Ҳафт сол бо "Миллат"

Расонаҳо 26.09.2012 19:23

haft_soli_millatАндешаҳои соҳибназарон дар маҳфиле ба муносибати ҳафтумин соли нашри рӯзнома

1 сентябр аз чопи нашрияи мустақили сиёсии "Миллат" 7 сол сипарӣ шуд.

Дар ин рӯз ходимони сиёсӣ, рӯшанфикрон, ҳунармандону рӯзноманигорон барои муборакбодии таваллуди "Миллат" гирдиҳам омаданд. Ҳозирин ба он таъкид доштанд, ки ин нашрия дар эҳёи андешаи миллӣ, рушди забони форсӣ-тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ-фарҳангӣ нақши боризе дорад.

Зимнан, "Миллат" пас аз баста шудани як теъдод аз нашрияҳои ошкоргӯи тоҷикӣ дар ҳафт соли пеш сукути беш аз як соларо шикаст ва вориди саҳнаи матбуоти тоҷик шуд. Нашрия дар ду соли ахир маш­ғули баҳси додгоҳӣ бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон буд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2010-ум алайҳи нашрияи "Миллат" ба додгоҳ муроҷиат карда ва хостори пардохти 1 миллион сомонӣ барои ба гуфтаи ӯ паст задани шаъну эътибори вазорат ва ворид намудани зарари молӣ шуда буд. Дар соли 2011-ум додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ин даъвои вазири кишоварзиро қонеъ кард ва бо қарори худ "Миллат"-ро барои пардохтани 1500 сомонӣ ва нашри раддия муваззаф сохт. Додгоҳи ҳайати мунсифаи шаҳри Душанбе низ дар моҳи июни соли 2011-ум ин қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки судя Дилором Абдураҳимова бароварда буд, бетағйир гузошт.

Аммо дар моҳи марти соли ҷорӣ, зинаи назоратии додгоҳ, раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва таъйиноти додгоҳи шаҳри Душанберо бекор намуд. Баъдан додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ ин парвандаро комилан қатъ намуда ва бо ҳамин ба даъвои вазир Қосим Қосимов алайҳи нашрияи "Миллат" нуқта гузошт.

"Миллат" ҳам дигар даъвои 1 сомонӣ ҷарима аз вазорати кишоварзиро накард.

najmiddin_shoinbodНаҷмиддини Шоҳинбод, нависанда:

"Миллат" маро дубора зинда кард, аммо ман боз тоҷики "асил" шудам

Дӯстони азиз, ман бори дуввум вақте ҳамчун эҷодкор зинда шудам, ин таввасути  "Миллат" буд. Ман куллан навиштанро бас карда будам. Боре дар ҷавониам ба назди устод Нодир Шанбезода шеъре бурдам, ӯ ба ман гуфт, ки ман ба ҷуз ашъори Ҳофиз дигар ягон шеърро намехонам. Ман ҳам дар муддати 20 сол ҳеч чиз наменавиштам. Як рӯз устод Раҳматкарим ба Хуҷанд ба аёдати шодравон устод Тоҳири Абдуҷаббор омаданд, ки эшон аз беморӣ ранҷ мекашиданд. Ман баъзан назди устод Тоҳир мерафтам ва барояш ҳаҷву танзҳои сиёсиамро мехондам ва ӯ механдиду ман ҳам лаззат мебурдам. Рӯзе духтури дармонгоҳ ба ман гуфт, ки устод Тоҳирро бисёр нахандонам, ки хандаи бисёр ба ӯ зиён дорад. Гуфт, ки ту бо ханда ӯро мекушӣ. Устод Тоҳир дар ҳузури Раҳматкарим аз ман хоҳиш намуд, ки ҳамин танзҳоямро нависам ва дар "Миллат" нашр кунам. Ва тавссути раҳнамоии устоди зиндаёд ва дастгирии "Миллат" ман дубора зинда шудам. Боз ҳамин шабу рӯз навиштанро тарк кардам ва акнун тоҷики "асил" шудам, яъне кам- кам "взятка" гирифтанро ёд гирифтаам. Думболи пул мегардам.

JurabegҶӯрабек Назриев, Узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон:

Ҳама дурӯғ мегӯянд, шумо чоп накунед!

