввал ӯро ба итоати худ дарорад, сипас бо болшевикон набардро идома диҳад. Дар ҳамин ҳоле, ки аскарони Салимпошшо ва Иброҳимбек дар ноҳияи Лақай ба муқобили ҳам теғу шамшер кашида буданд, ҳарду лашкар аз пушти сарашон мавриди ҳамлаи аскарони сурх қарор мегиранд. Дар ҳамин ҷанг Салимпошшо беш аз 300 сарбозашро кушта медиҳад. Боқимондаҳояш паҳну парешон мешаванд. Худи ӯ аввал ба Қӯрғонтеппа ва аз он ҷо баъд ба Шӯрободи Кӯлоб баргашта аз назди қаряи Хирманҷо 15-июли соли 1923 ба Афғонистон мегузарад.

Ҷангҳо барои тасарруфи Бухорои Шарқӣ авҷ мегиранд.19 июли соли 1923 Ғарм дубора аз сӯйи аскарони сурх забт карда мешавад. Баъди шаҳодати Эшони Султон ва бародараш Эшони Сулаймон ҳам муқовимат алайҳи артиши сурх дар Вахёву Дарвоз идома доштааст. Ин муқовимат алайҳи болшевикон асосан зери фармондеҳии Махсуми Фузайл, ки акнун мири Қаротегину Дарвоз эълон шуда буд, сурат мегирифт. Вале азбаски лашкари болшевикҳо ҳам аз ҷиҳати теъдод ва ҳам аз ҷиҳати силоҳу муҳимот пурқувваттар буд, дигар ҳаракати зиддишӯравӣ пайи ҳам ба шикаст мувоҷеҳ мешуд. Ҳамин буд, ки аскарони сурх аз 2 то 12 августи соли 1923 аввал Тавилдара ва сипас Қалъаи Хумбро дуввумбора ишғол карданд. Фузайл Махсум чун дид, ки дигар наметавонад муборизаи муташаккилонаро алайҳи шӯравиён ба роҳ монад, 23 августи ҳамон сол тавассути Қалъаи Хумб ба Афғонистон фирор мекунад. Аммо дар Дарвоз муқовиматро алайҳи ҳукумати шӯравӣ фармондеҳони маҳаллӣ Диловаршоҳ, Қосимбек бо ҳамроҳии падараш Шоназрӣ идома медоданд. Ба онҳо муяссар мешавад, ки ҳатто як муддати муайяне ҳукумати шӯравӣ дар Қалъаи Хумбро барҳам зада қудратро чанд рӯзе ба даст бигиранд. Вале ба артиши болшевикон сари вақт кӯмаки низомӣ карда мешавад ва онҳо 21 ноябр боз аз сари нав Қалъаи Хумбро ба итоати худ медароранд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Диловаршоҳ ва бародараш Ғайратшоҳ дар ҳамин шабу рӯз аз сӯйи аскарони болшевик ба қатл мерасанд.

АНҶОМИ ҲАРАКАТИ ЗИДДИШӮРАВӢ

Бо аз сари нав барқарор кардани ҳукумати шӯравӣ қариб дар тамоми минтақаҳои Бухорои Шарқӣ ҳаракати зиддишӯравӣ дар ин минтақаҳо ба якборагӣ хотима наёфт. Масалан, Иброҳимбек дар Лақай, Раҳмон додхоҳ дар атрофи Душанбе, Темур ва Аловуддин дар Қаратоғ, Сулаймон дар Файзобод, Утанбек дар Қабодиён ба муқовимати хеш идома медоданд. Бояд гуфт, ки дигар онҳо он қадар тавоноиеро надоштанд, ки ба лашкари болшевикон зарбаи ҳалокатовар бизананд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳҳо дар алоҳидагӣ болои аскарони сурх ҳамла мебурданд, ки ин ҳуҷумҳо чандон муассир намебуданд. Хулоса, Иброҳимбек бо сарбозонаш то тобистони соли 1926 ба муқобили болшевикон ҷангид. Чун дарк кард, ки идомаи ҷанг дар он шароите, ки дошт, бефоида ҳаст, бо ҳамроҳии як теъдод фармондеҳони ҳаракати зидди шӯравӣ рӯзҳои 18-21 июни соли 1926 ба тарафи Афғонистон фирор мекунанд. Саргузашти Иброҳимбек пур аз муаммо, ихтилоф ва фоҷеа аст. Ба хотири дарки дуруст, бардошти мунсифона аз ҳодисаҳои ҳамон солҳо, ба хусус ҳаракати зиддишӯравӣ, (на қаҳрамон эълон кардани иштирокчиёни ин ҳаракат) омӯхтани зиндагиномаи Иброҳимбек ва чанд тани саршиноси фармондеҳони дигари муқовимати зиддишӯравӣ, фикр мекунем, ки зарур аст, ба манфиати таърихшиносӣ ва имрӯзу фардои мо хоҳад буд. Дар ин самт корҳое аз сӯйи баъзе аз муҳаққиқон анҷом гирифтааст, вале онҳо низ асосан бо такя ба сарчашмаҳои замони шӯравӣ ва архивҳои шӯравӣ сурат гирифтаанд. Ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки бо баъзе аз нафарҳое сӯҳбат кард, ки бевосита аз забони иштирокчиёни ҳодисаҳои ҳамон солҳо қиссаҳоро шунидаанд. Зарур аст аз сарчашмаҳое истифода бурд, ки ҳамон солҳо дар кишварҳои хориҷ ва имрӯзҳо, дар замони соҳибистиқлолӣ, дар ҳамсоякишварҳои мо дар ин мавзӯъ ба табъ расидаанд. Таърихи ҳаракати зиддишӯравиро аз дидгоҳи як кишвари соҳибистиқлол, бо нигоҳи тоза ва мунсифона навиштан талаби замон ва ба манфиати миллат аст.

