Доғи журналистика ва се сурохи парчами САҲА

Расонаҳо 11.03.2011 09:49

"Матбуот чашму гӯши халқ аст"

SAHA_01Ҷанобон! Ин сухани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон; "Матбуот чашму гӯши халқ муҳимтарин рукни ҷомеъаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо раҳо карда метавонад", барои ҳусн бахшидан ба овезаҳои девор нест…

Чун анъана имсол низ эҳтимол аст матбуоти мустақили кишвар дар арафаи ҷашни касбии худ аз мушкилиҳо ва масоили ҳалталаби соҳа саҳифаҳо пур кунанд. Вақте мавзӯи матбуот дар сӯҳбат бо ҳамтоёни мо дар маркази вилояти Хатлон матраҳ мешуд, рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода шӯхиомез гуфт: "Хуб мешавад, агар ҳамон матлаби соли гузаштаатро такроран ба нашр бирасонӣ. Зеро дар як соли охир вазъи матбуоти вилоят тавре буд, боқӣ мондааст. Мо бошем ҳар сол ҳамон масъалаҳои ҳалталабро такрор ба такрор менависем".

"Нашрияҳои хатлонии тобеъи марказ"

Мутаассифона ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар як соли охир шурӯъ аз матбааи вилоят то дигар мушкилиҳои соҳаи матбуоти Хатлон ҳалли худро наёфтааст. Рӯзномаву маҷаллаҳо барои мардуми дурдасти деҳот ҳанӯз дастрас нест. Ба истиснои рушди андаки ҳафтаномаи "Пажвок" дигар дар Хатлонзамин ягон матбуоти ҷамъиятии мустақил, ки нақши пулро миёни ҳукумат ва халқ бозида тавонад, рӯи кор наомад. Боз ҳам аз мавҷуд набудани воситаи алтернативии дастрасии мардуми деҳот бо рӯзномаю маҷаллаҳо ва дигар мушкилоти соҳавӣ, почтаи вилоят гоми устуворе дар рушди соҳа нагузоштааст. Ҳамин тавр, дар замони бозаргонӣ бозорҳои берақобат инкишоф намеёбанд.

Дар соли аввали ба садри ҳукумати Хатлон омадани Ғайбулло Авзалов дар назди матбааи вилояти Хатлон сехи замонавии интишор ба истифода дода шуд. Раиси вилоят дар маросими кушодашавии ин коргоҳ ба масъулин дастур дода буд, ки тамоми ҳафтаномаю маҷаллаҳои қаламрави Хатлон дар матбааҳои дохили вилоят нашр шаванд. Аммо моҳияти ин масъаларо масъулин дуруст дарк накарданд ё мушкили дигар пеш омад, ки то кунун беш аз 85% рӯзномаҳои 25 шаҳру навоҳии вилоят дар Душанбе ба чоп мерасанд. Он замон масъулин иброз медоштанд, ки дар ояндаи наздик тамоми ҳафтаномаҳои ҳудуди шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят дар ҳамин нашрия ба чоп хоҳанд расид. Аммо аз сӯҳбат бо Сайвалӣ Сайфуллоев, директори имрӯзаи матбааи вилояти Хатлон маълум мешавад, ки айни замон он сехи чопӣ, ки дар кушодашавии расмиаш, ваъдаҳои зиёд шуда буд, имрӯз бо ҳудуди марзиаш ба корхонаи онҳо дахл надорад. Ба гуфтаи ӯ дар матбаа алъон ҳамагӣ 6 ҳафтанома ва нашрияи вилоятии "Новый Хатлон" нашр мешаванду халос. Роҳбари матбааи вилоятӣ мегӯяд: "Коргоҳи мо имкон дорад, ки тамоми ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳии Хатлонро нашр кунад, аммо на ҳафтаномаҳоеро мисли "Хатлон", ки бо теъдоди якчанд ҳазор нусха нашр мешаванд". Сардабирони ҳафтаномаҳои Хатлон иброз медоранд, ки агар матбааи вилоятӣ ҳафтаномаҳои онҳоро ба чоп расонида тавонад, омодаанд, ки рӯзномаҳои худро дар ҳамин коргоҳ чоп кунанд. Зеро дар нашриёти маҳаллӣ чоп кардани рӯзномаҳо ҳам ба фоидаи идораи рӯзнома асту ҳам ба манфиати буҷаи маҳаллӣ. Аммо вазъият чунин аст, ки корхонаи мазкур имкони техникие надорад, то ҳафтаномаҳоеро, ки теъдоди нашрашон аз 4 ҳазор нусха зиёд аст, ба чоп расонад.

Пул ҳукуматро ҳам ба халқ наздик мекунад

Агар дар чанд соли охир масъалаи дастрасии мардум ба ахбори алтенативӣ мушкили аввали ҷомеъа ва расонаҳо маҳсуб меёфт, пас дар соли ҷорӣ ин мушкил печидатар аст. Зеро навобаста ба хоҳиши мо раванди ҷаҳонишавӣ бо воситаҳои гуногун дар муҳити маънавии мардуми мо таъсиргузор аст. Соли гузашта гуфта будем; мардум ба ахбори алтернатив дастрасӣ надоранд. Акнун хабару рӯйдодҳое, ки бо дигар воситаҳо байни мардум паҳн мешаванд, зарур ба шарҳу тавзеҳ доранд. Иттилои расонаҳои хориҷӣ, ки дар доираи меъёру арзишҳои барои мо бегона таҳия шуда, то дурдастарин кӯчаи музофоти кишвар мерасад, метавонад дар зеҳни мардум фарҳангу арзишҳои дигаргунаро ҷой диҳад.