Дар бузургии шумо садқа. Ҳамаи шумо гулҳои сари сабадед. Дар ҳақиқат рӯзномаи "Миллат" вазифаи миллии худашро иҷро карда ва иҷро мекунад. Чунки инсонҳои хуб, бошарофат, донишманд, оқилу оқила дар он ҷо гирд омадаанд ва ормону хостаҳои миллатро бароварда месозанд. Ман росташро гӯям, назарам ба ҳама чиз дигархелтар аст, масалан, як вақтҳо теъдоди нависандагону қаламбадастон хеле зиёд буд, вале адибию шоирӣ қариб, ки аз байн рафт. Теъдоди аъзои Иттифоқи нависандагон он қадар зиёд шуд, ки ҳозир як мақола дорам, аз чоп кардани он метарсам. Касе ки ду- се ҷумла ё як китобчаи саргузашти бобову бибиашро навишт, аъзои Иттифоқи нависандагон мешавад. Касе ки як мақола навишт бояд узви Иттифоқи журналистон бошад. Ҳамин тавр шуда, ки ҳофизҳои ресторан ҳама бояд ҳофизи халқӣ бошанд. Шоирҳову адибон ҳама бояд унвони халқӣ дошта бошанд. Ман дар хидмати ҳама бузургон расида будам, устодон Турсунзода, Миршакар, Боқӣ, ҳар кадоме дар мақоми худ бузург буданд, як чизе доштанд. Аз ҳама муҳим боварӣ ба фардо доштанд. Мо ҳамдигарро фиреб намекардем, дурӯғ намегуфтем. Мо имрӯз китобҳои ҳазорсаҳифагӣ менависем. Дирӯз аз радиё шунидам, ки кадом як муҳаққиқ навиштааст, ки Хоҷа Камол умри пуразоб дидааст, дар ғарибӣ умр гузаронидааст. Гӯё Хоҷа Камол фақат дар ҳаёт ҷабр дида бошад. Ҳамаи ин дурӯғ аст, Хоҷа Камол дар ғурбат набуд, Табрез хонаи Камол буд. "Дил муқими кӯйи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб" он маъноро надорад, ки ӯ ба ёди Хуҷанд шабу рӯз месӯхт. Не, ин ғазал маънии ирфонӣ дорад. Дили Хоҷа ба ёди ҷононаш, ба ёди Худо буд ва ин орифи бузург васл мехост ва тан ин ҷо ғариб гуфтанаш ба ҳамин маънӣ аст. Бубинед,  ӯ дар бораи Табрез чӣ мегӯяд:

Табрез маро ба ҷой ҷон хоҳад буд.

Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.

Яъне муҳаққиқонамон ҳам дурӯғ мегӯянд, шояд аз нодониашон бошад.

Аз ин рӯ аз "Миллат" мехоҳам, ки дурӯғи ин дурӯғгӯёнро ҳаргиз чоп накунад. Ҳамаи шуморо азизони ман ба солгарди таъсиси "Миллат" табрик менамоям.

Oynihol_bobonazarovaОйиниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос:

