Акбари Саттор ҳам ивазнашаванда будааст

Расонаҳо 21.10.2011 08:57

Чаро бояд раиси иттифоқ пулдор бошад?

Raisi_Ittifoq_02Ҳафтаи рафта дар маҷлисгоҳи Корхонаи табъу нашри «Шарқи озод» аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон анҷумани 11- уми хешро баргузор карданд ва Акбаралӣ Сатторов бе интихоботи алтернативӣ дубора барои панҷ соли баъдӣ курсии раисии ин Иттифоқро соҳиб шуд. Номзадии Акбаралӣ Сатторов барои дубора раиси Иттифоқ шудан аз ҷониби журналист Сафват Бурҳонов пешбарӣ гардид ва баъдан чанде дигар аз вакилон ҳам аз хидматҳои ҷаноби Сатторов ёд карда, ӯро самимӣ, нотакрор ва говҷигар унвон карданд. Намедонам Сафват ҷиддӣ мегуфт ё шӯхӣ кард, ки чаро Нуриддин Қаршибоев 12 сол боз курсии раҳбарии НАНСМИТ- ро банд кардаву ба кас намедиҳад, вале Акбаралӣ боз барои панҷ соли дигар ҳаққи раисӣ надошта бошад (?). Як нуктаро пешопеш мехоҳам қайд кунам, ин андеша, ки раиси Иттифоқ бояд сарватманду соҳиби чанд нашрия ва «бачаи хуб» бошад, комилан ғалат аст. Иттифоқи рӯзноманигорон як иттиҳодияи коргарӣ аст, мисли ҷамъияти меъморону шикорчиён ва асалпарварону адвокатҳо ва вазифаи раиси иттиҳодия аслан расидагӣ ба ҳалли мушкилоти аъзои он ва баррасии мунсифонаи қазияи кормандон бо корфармоҳо мебошад. Ба ёд биёред шодравон Отахон Латифиро, ки на рӯзномаи шахсӣ дошт, не сармуҳаррир ё муассиси кадом як нашрияе буд ва на сарвате дошт, вале қалам дошту матлабҳои хонданӣ ва проблемавӣ менавишт ва раиси Иттифоқи журналистон буд. Ва зиндаёд Мирзоҳаёт Давлатов ҳам, ки чандин сол раиси Иттифоқ буд, ба ҷуз қаламу навиштаҳояш чизе надошт. Пулу сарвати ҳар кас ба худаш насиб кунад, ин ҷо сарвату дороӣ доштан ба қавли русҳо «причём»?

Сайёфи Мизроб раис шудан нахост

Банда чун дидам, ки вакилони Анҷуман ва ҳама аҳли толор мехоҳанд раиси Иттифоқи журналистон бе алтернатива интихоб шавад, ҷиҳати он ки зери танқиду маломат намонда бошем ва принсипҳои интихоботи демократӣ, ки як рукни он мавҷудияти алтернатива ҳаст, риоя шавад, аз ҷой боло шудам ва номзадии журналист Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзномаи СССР- ро дар радифи номзадии ҷаноби Сатторов пешниҳод кардам. Сайёфи Мизроб изҳор кард, ки сарват ва ҳам нирӯи зеҳнӣ, яъне ақл барои раҳбарии Иттифоқро дорад, вале саломатиаш хуб нест ва номзадии хешро бозпас хонд. Аммо баъдан баъзе дӯстон нақл карданд, ки масъалаи раиси Иттифоқ аз қабл ҳал шуда буд ва Сайёф дониста нахостааст, ки бозигари ин бозии ҳалшуда бошад.

