Рисолати таърихии Акбари Саттор: Таъмини муттаҳидии журналистони тоҷик

Расонаҳо 13.03.2017 17:46

(Ёди ҳампеша бо баҳонаи Рӯзи матбуоти тоҷик)

 Бо амри тақдир ман ҳам муддате чанд дар матбуоти мустақили Тоҷикистон фаъолият кардам. Дар рӯзномаҳо ба ҳайси хабарнигор, дар ташкилотҳои ҷамъиятии рӯзноманигорон ҳам дар ҳамон мақоми касбии худ фаъолият доштам. Бинобар ҳамин мо бо Акбари Саттор, ки чанд соли охир дар баробари муассиси чанд рӯзномаи хусусии худаш будан, инчунин вазифаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро бар душ дошт, қариб ҳар рӯз дар мавриди ҳалли ягон масъалаи мубрами ҳаёти журналистони мустақил вомехӯрдем.

 Дар ибтидо чанд муддат дар рӯзномаҳои таъсисдодаи худи Акбари Саттор фаъолият кардам. Мо дар ду ҳуҷраи канори ҳам нишаста кор кунем ҳам, вай ҳаргиз беҳадаф моро назди худ намехонд.

Ман ба ҳар журналист аз рӯи маҳсули меҳнаташ баҳо медиҳам, бинобар ҳамин маҷлисҳои беҳудаю тулониро намеписандам. Зеро медонам, ки чунин маҷлисҳо вақти пурқимати рӯзноманигоронро зоеъ карда, хотирашонро парешон месозад. Беҳтараш журналист вақташро ба ҷустуҷӯ ва навиштани маводи хонданибоб сарф кунад, мегуфт Акбар ҳар гоҳ дар сӯҳбатҳо бо рӯзноманигороне, ки дар нашрияҳои таъсисдодаи ӯ фаъолият доштанд.

Дар хотир дорам, бори нахуст, вақте ӯро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб намуданд, дар яке аз мусоҳибаҳои нахустинаш ба ҳайси раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба журналистон гуфта буд, ки манфиатҳои рӯзноманигорони тоҷик, навобаста ба мансубияти онҳо ба рӯзномаҳои давлатӣ ё рӯзномаҳои хусусӣ, дар назди ӯ яксон аст ва мудом кӯшиш хоҳад намуд, ки дар байни онҳо ягон тафриқа нагузорад.

Дар ҳақиқат Акбари Саттор дар тули солҳои дар вазифаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фаъолият кардани хеш ин ваъдаи додаашро фаромуш накард ва бо ҳамин васила ӯ кушиш намуд, ки қолаби барғалати дар тафаккури як идда одамон ҷойшудаи мансубияти журналистони тоҷик ба рӯзномаҳои давлатию хусусиро аз байн бибарад. Борҳо дар суханрониҳояш дар маъракаҳои гуногуни расмии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ аз забонаш шунидаам, ки таъкид менамуд: Мо бояд дар байни рӯзноманигорони тоҷик тафриқа ва фосила нагузорем, онҳоро ба худию бегона ҷудо накунем, зеро ҳамаи мо – фарқ надорад дар рӯзномаи давлатӣ кор мекунем ё дар рӯзномаи хусусӣ, ҳамаамон барои як мақсад ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамон, дар маҷмӯъ барои манфиатҳои давлати миллиамон хидмат мекунем.

Илова бар ин ӯ таъкид менамуд, ки журналистон бояд пеш аз ҳама ба қонун такя намоянд, зеро, мегуфт вай, қонун ягона муттакои ҳар як журналист аст. «Бигузор мо журналисти давлатӣ ё мустақил бошем, вале дар ҳолати дағалона поймол кардани қонун ҳама дар назди он баробар ҷавоб хоҳем гуфт», таъкид менамуд Акбари Саттор ба журналистон.

Дар таҳкими суханонаш худи Акбари Саттор ҳамчун намунаи ибрати дигар роҳбарони расонаҳои хабарии кишвар баромад менамуд. Ба ҳимояи ҳар як журналист бо тамоми масъулият бармехест. Дар муроҷиатҳои журналистон ба роҳбарони давлат, ки ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои журналистон равона мегардиданд, пеш аз дигарон имзо гузошта, бо чунин амалаш дигар роҳбарони созмонҳои журналистии кишварро, ки дар баъзе ҳолатҳо мекалавиданд, водор менамуд, ки наҳаросида, зери муроҷиати ҷомеаи журналистон имзо гузоранд.

Дар як сӯҳбати кӯтоҳ, албатта, дар бораи сифатҳои як шахсияти бузург, амсоли Акбари Саттор, пурра ва ҳамаҷониба гуфтугӯ кардан мушкил аст. Вале таъкид намудан зарур аст, ки Акбари Саттор аввалин раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон созмони рӯзноманигоронро, ки аслан бидуни маблағгузории давлатӣ фаъолият мекунад, ба душ гирифта, журналистони тоҷикро гирди ҳам оварда, муттаҳид намуд ва рисолати ба зиммаи роҳбари созмони ҷамъиятӣ гузошташударо сарбаландона иҷро кард.

 

Абдуфаттоҳи ВОҲИД,

рӯзноманигор

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97