Сайтбандон барои пешгирӣ аз инқилоб?

Расонаҳо 12.03.2012 10:01

Фейсбук ғулғула андохт

facebook-pic3Бори аввал нест, ки масдуд кардани сомонаҳо ё ба истилоҳи содатар, "сайтбандӣ" дар Тоҷикистон ғулғула меафканад ва осмони иттилоотии кишварро метарконад. Аммо, ин бор ғулғула тундтар ва пурсарусадотар гардид. Чун ин бор маҳбубтарин шабакаи иҷтимоии истифодабарандагони интернет - Фейсбук баста шуд. Дар баробари ин шабакаи иҷтимоии интернетӣ, дастрасӣ ба 3 сомонаи номгум низ ғайри имкон гардид. Вуруди мустақим ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сомонаҳои Zvezda.ru; Tjknews.com ва Maxala.org номумкин аст ва аммо бо истифода аз нармафзорҳои садшикан имкон дорад ба роҳатӣ вориди ин сомонаҳо ва шабакаи иҷтимоӣ шуд. Қабл аз он ки ин мавзӯъро мӯшикофӣ кунем, ин чанд намунаи садшикан ё ба истилоҳи техноложӣ - филтршиканро дар пешорӯйи хонандагон мегузорем, ки агар то кунун аз инҳо дарак надоштанд, метавонанд рӯйи саҳфаи интернет бикоранд ва ҳамаи садҳои сунъиро бишкананд ва вориди сомонаҳои мавриди назарашон, ба вижа Фейсбук гарданд. Инак намунае чанд аз филтршиканҳо:

http://www.freeproxyserver.ca/

http://anonymouse.org

http://www.shadowsurf.com/

http://www.proxyforall.com/

пеш нахоҳад омад, танҳо ин қадр кифоя аст, ки бар ивази www.facebook.com масалан,http://www. freeproxyserver.ca / - ро р

Аммо, чаро "сайтбандӣ" сурат гирифт?

"Нимкосаи зери коса"-и Хадамоти алоқа

Сар аз рӯзи шанбеи 2 март ширкатҳои фароҳамсози интернет ва баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе операторони мобилӣ дастрасии мустақим ба шабака ва сомонаҳои зикршударо қатъ карданд. Ба иттилои расонаҳо, ширкатҳо изҳор доштаанд, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон барои масдуд кардани ин сомонаҳо супориш гирифтаанд. Дар рӯзи душанбеи 4 март Анҷумани фароҳамсозони интернет бо нашри як баёния изҳор дошт, ки дар воқеъ чунин нома ба кулли ширкатҳо ворид шудааст ва ин Анҷуман аз вазъи пешомада изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунин аз ҷомеаи башарӣ барои рафъи ин вазъ кумак дархост менамояд.

Хадамоти алоқа далели бастани ин сомонаҳоро ба хотири "гузаронидани корҳои профилактикӣ ва техникӣ" арзёбӣ кардааст.  

Bek_ZuhurovvАммо зимни як изҳори назар дар расонаҳо, ғайри мунтазира Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа чунин гуфтааст: "Бовар кунед, дар ҳамин шабурӯз Хадамот бисёр дар ташвиш аст. Бидуни санҷиш, бидуни анализ ба шахсияти инсонҳо мерасанд. Ҳақиқат менависанд ва ё дуруғ менависанд, бояд имзои худ, номи худро зери он гузоранд. Одамон аз интернет ояндаи хубро диданӣ ҳастанд. Мо бояд ягон коре кунем, ки вақте ҳар касе менависад, бояд номи худро ҳам ишора кунад. Вақтҳои охир интернетро ба бозори сиёҳ табдил додаанд".