"Миллат" аст, ки моро бедор нигоҳ медорад

Мегӯянд, ки шахсро аз рӯи он мешиносанд, ки бо кӣ ҳамнишин аст. Имрӯз ман дар ин ҷо ин қадар азизонро мебинам, ки барояшон бисёр эҳтиром дорам. Салом алайкум барои ҳамаи шумо. Ростӣ, пеш аз он ки мо рӯзнома мегӯем, мо шахсиятҳое, ки он ҷо кор мекунанд, онҳоро дар назар дорем. Ман аз Раҳматкарим оғоз мекунам, ки ӯро ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣяш мешинохтам. Вақте ман декани факултаи ҳуқуқ будам, дар солҳои 1990 як мақолаи бисёр сахт навишт, ба унвони "Дар факултаи ҳуқуқшиносӣ киҳо мехонанд?" ва ростӣ он мақолаи бисёр сахти танқидӣ буд. Ӯ назди ман омаду гуфт, ки ман мехоҳам бидонам, дар факултети ҳуқуқшиносӣ киҳо мехонанд. Он вақт ба журналистон ахбор намедоданд, сирри давлатӣ гуфта, аз ин чиз дурӣ меҷустанд. Ман гуфтам, ки бароят маълумот медиҳам, бигир чизе, ки мехоҳӣ, бинавис. Вақте ки он мақола нашр шуд, ман ба факулта омадам, ки духтарам гиря дорад. Гуфтам, ки чаро гиря дорӣ? Гуфт, ки барои чӣ нагуфтаанд, ки духтари декани факултети ҳуқуқшиносӣ низ ин ҷо таҳсил мекунад. Баъд ман аз Раҳматкарим хоҳиш кардам, ки ҳатман як чиз бояд чоп кунем, ки духтари ман ҳам ин ҷо таҳсил мекунад, аммо ман фахр мекунам бо онҳое, ки аъло мехонанд ва бо заҳмати хеш мехонанд, аммо байни донишҷӯёни факулта ҳам шахсони тасодуфӣ низ вуҷуд доранд, ва ман бо муаллиф розӣ ҳастам. Як вақт шунидам, ки Раҳматкаримро, ки он вақт дар факултаи филология таҳсил мекард, мехоҳанд аз таҳсил маҳрум намоянд. Ман барояш гуфтам, ки "биё, ман туро дар факултаи ҳуқуқшиносӣ қабул мекунам". Ман Адолатро баъдтар шинохтам, вале Раҳматкаримро чуноне гуфтам, аз дер боз мешиносам. Воқеан ин ҷо шахсиятҳое мисли Барзу ва шахсиятҳое мисли Ҷӯрабеки Назрӣ ҳузур доранд, дар бораи Темури Варқӣ ҳоҷати гап ҳам нест, зеро мақолаҳои имрӯзиаш, ки бисёр хубу хонданианд, ӯро муаррифӣ мекунанд. Як чизро бояд бигӯям, ки Адолат газетаеро, ки роҳбарӣ доранд, матлабҳои олӣ менависад, дирӯз як хориҷӣ бо ман сӯҳбат кард, асосан агар аз хориҷиҳо бипурсед, ки кадом газетаро хондед, мегӯянд, ки "Азия- плюс"- ро хондам. Дар ҳақиқат он ҳам газетаи хуб аст. Вале ин хориҷӣ ба ман гуфт, ки забони тоҷикиро медонад, ва газетаи "Миллат" - ро мехонад, ман ҳайрон шудам. Чун газетаи "Миллат"- ро газетаи сахт мегӯянд, баъзан мегӯянд, ки миллатчӣ аст, аммо ман хурсанд шудам, ки як хориҷие дар Амрико газетаи шуморо писандидаву мехондааст ва ӯ ду се мақолаи охирини "Миллат"- ро номбар ҳам кард. Адолат, чӣ бигӯям, шумо як шерзан ҳастед. Вақте ки "Миллат" як матлаби сахт навишт, дар бораи он муҳоҷире, ки дар Русия сарашро аз тан ҷудо карда буданд, "Мо ғулом наем, ғуломон лоланд" ва он ҷо ишорае ба Гулрухсор шоири маҳбуби мо карда буданд, ки "Модари миллат" аз марги фарзанди миллат бехабар аст. Муаллифаш ба фикрам Толибшоҳи Сайидзода буд. Гулрухсор аз Адолат гиламанд шуд ва боре назди ман омаду Адолатро бад гуфт ва илова кард, ки агар ӯ некӣ медошт, андозаи пойафзораш 43 аст? Ба худ гуфтам, ки ё тавба, андозаи пойафзор ба шахсият чӣ иртибот дошта бошад? Баъди ду рӯз буд, ки Адолат наздам омад, гуфтам, андозаи пойафзорат чанд аст, гуфт, ки 37. Зуд ба Гулрухсор занг задам. Гуфтамаш, агар андозаи пойафзор майда бошад, соҳибаш одами хуб аст? Гулрухсор гуфт, ки бале, ҳамин тавр аст. Гуфтам, пас Адолат аз хубтаринҳо аст, зеро андозаи пояш 37 аст. Газетаи "Миллат" баъзан ҳамаи моро як такон медиҳад, баъзан моро бедор мекунад. Дар бораи ман ҳам ба наздикӣ як мақола навишта буд, ки Бобоназарова  мансаб гирифту фурӯхта шуд. Лекин ин чизҳо бисёр хуб аст. Дар ҳақиқат одам баъзан аз дарди ҷомеъа дур мешавад, ҳамин журналистони хуби мо ҳастанд, ки як чӣ менависанд ва боиси такон мешавад. Мақолаи охироне, ки ман хондам, ҷолиб буд, онро дар сомонаи "Миллат" хондам ба унвони "Ман помириям", бовар кунед, як навиштаи хеле хуб буд, ки аз хориҷа ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки онро бо забони инглисӣ тарҷума кунед ва барои мо равон кунед. "Миллат"-и азиз, рӯзи таъсисит муборак! Ин рӯзи таваллуди ҳамаи мост.

haydarsho_AkbarҲайдаршоҳи Акбар, собик вазири кишоварзи

Биёед сарнавиштамонро ҳамроҳ бо "Миллат" худ таъин кунем!

