Чаро Тоҷикистон ҷанги иттилоотиро мебозад?

Расонаҳо 19.06.2016 11:07

Агар як рӯз чатри раҳмати ҳукумат аз болои сари расонаҳои ҳукуматӣ бардошта шавад, поёни умри онҳо фаро хоҳад расид

 Дар ҳоле ки даҳҳо расонаи мустақил бо пойи худ равон ҳастанду дар шароити буҳронҳои шадиди сиёсӣ борҳо дӯшодуши мардум ва давлати хеш қарор гирифтанд, Саидалӣ Сиддиқ, раиси Оҷонсии миллии иттилоотии “Ховар” аз моликони нашрияҳои мустақили дохилӣ хостааст то дар ин мубориза дар тарафи ҳукумат қарор бигиранд. Ӯ ҳамзамон аз ҷанги иттилоотии расонаҳои хориҷӣ алайҳи Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои хабарии фаъол дар кишвар Саидалӣ Сиддиқ рӯзи 30 май дар “Муколамаи миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар Душанбе гуфтааст, “расонаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ба тундӣ интиқод доранд ва ҳамаи редаксияҳои ахбори умуми кишвар дар ин шароит бояд сиёсати кории худро бозбинӣ кунанд.”

Ӯ афзудааст, ин сиёсати расонаҳо бояд танҳо бо назардошти амнияту суботи Тоҷикистон роҳандозӣ бишавад.

Раиси Оҷонси миллии иттилоотии «Ховар» бозори иттилоотии Тоҷикистонро дар баробари расонаҳои хориҷӣ осебпазир хонда ва гуфтааст: “Барои ба вуҷуд овардани афкори умум ҳамоно онҳо бартарӣ доранд”. Ӯ таъкид кардааст, ки ин изҳороти ӯ ба маънои маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон нест. Саидалӣ Сиддиқ афзудаааст, ки Тоҷикистон ба озодии баён ва андеша эҳтиром қоил аст ва ин нукта дар Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигари кишвар низ дарҷ ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон матбуоти мустақилро аз пешгоми ҳифзи манофеи умумӣ ва арзишҳои миллии кишвар дар фазои иттилоотӣ унвон кардааст.

Хуршеди Атовулло даъвати раиси хабаргузории давлатии «Ховар»-ро барои ин ки дар ҷанги иттилоотӣ, расонаҳои мустақил бояд ҳомии манофеи давлат бошанд, хандадор хонда, гуфтааст: Матбуоти мустақили Тоҷикистон дар амри ҳифзи манофеи умумӣ ва арзишҳои миллии кишвар дар фазои иттилоотӣҳамеша пешгом буда ва ҳастанд.

Хуршеди Атоулло гуфтааст: Таъини хатти маш барои расонаҳои мустақил ҷузъи вазоифи хабаргузории «Ховар» нест ва масъулони матбуоти мустақил ҳар кадом рисолати касбии хешро дар баробари манофеъ ва арзишҳои миллӣ хуб дарк мекунанд.

Саидалӣ Сиддиқ дар замони начандон дур дар радифи соҳибқаламон ва соҳибрӯзномаҳои Тоҷикистон қарор дошт ва ба назар мерасад, ки болову пойинрафтанҳо дар зинаҳои мансаб ӯро аз воқеиятҳои имрӯзи кишвар ба масобае дур бурдааст. Вагарна ӯ дар қиёс бо дигар соҳибмансабони тоҷик бояд хубтар дарк кунад, ки дар Тоҷикистон афкори ҷомеъаро кадом расона шакл медиҳад. Ва ҳукумати кишвар барои муқовимат дар ҷанги иттилоотӣ маблағ ва имконоти зиёдеро дар ихтиёри расонаҳои давлатӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ ин рисолати расонаҳои давлатӣ мебошад, ки дар баробари таҳоҷуми иттилоотӣ истодагарӣ кунад ва ба он посухгӯ бошад.

