Тоҷикистон "чаҳорумин кишвари ҷаззоб" барои ҷаҳонгардон

Расонаҳо 08.02.2012 19:06

KuhnavardМаҷаллаи ҷаҳонгардии “Вондерлост”, чопи Бритониё, Тоҷикистонро дар миёни панҷ кишвари нахустин дар феҳристи “беҳтарин кишварҳои навзуҳур” дар арсаи ҷаҳонгардӣ ҷо додааст.

Тоҷикистон дар ин феҳрист пас аз Судон, Гринланд ва Муғулистон ба унвони чаҳорумин кишвари ҷаззоб барои ҷаҳонгардон шинохта шудааст.

Ба навиштаи маҷаллаи “Вондерлост” (Wonderlust), ин кишварҳоро бар асоси раъйгирии хонандагонашон дар ин феҳрист ҷо додааст.

Маҷаллаи “Вондерлост” дар ёздаҳ матлаб феҳристҳое аз даҳ кишвар таҳия кардааст. “Беҳтарин кишвар”, “беҳтарин шаҳр”, “беҳтарин кишвари навзуҳур”, “беҳтарин ширкати сайёҳӣ” ва ё “беҳтарин фурӯдгоҳи байналмилалӣ” дар миёни ин мақолаҳост.

Дар соли 2012 мақоми аввал дар мақулаи “беҳтарин кишвар”-и ин маҷалларо Ҷопон касб кард ва дар мақолаи “беҳтарин шаҳр” Луонг-Пробонги Лоус нахустин шудааст.

Тоҷикистон дар ҳоле дар матлаби “беҳтарин кишвари навзуҳур” мақоми чаҳорумро ба худ ихтисос медиҳад, ки масъулони давлати кишвар пайваста дар бораи талошҳои худ барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҷаҳонгардӣ дар кишвар ва ҷалби ҷаҳонгардон сӯҳбатҳо мекунанд.

Сиёвуш Бобохонов, масъули бахши тавсеъаи ҷаҳонгардии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, гуфт, ки дар соли 2011 ба Тоҷикистон 255 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст.

Ба гуфтаи вай, танҳо 183 ҳазор нафар аз миёни ин теъдод аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи ҷаҳонгардӣ омада буданд.

Ҷаноби Бобохонов гуфт, ки теъдоди ҷаҳонгардоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, дар солҳои ахир пайваста афзоиш меёбад. Бино ба иттилоъи ин манбаъ, дар соли 2011 дар муқоиса бо соли қаблӣ 20 ҳазор ҷаҳонгард бештар вориди кишвар шудааст.

Масъулони кумита мегӯянд, ки нашри нақшаҳо, дискҳо ва китобчаҳои роҳнамои ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ва тавзеъи онҳо тавассути сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷа ва ширкати ҳамасолаи ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои ҷаҳонгардӣ аз иқдомҳоест, ки барои ҷалби ҷаҳонгардон ба кишвар тайи солҳои ахир анҷом шудааст.

Дар соли гузашта нахустин огаҳии таблиғи ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон тавассути шабакаи Юру-нюз пахш шуда буд. Аммо гуфта мешавад, ки ба хотири қимати гарон, ин огаҳии телевизионӣ барои муддати кӯтоҳе дар рӯзҳои ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар Юру-нюз пахш шудааст.

Бо ҳадафи ҷалби сармоягузорон ва ҷаҳонгардони бештар ба Тоҷикистон давлат низоми дарёфти визо барои шаҳрвандони ҳаштод кишварро чанд сол пеш сода карда буд. Шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд визои худро дар бахши консулгарии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дарёфт кунанд.

Пас аз фурупошии Шуравӣ кишварҳои минтақа, ки барои сайёҳони ҷаҳон "ногушуда" боқӣ монда буданд, гомҳои зиёде барои ҷалби ҷаҳонгардон ба кишварҳояшон бардоштанд.

Дар ҳамин росто, давлати Қирғизистон ба парлумонаш пешниҳод кардааст, ки “Қонун дар бораи ҷаҳонгардӣ”-и ин кишварро ислоҳ кунад. Дар тарҳи пешниҳодӣ омадааст, ки низоми раводид барои атбоъи кишварҳое, ки даромади сарона дар онҳо на камтар аз 7000 доллар аст, бояд лағв шавад.

Маҷаллаи Вондерлост дар саҳафоти худ дар бораи Тоҷикистон навиштааст: "Тоҷикистон кишваре дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Чин ва Афғонистон буда дорои манозири кӯҳистонии пурранг ва аз зеботарин ҷоддаҳо мебошад."

Маҷалла меафзояд: "Ҳарчанд ин яке аз фақиртарин ҷамоҳири собиқи шӯравӣ аст, вале барои ҷаҳонгардон таҷрибаи хуби ҷаҳонгардӣ меомӯзад ва мавзеъҳои зебо ва қуллаҳои азимро пешкаш мекунад."

Ба гуфтаи мутахассисони арсаи ҷаҳонгардӣ, аксари ҷаҳонгардонеро, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, кӯҳнавардон ва шикорчиҳо ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилоъи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, то соли 2010 дар кишвар 186 ширкати хусусии кӯҳнавардӣ сабти ном шуда буд, вале дар аввалҳои он сол "ба далели фаъол набудан ва ё надоштани мутахассисон" муҷаввизи фаъолият аз 99 ширкат бозхонда шуда буд.

Шикор аз пурдаромадтарин навъи туризм будааст, зеро қимати сафари ҷаҳонгарди шикорчӣ ҳудуди 20 ҳазор доллар аст ва мақомот дар маҷмӯъ ба даромадҳои эҳтимолӣ аз бахши ҷаҳонгардӣ умеди зиёд мебанданд.

Аммо муттахасисон ва ҷаҳонгардон мегӯянд воқеъият ин аст, ки барои ба минтақаи ҷаҳонгардӣ табдил додани Тоҷикистон корҳои зиёде бояд дар заминаи таъмини зербиноҳо, таъмир ва бунёди роҳҳо ва таъмини шароити зарурии беҳдорӣ барои ҷаҳонгардон, кӯҳнавардон ва шикорчиён анҷом ёбад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Созмони Байналмилалии Ҷонварону Гиёҳон (Fauna and Flora International) бо интишори баёнияе хабар додааст, ки масъулони ин созмон дар натиҷаи тарҳе мунҳасир ба фард дар минтақаи Зоркул дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тавонистаанд аксҳои чанд гуна аз паланги барфиро бигиранд.

BBC

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97