Рӯзномаи "Миллат" аз рӯзи аввали таъсис ёфтан бо андешаи "Биёед тафаккур бикунем", "Биёед сарнавиштамонро худ таъин кунем" фаъолияти худро шурӯъ карда буд ва то имрӯз дар ин масир қарор дорад. Ин масъалаи доғи ҷомеъаи мост, ки ҳама заъфу камбуди он аз ноогоҳии пасти мардуми мо сар мезанад.

Ва рӯзномаи "Миллат" дар ин мавзӯъи сарнавиштсози миллати мо талошҳои бузурге намудааст ва имрӯз ҳам идома медиҳад. Озодии андеша ва озодии иродаи фард ва ҷомеъа аз назари ин рӯзномаи воқеъан миллӣ ягона роҳ ва калиди рушди ҷомеъа аст. Асрори тамаддуни Юнон,-ба қавли Суқрот-озодии андеша, ҷомеъаи озоди юнонӣ буд. Агар онро аз Юнон бигирӣ, дар як замон ин кишвари тамаддунӣ ба кишвари пасттарин … табдил мегардад".

Фикр мекунам, ки андеша ва дониши башарӣ, ки то ин ҷо расидааст, натиҷаи он марҳилаҳои хеле кутоҳест, ки тафаккур ва сухан эҳсоси озодӣ кардааст ва боре чун шарорае пайдо шуда ҷаҳонро равшанӣ бахшидааст ва боз зуд фурӯ нишондаанд, вале ҷомеъаҳоро ҳатман такон додаст.

Имрӯз ҷомеъаи мо ҳам кам кам огоҳу фаъол ва гароишҳои худогоҳӣ ва худшиносӣ, ки пайдо мегардад, бешубҳа саҳми чунин рӯзномаи озодае чун "Миллат" ва хоҳари озодаву ҷасур ва андешаманде чун Адолати Мирзо дар сари ин рӯзнома қарор дорад. Бисёр андешамандон, соҳибназарон, зиёиён ҳамандешу иштирокчии бевоситаи фаъолияти ин рӯзномаанд, ки кори онро пурмаънитар ва бо таҳлили ҷиддӣ ба мардум мерасонанд. Ин рӯзнома бешак имрӯз дӯстдоштарарин рӯзномаи кишвар аст. Иншоаллоҳ, ки ин "Миллат" ҳамеша пойдор бошаду рушд кунад ва ҳамеша дар ободии миллат саҳмгузор бошад!

Tolibshohi_SaidzodaТолибшоҳи Сайидзода,мудири мактаб, сармуҳаррири собиқи "Миллат":

"Миллат" маро аз гумномӣ наҷот дод

Мехоҳам дар ин маҳфили нур чизе гуфта бошам. Соли 2007 дар Хатлон сармуҳаррири газетаи "Бомдод" будам, як рӯз Раҳматкаримро дидам, шӯхиомез гуфт, ки агар даҳ газет ҳам таъсис кунӣ, аз дунё гумном меравӣ. Гуфт, биё ин ҷо бо мо кор кун. Баъд омадам ба Душанбе ва ба ҳайси муҳаррир дар "Миллат" ба кор пардохтам. Агар як заррае ҳам, ки ҳам шинохта шудам, ин кор тавассути "Миллат" шуд. Дуъо мекунам, ки дар болои сари "Миллат" Раҳмати Карими якто доим бошад. Шукӯҳу шаҳомату ғуруру ҷасорату донишу инсофи Адолат мудаввом дар фазои "Миллат" побарҷо ва устувор боқӣ бимонад. Ва "Миллат" як газетаи хубу хонданӣ ва як газетаи миллӣ аст ва бори дигар ҳузури шумо дӯстони гиромӣ, шахсиятҳои касбу кори гуногун баёнгарӣ он аст, ки воқеъан "Миллат" дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар мақом ва ҷойгоҳи худро дорад. Ман ин ҷамъомадро, таъсиси ҷаридаи беҳтарини Тоҷикистонро, ки дар Рӯзи дониш таъсис ёфтааст ва чуноне ҳамагон огаҳед, дар Рӯзи дониш дарси нахустине, ки гузарондем, ин дарси Сулҳ буд ва ҳамин чизеро, ки "Миллат" рисолати худ медонад, яъне додани донишу пуштибонӣ аз сулҳу оромиро барои ҳамагон, барои ошиқону ихлосмандони "Миллат" таҳният мегӯям. Ман дар ҳамин маҳфили мурод дуъо мекунам, ки "Миллат" - и азизи мо, раҳбарияти мӯҳтарами "Миллат" солҳои зиёд болои сари "Миллат" бошанд ва ҳар ҳафта ин нашрияи хонданиро барои мо муштоқону мухлисон пешниҳод намоянд.

