Баҳси озодии баён, VPN ва озодӣ аз пардохти молиёт дар Душанбе

Расонаҳо 04.05.2019 11:58

Конфронси байналмилалӣ, таҳти унвони “Мусоидати расонаҳо барои рушди устувори сулҳ ва демократия”, рӯзи 3 май дар шаҳри Душанбе бо баёни мушкилот ва пешниҳодот барои рафът ин мушкилот ба поён расид.

Дар ин конфронс теъдоде аз намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонони ин нишаст ва рӯзноманигорон аз вазъи дастрасӣ ба Интернет дар кишвари мо изҳори нигаронӣ карданд.  

Ҷон Поммершайм, сафири ҷадиди Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар нишасти рӯзи ҷумъа, 3 май дар шаҳри Душанбе гуфт, масдуд кардани Интернет на танҳо ба озодии баён, балки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон зарбаи муҳлике мезанад.

Дар ин росто, ӯ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, то озодии баён, бахусус дастрасӣ ба Интернетро дар кишвар таъмин кунанд. Ҷаноби Поммершайм аз ҷумла гуфт:

 "Ба назари мо, дастрасӣ ба иттилоъ тавасути Интернет бисёр муҳим аст. Бастани сомонаҳо ва эҷоди маҳдудият барои дастрасӣ ба Интернет ба рушди соҳибкорӣ низ халал мерасонад.  Аввалан, ман аз чандин соҳибкор шунидам, ки Интернет барои пешбурди корашон фавқулода муҳим аст. Дуввум,дастрасӣ ба Интернет барои рушди ҷомеа зарур аст. Ин минбарест, ки мардум имкони озодона баён кардани фикри худ ва муколамаро доранд. Мо бар онем, ки бастани сомонаҳо бояд хотима ёбад ва Интернет фазоебоз бошад. Аз суи дигар, масоили амниятӣ низ вуҷуд дорад ва ҳар кишвар ҳақ дорад, ки бо падидаҳое шабеҳи терроризм ва ғайра мубориза кунад. Аммо дар ҳар сурат, ин мубориза набояд баҳонае барои комилан масдуд кардани сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли он бошад."

Сафири ИМА ҳамчунин гуфт, хабарнигорон дар саросари ҷаҳон барои суботи кишварҳо мусоидат мекунанд ва ҳукумати Амрико озодии баёнро ҳам дар ҷомеа ва ҳамчунин дар фазои маҷозӣ дастгирӣ менамояд.

Ҳю Филпотт, сафири Британияи кабир дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, Интернет, мисли обу барқ дар зиндагии имрӯз, навобаста аз он ки мардум онро чӣ гуна сарф мекунад, зарур аст.  Ӯ афзуд: "Интернет  бахши муҳимми зиндагии мост ва аз ин рӯ ба он ниёз дорем. Тариқи он садои мардуми одӣ, ҳатто қишри таҳсилнодида шунида мешавад. Ман тамоми хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт мекунам. Бастани маҷрои он имкон надорад, наметавон тамоми сомонаҳоро масдуд кард, қулфшиканҳо, VPN-ҳое ҳастанд, ки ин маҳдудиятҳоро рахна мекунанд".

Нилс Ҷенсон, мушовири бахши сиёсии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, ки низ дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён суханронӣ дошт, бо нигаронӣ аз вазъи дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон гуфт: “Интернет набояд масдуд шавад, ҳаққи ин озодиро аз шаҳрвандон набояд гирифт".

Масрур Абдуллозода, мушовири ёрдамчии Президент дар умури робита бо ҷомеа, ки низ дар ин ҳамоиш суханронӣ кард, таъкид бар он дошт, ки таъмини озодии баён дар мадди назари ҷиддии ҳукумати кишвар қарор дорад. Ӯ афзуд: “Барои мо “танқиди созанда ва бодалел лозим аст, на сӯзандаву интиқомҷӯёна”.

Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низ дар ин нишаст суханронӣ мекард, аз ҳозирин даъват кард, то дар таҳияи қонун дар бораи амнияти иттилоотӣ фаъолона ширкат кунанд ва пешниҳодоти худро ба порлумони кишвар ирсол намоянд.

