Жож нагуфтем, жож хостед!

Расонаҳо 21.02.2012 09:58

GHoGH"Тибқи Низомномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 тасдиқ карда шудааст, Вазорат сиёсати давлатро дар соҳаҳои энергетика ва саноат амалӣ намуда, ҳуқуқи дахолат карданро ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ надорад…" (Иқтибос аз посухи Вазорати саноат ва энергетикаи ҶТ)

Мо чӣ гуфтем?

Аз ин номаи Шумо дарёфта мешавад, ки Вазорат сиёсати давлатро дар соҳаҳои энергетика ва саноат амалӣ бояд намояд. Наход сиёсати давлат нузул додани ин соҳаҳо бошад? Куҷостанд он корхонаҳои саноатӣ, ки ин ҳама мардуми овораву бечора ба кор фаро гирифта шаванд? Кӯдакони 1 сола арӯси18 сола шуданду падарони бечораи онҳо дарбадару хокбасар, на болини ҳамсарӣ диданду на қад кашидани гулдухтарони худро, маҷбуранд, барои ҷиҳози арӯсии онҳо пул ҷамъ кунанду атласи марғелону кимхои чинӣ бихаранд. "Тоҷикатлас"-у "Хуҷандатсал" ку дигар, ки лоақал он пулро масрафи моли ин корхонаҳои ватанӣ кунанд?! Наход сиёсати давлати мо тоҷикон рушди саноати Чину Узбакистон бошад?! Бовар намекунем. Зеро ҳар як давлати соҳибэҳтирому соҳибистиқлол бояд истеҳсоли ватаниро рушд бидиҳад, корхонаҳои саноатиро роҳандозӣ кунад, то пул вориди кишвар бишавад, на балки пули бо заҳмат воридкардаи садҳо ҳазор муҳоҷир ба коми иқтисоди кишварҳои ҳамсояаш фурӯ биравад. Не! Масъулони муҳтарами вазорати саноат?! Ин як!

Сиёсати давлат хирадмандона эълон шудааст. Пас чаро вазорати саноат ва энергетика, ки сиёсати ин давлатро амалӣ бояд бикунад, ба ин амр амал намекунад? Афғонистони ҷангзадаро як назар кунед, 32 сол боз ҷанг дар ин кишвар забона мезанад. Дар Тоҷикистони мо ҳамагӣ 5 сол ҷанг буд. Аммо Афғонистони ҳанӯз ба сулҳ дастнаёфта ва ҳамеша торикистон чароғон шудааст, Тоҷикистони чароғони мо торикистон. Дур наравед, танҳо як шаб меҳмони яке аз навоҳии наздимарзӣ шавед ва ин ҳақиқатро бо чашмони сар бубинед. Боз бадгӯҳо мегӯянд, Афғонистон аз баракати барқи тоҷик чароғон аст. Бовар намекунем. Не, он барқи худи афғонҳост, ки дар ҳар деҳа як ниругоҳи хурд сохтаанд. Зеро воқеъан "сиёсати давлатиро дар соҳаи энергетика амалӣ кардаанд". Дар мо ҳар касе бихоҳад ҳам, як ГЭС -и хурд сохта наметавонад, ҳар мақоме, ки ба ин иҷоза медиҳад, шояд ҳақ мехоҳад, вагарна мушкил чист(?), ҳамон обе, ки дар Афғонистон ниругоҳи хурд месозанд, мо бештар аз онро дорем. Ҳеч мумкин нест, ки хирадмандон хонаи худро тираву тор нигаҳ доранду чароғи дигаронро рӯшан. Аммо мутаассифона тибқи сиёсати хидрадмандонаи шумо Тоҷикистон Афғонистону Афғонистон Тоҷикистон шудааст. Ин ҳам самараи амалӣ кардани сиёсати энергетикӣ аз ҷониби Шумо, масъулини муҳтарам. Не?! Ин ду!

Боз агар як бор "пулт"-и идоракунии телевизиони моҳвораиатонро, (лутфан, инкор накунед, ки онро надоред ва танҳо телевизиони ватанӣ мебинед, ҳатман аз ду то бештар ҳам доред, ки на камтар) сӯи каналҳои телевизионҳои Афғонистон нуктаи фармонро зер кунед ва бубинед. Шояд ҳам дида бошед. Афғонистони ҷангзада, балки ҳанӯз ҳам дар ҳолати ҷангу низоъ чӣ қадар истеҳсоли ватаниро таблиғ мекунад, аз томоту макарон… то Помирсикилете, ки мотосикл истеҳсол мекунад. Ростӣ, мо ки мебинем, ба ин рушди чашмгири як кишвари ақибмонда ҳавасамон меояд, шуморо чӣ, масъулони амалисозии сиёсати саноатии давлати тоҷикон?! Ин се!