Muhabat_QanoatМуҳаббати Қаноъат, доктори илмҳои филологӣ:

Феномени аҷиби имрӯз он аст, ки занҳо аз мардҳо пешӣ гирифтаанд

Ман аз рӯзе, ки рӯзномаи "Миллат" пайдо шудааст, фақат ҳамин рӯзномаро мехонам. Чунки ба фаҳмиши худам он нуқоти зарурӣ, нуқоти бо ибҳом ва рамзомӯзе, ки дар рӯзномаю маҷаллаю суханварӣ бошад, дар рӯзномаи "Миллат" ин чиз мушоҳида мешавад. "Миллат" ҳамчун вожа ва номи як чиз нест, ба истилоҳ як этнос нест. Ин як орзуст, чунки тоҷик ҳанӯз миллат нашудааст, ки рӯзномае дошта бошад бо номи "Миллат". Ин орзуи хеле ширин аст ва як маҷмӯъаи танҳо ҳам нест, як маҷмӯъаи хеле ҳам пӯшидаи ширин ва орзуи нек аст, ки дардҳои мо, доғҳои мо, хоҳишҳои дарунӣ ва пинҳонии моро баён мекунад. Бисёриҳо ҳастанд, ки "Миллат"- ро намехоҳанд, лекин Худованд ба муассисони ин рӯзнома он қадар қудрат ва тавоноӣ додааст, ки пойдорӣ кардаанд то имрӯз ва онро аз дасисаҳою интиқодҳою бисёр тавтеъаҳои дигар нигоҳ доштаанд.

Ман дар бораи хоҳари азизам Адолат ҳамин чизро мехоҳам бигӯям, ки ин қудрати сухан ва баёне, ки доранд, кошкӣ, мо мардон дошта бошем. Ин хислат дар рӯзҳои мо хеле кам аст ва бисёр афроди маҳдуд ҳастанд. Ҳар сухане, ки ӯ мегӯяд, паҳлӯҳои гуногун дорад, он қадар мантиқие ҳаст ва он қадар дар ҷои худаш аст, ки одам ҷуръат намекунад, ки ин калимаро гирифта, ҷои дигар бимонад. Ва дар ин корзор ва саҳрои хушки мо Адолат ва онҳое, ки шабеҳи ӯ ҳастанд, як нури умед, як оташи рӯшан, ба масобаи ҳамин нур ҳастанд. Сухани Шанбезодаи марҳумро ин ҷо пештар ёдовар шуданд, ки гуфтааст, ман фақат Ҳофизро мехонам. Ҳофиз як байти бисёр ширин дорад:

Оташ он нест, ки аз шӯълаи он сӯзад шамъ,

Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.

Ана ҳамин хирмани парвона, ки шоир гуфтааст, ин ҳамин афкору ақидаю ишқ, сӯзишест, ки ин хоҳари азизи мо дорад. Рӯзномаҳое, ки имрӯз ҳастанд, мақолаҳои хуб чоп мекунанд, лекин рӯзномаи "Миллат" аз аввал то охираш хуб аст. Ҳатто мани мӯйсафед, ки пир ва чашмонам заъиф шуданд, худамро маҷбур месозам, ки ин рӯзномаро аз аввал то охираш мутолиъа кунам. Як шоир хуб фармудааст, ки;

Хавоси килки нодонон нишинад дар ҷамоси дил,

Талотуми хирадро сози дониш аз мақом афтад.

Ман ин байтро бад- ин манзур овардам, ки то чанд сол пеш мо як рӯзномаҳо, китобҳо ва маҷаллаҳое мехондем, ки ба мо таҳмил мешуд ва ҳич чизи дигар набуд, мутаассифона мағзи мо ба он хӯ гирифта буд. Хаёл мекардем, ки олитарин рӯзномаю китобу маҷаллаҳо ҳаминҳоянд. Лекин мардум, ки бо ин соддабаёнӣ ва каммазмунӣ одат карда буданд ва ғизои дигари маънавӣ набуд, ба ҳамин одат мекардем. Чунки мақоми сухан бисёр дар пояи паст буд ва як феномени аҷиби имрӯзи мо ин аст, ки занҳо дар баёни андеша, дар баёни ширинии сухан ва нотарсию ҷавонмардии сухан аз мардҳо пештар гузаштаанд. Аз мақолаҳои "Миллат", баъзе аз бародарону хоҳарон менависанд, вақте кас мехонад, лаззат мебарад.

