Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон имрӯз ҷойи кадом расона холӣ аст?

Расонаҳо 10.03.2012 11:02

sultoni-hamadСултони Ҳамад, муассиси торнамои "Рӯзгор":

Фазои холии итиллоотиро имрӯз ҳам дар матбуоти даврӣ ва ҳам дар расонаҳои электронии кишвар ба шеваи қобили мулоҳизаи амиқ дидан мумкин аст. Барои мисол, ба ҷуз як нашрияи хусусии "Имрӯз News" мо рӯзномаи дигари ҳаррӯза надорем. Ба назар мерасад, ки ҳатто ҳукумат ҳам на чандон ҳавасманд аст, ки нашрияи ҳаррӯза дошта бошад. Вагарна, фикр мекунед, бо гузашти 20 соли истиқлол ҳукуматро зӯраш намерасад, ки "Ҷумҳурият" ва "Садои мардум"-ро ҳаррӯза кунад? Иллаташ чӣ ҳаст? Шояд журналистон бо фаъолияти худ зарурати доштани чунин нашрияҳоро ҳанӯз натавонистаанд собит кунанд ва ё шояд дар ҳукумат ҳанӯз ба дарки он нарасидаанд, ки матбуот ва дигар васоити ахбори умум метавонад ба рушду инкишофи хоҷагии халқи кишвар мусоидат кунанд. Дар бораи набудани нашрияҳои соҳавии ҷиддӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Масалан, синамои тоҷик даврони начандон хуби худро имрӯзҳо аз сар мегузаронад. Гоҳ-гоҳе дар ин ва ё он ҳафтнома дар бораи проблемаҳои ин соҳа баъзе матолиб ба табъ мерасанд. Вале касе ё нашрияе дар пайи омӯзиши проблемаҳои мавҷуда дар ин соҳа нест. Агар нашрияе мебуд, ки махсус проблемаҳои ҳамин соҳаро пайваста мавриди баррасӣ қарор медод, натоиҷи онҳоро дунболагирӣ мекард, камбудиҳоро ошкор менамуд, роҳи ҳалли мушкилотро нишон медод, фикр мекунам, ба манфиати кор мебуд. Ҳамин гуна камбудиҳо дар соҳаи иқтисодиёти кишвар низ  ба чашм мехӯранд. Набудани як нашрияи қавие, ки  омӯзиш ва баррасии масоили муҳимми иқтисодиётро дар маркази таваҷҷуҳ дошта бошад ва дар он журналистони пурқувват фаъолият кунанд, аз ҳамин вазъияти иқтисодие, ки дорем, баръало маълум мешавад. Матбуотро оинаи рӯзгор меноманд. Оне, ки пайваста аз оина истифода мебарад, ба камбудиҳо камтар роҳ дода, нуқсонҳои мавҷударо тезтар бартараф мекунад. Шояд ҳар ҳафта як бор ба оина нигоҳ кардан дигар қиммати оинаро дар назди мо паст намудаву оина ҳам моҳияташро гум кардааст? Ё "мо бузургему дар оинаи кӯчак наменамоем"?

Дар Тоҷикистони Шуравӣ ҳамагӣ чанд рӯзнома ба табъ мерасид, ба амсоли газетаи ҳизби коммунист, комсомол, "Адабиёт ва санъат" ва дигар рӯзномаҳо буданд. Дигар мисли имрӯза васоити ахбори машҳуру маъруф набуданд. Баъди пошхӯрдани Шуравӣ ин рӯзномаҳо боз ҳамчун нашрияҳои расмӣ боқӣ монданд, фақат вазифаҳояшон каме тағйир хурд. Дар он замон "Тоҷикистони советӣ" ҳамчун яке аз рӯзномаҳои пешқадами замон шинохта мешуд, чунки ягона рӯзномаи давлатие буд, ки масоили ҷомеъаро дар бар мегирифт ва ба ҳамин рисолати худ бояд ҷавобгӯ мебуд. Имрӯз ин рӯзнома ба ҳамон рисолати худ ҷавобгӯ нест. Тавре мебинем, ба ҷуз таърифу тавсифи мақомоти давлатӣ дигар матлаби хонданибобе, ки ба дарди ҷомеъаи мо бихурад, бисёр ками дар кам нашр мешавад. Яъне мазмуну муҳтавои ин рӯзномаҳо кулан тағйир ёфтааст. Шояд ин ба он вобаста аст, ки роҳбарияти рӯзнома дигар шудааст ва сиёсати давлатӣ тағйир ёфтааст, ки аз пештар фарқ мекунад. Ҳамчунин дигар нашрияҳо низ мисли "Коммунисти Тоҷикистон", "ҷавонони Тоҷикистон" низ танҳо ҳамон чизеро, ки фармоиш мешавад, чоп мекунанд, вале ин рисолати аслии худро, ки расонидани хабари воқеъӣ мебошад, пайваста иҷро карда наметавонанд.