Акбаралӣ ҳам хуб аст, Муҳиддин ҳам, ганда моем

Raisi_IttifoqМо журналистон ҳамеша раҳбаронеро, ки беалтернатива раис мешаванд, зиёд интиқод мекунем, вале дар анҷумани худ ин нуктаи муҳимро амдан хостем аз ёд бубарем ва ё нодида бигирем. Чанде қабл вақте Муҳиддин Кабирӣ беалтернатива дубора ба курсии раҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ такя зад, зери борони таънаву танқиду маломати мо аҳли қалам қарор гирифт ва акнун худ он иштибоҳи Кабириву ҳизбашро такрор кардем ва бояд мардона хатои хешро эътироф кунем. Мегӯянд, ки «Бар кас написанд, он чӣ ки ба худ намеписандӣ». Вақте мегуфтанд, ки Акбаралӣ «бачаи хуб» аст, беҳтарин раис ва пулдор аст, касе шубҳа надошт, вале барои ман бигӯед, ки агар «бачаи хуб» ва доро бошем, бояд арзишҳои демократӣ нодида гирифта шаванд? Магар Муҳиддин Кабирӣ бачаи ганда аст ва камтар аз Акбаралӣ пул дорад? Агар саховати Акбаралӣ дар доираи як Иттифоқ, ки кӯмак кардан ба аъзои он бояд ҳақ ва вазифаи ӯ бошад, пас овозаи ҷавонмардӣ ва саховати Кабирӣ то Фаластин расидааст, вале чаро бояд Муҳиддинро интиқод бикунем, ки ҳизбаш ӯро беалтернатива раис интихоб карду аз камбуди хеш, ки барои бо роҳи алтернативӣ интихоб шудани раҳбарамон на худ ва на раисамон ҳатто камтарин кӯшише ба харҷ надодем, чашм бипӯшем. Ва ҳама хубанд, ганда моем, ки мегӯему дӯстони мо меранҷанд.

Ҳукуматиҳо ва мустақилҳо: 70 ба 30

Raisi_Ittifoq_04Ва аҷобати дигаре, ки дар Анҷумани хеш дидам, он буд ки ҳама аҳли раёсат афроди ба истилоҳ сирф ҳукуматӣ буд. Ва аз Мӯсо Асозода, ки дар пушти ман менишаст, пурсидам, ки муассиси Иттифоқи журналистон кист, аз мақсадам пай бурд ва ӯ ҳам ҳайратзада китф дарҳам кашид. Ва банда дар ҳамин Анҷуман фаҳмидам, ки раиси Иттифоқ муовин ҳам дошта ва ин вазифа бар дӯши Абдурашид Хуҷамқулов будааст. Ин нуктаро барои он ёдовар шудам, ки тайи се моҳи ахир ба чанд Мизи гирд ва маҳофиле, ки «Миллат» баргузор намуд, Акбаралӣ Сатторовро даъват мекардему бо иллати серкорӣ ширкат намекард ва хуб мешуд, ки акнун як муовини камтар кор дошта барои худ бигирад, то битавонад дар баъзе ҷаласоте, ки даъват мешаваду аз серкорӣ рафтан наметавонад, муовинаш ширкат бикунад. Аз касе пинҳон нест, ки имрӯз бори сангини гуфтани мушкилоти мардум ва матраҳ кардани масоили мубрами ҷомеъа бар дӯши расонаҳои хабарии мустақил бор аст ва намояндагони ин расонаҳо тайи чанд соли ахир маҳз бо иллати фошгӯиҳо ба додгоҳҳо кашида мешаванд, вале як сардабири нашрияи мустақилро зиннатбахши раёсати кори Анҷуман надонистанд, ки ин амал боиси таассуф аст. Аммо ба ҳангоми тасдиқи аъзои нави раёсати Иттифоқи журналистон, ки то анҷуман ҳамагӣ гулчин шуда буданд, шоҳид будем, ки рӯзноманигороне чун Рустами Ҷонӣ, Зафари Сӯфӣ, Зинатуллоҳи Исмоил ва Хуршеди Атовулло шояд ба намояндагӣ аз расонаҳои мустақили кишвар ба узвияти раёсати Иттифоқ пазируфта шуда буданд. Ва бақияи раёсати Иттифоқро, ки 19 тан буданд, намояндагони расонаҳои ҳукуматӣ ташкил медод. Албатта ин ҷо Нуриддин Қаршибоев, мустақили рақами 1- и Тоҷикистон истисност. Ва раёсати Иттифоқ 70 ба 30 шуд.