Хулоса, бо ҳамон сабабҳое, ки болотар аз онҳо ном гирифтем, ҳаракати зиддишӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ асосан дар солҳои 1923-1926 ба пуррагӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Кӯшиши дар соли 1929 аз сӯи Махсуми Фузайл ва дар соли 1931 аз сӯйи Иброҳимбек эҳё кардани ин ҳаракат ба нокомӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ба Махсуми Фузайл агарчи муяссар мешавад, ки баъди шикасташ чанд моҳ баъд худи ҳамон сол дубора ба Афғонистон фирор кунад, вале Иброҳимбек дастгир шуда баъди чанд муддате ба шаҳодат расонда мешавад. Воқеан, нуқтаи назари дигаре низ вуҷуд дорад, ки тибқи он гӯё шахси дастгиршуда Иброҳимбек набуда, балки қарина (двойник)-и ӯ будааст. Шоир ва нависандаи тоҷик Убайдуллоҳи Ширин, ки дар бораи таърихи Ёвон китобе навиштааст ва он феълан дар дасти чоп ҳаст, бо истинод ба матбуоти солҳои ҳаштоди шӯравӣ, фарзияеро низ меорад, ки тибқи он Иброҳимбек то солҳои ҳаштодум дар Туркия умри муфарраҳеро ба сар бурда дар ҳамон ҷо аз дунё гузаштааст.

ОНҲО ВАТАНХОҲ БУДАНД, НА ХОИН!

Акнун меоем сари масъалаи асосии ин силсиламақола посухи суоли босмачиёнро, аниқтараш иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравиро, ватанхоҳ бигӯем ва ё хоин. Хонандаи гиромие, ки аз аввали соли 2009 босаброна ин силсиламақоларо дар ҳафтаномаи "Миллат" пайваста мутолиа намуда то ба ин лаҳза расидааст, албатта акнун медонад, ки босмачӣ кӣ ҳаст, ин калима аз кай боз дар забони мо ва халқҳои дигар дар истеъмол аст, дар аввал он нисбати кӣ истифода мешуд ва баъд бо кадом мақсадҳо онро нисбати мухолифони ҳукумати шӯравӣ истифода мекардагӣ шуданд. Хулосаи гап ҳамин буд, ки дар замони амирӣ босмачӣ ин дузду ғоратгар буд, ки барои ҳама: амир, русҳо, мардум баробар бад буд, баробар дарди сар эҷод мекард. Чун болшевикон ҳукуматро дар Бухоро бо зӯри силоҳ гирифтанд, нирӯҳоеро, ки ба муқобилашон ба ҷанг хестанд ва аз хонаву дари худ, ҳайсияти миллии худ дифоъ карданд, босмачӣ гуфтанд. Ҳатто амирро ҳам ки барои барқарор кардани ҳукумати худаш бо онҳо ҷанг мекард, босмачӣ гуфтанд, ҳатто сардори босмачиҳо гуфтанд. Яъне сардори дузду ғоратгарон гуфтанд. Мардуми оддиеро, ки ҷавобан ба даъвати пешвоҳои мазҳабии худ баҳри муҳофизати дин ва ин сарзамин аз бегонагон силоҳ ба даст гирифтанд, босмачӣ гуфтанд. Дар ин маврид мо тоҷикҳо як мақол дорем: Дузди зӯр соҳиби говро банд кардааст.