Боз далел мехоҳед. Ба ҳар сурат зиёд хурдагирӣ намекунем, шумо, ки сиёсати энергетикии давлатро амалӣ месозед, фикр намекунед, ки натиҷаи фаъолиятҳои ниҳоят заъифи шумо боис шуда, ки солҳо боз мардум дар хонаҳои торику сарди худ нишаста, аз Худованд чӣ илтиҷо мекунанд?! Агар боре аз серкорӣ фурсати фикр кардан пайдо накардед, кумакатон мекунем, мардум дигар намехоҳад дар сардиву торикӣ зиндагӣ кунад. Шаҳрнишинони бечора гази табиӣ чист, кайҳо аз ёд мебурданд, агар асбобҳои газии солҳо "ҳайкал"-шудаи хонаҳояшон онҳоро ба ёди рӯзҳои хушбахтӣ набарад. Магар ин марбути амалкардҳои шумо дар "пиёда сохтани сиёсати энергетикии давлат" нест?!

Лутфан, нагӯед, ки ин ҳам марбути фаъолиятҳои шумо нест. Вагарна, ногузир бояд пешниҳод бидиҳем ба давлат, ки шумори вазоратхонаҳоро ихтисор бикунанд ва танҳо 6 вазорат: Вазорати амният, дифоъ, дохила, тандурустӣ, маориф ва хориҷа барои Тоҷикистон кифоят мекунад, ки арзи вуҷуд дошта бошад. Дигар ширкатҳои хурд метавонанд масъулияти ин ҳама вазирони нокоромадро иҷро кунанд. Не?!

Пиёзу сабзиҷот аз Узбакистон, картошка аз Покистон, себу тухм аз Эрон, пойафзол аз Чин, либос аз Туркия…, мошин аз Ҷопон, мошин чӣ, ки мо ҳатто сӯзан истеҳсол намекунем. Пас дағдағаи вазорат доштану вазир будан, баҳри чист? Пас Шералӣ Гулу Қосим Қосимов ва ду вазорати саноату кишварзӣ барои чӣ дар кор бошанд?

Чаро вазири маориф барои ҷой доштани коррупсия дар зерсохторҳои ин вазорат бояд посух бигӯяд, дигар вазирон не?! Магар вазифаи ин вазорат сиёсати маорифи давлатро пиёда кардан набуд?!

Тақозои мо ба унвони шаҳрванд дар як ҷомеъаи маданӣ ин аст, ки ҳар мақомдор ба амалкарди хеш посух бигӯяд. Ва барои афроде, ки масъулияти як миллат бар дӯшашон вогузор шудааст, амал кунанд, то ин миллатро қабл аз ҳама аз бекорӣ, ки ононро дарбадару бечораву дастнигару муҳтоҷ кардааст, наҷот бидиҳанд. Калиди қуфли дари бахти ин миллат пеши шумост, муҳтарам масъулони бахши саноату энергетика!!!

Агар ин "Барқи тоҷик" боиси сарсонӣ ва бадбахтии тоҷик аст, пас масъулони амалисозии сиёсати давлат дар бахши энергетика дар кадом мактаб дарс хондаанд, ки намедонанд бо он чӣ бикунанд?! Намешавад, ки як деҳқони хокпош аз деҳа бархезаду биёяд ва бигӯяд, ки муҳтарам масъулон, ҳамин бахши энергетика ба хотири фалону фалон фаъолиятҳои нодурусти ин бахш ақиб уфтодаву рӯз аз рӯз ба чоҳи бетаг фурӯ меравад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон аждаҳои хуфта дар болои хазинааст. Ва ин хазина ҳамин мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии он аст ва бахши энергетикӣ ганҷи ин хазина. Вазифаи шумо масъулон аст, ки сиёсатро амалӣ кунед, на ин ки маътал биншинед, ки ку бинем аз Худои олам чӣ меояд. Худои олам ин фурсат ва имкониятро дар ихтиёри шумо додааст, амал кардед, хуб, накардед, аъмоли гуноҳонатон дар тарозуи ӯ баркашида мешавад. Ва рӯзе аз истифода накардани ин фурсату имкониятҳо ду даст ба сар ҳам хоҳед зад.

Шумо мегӯед, ки "Миллат" саргарми бар ҳаво рафтани 15,7 млн сомонии бар ҳаво рафта шудааст, саргармии чӣ, дуздида шудани 15,7 миллион сомонӣ аз ҳаққи мардуми бадбахту бечораву овора саргармӣ нест, аз дуздида шудани ин миллионҳо сомонӣ шок бояд шуд. Ва ҷумлаи навиштаи мо аз ғафлат нест, ҷумлаи равони форсист, тардид надошта бошед: "Дар ҳоле ки соли 2010 Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи масъул будани вазирон барои амалҳои коррупсионии тобеъонашон содир шудааст". Агар шумо бар забони ноби тоҷикӣ, ки сардафтари адабиёти ин забони форсӣ-тоҷикӣ Рӯдакии ҳамшаҳрии мост, тасаллут надоред, мушкил аз худи шумост.    