Адами бонувон ва журналистони бевазифа дар Раёсати Иттифоқ

Raisi_Ittifoq_03Ва барои банда шахсан то ҳанӯз номафҳум аст, ки чаро аъзои раёсат на дар Анҷуман аз ҷониби вакилон, балки қаблан муайян шуда буданд ва ҳеч кадом аз журналистони соҳибноми ба истилоҳ бе созмони ғайридавлатӣ ва бевазифае амсоли Фахриддини Холбек, Аҳмади Иброҳим, Аслиддин Достиев, Раҷаби Мирзо, Тилав Расулзода, Нуралӣ Давлат, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол ё вазифадороне чун Хилватшоҳи Маҳмуду Марат Мамадшоев ҳам шоистаи узвияти раёсат дониста нашуданд ва ҳам аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод, ки имрӯзҳо беминнат бори сангини журналистикаро мекашанд, масалан, нафароне чун Абдуазими Абдуваҳҳоб, Ҳумайрои Бахтиёр, Шаҳрзоди Амин, Ҷамолиддин Сайфиддинов касеро ба узвияти раёсат лоиқ нашумориданд. Шояд афроди номбурда узвияти иттифоқро надоштанд. Ва адами журналистбонувони номвари русзабоне чун Рамзия Мирзобекова, Олга Тутубалина, Вера Кулакова ҳам дар ҳайати раёсати Иттифоқи мо, ки ҳамагӣ як зан он ҷо мақом ёфтааст, бозгӯи он аст, ки ҳанӯз ҳама кор дар сохтори раҳбарии ин созмон ба таври муносиб шакл нагирифтааст. Мо дар ҳайати вакилони Анҷуман зиёд журналистони солхӯрдаи расонаҳои ҳукуматиро дидем, ки баъзеҳо онро далели пир шудану ба охир расидани умри Иттифоқ ва иддае дар зери таъсири ҳукумат қарор доштани ИЖТ унвон карданд, вале Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки ширкати ин солдидаҳо як навъ баёнгари эҳтироми раҳбарии Иттифоқ ба насли собиқадори журналистикаи тоҷик аст. Агар ҳамин тавр аст, чӣ хубе!

Барои ҷашнҳои мондагор санаи нави таҷлил наҷӯем!

Вале барои дар кори Анҷуман ширкат надоштани журналистони саршиноси хатлонӣ, ки эшонро хуб мешиносам ва чанде аз онҳоро дар боло зикр кардам, ҳанӯз шарҳу тафсире пайдо накардаам. Суханронии раиси Иттифоқ, ки тибқи барнома 40 дақиқа муайян шуда буд, беш аз як соат тӯл кашид ва Акбаралӣ Сатторов ҳарчӣ дар дил дошт гуфт ва таъкид кард, ки дар ҳеч нуктаи дунё озодии комили андеша мавҷуд нест ва озодии баён ҳамеша ва дар ҳама давлатҳо нисбӣ будааст. Ва пешниҳод кард, ки таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик аз 11 март ба ибтидои моҳи июн оварда шавад, зеро дар 11 март гулҳо ҳанӯз нашукуфтаву бӯстону боғот насабзида ва журналистон дар рӯзи таҷлили ҷашнашон имкони сайругашт кардан ё дар ягон боғи шукуфон баргузор кардани идашонро надоранд. Албатта ин гуна пешниҳодҳо падидаи нав нестанд ва соле қабл ҳам Ҷашни забонро аз рӯзи таърихии қабул шудани Қонуни забон - 22 июл ба 5 октябр таҳвил карданд. Ва ҷашну мавлуди хоҳ инсон аст ё созмон санаи муайяну мушаххас дорад ва 11 март ҳам рӯзи бузургу таърихист, он санаи ба чоп расидани нахустшумораи аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» мебошад. Ва ба иллати маҳрумӣ аз сайругашт дар боғоти шукуфони Душанбе ё бо баҳонаи ба машоми журналистон нарасидани накҳати гулҳои баҳорӣ хат кашидан рӯи рӯзи ба дунё омадани нахустин нашрияи тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба рӯҳи азиз ва хадамоти шоистаи он мардони бузург аст, ки дар он даврони тираи амирӣ газета сохтанд ва он нашрияи мустақил буд. Ва ба чунин кор, яъне ҷашнҳои таърихиро ҳарсӯ бурдану овардан бояд хотима гузошт, то нашавад фардо як каси дигар пешниҳод кунад, ки дар 23 феврал аскарбачаҳоро сард мезанад ва бояд рӯзи таъсиси артишро дар моҳи июл таҷлил бикунем, то сарбозон хунук нахӯранд.