Албатта дар байни онҳое, ки зидди шӯравиҳо ҷанг мекарданд, дузду ғоратгарон низ буданд, чуноне, ки дар байни аскарони сурх низ онҳо кам набуданд. Вале дузду ғоратгар гуфтани тамоми онҳоеро, ки лашкари бегонаҳо як сохти давлатдории дигареро зӯран болои халқу кишварашон таҳмил менамуданд ва онҳо муқобили ин таҷовузу бедодгарӣ бошуурона муқовимат мекарданд, на танҳо дар пай ҳадафҳои идеологӣ дошт, балки он асосан ба он хотир гуфта мешуд, ки таъкид шавад, ки акнун соҳиби ин мулк маҳз онҳоянд ва акнун гӯё моли онҳоро ба ғорат мебаранд. Яъне дузду ғоратгар гуфтани ашхосе, ки дар баробари таҷовузи артиши кишвари дигар ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлати хеш силоҳ ба даст гирифтанд, ин мулоимтар карда бигӯем, рӯпӯш кардани ана ҳамин таҷовуз ҳаст. Ва аз ин рӯ камоли беадолатӣ ва беинсофӣ мебуд, ки мо ин қабил инсонҳоро ба қатори ватанхоҳон неву ба қатори хоинон дохил намоем. Бечунучаро онҳо ватанхоҳ буданд. Агар номусу шараф намедоштанд, агар ватанашонро дӯст намедоштанд, онҳо ҷони хешро барои он қурбон намекарданд. Ватанхоҳ гуфтани иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ набояд ба маънои он фаҳмида шавад, ки касе ки дар муқобили онҳо буд азҷумлаи ҳаммиллатону ҳамватанонашон, ҳамаи онҳо хоинони ин ватан буданд. На, аксарияти онҳое, ки сохти давлатдории навро пазируфтанд, онҳо ҳам ватанхоҳ буданд. Онҳо дар ҳамон шабу рӯз мутмаин буданд, ки ватанро аз ҳалокат танҳо бо ҳамон роҳе, ки онҳо равон буданд, бо ҳамон роҳ метавон наҷот дод. Онҳо муборизаро бо Артиши як кишвари абарқудрат кори беҳуда ва марговар медонистанд. Наҷоти хешу зану фарзанди хешро дар ҳамкорӣ бо ҳукуматдорони нав медонистанд. Онҳо маҷбур буданд, ки ҳукумати навро қабул кунанд. Онҳо бо сабабҳои гуногун наметавонистанд ҷанг кунанд, на бо ин тараф ва на бо он тараф. Онҳо хоҳони сулҳу субот буданд. Хулоса, онҳо низ ватанашонро дӯст медоштанд, аз ин рӯ онҳо низ ватанхоҳ буданд. Вале ҳамзамон дар байни онҳое, ки ҳукумати навро довталабона ва иҷборан қабул карда буданд, буданд нафарҳое, ки агар болшевикони рус ба онҳо мегуфтанд салла биёр, калла меоварданд. Чунин ашхосро албатта наметавон ватанхоҳ гуфт. Онҳо низ мисли ҳамон босмачиёни ғоратгар ҷинояткор буданд. Онҳо хоини миллату ватанфурӯш буданд. Вале имрӯз мо ба хотири ояндаи миллат набояд дар ҷустуҷӯйи онҳое бошем, ки солҳои 20-30-юм асри гузашта ҷиноят содир кардаанд. Агарчӣ хоҳ дар миёни иштирокчиёни зиддишӯравӣ бошанд ва ё хоҳ дар миёни барпокунандагони давлати шӯравӣ. Ба гузашта салавот. Вале сад афсӯс, ки на ҳама чунин фикр доранд…

ТАҶОВУЗЕ, КИ ИНҚИЛОБ НОМАШ ГУЗОШТАНД

Имрӯз дар Русия ба ҷуз аз коммунистҳо дигар қариб тамоми ақшори ҷомеа ҳодисаи бо зӯри силоҳ ба сари қудрат омадани болшевиконро дар октябри соли 1917 маҳкум мекунанд. Онро табаддулоти давлатӣ меноманд. Мисли даврони шӯравӣ дигар инқилоб намеҳисобанд. Подшоҳ Николайро, ки бо дасти болшевикон кушта шуд, ба қатори шуҳадо ва ашхоси муқаддас дохил карданд.