Хабаргузории давлатии «Ховар» бо он ҳама имконоте, ки дар ихтиёр дорад (кофист, ки онро бо имконоти нашрияи «Событие»и собиқ рӯзномаи хусусии Саидалӣ Сиддиқ қиёс кунед), даҳ баробари имконоти як расонаи мустақил аст, бояд сиёсати редкасиониашро бознигарӣ кунад ва ба талаботи замона посухгӯ бисозад. Таъини хатти маши расонаҳои мустақил ба ҳеч ваҷҳе ҷузъи вазоифи ин хабаргузорӣ нест ва шояд ҳампешаи мо фаромӯш карда, ки ӯ ҷузъ намояндаи як расонаи давлатӣ, салоҳияти дигаре надорад.

Аммо замоне Саидалӣ Сиддиқ матбуоти мустақилро ба ҳампойӣ бо ҳукумат даъват мекунад, ки хабари омодагии Арабистони Саудӣ барои сохтани бинои нав барои порлумони Тоҷикистон расонаӣ мешавад. Бинои порлумон ин Хонаи миллат аст ва сарнавишти миллат ва кишвар он ҷо рақам зада мешавад ва ба ҳеч ваҷҳе набояд иҷоза дода шавад, ки он бо кумаки кишваре хориҷӣ бунёд шавад. Ба ин ҳеч зарурате нест. Бинои кунунии порлумон бинои вайрона нест ва солҳо боз метавонад барои фаъолияти маҷлисҳои минбаъда хидмат расонад. Саудӣ пулҳояшро беҳуда барои бунёди биноҳои пуршаҳомат дар кишвари мо ворез намекунад, инро бояд дар гӯши ёд дошта бошем. Ҳар кишваре ки ҳозир ба хайрхоҳӣ дар кишвари мост, бигузор кумакҳояшонро барои бунёди роҳҳо, мактабу дармонгоҳ ва ниругоҳҳои барқиву корхонаҳои истеҳсолӣ сарф кунад, на барои бунёди бинои як ниҳоди тасмимгиранда, ки аз рамзҳои қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Ман бовар дорам, ки мақомоти тасмимгиранда ҳоло вақт доранд ва нахоҳанд гузошт, ки ин нанг сабти таърих шавад. Порлумон рамз ва як шохаи қудрати сиёсӣ ва рукни давлатдории миллӣ мебошад ва дар сохтани бинои он набояд миннати хеч кишвари хориҷиро кашид. Ҳадди ақал як инсони ватанпараст метавонад чунин андеша дошта бошад ва барои ибрози он ҳам ҳақ дорад. Аз ҳамин ҷо сар мешавад, шинохтан ва бозбинии сиёсати мудирияти расонаҳо.

Вазифаи як ватанхоҳ ин аст, ки аз кумаки муғризонаи хориҷиён барои мақомоти тасмимгиранда ҷилавгирӣ кунад. Аз ҷумла, хабаргузории давлатии «Ховар» низ ба ҳеч ваҷҳе набояд аз кумакҳои хайрияи кишварҳои хориҷӣ баҳравар шавад. Зеро ин минбари давлатист ва ба ҳеч ваҷҳе зери бори миннати дигарон набояд қарор дошта бошад.

Беҳтар мебуд, хабаргузории давлатии «Ховар» то дастур додан дар таъини хати маши расонаҳои мустақили кишвар ин гуна мавзуъҳои давлатсозиро баррасӣ ва пешниҳоди давлатмардони кишвар бикунад. Иттифоқан бояд гуфт, ки расонаҳо дар Тоҷикистон бар асоси қавонине кор мекунанд ва хати маши худро тайин менамоянд, ки ҳамон порлумони кишвар ин қонунҳоро тайин кардааст. Муайян кардани хати маши ҳукумат дар мавриди расонаҳо, иттифоқан ҷузъи салоҳиятҳои хабаргузории «Ховар» намебошад.

Сардабири нашрияи мустақили «СССР» Сайёфи Мизроб борҳо таъкид карда, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши кумакҳои хайрияи хориҷӣ бояд иқдом ба ёрии мустақим ба расонаҳои мустақил кунад. Аммо Саидалӣ Сиддиқ расонаҳои мустақилро, ки як дар сади имконоти расонаҳои давлатиро дар ихтиёр надоранд, ба майдони ҷанги иттилоотӣ бидуни силоҳ даъват дорад. Ба набарде, ки расонаҳои давлатии «то дандон мусаллаҳ» дар он оҷиз мондаанд.

 

Адолати Мирзо

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97