Ин изҳороти Бег Зуҳуров боис гардид, ки коршиносони ин арса ба "корҳои профилактикиву техникӣ" рабт доштани сайтбандӣ бо шубҳа назар андозанд. Парвина Ибодова, раиси Анҷумани фароҳамсозони интернет дар суҳбат бо "Миллат" изҳор дошт, ки: "Ҳар нафаре бо интернет ҳади ақал ошноии сатҳӣ дорад, медонад, ки дар ин амал ҳич сабаби техникие буда наметавонад. Ман ҳарос дорам, ки "нимкосаи таги коса"-и ин амалро шарҳ диҳам, зеро ин бар зарари ширкатҳои фароҳамсози интернет анҷом мешавад. Ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон аз Хадамоти алоқа сахт вобастагӣ доранд, ба ин хотир ҳар амру фармону хоҳиши Хадамотро бе чуну чаро мепазиранд".

Аммо коршиносони дигар мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ далели масдуд кардани ин сомонаҳо ва шабакаи иҷтимоӣ чизе ҷуз паҳн гардидани як протоколи маҷлиси махфии Ҳукумат буда наметавонад.

Ҷилавгирӣ аз паҳншавии сирри ҳукумат?

 Дар чанд рӯзи қабл аз сайтбандӣ маҳз дар сомонаҳо ва шабакаи иҷтимоии масдудшуда як протоколи маҷлиси махфии ҳукумати Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2011, таҳти рақами 32-30 ба нашр расидааст. Дар ин протокол навишта шудааст, ки зимни ин ҷаласаи махфӣ вазири корҳои дохилӣ, вазири адлия, дабири шӯрои амнияти миллӣ, прокурори генералӣ, мушовирони президент, раиси Кумита оид ба дин ва бархе дигар аз масъулони ҳукумат ширкат доштаанд. Дар ин протокол ба ин вазирону раисон аз ҷониби Раиси Ҳукумат супориш дода мешавад, ки фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зери назорати доимӣ гирифта шавад; фаъолият ва мақоми занҳо дар ин ҳизб баррасӣ гардида ва чораҷӯйӣ шавад. Бо истифода аз имконоти мавҷуда, онҳое ки дар гирдиҳамоиҳои солҳои 92 ширкат доштанд, шиносоӣ шаванд. Чораҳои муассир ва зарурӣ барои баргардонии донишҷӯёне, ки дар хориҷ таҳсили ғайриқонунии исломӣ мегиранд, андешида шавад ва шаҳрвандон огаҳ карда шаванд, ки дар оянда ин намуди таҳсил ба куллӣ қатъ мегардад. Ҷойҳои ҷамъиятие, ки ҳамчун толори варзишӣ ё дигар макони тафреҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо дар асл ҳамчун масҷид фаъолият мекунанд, баста шаванд. Ва ба ин монанд протоколи 32-30 аз чанд банди дигар иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, то кунун аз мақомоти расмӣ дар мавриди воқеӣ ё тахаллуфӣ будани ин санад ҳеч изҳороте пахш нагардидааст. Аммо ба андешаи огаҳон, аксуламале ки сурат гирифт, гувоҳи он аст, ки санади мазкур шояд ҳақиқат доштааст.

Асомиддин Атоев, мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мегӯяд, аксуламале, ки нишон дода шуд, хилофи Консепсияи амнияти иттилоотии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ҷаноби Атоев: "Ин Консепсия, ки аз соли 2003 тасдиқ гардидааст, чунин қадамҳоро таҳдид ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон баҳо медиҳад. Яъне маҳдуд кардани мавқеи фазои иттилоотии кишвар дар расонаҳои ҷаҳонӣ ва минтақа таҳдид ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон аст. Ва гузашта аз ин, дар замони муосир бастани сомонаҳои интернетӣ ба имиҷи Тоҷикистон латма ворид мекунад".

Фейсбукро бастанд, ки инқилоб нашавад?