Мо чӣ кор мекунем?

Бубинед, як гурӯҳи болшевикони Русия чанд ҳазор норизоро аз ҳукумати амирӣ ба атрофи худ ҷамъ карда инқилоб гуфта аморатро бо қувваи артиши худ ба тасарруфашон дароварданд. Инқилоб дар Русия агар воситаи ба сари қудрат омадани як нирӯйи дигари сиёсии худи ҳамон Русия буд, инқилоби ба роҳ мондаи болшевикон дар Бухоро ин пӯшиши таҷовузи як кишвар болои кишвари дигари соҳибистиқлол буд. Чанд нафарро бозичаи дасти худ карда давлати ҳукуматаш лӯхтакмонанде сохтанд. Зоҳиран чанд муддате ин давлат соҳибистиқлол буд. Баъдан мустақилияташро бо ҳамроҳ шудани Ҳизби Коммунисти Бухоро ба Ҳизби Коммунисти Русия ба пуррагӣ аз байн бурданд. Ба муқобили онҳое, ки алайҳи ин таҷовуз эътироз карданд, ҷангро шурӯъ карданд.

Бале, дар аморати Бухоро зулму тааддӣ болои мардуми оддӣ хеле зиёд буд, мардум на танҳо аз амир, балки аз ҳокимони маҳаллӣ, аз мансабдорон низ дар азоб буданд. Фасоду ришвахорӣ, беадолатӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ як кори муқаррарӣ шуда буд. Зиёиёну маорифпарварон кӯшишҳо ба харҷ медоданд, ки камбудиҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мардуми кишвар ислоҳи худро пайдо кунанд. Пешниҳодҳо ва талошҳое низ аз сӯйи онҳо сурат мегирифт. Вале мутаассифона, амир ва ҳукумати ӯ ба ин пешниҳодҳо кам аҳамият медоданд, баръакс таъқибу фишорро болои равшанфикрону андешамандон зиёдтар мекарданд. Мутаасифона, дар лаҳзаи ҳассосе, ки бо рух додани инқилоби октябрии Русия дар қаламрави аморати Бухоро ба вуҷуд омад, на амиру ҳукуматаш ва на мухолифони ӯ натавонистанд ба ҳам биёянду забон биёбанд ва аҳолиро аз таҳдиди ҷанг дар амон нигоҳ доранд. Ҳар кадоме аз тарафҳо боварӣ дошт, ки дар ин муқовиматҳо алайҳи якдигар пирӯз хоҳад шуд. Дар муносибатҳои онҳо замоне фаро расид, ки ягон тараф дигар гузашт кардан намехост. Гумон мекард, ки ҳамин чанд лаҳза баъд баранда хоҳад шуд. Бехабар аз он ки нирӯе ҳаст, ки мехоҳад ин вазъиятро ба манфиати худ истифода барад ва оқибат истифода бурд. Ва ин нирӯ ҳукумати болшевикии Русия буд. Бо баҳонаи инқилоби халқӣ таҷовуз алайҳи мардуми мусалмони аморати Бухоро сурат гирифт. Ин таҷовуз чунон моҳирона роҳандозӣ шуд, ки дигар дар берун ҳам онро дигар кишварҳои ҷаҳон, асосан, чун як кори дохилии давлати нави Бухоро донистанд. Зеро таҷовузгарон ба тадриҷ ҷангро бо дасти худи мардуми Бухоро ба муқобили мардуми Бухоро мекардагӣ шуданд. Тавонистанд, ки як бародарро алайҳи бародари дигар, як тоҷикро ба муқобили тоҷики дигар, як ӯзбекро муқобили ӯзбеки дигар бишӯронанд. Баъдҳо, дар замони мо нависандагони муосири рус, аз қабили шамбаровҳо, ин амали аҷдоди хеш, яъне ба муқобили осиёҳо ҷанг кардан бо дастони худи осиёиҳоро кори пурифтихор медонанду таърифу таблиғ мекунанд.