Гуфтаед, ки ба маънои фармони Президент аз 30 апрели соли 2010 сарфаҳм нарафтем. Дуруст гуфтаед, шаке вуҷуд надорад, рост мегӯед. Вагарна ба он ақалан эҳтиром мегузоштед ва намегуфтед, ки нафаҳмидем. Сухани моро - ку қабул надоред, шунидан намехоҳед, аммо ақалан оид ба фармони Президент бояд беэҳтиромона сухан намегуфтед. Ва барои он ки агар шумо воқеан бихоҳед, ки мақсад чист, барои ба забони ба шумо фаҳмо бигӯем: Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2010 фармон дод, ки барои амалҳои коррупсионӣ, яъне агар ҳатто тобеъони шумо моли давлатро бидузданд, шумо масъулон ҷавоб мегӯед!!! Акнун фаҳмидед. Ин бор ҳам агар нафаҳмида бошед, бояд аз сари нав синфи як биравед. Нодуруст? Ин чаҳор!

Вале аҷиб ин аст, ки бо сабаби техникӣ 1 сифр ғалат шудани маблағи овардашударо дар саҳифаи нашрия возеҳ мебинед, аммо аҷиб аст, ки миллионҳо, бигузор 1 миллион ҳам бошад, ғайримақсад истифода шудан, гум шудан, дуздӣ шудани онро дар сохторҳои зери назаратон чӣ гуна намебинед ва он аз назари шумо пинҳон мемонад?!

Фарз бар ин бошад, ки 1 миллион не, 1 сомонии давлат, на пули маоши шумо ва кормандонатон чаро ғайримақсад истифода мешавад?! Магар дузд ҳам дузду сӯзандузд ҳам дузд нест?! Ин паҷн!

Афсӯси мо аз он аст, ки лоақал дар ин посухи шумо ҳеч нигаронӣ ва изҳори таасуфе аз барҳадар рафтани миллионҳо сомонии ҷудошуда барои рушди бахши энергетикӣ эҳсос намешавад. Ва ин қадар бепарвоёна мегӯед, ки гунаҳкорон ба ҷазои аъмолашон дар назди қонун мерасанд. Яъне аз ин чунин хулоса мешавад, ки ҳеч масъуле барои амалкарди тобеъонаш набояд посух бигӯяд. Ин маънои онро дорад, ки боз дар соли 2012 низ 15,7 миллион сомонӣ дуздида мешавад ва боз Агентӣ тафтиш мекунад ва бояд ҳамин гуна то соли 2020 давом кунад? Пас кай сиёсати энергетикӣ ва саноатии давлат амалӣ мешавад?! Нафаҳмидем. Ё сиёсат ҳамин аст?!

Ташаккур аз ин ки моро ба ёди замоне соҳибрӯзнома будани ин миллати соҳибтамаддун андохтед ва аз камбудии мо ёдрас шудед, ки чаро рӯзнома менависему онро ҳафтанома ба нашр мерасонем. Агар бигӯем, ки ин бадбахтии мо бори дӯши шумост, боз моро ғалат дарк хоҳед кард. Воқеан, нашрияи мо рӯзнома аст, ва он ҳамчун рӯзнома сабти ном шудааст, рӯзнома ба маънии он аст, ки баёнгари ҳоли рӯз аст, чӣ дар ҳафта, чӣ дар моҳ ва чӣ дар сол. Аммо чаро онро мо наметавонем ҳар рӯз нашр кунем, боз ҳам бармегардад ба масъулияти шумо. Азбаски корхонаҳои саноатӣ кор намекунанд, соҳа рӯз то рӯз фалаҷ мешавад ва қишри фаъоли ҷомеа; коргарон, онҳое, ки рӯзнома мехонанд ва рӯзномаро ҳатман бо пул мехарӣ, дар ҷумҳурӣ кор намеёбанд, маҷбуранд, бору банд ва ҳатто дар ин охирҳо зану фарзанди худро гирифта, берун аз ҷумҳурӣ барои ёфтани нонпулӣ бираванд, имконияти дар рӯз чоп кардани рӯзномаро аз мо ҳам гирифтааст. Яъне рӯзноманигор дар рӯз бекор мондааст, ризқашро масъулони пиёда кардани сиёсати давлат дар бахшҳои мухталиф аз ӯ "гирифтаанд".

Умедворем, пас аз ин шумо талош хоҳед кард, то хонандаи рӯзномаро дар ватан бо ҷойи кор таъмин кунед ва мо ҳам битавонем рӯзномаро ҳар рӯз нашр кунем ва сояи ин шармандагиро аз рӯйи давлат барандозем. Чӣ гуфтед, муҳтарам масъулони пиёдасозии сиёсати саноат ва энергетикии давлати Тоҷикистон! Барои феълан кофист, не!

"Миллат" - рӯзномае, ки аксари хонандааш дарбадару хокбасару муҳоҷир аст

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97