Аммо бархе ҳам бар ин назаранд, ки бастани Фейсбук на танҳо ба хотири паҳн шудани ин протокол буд. Ҳамин шабу рӯз бо истифода аз нармафзорҳои филтршикан ҳар нафар вориди Фейсбук бишавад, мебинад, ки баҳсҳо дар ин замина тобиши дигартар доранд. Дар гурӯҳҳои мухталифи фейсбукӣ баҳс аз ин аст, ки Ҳукумат бо дасти Хадамоти алоқа бо бастани ин шабакаи иҷтимоӣ мехост ҷилави инқилоби эҳтимолиро бигирад. Ба ин ки то куҷо Фейсбук метавонад дар Тоҷикистон мисли кишварҳои дигар инқилобро доман бизанад, аввалан худи истифодабарандагони ин шабака дар Тоҷикистон шубҳа доранд. Асомиддин Атоев мегӯяд, ҳоло омӯзиши академии сабабҳои вуқӯъи инқилобҳои ахир идома дорад. "То имрӯз олимон ба хулосае омаданд, ки нахуст мушкилоти кишварҳо буд, ки инқилобҳоро дар як қатор давлатҳои арабӣ ба вуқӯъ овард. Дар Тоҷикистон ҳам агар ягон ҳодисае сар занад, омили он аввал мушкилоти мавҷудаи кишвар аст", - меафзояд ҷаноби Атоев. Ба гуфтаи вай, ҳоло истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон чизе дар давру бари 40 ҳазор аст, ки ин миқдор ҳеч аҳамияте надорад.

Таърихи сайтбандон ва бархурди нобаробари Бег Зуҳуров

Сайтбандӣ дар Тоҷикистон собиқаи чандсола дорад. Аз аввалин сомонаҳое, ки дастрасӣ ба он дар Тоҷикистон маҳдуд шуд, ин сомонаи "Чароғи рӯз" буд. Шояд он замон истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон хеле андак буданд, ки масдуд шудани ин сомона таваҷҷӯҳи камтарро ба худ нисбат дод. Аммо ба думболи ин, дар тирамоҳи соли 2010 ин вазъ дубора иттифоқ афтод. Дар рӯзҳои охири моҳи сентябри 2010 сомонаи www. tojnews. org ва www.avesta.tj барои як муддат баста шуд. Ҳоло дар баробари Фейсбуку maxala.org, zvezda.ru ва tjknews. com ҳамчунин сомонаи хонаводагии Тураҷонзодаҳо бо нишонии www.turajon.com баста аст. Ҳамаи ин маҳдудкунӣ бо дастури Хадамоти алоқа ва аҷиб ин ки ба як далел; "мушкилоти техникӣ ё ба иллати гузаронидани корҳои профилактикӣ-техникӣ" сурат гирифтааст. Аммо боре ҳам нашуда, ки ин "мушкили фанниро" Хадамот шарҳ диҳад.

Дар изҳороти охири раиси Хадамоти алоқа мехонем, ки ӯ аз навиштаҳои бе "муҳру имзо" нигарон аст. Мехостам ба раиси муҳтарам як кумак бирасонам. Марҳамат карда ана ин сомонаро: http://globus-news.net/tj/ ҳам бибандед. Далелашро ҳарчи унвон кунед, пазируфтанист. Дар ин сомона матлабу маводҳои бе муҳру имзо, буҳтономезу дурӯғин, ғайбатмонанду жожгуна хелеву хеле зиёд аст. "Бовар кунед, бидуни санҷиш, бидуни анализ дар ин сомона ба шахсияти инсонҳо мерасанд. Ҳақиқат менависанд ва ё дуруғ менависанд, имзоҳои дуруғинро мегузоранд". Матолиби ин сомона на камтар аз мақолаҳои Zvezda.ru; Tjknews.com ва Maxala.org хатарнок аст.

 

 

Ҳамин:

Ҳар кас, ки чу об софу пок аст,

Аз гуфтани ҳақ ӯро чӣ бок аст?

Ёқуби Саид

PS: Ба ҳангоме ки ин матлаб дар нашрияи «Миллат» интишор гардид, ҳанӯз шабакаи иҷтимоии Фейсбук масдуд буд. Дар рӯзи ҷумъаи 9 март дастрасӣ дубора ба Фейсбук имкон шуд, аммо то кунун сомонаҳои tjknews.com, maxala.org ва zvezda.ru масдуд аст.

Бо вуҷуди ин ҳама бастану бозкушоӣ кардан, дастандаркори ин амал, Хадамоти алоқаи кишвар бо раҳбарии Бег Зуҳуров ҳанӯз ҳам далели боварбахши ин дарбандиро баён накардааст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97