Оқибати ин таҷовуз барои мардуми Осиёи Марказӣ чӣ гуна будааст? Ба ин савол, мутаассифона, дар сарчашмаҳо ҷавоби мушаххас пайдо кардан хеле душвор аст. Зеро кам муҳаққиқон аз ин нигоҳ ба таҳлили воқеаҳои солҳои 20 пардохтаанд. Бештар дар бораи пирӯзиҳои ҳукумати болшевикӣ, махсусан дар самти иқтисодиёт, сухан гуфтанро дӯст медоранд, ки чандон ҳарфи нодурусте нест. Вале дар матбуоти муосир ва васоити ахбори электронӣ гоҳу ногоҳ маводҳое ба нашр мерасанд, ки аз миқёси даҳшатноки оқибатҳои ин таҷовуз дарак медиҳанд. Масалан, узви Шӯрои ҳарбии инқилобии Туркистони Шӯравӣ Березин дар як маърӯзаи худ ҳанӯз 31 июли соли 1921 дар бораи талафоти босмачиён менависад, ки "тибқи маълумотҳои ба Штаби фронт расида дар се сол наздик ба 300 ҳазор босмачӣ ба қатл расидааст. Дар асл босмачиён ҳеҷ вақт аз 15 ҳазор зиёд набуданд". Дар ҷойи дигар мехонем, ки танҳо аз Бухорои Шарқӣ дар солҳои 1922-24 ба Афғонистон беш аз 400 ҳазор нафар аҳолӣ паноҳанда шудааст.

Хонандаи гиромӣ, бубинед, бо иқрори як болшевики рус теъдоди босмачиён, яъне муборизони зиддишӯравӣ, дар се соли аввал ҳамагӣ дар ҳудуди 15 ҳазор нафар будааст. Вале дар се соли аввали ҷанг "тибқи маълумотҳои ба штаби фронт расида" босмачӣ гӯён 300 ҳазор нафар аҳолӣ ба қатл расидааст. Таъкид мекунем, ки ин миқдор талафоти ҷонӣ танҳо дар се соли аввали ҷанг ба қайд гирифта шудааст. Аммо мо акнун каму беш медонем, ки ҳаракати зиддишӯравӣ тақрибан то солҳои 1931, яъне то шикасти Иброҳимбек идома кардааст. Ҳарчанд нуқтаи назари дигаре низ дар ин бора ҳаст. Баъзе аз муҳаққиқон санаи вафоти Ҷунайдхонро (соли 1938) санаи хатми ҳаракати зиддишӯравӣ медонанд. Хулоса, дар 10-15 соли боқимондаи ҷанг талафоти ҷонии мардуми мулкӣ ба эҳтимоли қавӣ чандин маротиба зиёд аст. Шумораи онҳое, ки тарки ватан карданд, низ дар ин муддат ба маротиб афзудааст.

Хулоса дар натиҷаи ин ҷанг, ки дар китобҳои замони шӯравӣ Инқилоби Бухоро ном гирифт, амир, ҳукумати ӯ, мухолифонаш, раъияти Бухоро на танҳо талафоти ҷонӣ, хисороти молии зиёдеро таҳаммул карданд, балки як давлати мустақилро аз даст доданд. Кӯтаҳназарӣ дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, низомиву фарҳангӣ, нодида гирифтани манофеи мардум, давлат, гузашт накардан ба якдигар дар масоили муҳими давлатдорӣ оқибат кори худро карданд.

ТОҶИКҲО ЗИДДИШӮРАВӢ НАБУДАНД? ДУРӮҒ!

Дар баъзе китобҳо ва инчунин мақолаҳое, ки дар матбуот вақтҳои охир ба табъ мерасанд, муаллифонашон менависанд, ки босмачиён асосан туркзабонон буданд ва онҳо барои эҳёи давлати манғитҳо мубориза мебурданд. Гӯё теъдоди ками тоҷикон ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Тоҷикон гӯё аслан дар замони шӯравӣ давлатдории худро боз аз сари нав ёфтанд. Замони шӯравӣ гӯё тоҷиконро аз сари нав соҳиби давлат кард. Ба фикри мо ҳамаи ин суханҳо идомаи ҳамон таблиғоти даврони коммунистӣ ҳаст. Ҳанӯз ҳам мо тилисми таблиғоти замони шӯравиро ба таври бояду шояд натавонистаем дар шуури хеш бишканем. Ба андешаи мо агар амиқ назар андозем болшевикҳо ҳукуматро аслан аз тоҷикон гирифтанду ба дигар миллатҳо доданд. Ҳарчанд мо эътироф кардан намехоҳем, ки амир Олимхон тоҷик буд, вале бозмондагони ӯ дар ҳар куҷое, ки ҳастанд, худро тоҷик меҳисобанд. Падари Амир Олимхон Амир Абдулаҳад бо тахаллуси "Оҷиз" ба забони тоҷикӣ шеър мегуфт. Ӯ ба мисли Навоӣ зулисонайн набуд, ки бигӯем турк буду бо забони тоҷикӣ низ шеър мегуфт. Ҳамаи амирони Бухоро мусиқии классикии "Шашмақом"-ро дӯст медоштанду онро ба забони тоҷикӣ гӯш мекарданд. Агар хато накунам, хондани "Шашмақом" ба забони ӯзбекӣ аз солҳои шастуми асри гузашта шурӯъ шудааст. Хуб, фарз кардем, ки амирони Бухоро тоҷик набуданд. Яъне, дар аморати Бухоро дар сари қудрат тоҷик набуд. Вале давлат тоҷикӣ буд-ку охир? Забони расмиву давлатӣ асосан тоҷикӣ буд. Таълим дар мадрасаву мактабҳо асосан ба забони тоҷикӣ буд. Дар сари вазифаву мансабҳо асосан онҳое буданд, ки бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд. Сталин ҳам рус набуд, вале касе намегӯяд, ки Русия давлати гурҷӣ буд. Касе намегӯяд, ки дар замони Сталин гурҷиҳо дар Русия дар сари қудрат буданд.

