Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Аз "Бухорои шариф" то "Чароғи рӯз" ва "Миллат"

Расонаҳо 28.03.2013 19:06

11 нашрияи мондагори Тоҷикистон

GAZETAHoДар рӯзи таҷлил аз таъсисёбии нахустин рӯзнома дар Осиёи Миёна, ки ҳамчун рӯзи матбуоти миллӣ пазируфта шудааст, "Миллат" дар доираи маҳдуди хонандагони матбуоти тоҷик як назарсанҷӣ доир кард. Саволи мо ба муносибати рӯзи 11 март ба таври рамзӣ чунин буд: "11 нашрияи мондагори Тоҷикистонро номбар кунед!"

99 дар сади пурсидашудагон "Бухорои шариф"-ро (агарчӣ ин нашрия қабл аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешуд), рӯзномаи муътабар донистанд. Ҳамчунин 98 дар сади раъйдиҳандагон аз "Чароғи рӯз" ба унвони рӯзномаи мондагор ном бурданд. Аз ҷумлаи ширкатдорон 98 дар сад "Миллат"-ро ҳамчун расонаи миллӣ ва таъсиргузор унвон карданд. 80 дар сад аз "Азия плюс" ҳамчун нашрияи ҳирфаӣ ёд карданд. 71 дар сади раъйдиҳандагон аз "Ҷавонони Тоҷикистон" (то соли 1992),  аз  "Маориф ва маданият" ва 63 дар сад "Адабиёт ва санъат" (то соли 1992) -ро мондагор донистанд. Ҳамчунин аз рӯзномаву маҷаллаҳои дигаре ҳам ном бурда шудааст, ки дар идомаи матлаб зикр хоҳанд шуд.

Чанд назари хос: Аҷамшо Калонов, пажуҳишгари тоҷик дар баробари номбар кардани нашрияҳои мондагор аз ҷумла гуфт: «Ҷумҳурият» ҳам матолиби хонданӣ дорад, гарчӣ яктарафа ҳаст...»

Саъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ бо ном бурдан аз чанд нашрияе, ки дар хотираш нақш бастааст, мегӯяд: «Ҳоло бастаи аксари ин нашрияҳо дар болои боми хонаамон дар деҳот ҳастанд, ки обуна будам».

Мавҷуда Соҳибназарова, ки худ рӯзноманигор аст, мегӯяд: "Ман ба он хотир "Занони Тоҷикистон"- ро ном бурдам, ки имрӯз мо чанд маҷалла барои занон дорем, аммо он рисолат ва хидмате, ки он замон ин маҷалла барои занон мекард, "Бонувони Тоҷикистон" имрӯз карда наметавонад. Агар дар баробари фаврият ҳамчунин баланд бардоштани маънавиёт рисолат бошад, пас, чаро дар рӯйхати он рӯзномаву маҷаллаҳое, ки маҷбурӣ обуна мекунанд, номгӯи нашрияи кӯдакона нест? Агарчӣ ман худ зидди обунаи маҷбурӣ ҳастам".

Умед Ҷайҳонӣ, як пажуҳишгари тоҷик бо таассуф гуфт: "Худо биёмурзад Адабиёт ва санъатро, Омӯзгорро, ҷавонони Тоҷикистонро, Анбозро, Чашмаро, Садои Шарқро, ки шолудаи ҷаҳонбинии имрӯзиям аз хондани онҳо ташаккул ёфтааст. Аз расонаҳои имрӯзӣ камобеш Неруи сухан, Миллат, Нигоҳ ва Фараж хубанд, аммо ҳануз миллӣ нашудаанд. Дигаронро намехонам, чун дар дастрасам нестанд."

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲУСДТ бо номбар кардани нашрияҳои мавриди назараш афзуд: «Фикр мекунам, ки имрӯзаашро ба назар гирем, дурусттар мебошад. Нашрияҳои даври Шӯравӣ ва имрӯз муқоисанашаванда ҳастанд, на аз рӯи мақом, на аз рӯи мазмун, на аз рӯи иқтисоди бозоргонӣ ва ғайра».

Султон Ҳамад, рӯзноманигор мегӯяд: "Ҳоло вақти тамоман кам гузаштааст, ки мо дар бораи мондагории нашрияҳои даврони истиқлол гап занем. Басо нашрияҳое буданд, ки омаданду рафтанд. Муддате чанд хонанда доштанд, вале бо кадом сабабҳое аз нашр боз монданд ва инак ба фаромушӣ дода шудаанд. Чунин қисмат метавонад домангири бархе аз нашрияҳои имрӯза низ шавад. Ман аз эълони нашрияҳои мондагори даврони истиқлол дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунам".

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор низ бо ҳампешаи худ ҳамақида аст ва мегӯяд: "Имрӯзиҳоро амдан нагуфтам ки ҳоло "вақт" ҳаст…"

Аз баски пурсидашудагон ба ду ҷабҳа тақсим шуданду бархе танҳо нашрияҳои то соли 1992-ро номбар мекарданд ва қисми дигари раъйдиҳандагон танҳо нашрияҳои феълиро ном мебурданд, назарсанҷии мо ба ду бахш тақсим шуд:

Матбуоти то с. 1992

1. Чароғи рӯз

2. Ҷавонони Тоҷикистон

3. Адабиёт ва санъат

4. Маориф ва маданият

5. Адолат

6. Растохез

7. Сухан

8. Садои шарқ

9. Фарҳанг

10. Илм ва ҳаёт

11. Тоҷикистони советӣ

Бархе аз ин нашрияҳо, ки то соли 1992 ба ҳайси нашрияи мондагор унвон шудаанд, имрӯз низ бо ҳамон ном ва ё номи дигаре нашр мешаванд, аммо мутаассифона ҷойгоҳ ва таъсиргузории худро аз даст додаанд. Ва қабл аз вақт моли таърих шудаанд.

Дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин аз нашрияҳое мисли «Тоҷик пресс», «Ҷоми Ҷам», «Вечерный Душанбе», «Комсомолец Таджикистана» ёд шуда, аз нашрияҳои зерин низ аз 3 то 1 нафарӣ ном бурдаанд; Тоҷикистон, Мактаби советӣ, Бизнес и политика, Занони тоҷикистон, Ҳафтганҷ, Дунё, Элита, Вечёрка, Садои коргар, Садои мардум, Истиқлол, Пайкон, Минбари Халқ..

Матбуот аз с.1993 ба баъд:

1. Миллат

2. Азия плюс

3. Фараж

4. СССР

5. Чархи гардун

6. Нигоҳ

7. Неруи сухан

8. Рӯзи нав

9. Одаму олам

10. Имрӯз нюс

11. Наҷот

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97