Дурӯғ аст, ки ҳамраъйӣ миёни расонаҳои хабарӣ мавҷуд аст

Дар кори Анҷуман ширкати густурда доштани намояндагони расонаҳои хабарии расмӣ аз манотиқи мухталифи кишвар боз ҳам дар зеҳнҳо ҳамон андешаи дар дасти ҳукумат будани чанбараки Иттифоқи журналистонро бедор мекард. Бо вуҷуди зиёд таъкид шудани ин нукта, ки дигар журналистикаро ба расмиву хусусӣ ва ҳукумативу ғайриҳукуматӣ ҷудо накунем, вале биёед аз ҳақ нагузарем, ин расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ҳастанд, ки дар рӯзи сахти дӯстони хеш аз расонаҳои мустақил ба лаб мӯҳри хамӯшӣ мезананд ва худро аз мушкилоти мустақилҳо канор мегиранд ва инро Акбаралӣ Сатторов ҳам хуб медонад. Ва ҷавонмардона бояд иқрор шуд, ки вақте Фараж, Миллат, Азия- плюс, Озодагон, Пайкон дар додгоҳҳо сарсон буданд, ин расонаҳои ҳукуматӣ дар пуштибонӣ аз ҳампешагони ба истилоҳ ғайриҳукуматии хеш ҳеч изҳороте пахш накарданд, матлабе дар ин росто ба чоп надоданд, гузориш ё барномае аз тариқи радиёву телевизион пешкаши мардум накарданд. Ва раиси Иттифоқ инро хуб медонад ва ҳам агар баъзан вақт худ изҳороте дар мавриди пуштибонӣ аз ягон қазияи додгоҳии журналистон ё нашрияҳо мекунад, он танҳо ҷуръату ибтикори хоссаи ӯ ҳаст.

Зинда бод, саломуалейки мо!

Ва раиси мо низ замоне буд, ки аз ҳамлаи расонаҳои ҳукуматӣ эмин намонд ва шояд барои боҷасроат ҳарф гуфтанҳову пуштибонӣ аз расонаҳои мустақили кишвар буд, ки як навъ «наказать» шуд. Вақте бо иллати инъикоси гӯё якҷонибаи ҳаводиси хунбори Рашт болои расонаҳои хабарии мустақил мушкил омад ва тафтишгарон оҷилан вориди идораи чанде аз ин нашрияҳо шуданд, аввалтар аз ҳама ҳамин телевизиони давлатӣ ва тележурналистони мо буданд, ки гаштаву баргашта навореро аз камбуди кори нашрияҳои хусусӣ ва чопхонаҳои «Мушфиқӣ», «Оила- принт» ва «Интишор» пахш мекарданд, ки дуи охир ба ду журналист- медиа- магнати тоҷик мутааллиқ аст. Чун аз ҳамкориву ҳамбастагии журналистону расонаҳои хабарӣ мегӯем, даст рӯи дил гирифта бигӯед, ки кадом шабакаи телевизион ё нашрияи расмӣ дар бораи боздошт ва ё қазияи додгоҳии журналистон Ҷумъаи Толиб, Рамзия Мирзобекова, Урунбой Усмонов ё Муҳаммадюсуф Исмоилов чизе гуфт, матлаберо пешкаши мардум кард. Ҳеч кадом! Пас, дигар рӯшан аст, ки ҳеч гуна ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ дар миёни расонаҳои мустақилу ҳукуматӣ нест, ба ҷуз дӯстиву салому ҳолпурсие, ки бо ҳам дорем. Ва он ҳам то вақте ки болои ба истилоҳ мо мустақилҳо мушкиле наомада, ки Худо нигаҳ дорад аз додгоҳу судбозиҳо ва поянда бод ин салому ҳолпурсиҳои мо.

Толибшоҳи Сайидзода, вакили Анҷумани ИЖТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97