Shodi_ShabdolovШодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон:

Ман бояд бигӯям, ки имрӯз дар Тоҷикистон расонаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Плюрализм- гуногунандешӣ вуҷуд дорад ва расонҳо ақидаҳои мухталифро ба табъ мерасонанд. Маҳз ҳамин андешаҳову пешниҳодҳо баъдан мавриди баҳс дар ҷомеъа қарор мегиранд, то роҳҳои дурусти ҳалли он пайдо бишавад. Ба хусус сиёсати дурусти давлати Тоҷикистон, ки онҳоро хуб таҳлил карда, он паҳлӯе, ки ба нафъи давлату миллати тоҷик аст, истифода намояд. Расонаҳо бояд ҷиддӣ бошанд ва он анъанае, ки намехоҳем як касро ғамгин кунем, бояд шикаста шавад. Интиқод ростӣ, талх аст ва касеро хуш намеояд, аммо бояд танқидҳои воқеъӣ бештар бошанд, то ислоҳ шаванд, ки ҳамин дар рӯзномаҳои имрӯза кам ба чашм мерасад. Шумораи нашрияҳо ва расонаҳо хело зиёд шудааст, аз рӯзнома шурӯъ карда, то телевизиону интернет. Аммо аз хондани баъзе рӯзномаҳо шарми кас меояд, ҳақорат, таҳқир нисбати баъзе ашхос ба чашм мерасад, ки аз одоби журналистӣ берун аст. Хубтар аст, ба ҷойи таҳқир далел овард, то он шахс ҳар касе бошад, қоил шавад, ки дар ҳақиқат чунин аст ва ислоҳ шавад. Тарғиби ақидаҳои гуногун, ба хусус сотсиалистиро дар Тоҷикистон бе ниҳоят кам нишон медиҳанд. Ба ҷуз як ду ҷумла касе бештар ҷуръат намекунад, бигӯяд, ки ҳамон давра, давраи хуб буд. Васоити ахбори умум хоҳ телевизион бошад, хоҳ рӯзномаву родиё бояд ақидаҳоро ошкоро бигӯянд, чи коммунистӣ бошад ва ё исломӣ ва ё халқӣ - демократӣ, албатта ман ақидаҳои экстремистӣ ва зӯровариро дар назар надорам. Нисбати расонаҳои ҳизбӣ бояд як чизро қайд кард, ки дар бисёре аз кишварҳо ба хусус Скандинавия ҳар ҳизбе дар парлумон ҷой дорад, аз ҳисоби давлат барои нашри рӯзномааш датсгирӣ меёбад. Фикр мекунам, ин таҷрибаро бояд дар мо низ истифода кунанд. Зеро ҳизби роҳбар метавонад барои худаш бо истифода аз мақом нашрияи худро дошта бошад, аммо дигар ҳизбҳо ҳатто идора ва ё маблағи иҷораро надоранд, ки нашрияи худро дошта бошанд.

Ahmadshohi_komilllАҳмадшоҳ Комилзода, собиқ сардабири ҳафтаномаи "Растохез":

