Зиндагии иҷборӣ

Расонаҳо 09.11.2011 08:23

ё нашрияҳои сарборӣ

JumhuriyatОбунаи "ихтиёрӣ" ба нашрияҳои давлатӣ ҳанӯз натавонистааст, холигоҳи иттилоотиро дар минтақаи Кӯлоб пур кунад, зеро ин нашрияҳо аксаран ба афроди обунашуда намерасанд ва ё дар сурати дастрас шудан ҳам ба гуфтаи сокинон наметавонанд, талаботи онҳоро ҷиҳати гирифтани иттилооти саривақтӣ қонеъ созанд. Ин дар ҳолест, ки дар минтақа, ки беш аз як миллион аҳолӣ дорад, ягон радиои маҳаллӣ, нашрия ё телевизион фаъол нест. Ҳатто дар бархе маҳалҳо, ба мисли Дашти Ҷуму Сарихосор ва аксари деҳоти Чилдухтарон сокинон ҳатто аз тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ низ маҳруманд.

Аз ҷумла моҳе пеш сокинони ҷамоати Дашти Ҷум бо чунин мазмун ба хабарнигорон шикоят карда буданд. Ба гуфтаи онҳо дар ин ҷамоат ҳар сол антенаи мавҷпахшкунӣ насб мешавад, вале ҳеҷ нест, ки ин антена мунтазам фаъолият намуда, сокинонро аз хабарҳои ҷаҳону Тоҷикистон огоҳ намояд.

Обунаи "ихтиёрӣ" ба нашрияҳои дастнорас

Ин ҳам дар ҳолест, ки Фирӯз як омӯзгори ҷавон аз ин ноҳия мегӯяд, "барои огоҳӣ" онҳоро ба рӯзномаҳо обуна мекунанд. Ин омӯзгори ҷавон 118 сомонӣ маош мегирад, аммо ин моҳ 30 сомонӣ аз маошашро барои обуна ба нашрияҳо баргардонидаанд.

-Гуфтанд, ки моҳи баъдӣ 25 ё 30 сомонии дигар мегардонем. Ба рӯзномаи "Ҷумҳурият", "Садои мардум" ва "Омӯзгор" обуна шудем. Пулро бе розигии мо мегардонанд, хоҳем ё не. Соли гузашта низ обуна карда буданд. Ду се бор ҳамин газетаи омӯзгорро дидем, дигар ягон бор ягон газити дигар ба мо нарасидааст, - гуфт, ин омӯзгори ҷавон.

Манбаъҳои фишор барои обуна:

Идораи андоз

Бад ин тартиб дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб обуна ба нашрияҳо идома дорад. Ин обуна, ки ба гуфтаи "обунашавандагон" бо ном ихтиёрист, барои омӯзгорон, соҳибкорон ва кишоварзон маҷбурӣ сурат мегирад. Тавре зимни як таҳқиқ ба мо маълум гашт, ба кишоварзон Идораи андоз барои обуна шудан фишор меорад. Онҳо бояд ҳар се моҳ ба андоз аз натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот супоранд, вале масъулини андоз ҳисоботи онҳоро бидуни варақаи обуна шудан қабул намекунанд. Як хоҷагидор, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт: "Бештар дар ҳисоботҳои 6 моҳаву 9 моҳа ҳамин хел мекунанд. Ҳама инро медонад. Хоҳӣ нахоҳӣ, бояд обуна шавӣ. "Боҷу хироҷ" дар рӯйхат якум аст, баъд дигар газетаҳо. Агар обуна нашавӣ, ҳисоботро қабул намекунанд, ки дертар шавад, ҷарима мекунанд".

Идораи маориф

Ба омӯзгорон, ки дар кишвар камтарин маошро соҳибанд, тариқи Идораи маориф барои обуна шудан фишор оварда мешавад.

Ҷамолбӣ, яке аз омӯзгорони мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Кӯлоб дар ин бора гуфт: "Дар мактаб маҷлис шуд. Директор рӯйхати тамоми газетаҳоро хонд ва гуфт, кӣ ба кадом газета обуна мешавад. Ҳамаи газетаҳо дар ин рӯйхат буданд. Баъзе омӯзгорон аз зал садо баланд карданд, ки ба "Чархи гардун" ва "Адабиёт ва санъат" обуна мешавем. Аммо директор гуфт, ки бояд ба рӯзномаҳои асосӣ аввал обуна шавем. Ӯ гуфт, ки 1600 сомонӣ бояд мактаби мо ба газетаҳои   "Ҷумҳурият", "Садои мардум" ва "Омӯзгор" супорад. Баъд касе ба кадом газетае, ки мехоҳад, обуна шудан гирад. Барои ҳамин аз мо 70 сомониамонро гардониданд".

Ин аҷиб нест? Маоши каму обуначии зиёд

Ҳангоми сӯҳбат савдогарони бозорҳои шаҳри Кӯлоб аз чунин шеваи обунашавӣ ҳарф заданд.

Аммо ин ҷо вазъи хоҷагидорону тоҷирони бозор ҳангоми обунаи маҷбурӣ ба мисли омӯзгорони оддӣ раҳмовар нест. Сарпечӣ аз обуна омӯзгорро аз охирин ҷои кораш, яъне омӯзгорӣ маҳрум мекунад. Бад он хотир охирин ҷои кор мегӯем, ки агар нафаре каме ҷои кори хуб пайдо кунад ё дошта бошад, ҳеч гоҳ бо чунин маоши паст дар мактаби миёна омӯзгор намешавад. Воқеан, онҳо пасттарин маошро соҳибанд, вале ба иттилои Идораи почтаи Кӯлоб аз ҳама бештар ба нашрияҳо обуна шудаанд.