Ин дар ҳолест, ки феномене, ки ман гуфтам, забони тоҷикӣ ҳич вақт мисли ин замон ғажд набудааст. Агар мушоҳида кунед ба суханронии мақомоти аз боло то поён, дар маҳфилҳо, дар нишастҳо, як ҷумлае мехоҳем, ки аз даҳ калима иборат бошад, мубтадоро шуруъ мекунем, то хабар нарасида, чандто иштибоҳ мекунем. Он ҷумла агар дар шакли катбӣ дар рӯзнома ё ҷумла чоп шавад, боиси истеҳзо ва шармандагист. Лекин дар баробари ин бародарон ва хоҳароне ба майдон омадаанд, ки забони ноби форсиро ҷорӣ кардаанд. Дар мақолоташон, дар гуфторашон ин қадар суханҳои нек мегӯянд ва ҷумлаҳою баёни ширин доранд. Теъдоди инҳо маҳдуд бошад ҳам, мояи умедворист. Умедвор ҳастам, ки тамоми рӯзномаҳои мустақил ба дараҷаи "Миллат" (хоҳиш мекунам, онҳо наранҷанд) худашонро бирасонанд, чунки яке аз мушкилоти имрӯзии мо заъфи забонии мост. Бо забони заъиф ҳич чиз сохта намешавад, на шеъри нағз, на романи нағз ва на мусиқии нағз, умуман ҳич чиз сохта намешавад. Забони мо, забони нашрияҳои мо мутаассифона заъиф аст, дар ҳоле ки мо сазовори заъф будани забон нестем. Лоақал ба он тарафи соҳили дарёи Панҷ нигоҳ кунем, ба бародарони иронии худамон нигоҳ кунем, худоро шукр, ки онҳо ҳастанд ва он сояи онҳо ба мо мерасад ва ин забони моро аз ин вазъият ба мартабаи боло мекашанд. Ҳамин панҷ рӯз дар Ирон саммити иҷлоси кишварҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд баргузор гардид. Ман диққат додам ба хабарнигороне, ки ин ҳамоиши хеле ҷиддиро пӯшиши хабарӣ медоданд. Мисли оташ буданд, аз пагоҳӣ то бегоҳӣ гузориш медоданду хаста намешуданд ва бо забони хеле ширин чи мард ва чи зан бо тавоноӣ ва қудрати аҷиб ба ҷаҳониён ироа мекарданд. Ва орзу мекунем, ки забони мо ҳам як рӯзе ба ҳамин мартаба ва ба ҳамин мақом бирасад, ки маъракаҳое, ки дар Душанбе доир мешаванд, мо бо ҳамин шеваи баён, бо ҳамин забони ширини форсӣ онҳоро пӯшиши хабарӣ диҳем. Ба ҳамаатон ташаккур арз мекунам ва мехоҳам хонадони ҳар яки шумо обод бошад ва ин гуна маҳофили рӯшангароӣ ва фарҳангӣ бештар баргузор шавад. 

barzu_abdurazoqovБарзу Абдураззоқов,ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Ман навиштанро бас кардам, аммо бояд навишт

Албатта ин ҷо, дар ин маҳфили аҳли фазл сухан гуфтан мушкил аст. Ман бори аввал вақте бо Раҳматкарим вохӯрдам, ки мақолаи нависанда Сурӯш нашр шуда буд, ки он ҷо банда интиқод шуда будам, агар ёдатон бошад. Ин аввалин мулоқоти ман бо ҳайъати эҷодии "Миллат" буд. Баъд бо ёрдами Рустами Ҷонӣ ман ҳам қалам гирифтаму шурӯъ кардам навиштанро. Бовар кунед, ба худо қасам мехӯрам, дар ҳамин рӯзномаи худ, дар ҳамин сумкаам ҳоло дақиқан 48 мавзӯъ дорам, ки мехоҳам дар бораашон мақола нависам, 48 мавзуъе, ки ҳар рӯз мепазаму мегудозаму асабӣ мешаваму мегӯям, ки ҳатман менависам. Се мақола навиштам, аммо ҷуръати ба ягон нашрия супоридан накардам. Як вақтҳо менавиштам, акнун бас кардам, ин ҳам танҳо ба хотири он ки модарам тарсид, дар ҳақиқат тарсид, гуфтанд, ки бачам, ман ҳастам, фарзандҳоят ҳастанд, агар моро дӯст дорӣ, дигар нанавис. Хуб, гуфтам ва як муддат бас ҳам кардам, аммо фикр мекунам, ки ин нодуруст аст. Ин ҷо бародарони азиз, хар рӯз ҳамаи шумо ин гапро низ мешунавед, ки бас кунед навиштанро, дигар фоида надорад. Аммо ман мегӯям, ки фоида дорад. Як қадам шумо, як қадам каси дигаре, як қадам ман, агар ба сӯйи ҳақиқат гузорем, рӯшанӣ пеш меояд. Ҳич мумкин нест, ки то абад ҳол инчунин бошад. Ҳич мумкин нест, ин беназмӣ то дер давом кунад.

