Баёния

Расонаҳо 13.01.2012 13:30

Dodojon_AtoulloАФРӮЗ - Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ҳамлаи ваҳшиёна ба Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро қатъан маҳкум мекунад. Бар асари ин ҳамла, ки тавассути як фарди ношинохта дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст, Додоҷони Атовулло ба шиддат маҷрӯҳ гашта ва баъди анҷоми амали ҷарроҳӣ дар ҳоли бехудист.

       АФРӮЗ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро сӯйиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон медонад. Ва аз мақомоти марбутаи Русия хостори таҳқиқи сареъи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯйиқасд мебошад. 
      Ҳамчунин интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯйиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад.

Анҷумани байналмилалии
рӯзноманигорони форсизабон - АФРӮЗ  
13.01.2012, Душанбе

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97