Як расонаи пурқудрати миллие, ки бисёр мавзӯъҳои муҳимму ҷиддиро ҳамеша битавонад дарҷ кунад, баҳсҳои миллиро дар доираи коршиносон хуб битавонад, ки ба миён бигузорад ва роҳҳои бурунрафтро барои мардум нишон бидиҳад ва битавонад, ки бо ҳамин рӯҳ хонандагони зиёдеро ҷалб кунад ва нашрияи фарогири миллӣ бошад, то ҳанӯз мавҷуд нест. қаблан низ гуфта будам, ки ҳамин нашрияҳое, ки имрӯз дорем, гоҳ гоҳ чунин мавзуъҳоро дарҷ мекунанд, вале дар умум натавонистаанд, ки ба дараҷаи як нашрияи миллӣ ё хуби профессионалӣ- касбӣ бирасанд, то ин ки мардум онро қабул карда тавонанд. Ҳоло ҳамин нашрияҳои мавҷударо, ки мехонем, ба далели нарасидани хабарнигорони касбиву ҳирфаӣ мушкили  зиёде доранд. Аз ин рӯ маводи заъиферо ба мардум пешкаш мекунанд, ки аз хондани он дили одам намехоҳад, ки онро ду бора бихараду вақти худро сарф кунад. Ин як мавзӯъест, ки бисёр муҳим аст. Бояд зикр кард, ки ҷомеъа ба як рӯзномаи хубе барои ҷавонон ва барои занон ниёз дорад. Зеро чанд маҷаллаи занонае, ки дорем, натавонистаанд, ба ин касбияту ҳирфаиятро касб кунанд ва мушкилоти ҷомеъаро инъикос намоянд ва ба як нашрияи миллӣ табдил шаванд. Тамоми расонаҳои имрӯзаи мо заъиф ҳастанд ва наметавонанд, ки ин қудратро бардоранд, агарчи аз нигоҳи ороиш ва чоп хело хуб шудаанд.

Gulov_SanginСангин Гулов, устоди факултаи журналистика:

Матбуоти имрӯзаи мо ҳамон оинаеро мемонад, ки ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро инъикос  мекунад. Ин матубот бо вуҷуди бурду бохтҳояш, бо вуҷуди баъзан "оинаи каҷнамо" буданаш, рисолати худро дар назди ҷомеаи Тоҷикистон иҷро мекунад. Матбуоти тоҷик наметавонад аз ҷомеа пеш бошад. Ба андешаи ман, барои аз ҷомеа пеш будани матбуотамон ҳанӯз вақт ҳаст. Бо вуҷуди он ки матбуоти имрӯзаи мо нашрияву маҷаллаҳои гуногунсамту гуногунсоҳаро фаро мегирад, аммо ҷойи матбуоти кӯдаконаи солҳои шӯравӣ дар фазои иттилоотӣ холист. Ин нашрияҳои кӯдаконае, ки имрӯз ба нашр мерасанд, ба дарди кӯдакони мо намехӯранд ва он нақшеро намебозанд, ки матбуоти кӯдаконаи замони шӯравӣ мебозид. Ҷойи "Пионери Тоҷикистон"-у "Машъал"-у "Чашма" имрӯз холист. Андеша дорам, ки роҳбарияти Вазорати маорифи кишвар низ холигоҳро эҳсос мекунанд ва дар наздиктарин фурсат пайи ислоҳи ин вазъ хоҳанд шуд.

abdufattohАбдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:

Бидуни ҳеч шакку шубҳа барои Тоҷикистон таъсиси шабакаҳои қавӣ ва воқеан касбии телевизионӣ зарур аст. Ва ғайридавлатӣ, то шабакаҳои давлатиро ба рақобат водор бисозад. Феълан бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон ҳеч телевизионе надорад. Шабакаҳои мавҷудаи телевизионии давлатиро мардуме, ки ба анвоъи дигари расонаҳо (радио, интернет, рӯзнома) ва шабакаҳои моҳвораӣ дастрасӣ доранд, тақрибан тамошо ҳам намекунанд, воқеъиятест, ки бояд масъулини телевизионҳо иқрор бишаванд. Тоҷикистон ҳамчунин ба рӯзномаҳои ҳаррӯзаи арзону дастрас ва ба оҷонсиҳои иттилоотии бештари тоҷикзабон ва англисизабон ниёз дорад. Дар кишвар ҳамчунин нашрияҳои нируманд ва касбии тоҷикзабон имрӯз кам аст. Ягона нашрияи касбӣ феълан метавон "Азия Плюс"-ро номид ва ҳеч аз нашрияҳои тоҷикӣ ба иллатҳои мухталиф натавонистаанд, бозори АП-ро ба чолиш бикашанд. Муҳимтар аз ҳамаи инҳо, балки аҷибтар аз ҳамаи инҳо, адами таваҷҷуҳи куллии расонаҳои тоҷикӣ (ба ҷузъ "Азия Плюс" ва "Озодӣ") ба шабакаҳои иҷтимоист.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97