Болшевикҳо бо суқут додани аморати Бухоро давлати тоҷиконро аз байн бурданд ва турктаборонро ба сари қудрат оварданд. Забони давлатӣ ва расмии давлати нави Бухороро дар рӯзҳои аввали бунёд шуданаш туркӣ кардан ҳам ба мақсади пурра аз байн бурдани давлатдории тоҷикон буд. Ин ҳама корҳо асосан ба он хотир карда мешуданд, ки дигар тоҷиконро дар давлатдорӣ саҳим накунанд. Тоҷике, ки мансаб мехост, бояд худро аз табори турк мегирифт. Мантиқи болшевикон содда буд. Тоҷикон, ки дар гузашта давлат доштанд ва аз тарзу усули давлатдорӣ каму беш хабардор буданд, онҳоро ба мушкил метавон фиреб кард. Бо онҳое, ки давлат надоштанд, кор кардан осонтар аст. Онҳоро ба сари қудрат овардан даркор, зеро онҳо тарзи давлатдориро намедонанд ва онҳоро идора кардан чандон душвор нахоҳад буд. Вале болшевикони рус хато карданд. Андешамандони ақвоми турк дар як муддати кӯтоҳ дарк намуданд, ки мустақил будан аз давлати болшевикон барои мардуми онҳо манфиати бештаре хоҳад овард. Бинобар ин шурӯъ карданд ба татбиқи ниятҳои пантуркистии худ. Тибқи нақша онҳо натанҳо бояд дар Осиёи Марказӣ аз зери итоати Русия мебаромаданд ва давлати мустақили худро таъсис медоданд, балки мебоист як қисми худи Русияро, ки дар он минтақаҳо турктаборон зиндагӣ мекарданд (масалан, Тотористон, Бошқирдистон), ба давлати хеш ҳамроҳ мекарданд. Болшевикони рус ин хатарро вақте ҷиддӣ эҳсос карданд, ки Анварпошшо ба Бухорои Шарқӣ омаду ба татбиқи ин нақшаи пантуркистӣ оғоз кард. Мақолаву маводҳои дар ин давра навиштаи устод Айнӣ, Шириншоҳ Шотемур, Нусратуллоҳ Махсум, Чинор Имомов ва дигарон дар бораи аҳдофи пантуркизм чашмони болшевикони русро дар ин масъала бозтар карданд. Болшевикони рус дар пайи илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ шуданд. Яке аз роҳҳои пеши пантуркизм гирифтанро русҳо дар ба сиёсат бозгардондани тоҷикҳо донистанд. Онҳо хуб дарк карданд, ки тоҷикҳои давлатаздастдода метавонанд дар сурати ба сиёсат ҳамчун миллати соҳибҳуқуқ баргаштанашон барои давлати Русия мисли сипаре ва ё қалъае хизмат кунанд дар муқобили пантуркизм. Манфиатҳои Русия водор мекард, ки онҳо тоҷиконро дар муқобили пантуркизм ба по бихезонанд. Барои ин тоҷикҳоро бояд соҳиби воҳиди ҳудудӣ-маъмурӣ (на давлат) кард. Ҳамин буд, ки бо кӯшиш ва ризояти русҳо аввал дар соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон, сипас дар соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷониби Ӯзбекистон ҳарчанд кӯшиш кард, ки ин кор сурат нагирад, вале чун Русия (баъди декабри соли 1922 давлати СССР, ки роҳбарони он ҳам пеш аз ҳама манофеи Русияро ба назар мегирифтанд) дар ин кор бо ҳамон сабабҳое, ки гуфтем манфиатдор буд, он амалӣ шуд.