Ҳар гоҳ, ки мо дар бораи интелегентсия гап мезанем, бояд бидонем, ки интелегентсия эътиқод ва боварӣ аст. Мо ҳама масъулияте дорем ва бояд тавре амал намоем, ки ҷомеъаро рӯшан созем, ба дилҳо умеду гармӣ бубахшем, зеро як нафаре, дар як гӯшае ба мо бовар дорад, ба суханҳоямон, ба андешаҳоямон, ба рафторамон, ба кору аъмоламон. Интелегентсия ин худ ба худ эътироз кардан аст. Одами зиёӣ ҳатто гоҳе бо андешаҳои хеш мухолифат мекунад. Бисёр вақт бародарҳое, ки бо ман баҳс мекунанд, ки чизе аз дасти мо, аз дасти як касу ду кас намеояд, ман барояшон мегӯям, ки дар қуруни вусто, дар Арабистон як марди оддии араб тавонист, ки низоми оламро дигаргун кунад, пайғамбар Муҳаммади пок танҳо буд. Ҳазрати Исо танҳои танҳо буд. Аммо он қадар боварӣ ба худ ва боварӣ ба Худо доштанд, ки тавонистанд, тамоми гардиши оламро, тафаккур ва андешаи оламро, тафаккури миллатҳоро дигар кунанд. Чӣ мо магар наметавонем? Мо магар инсон нестем? Вақте ман аз роҳгузари маҳаллаи 82 мегузаштам, ягон мошин роҳ намедод, як мард он ҷо буд, ки ман вайро намешинохтам, ба ман гуфт, ки «ман намедонам, ки ту афғонӣ, иронии ё тоҷикӣ, вале мегӯям, ки ҷоҳилтарин миллат тоҷик аст, бехабартарин ва беодобтарин миллат тоҷик аст, беимонтарин миллат ҳам шояд тоҷик аст. Бубин, ки роҳгузар аст, бубин, ки зан истодааст, бубин, ки чан муддат истодаем, як ронандаи худобехабар ва беинсоф намемонад, ки  аз он ҷое, ки мо ҳуқуқ дорем, бигузарем. Баъд менолем, ки милиса бисёр аст». Ин ҳам хеле мавзуъи дарднок ва доғ аст. Бародарони азиз, ман чи гуфта метавонам. Ҳар як соат, ҳар як лаҳза, чи қадаре, ки бузургтар мешавам, болои худ бештар масъулият эҳсос менамоям. Пас, чаро коре набояд кард, ки зиндагӣ барои инсонҳо зебо бошад? Биёед барои хушбахтии инсонҳо, барои зиндагии зебо доштан андеша кунем ва талош намоем.

Хушбахт бошед!

Muhammadsalom_MakhshulovМуҳаммадсалом Махшулов,ҷомеашинос:

Барзу рост мегӯяд, аммо мо бояд аввал шаҳри миллӣ бисозем

Барзу суханони ҷолибе дар мавриди сатҳи поини инфиродии иддаи зиёде аз масъулин ва мардуми оддии кишвар, дар мавриди вазъи номусоиди фарҳангӣ ва муҳити носозгори ҳунарии он иброз дошт. Ва бояд гуфт, ки ӯ ба воқеият аз мавқеи як намояндаи ҳунар, бо диди фарох ва амиқи миллатхоҳӣ ва орзуи иртиқои миллату Ватан менигарад. Bа ингуна бархурд аз ҳар лиҳоз шоистаи таҳсин аст.

Вале дар ҳар падидаи иҷтимоӣ ва қабл аз ҳама дар арзёбии фарояндҳои марбут ба вазъи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодию илмии қавм дар навбати аввал бояд ба асли равобити илмӣ ва маълулӣ такя кард.

