Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз ва таҳкими ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Расонаҳо 10.03.2017 15:56

Дар остонаи Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи хуҷастапай дар як ҳамойише дар шаҳри Душанбе пешниҳод шуд, то ба ифтихори Қаҳрамони Наврӯз – Бӯринисо Бердиева, рӯзноманигори далер ва сардабири нашрияи «Маориф ва маданият» хиёбоне дар пойтахти Тоҷикистон номгузорӣ шавад.

Ин мизи гирд бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз», нашрияи «Миллат» ва Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тахти унвони "Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз ва таҳкими ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз", дар шаҳри Душанбе, баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар ин мизи гирд, Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» ва раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон – «Афрӯз» бар он таъкид кард, ки маҳз бо қудрат ва тавоноии қалам Наврӯз дар Тоҷикистон ба ҷойгоҳи боиста ва шоистаи хеш нишаст. Ӯ аз талошҳои як насли бедор ва рушанфикри қаламкаш, ки дар садри он бонуи шуҷоъ Бӯринисо Бердиева меистод, ёдовар шуд ва гуфт, ки шумораи наврӯзии нашрияи «Маориф ва маданият» дар баҳори соли 1966 маҳз оғози ба минбар нишондани Наврӯз шуд.

Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки фарҳанги Наврӯз писанди байни миллатҳои ҷаҳони рӯ ба рушд аст ва ҳатто дар Кохи сафед чанд сол ба ин сӯ ба хотири гиромидошт аз Наврӯз, зиёфат ва барномаеро барои Наврӯз дуруст мекунанд, дар минтақаи мо бо баҳонаҳое наврӯзситезӣ дар ҷараён аст. Бино бар ин, мегӯяд ӯ, ин ягона мавриде, ки дар хусуси Наврӯз то ҳанӯз ба он таваҷҷуҳ сурат нагирифтааст, роҳандозии гуфтумоне аст, ки битавонад ба аммоҳо ва чароҳое дар хусуси Наврӯзситезӣ нуқтаи фарҷом диҳад.

Адолати Мирзо ҳамчунин ин суолро матраҳ кард, ки "пурсиш ин аст, ки чи тавр метавон дар партави намоде чун Наврӯз барои ҳамгироии минтақаӣ ва пайвастан ба ҳаракати ҷаҳонӣ истифода кард?"

 Абдулқодири Абдулқаҳҳор, раиси китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ низ зимни суханронӣ дар ин мизи гирд, бар нақши расонаҳо дар ҳамгироӣ таъкид кард ва гуфт: Матбуот бояд бештар барои густариши ҳамкориҳо ба хусус дар минтақа гом бардорад.

Ӯ баргузории ин мизи гирдро дар остонаи Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯз рамзӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки баргузории ин нишаст дар китобхонаи ба номи устод Лоҳутӣ, ки аз асосгузорони журналистикаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, бесабаб нест. Ӯ гуфт, ки Устод Лоҳутӣ барои рушди матбуоти тоҷик саҳми босазое дорад ва ин аст, ки ҷойизаи олии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳз ба ифтихори ӯ ҳар сол ба хабарнигорони шоиста тақдим мегардад.

Абдулқодири Абдулқаҳҳор ҳамчунин гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои гиромидошт аз Абулқосими Лоҳутӣ, устоди сухан дар соли ҷорӣ таҷлил хоҳад кард. Ӯ аз аҳли қалам хост то дар рангинтар шудани ин гиромидошт саҳим бошанд.

Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон низ зимни суханронӣ дар ин мизи гирд гуфт: Расона ҳар чи замон мегузарад нақши муҳим ва калидитаре ҳам дар огоҳибахшӣ ба ҷомеъа ва ҳам дар ёрирасонӣ ва дар айни ҳол назорат бар амалкарди давлатмардон ифо мекунад ва ба ҳақ рукни чоруми демократия аст. Ҳамкорӣ ва таъомули созандаи ин ду гурӯҳ ба пешрафти ҷомеъа ва ихтилофи онҳо низ ба тахриби мабонии иҷтимоъ меанҷомад. Ӯ аз расонаҳо даъват кард, ки “биёед бо ҳам ҳамкории созанда дошта бошем.”

Сафири Эрон дар Душанбе ҳамчунин гуфт: Мардуми Эрон дар Наврӯз ба диду боздиди хешон рафта ба ҳам ҳадя медиҳанд ва ҳоли фуқаро ва беморонро мепурсанд ва кудуратҳову суъитафоҳумҳоро дар дидорҳои Наврӯзӣ канор мегузоранд ва ба таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ мепардозанд.

Ӯ бо хитоб ба расонаҳо гуфт, ки маҳз онҳо метавонанд, ин коркарди арзишманди Наврӯз, ки короии он дар сатҳи равобити фардӣ ва иҷтимоӣ ба хубӣ ба исбот расида, ба равобити байни кишварҳо ва сутуҳи минтақаиву байналмилалӣ ҳам кашонда шудаву паёми оштӣ, сулҳу дӯстӣ ва навъпарварии Наврӯзро, ба ҳама нуқоти ҷаҳони осебдида аз хушунату таассуби кури фирқаӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ мунтақил кунанд.

Аббасалӣ Каром оглу Гасанов, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар суханронии хеш дар ин мизи гирд аз суннатҳои Наврӯзӣ дар кишвараш ёддовар шуд ва гуфт, ки бояд ин суннатҳои наврӯзиро, ки дар дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз фаромӯш шудаанд аз нав эҳё кард. Ӯ ба нақши муассири рӯзноманигорон барои эҳёи ин суннатҳо ва анъанаҳои фаромушшуда таъкид кард.

Оқои Гасанов ҳамчунин гуфт, ки Наврӯз дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба мисоли Тоҷикистон дар аҳди Шӯравӣ мамнуъ шуда буд, аммо бо фаро расидани соҳибистиқлолӣ бо талошҳои раҳбари вақти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ин иди мардумӣ дубора бозгашт ва ҳоло аз он дар Озарбойҷон ба таври густарда таҷлил мекунанд.

Аҳмад Фаҳими Куҳдоманӣ, котиби аввали Сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ дар ин мизи гирд суханронӣ кард ва гуфт, ки Афғонистон бистари аслии Наврӯз аст ва Наврӯзро бидуни ёдоварӣ аз маҳфили “Сайри гули сурх” тасаввур кардан нашояд. Ӯ гуфт, ки Наврӯз асолатест, ки моро бештар ба сӯи ҳамгироӣ савқ медиҳад. Ва ба таъкиди ӯ, зарур аст то дар ин қаламрави Наврӯз расонаи вижае барои инъикоси ҳаёти фарҳангии мардумони он ихтисос дода шавад.

Абдулғаффори Камол, корманди Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин мизи гирд ба он таъкид дошт, ки Наврӯз намои ваҳдату якдилист ва нақши расонаҳо барои барқарории ин ҳамгироӣ нақши муассире дорад.

Дар поёни нишаст, бори дигар ҳозирин ба нақши калидии қалам дар созандагӣ ва ҳамгироӣ таъкид варзиданд. 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97