Обунаи ҳатмӣ, дар кишвари демократӣ?!

Искандар Камолов, масъули шӯъбаи умумии Хадамоти почта дар Кӯлоб обуна ба нашрияҳоро маҷбурӣ не, балки ҳатмӣ медонад, зеро ба гуфтаи ӯ, бояд, ҳар як коргари давлатӣ бад ин васила аз рӯйдодҳои ҷомеа бохабар бошад. Аз ин хотир ӯ мегӯяд, дар ҳар маҷлисҳои рӯзи душанбе шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдулллоев аз масъулин талаб мекунад, то ҳар чи бештар ба рӯзномаҳои давлатӣ обуна шаванд.

Кумаки беғаразонаи раиси шаҳри Кӯлоб барои обунаи "ихтиёрӣ"

Аз ҷаноби Камолов мепурсам, ки оё ҳастанд, афроде, ки аз обуна шудан сарпечӣ кунанд, мегӯяд: "На, ҳоло касе аз обуна сарпечӣ намекунад. Мо ба раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев минатдории худро баён мекунем, ки дар мавсими обуна ба мо кумаки беғаразонаи худро мерасонад. Ӯ дар ҳар маҷлиси рӯзи душанбеи худ аз масъулини идораву ташкилотҳо талаб мекунад, ки то ҳар чи бештар ба нашрияҳо обуна шаванд. Ҳамин кумаки раиси шаҳр аст, ки ҳоло рафти обуна хуб ҷараён дорад. Обуна ба ҳама рӯзномаҳо як аст, аммо бештар газетаҳои давлатиро интихоб мекунанд, ки дар онҳо қарору қонунҳои дахлдор чоп мешаванд".

Директорони тарафдор омӯзгорони мухолиф

Ҳарчанд, омӯзгорони оддӣ аз обунаи маҷбурӣ шикоят кунанд ҳам, аммо директорони мактаб обунаро як амри зарурӣ медонанд. Мирзо Валиев, директори мактаб - интернати ёрирасони рақами 1-и Кӯлоб мегӯяд, бояд ҳар як омӯзгор барои огоҳии бештар ба нашрияҳо обуна шавад. Ӯ мегӯяд, ҳоло тамоми омӯзгорони мактаб ба нашрияҳои "Омӯзгор", "Ҷумҳурият" ва "Садои мардум" обуна шудаанд.

Аз Валиев суол кардам, ки оё барои сабук кардани маблағи обуна барои омӯзгорони интернат ҷое муроҷиат кардааст, ӯ гуфт: "Обуна он қадар пуле намешавад, ки аз он шикоят кунем. Омӯзгорони мактаби мо то 500-сомонӣ маош мегиранд ва пардохти 50-60 сомонӣ обуна барояшон ҳеч мушкилӣ надорад".

Ҳамчунин, ба ҷуз директорони мактаб бо ҳар омӯзгоре ҳамсӯҳбат шудам, аз обунаи маҷбурӣ шикоят мекард.

"Ҳақи кӯдакони моро нагиред!" Ош намешавад!

Ҷамшед, як омӯзгоре, ки рӯзнома харидорӣ мекунад, дар ҳамин маврид гуфт: "Ҳайронам, ки чаро моро маҷбур мекунанд, ки обуна шавем. Пули обунаро он чунон маҷбурӣ мегиранд, ки ҳатто онро мо ба дастамон ҳисоб намекунем. Аз касса ба мо пули кам медиҳанд ва мо зиёдтар имзо мекунем, кассир мегӯяд, ки фалон қадар пулатро барои обуна гирифтем. Дигар чора надорем. Ман дар ҳақиқат газета мехонам, аммо на он газетаҳое, ки маҷбур обуна мекунанд. Ҳафтае, ки зӯрам расид, мехарам, нарасид, ҳеч. Хоҳиш дорам, ки омӯзгоронро маҷбур накунанд. Аз дигар ҷойҳо пул ёфта чоп кунанд ва ҳақи кӯдакони моро нагиранд".

Бар асоси иттилои расмӣ омӯзгорони макотиби Кӯлоб аз ҳама бештар ба рӯзномаҳои давлатӣ обуна шудаанд. Ин дар ҳолест, ки омӯзгорон аз ҳама камтар маош мегиранд ва чандон зиндагии хубе надоранд.

Феълан, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб маъракаи обуна барои соли 2012 идома дорад. Дар ин маърака маҷбуран омӯзгорон ва кишоварзон ба рӯзномаҳои давлатӣ, ки дар қатори рӯзномаҳои мустақил дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ харидор надоранд, обуна карда мешаванд.

Савол ба Фаттоҳ Саидов

Аммо қазовати ин ки ҳаққи кӯдакони омӯзгори бечора ош мешавад ё не, ҳаволааш бар дастандаркорони обунаи "ихтиёрист". Суоле, ки ин ҷо матраҳ мешавад, ин аст, ки оё ин гуна тарзи корбарӣ, яъне фишор ё мудохилаи идораҳои дахлдор, аз қабили андозу маориф, ки аслан обуна кардан ҷузъи фаъолиятҳои онҳо нест, чӣ тавҷеҳе дорад? Шояд ба ин суол дуруст аст, ки муҳтарам Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии мубориза бо коррупсия посух бидиҳад.

Абдулмуъмини Шерхонд  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97