Карим Аминӣ, хабарнигори телевизиёни “Тулуънюс”, ки барои ширкат дар ин нишаст аз Кобул омадааст, гуфт, агарчӣ Афғонистон дар раддабандии созмонҳои ҷаҳонӣ дар шохиси Озодии баён дар сафи пеш қарор дорад. Аммо байрақи озодии баён дар ин кишвар ранги сурх дорад, ки аз хунҳои рехтаи ҳазорон шаҳиди роҳи озодии сухан ба худ ранг гирифтааст. Ӯ, ки аз суи мизбонон ба ҷоизаи ифтихорӣ сарфароз гардид, гуфт, ин ҷоизаи ҳамкорон шаҳиди ман аст, ки дар ин роҳ ҷон бохтаанд, ин ҷоизаи он ҳамкори маъюб гардидаи ман аст, ки яке бо чашми кӯр, дигаре бо як пой ҳар субҳ ба коргоҳи хабаррасонӣ ҳозир мешаванд то озодии баён он ҷо по барҷо бошад. Ӯ аз даъвати мизбонон ва Ҳукумати кишвар барои даъват ва фароҳамсозии ин ҳамоиш дар фазои амну босубот изҳори миннатдорӣ кард, аммо гуфт, ки дар тӯли беш аз як даҳҳа дар Афғонистон ёд надорад, ки Интернет масдуд шуда бошад. Ӯ афзуд, он чӣ дар кишвари нозанин, пероста ва бо мардумони меҳрубони меҳмоннавоз мояи нороҳатии ӯ шуд, се рӯз бад ин су ҷустуҷӯи випеэн ба телефони айфонаш будааст. Зеро ба таъкиди ӯ, имрӯз башар аз тариқи Интернет нафас мекашад ва дар ин чанд рӯз ӯ ба унвони хабарнигор метавонист шодиҳо ва зебоиҳои кишвари моро бо мардуми Афғонистон шарик бисозад.

Мирасрори Фарғонӣ, рӯзноманигори мустақил аз Узбакистон, ки дар ин конфронс ширкат дошт, зимни суханроню дар бораи озодии баён дар кишвари хеш гуфт, ки дар Узбакистон насими тозаи озодӣ расидааст ва расонаҳо, ба хусус расонаҳои тоҷикӣ ба марҳилаи тозае аз фаъолият пардохтаанд. Ӯ гуфт, ки аксарияти рӯзноманигорони расонаҳои тоҷикӣ дар Узбакистон собиқадоронанд ва журналистикаи тоҷик дар ин кишвар ба насли нави рӯзноманигорон бо донишҳои нави фановарӣ ниёз дорад. Ин рӯзноманигор аз Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои рӯзноманигорӣ тақозо кард, то барои такмили ихтисоси хабарнигорони насли ҷавон дар Узбакистон ҳамкорӣ намоянд.

Адолати Мирзо, сардабири нашрияи “Миллат” дар раванди кори конфронс бар зарурати таъмини озодии сухан дар Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки матбуоти озод, мисоле нафас кашидан барои инсонҳо зарурият дорад, барои ҷомеъа зарур аст. Агар ин имкон фароҳам набошад, ҷои сухани санҷидаро хабарҳои бардурӯғ, носанҷида, иғво ва дар умум “ганд” мегирад.

Ӯ ба унвони як соҳибрасона, далели аслии мутаваққиф шудани чопи аксарияти расонаҳоро иқтисодӣ унвон карда, барои рафъи ин буҳрон пешниҳод дод, то ба унвони мақоми қонунгузори кишвар аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон озод кардани расонаҳои хабарӣ аз пардохти молиёт дархост шавад. Ин пешниҳод аз суи аксарияти ширкаткунандагон истиқбол шуд.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР бо пуштибонӣ аз ин пешниҳод гуфт, ки дарвоқеъ гаронии нархи нашрияҳо боиси коҳиши тирож шудааст, ки сабабгори он арзиши бисёр гарони чопхона мебошад.

Назари Парёнӣ, сардабири  нашрияи “Мондагор” -и Афғонистон низ ин пешниҳодро ба маврид хонд ва гуфт, ки Афғонистон ин таҷрибаро дорад ва расонаҳо дар ин кишвари дар ҳоли ҷанг ба таври намодин як миқдор молиёти ночиз ба давлат пардохт мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи миёна аз ин гуна иқдомҳо пайравӣ кунанд, дар таъмини озодии баён дар кишварҳояшон хидмати шоиста хоҳанд кард.

Дар поёни ин нишаст, эълон шуд, ки хулоса ва пешниҳодоти ин ҳамоиш дар шакли номае ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳамвор сохтани роҳҳои озодии баён ирсол мегардад.

Ҳамчунин дар анҷоми ин конфронс ба теъдоде аз хабарнигорон ва меҳмонон ҷоиза ва ҳадя тақдим шуд. Ҷоизаи “Эътимод”  аз суи Шӯрои ВАО –и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Манижа Қурбонова, хабарнигори “Азия плюс” тақдим гардид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97