ҶАНГИ СОЛҲОИ 20-УМ

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ НАБУД!

Дар таърихнигории муосири мо баъзе муаллифон ҷангҳои солҳои 20-30 ва солҳои 90-умро ба ҳам муқоиса карда ба хулосае омадаанд, ки ин ду ҷангро метавон ҷанги шаҳрвандӣ гуфт. Шартан якеро ҷанги шаҳрвандии аввал ва дигареро ҷанги шаҳрвандии дуввум номид. Азбаски дар ин мавзӯъ андешаи дигар дорем, лозим донистем онро дар ҳамин ҷо баён кунем, зеро он бо мавзӯйи асосии силсиламақолаи мо мантиқан дар иртибот аст.

Нахуст бояд бигӯем, ки ба ақидаи мо ҷанги солҳои 20-30-юмро ҷанги шаҳрвандӣ гуфтан чандон ба ҳақиқат дуруст намеояд. Чаро? Пеш аз ҳама барои он ки дар сентябри соли 1920 кишваре, ки қариб аксари мардуми Тоҷикистони имрӯза тобеъияташро доштанд, яъне аморати Бухоро, мавриди ҳуҷуми Артиши Сурхи Русияи Шуравӣ қарор гирифта суқут дода шуд. Дар аввал ҳукумати лӯхтакмонанде рӯйи кор оварда шуд, ки баъдан мустақилияти зоҳирии он ҳам аз байн бурда шуд. Ҳарчанд баъдҳо ба ҷои аморати Бухоро ва Туркистони шӯравӣ чанд ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ таъсис дода шуд, вале ҳеҷ кадоми аз онҳо мустақил набуданд. Аморати Бухоро хубу ганда пули худро дошт, марзи худро дошт, гумрук дошт, бо дигар кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои дипломатӣ дошт. Ин атрибутҳо дар замоне, ки шӯравиҳо ба сари қудрат омаданд, ҳама лағв шуданд. Яъне нишонаҳои мустақилият аз давлатдории ин воҳидҳои ҳудудӣ-маъмурӣ гирифта шуд. Ҷумҳуриҳое, ки баъди суқути аморати Бухоро ва мунҳал шудани Туркистони шӯравӣ таъсис гардиданд, дар асл ҳеҷ кадомашон кишвари мустақил набуданд. Пулашон пули ҳукумати марказӣ буд, сарҳадашон сарҳади СССР буд, артиш, гумрук ҳам ҳамчунон. Пас гуфтан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз сӯйи Русияи шӯравӣ забт гардид ва дар он ҷо сохти давлатдории Русия рӯйи кор оварда шуд.

Аз сӯйи дигар ба муқобили ҳукумати нави лӯхтакмонанд ва Артиши болшевикҳо бо роҳбарии худи Амир Олимхон, яъне роҳбари давлате, ки мавриди таҷовуз қарор гирифта буд, мубориза оғоз гардид. Ҳадафи асосии муборизаи тарафдорони амир баргардондани сохти давлатдории аморат буд. Артиши Сурх бошад юриши худро, ки аз Бухоро оғоз карда буд, идома дода қадам ба қадам бо зӯри силоҳ минтақаҳои боқимондаи аморати Бухороро ба тасарруфи давлати абарқудрати шӯравиҳо даровард. Пас куҷои ин ҷанг ҷанги шаҳрвандӣ ҳаст? Он ки Артиши Сурх воҳиди низомие аз мардуми Бухоро ва ё минтақаҳои дигар дар ҳайати худ таъсис доданд, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки халқ бо хоҳиши худ ин воҳидҳои низомиро ташкил мекарду ба ҷанг мерафт. Дар ҷангҳои ишғолгарона аз чунин усул кор гирифтан аз давраи қадим то ба замони мо як шеваи маъмулӣ ҳаст. Ба ёд биёред "Легиони Туркистонӣ"-и лашкари Гитлерро.

