Шабакаи аввал танҳо аз шаҳрдорӣ не, балки бояд аз тамоми мардуми тоҷик узр пурсад

Расонаҳо 18.08.2012 18:40

shabakai_1Ман миллатдӯсти асил ҳастам. Аммо барномаҳои телевизиони Узбакистонро тамошо мекунам. Дар ин барномаҳо намоишҳои шавқовари фароғатӣ, омӯзишӣ пешкаш мешаванд.

Узр, аммо аз Шабакаи аввал ғашам меояд. Шояд ман инро ифшо намекардам. Вале дирӯз дар барномаи ахбори Шабакаи аввал нишон додани раддияи қарори суд оид ба даъвои шаҳрдории Душанберо дида, тааҷубам дучанд шуд. Проблемаҳои муҳимми стратегии давлатро як сӯ монда, дар хатогиҳои имлоии шаҳрдорӣ айб меҷӯянд. 11 август дар барномаи пагоҳирӯзӣ чанд дақиқа танҳо дар бораи ғалатҳои таомномаи кадом як қаҳвахона баҳси "глобалӣ" оростанд. Аммо ҷуръат надоранд, ки ба мушкили дар ноҳияи Спитамени Суғд ҷойдошта, ки чанд деҳа (Шаббода, Ҷомӣ ) аллакай моли Узбакистон шудаанд, дахл кунанд. Аҳволи забони тоҷикӣ дар шимоли Точикистон чӣ гуна аст? Чаро бозори моро филму дискҳо ва матбуоти Узбакистон зер кардааст? Ман ба ин монанд чанде пеш тақризи як шоири маъруф ва сиёсатмадорро дар бораи тақвими рӯимизӣ хондам. Инсоф кунед, шоир! Садҳо ҷилд асарҳои пастғоя чоп мешаванду Шумо ба як тақвим часпидед. Яъне Шумо дар чанд соли охир бидуни тақвим чизи дигареро мутолиа накардед.

Биёед беғараз ба маънавиёти хеш чашми интиқод боз кунем. Дар бист соли охир муаллим, духтур хонаи нав нагирифтааст. Шумо, кормандони телевизион аз ҳисоби давлат соҳиби хонаҳои нав гардидед. Шумо асосан аз пули мо - андозсупорандаҳо маош мегиред. Ва Шумо бояд аз тамоми ҷумҳурӣ узр пурсед, ки мардумро аз симоҳои хориҷии антенна "тарелка"-ҳо ба телевизиони миллӣ ҷалб карда наметавонед!  

Заррина Тошева, Суғд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97