Ва иллатҳои зиёдеро метавон баршумурд, ки мӯҷиби коҳиши сатҳи фарҳангии ҷомеаи мо гардидаанд. Аммо дар миёни ҳама ин иллатҳо набуди як шаҳри марказии миллӣ, ки таърихан ҳамсоли миллат бошад ва битвонад раванди таҳаввули ҷомеа ва рӯҳияи миллиро дар худ мутамарказ намояд ва баъд аз бозсозии зарурӣ ба деҳот мунтақил созад, ба унвони яке аз иллатҳои асосӣ бояд эътироф шавад. Чун таърих гувоҳ аст, ки танҳо қавме дар арсаи хасти муваффақ ва комёб мешавад, ки дорои шаҳрҳои аз лиҳози таърихӣ ва фарҳанги миллӣ бошад ва фарҳанги волои шаҳрнишинӣ дошта бошад. Дар раванди "табартақсиме", ки дар ибтидои даврони шӯравӣ сурат гирифт, аз "нармию тоҷикӣ"-и мо суистифода намуда, моро аз марокизи суннатии миллию фарҳангиамон маҳрум сохтанд. Мутаассифона, шаҳри Душанбе тайи даврони шӯравӣ натавонист чунин рисолатеро ба таври бояду шояд бар душ дошта бошад, чун бештари сокинони он мардуми урупоӣ буданд ва забони форсӣ (тоҷикӣ) дар он ба унвони забони бумӣ эътироф нашуда буд ё ҳадди ақал ба унвони забони расмӣ бо он бархурд карда намешуд. Гузашта аз он ин шаҳр дар як муддати кутоҳ ва аз лиҳози маънавию услубӣ ба наҳви урупоӣ сохта шуда буд ва дар он нисбат ба арзишҳои миллӣ то ҳадде фазои бегонагӣ ҳукмфармо буд. Яке аз илали боризи ривоҷи маҳалгароӣ миёни тоҷикон низ аз ҳамин омил сарчашма мегирад, яъне ҳар минтақаи ҷумҳурӣ дар он даврон аз диди фарҳангӣ ба истилоҳи роиҷ "дар деги худ меҷӯшид". Бубинед, масалан, ҳамин хонумҳои "мутамаддине", ки саъй мекунанд бо забони русӣ такаллум кунанд, бештар талошашон он аст, ки ба унвони "рустоӣ" ҷилва нанамоянд.

Аз ин дидгоҳ мутаминан метавон гуфт, ки агар шаҳри Хуҷанд (ягона шаҳри таърихие, ки дар он раванди "табартақсим" насиби мо шуд) аз диди ҷугрофиёӣ ва маъмурӣ дар мавқеи кунунии шаҳри Душанбе қарор медошт, мо ҳоло аз лиҳози фарҳангӣ қавми дигаре будем.

Ҳоло вазифаи ҳар нафаре, ки худро тоҷик мешуморад ва қабл аз ҳама рӯшанфикрон, иборат аз он аст, ки барои ба маънии комили ҳамин ибора "шаҳри миллӣ" шудани Душанбе ва шаҳрнишин (ба маънии комили ҳамин вожа) гардидани тоҷикон саҳмгирӣ намояд. Ва дар ин фароянд расонаҳои гурӯҳӣ (пеш аз ҳама услуб ва тарзи баёни онҳо) хеле муассиру омӯзанда хоҳад буд. Расонаҳои гурӯҳӣ на танҳо василаи маъмулии пахши ахбор, балки бояд воситаи тавонои таълими забон ва ба маънии комили ҳамин вожа мубаллиғон ва мушаввиқони фарҳанги суханварӣ ва мактаби ҳақиқии омӯзиши забони форсӣ дар шакли дуруст ва роиҷи он дар тамоми олами форсизабон бошанд.

Ва метавон гуфт, ки рӯзномаи "Миллат" (бидуни муболиға) дар иҷрои ин рисолати муҳим муваффақ аст. Ҳамзамон он масоили мубрамеро пешниҳод ва ҳаллу фасл менамояд, ки дар шаклгирии худшиносии миллии тоҷикон хеле муассиранд.

Bа рӯзномаро метавон комилан мустақил хонд. Зеро он бидуни риояти хотиру манофеи ҳар гуна гурӯҳҳои сиёсию фаромиллӣ ба таври хеле боризу рӯшан ва ҳирфаӣ ибрози назар менамояд. Ва мазеъгирии дурусти рӯзнома дар иртибот бо рӯйдодҳои ахири Бадахшон гувоҳ бар ин гуфтаҳост.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97