ҶАНГИ СОЛҲОИ 90-УМ КОРИ ДАСТИ КӢ БУД

Ва аммо ҷанги солҳои 90-ум ин, дар ҳақиқат, ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Зеро кишваре болои кишвари мо ҳуҷум накардааст. Баръакс, навакак соҳибистиқлол шудем. Бояд давлат месохтем, Ватанро обод мекардем. Тамоми ақшори ҷомеа инро мехост. Бале, буданд талошҳое аз сӯйи нирӯҳои сиёсии алоҳида, гӯрӯҳои алоҳида барои ба сари қудрат омадан. Онҳое, ки дар сари қудрат буданд, дар навбати худ намехостанд, ки ҳукуматро аз даст бидиҳанд. Масъалаи тақсими мансабу вазифа, хусусигардонии моликияти давлатӣ низ матраҳ буд. Вале ҳама ҷонибҳои манфиатдори дохили кишвар сар задани ҷангро ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд. Зеро ҳам тарафи ҳукумат ва ҳам он тарафе, ки мехостанд ба ҳукумат биёянд, ё мавқеи хубтар дошта бошанд дар ҳукумат, ё дар талаби озодиҳои бештар буданд, ба дарки он мерасиданд, ки агар ҷанг шавад, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ аҳдофи худро бароварда наметавонанд. Дар дохили Тоҷикистон ҷанг ба ҳеҷ як қувва лозим набуд. Ба манфиати ҳеҷ кадом аз тарафҳо набуд.

Пас ҷанг ба кӣ лозим буд, ки он дар Тоҷикистон шурӯъ шуд?

Сар задани ҷанг дар Тоҷикистон ба ҳукумати ҳамон вақтаи Русия ва ҳукумати Ислом Каримов дар Ӯзбекистон лозим буд. Чаро? Барои Русия муҳим он буд, ки аз вуруд ва нуфузи баъзе кишварҳо ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намояд. Яъне агар дар ин ҷо ҷанг бошад кишваре наметавонад ба Тоҷикистон, ки мавқеи муҳими стротегӣ дорад, биёяд ва ҷойгузини Русия шавад. Заъфи иқтисодӣ дигар имкон намедод, ки Русия дар ин ҷо худаш яккатозӣ кунад.

Барои ҳукумати Ислом Каримов аз он ҷиҳат ҷанг дар Тоҷикистон зарур буд, ки бо баҳонае аз нуфузи нирӯҳои мухолиф ва ислоҳотталаб дар дохили кишвараш пешгирӣ намояд ва ҳатто онҳоро саркӯб намояд. Албатта дар матбуоти даврӣ иллатҳои дигар низ нишон дода шуданд. Масалан нияти ба тасарруфи худ даровардани баъзе аз манотиқи Тоҷикистон.

Бинобар сабаби ба манфиати ҳукуматҳои ин ду кишвар будани нооромиҳо дар Тоҷикистон онҳо тамоми корҳоро карданд, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар бизанад. Аз ихтилофу тафриқа кор гирифтанд. Дахолати муғризонаи онҳо дар давлатдории мо моро ба ҳам душман кард. Мо, тоҷикистониён бо кӯтаҳназарии худ, бо аз даст додани ҳушёрии сиёсии худ ба тадриҷ ба вартаи ҷанг рафтем.

Сулҳи тоҷикон низ дар соли 1997 бе мусоидати ҳукумати вақти Русия ва Ӯзбекистон имконнопазир буд. Роҳбарони ин ду кишвар баъди панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо дарназардошти тағйироте, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайваста буд, манофеи кишвари худро аз идомаи ҷанг дар кишвари мо дар хатар диданд ва талош карданд, ки дар Тоҷикистон сулҳ ҳарчӣ тезтар барқарор шавад.

Бо овардани ин нуктаҳо гуфтанӣ нестам, ки Русия ва Ӯзбекистон душманони Тоҷикистонанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ кишварҳо, ба хусус мардуми кишварҳо, душмани кишварҳои дигар буда наметавонанд. Ин ҳукуматҳои ин кишварҳо ва сиёсатмадорони алоҳидаи онҳоанд, ки бо баҳонаи дарёфт ва ё ҳифзи манофеи кишвар ва миллати худ, корҳоеро роҳандозӣ мекунанд, ки мунтаҳо бар зарари на танҳо давлатҳои дигар, балки гоҳо худи онҳо низ анҷом мегиранд.

Ҳаждаҳ соли истиқлолият нишон дод, ки ҳукуматдорони ин кишварҳо асосан ва бештар дар пайи манофеи худ ҳастанд. Сиёсати ҳукумати мо низ мутобиқ ва ҷавобгӯйи ин сиёсатҳо бояд бошад.

Сабақи таърих инро тақозо дорад.


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97