Аммо дастгоҳҳои худӣ алъон мушкили аввалин- иттилоотнокии ҷомеъаро ҳанӯз ҳаллу фасл накардаанд, куҷо аз шарҳу тавзеҳ додани рӯйдодҳои дохилию ҷаҳон сухан гуфт. Манзури ман тариқи иттилоотнокӣ баланд бардоштани маънавиёти фарҳангию сиёсии ҷомеъа аст. Имрӯз мардуми шаҳрнишин аз хабару рӯйдодҳои ҷаҳону дохили кишвар натанҳо ба хубӣ огоҳанд, балки оид ба сабабу оқибат ва роҳҳои пешгирӣ аз ҳаводиси хатарбор иттилооти кофӣ доранд. Дар деҳоти дурдасти Хатлон аз ҳаводиси марказ ва берун аз Тоҷикистон бо воситаҳои гуногун хабарҳо паҳн мешаванду халос. Боқӣ шаҳру тафсир ва муҳокимаи ҳама рӯйдодҳои сиёсӣ дар сатҳи фаҳмишҳои ҳамон сокинони музофот таҳлилу баррасӣ мешаванд. Яъне сиёсати дохилии давлатӣ дар ташаккули маънавии мардум таъсиргузор нест. Ин нуктаро нафароне, ки замони Шӯравӣ дар соҳаи тарғибу ташвиқ кору фаъолият кардаанд, хуб дарк мекунанд. Соддатар карда гӯем, дар ҷомеъаи имрӯзаи мо мошинаи идеологии ҳукумат дуруст кор намекунад. Бубинед, ҳанӯз дар замони қадим вақте матбуоти даврӣ арзи вуҷуд надошт, ҳокимиятҳо тавассути ҷорандозҳои дарбор фармону дастури худро ба халқ мерасониданд. Дар замони имрӯз, ки талаботи рӯзмарраи ҷомеъа ба иттилоот зиёд аст, мардуми дурдасти деҳот аз муҳокимаи масоили ҳалталаби ҷомеъаи худ дар канор мондаанд. Ба истиснои баъзе аз лоиҳаи қонунҳое, ки дар ду соли охир мавриди муҳокимаи умум гардида буд. Хулоса, то замоне мисли даврони Шӯравӣ барои аксарияти аҳолӣ рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас нашаванд, мо гуфта наметавонем, ки тарғибу ташвиқи сиёсати давлатро дар байни халқ дуруст ба роҳ мондаем. Зеро пуле, ки ҳукуматро ба халқ пайванд мекунад, расонаҳо, ба хусус матбуоти даврӣ аст.

Ҳафтаномаҳо

Қобили зикр аст, ки аз замони рушди матбуоти ҳизбӣ як таҳаввулоти аҷибе дар баъзе расонаҳои ҳукуматӣ ба чашм мерасад. Зеро матбуоти ҳизбӣ барои наздик шудан ба халқ аз минбарҳои худ каму беш истифода бурда истодаанд. Ва таъсири ингуна матлабҳои иҷтимоӣ ба мӯҳтавоӣ матбуоти ҳукуматҳои маҳаллӣ низ бе таъсир намондааст. Агар аз рӯи воқеъият баҳо диҳем, имрӯз дар нисбати матбуоти ҳукуматии марказ дида рӯзномаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар байни халқ маҳбубияти бештар дорад.

Дар бозори матбуоти мустақил бошад, дар як соли охир дар ҳудуди Хатлон ҳафтаномаи мустақиле эҳё нашудааст, ки дар муносибатҳои байни ҳукумат ва халқ нақши пулро бозад. Акнун ба эҳёи дубораи  "Бомдод"-и САҲА дигар ягон рӯзноманигор SAHA_02бовар надорад. Зеро аз кушодани гиреҳи торе, ки собиқ масъулини дафтари САҲА дар Қӯрғонтеппа таниданду рафтанд, танҳо вақт сарф мешавад. Воқеъан ин созмони бонуфуз дар Қӯрғонтеппа дар татбиқи се лоиҳаи марбут ба расонаҳо ноком шудааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки парчами САҲА аз алами Қӯрғонтеппа се сӯрох бардоштааст.

Хушбахтона, ҳафтаномаи хатлонии "Пажвок", ки бо ташаббуси рӯзноманигорони Кӯлоб ба майдон омадааст, имрӯз аз рӯи теъдоди нашр яке аз ҳафтаномаҳои муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад.

Мардуми деҳот ва бемасъулиятии идеологҳо

Аслан агар сатҳи маълумотнокии иттилоотию сиёсии ҷомеаи Хатлонро дар нисбат ба теъдоди матбуоти даврие, ки вориди вилоят мешавад, тасавур кунем, бисёр як саҳнаи мудҳиш пеши назар меояд. Шояд дар нисбат ба солҳои ҳукумати Шӯравӣ сатҳи рӯзномахонии мардум 5% ҳам ташкил надиҳад. Агар гӯем, ки аз даромади софе, ки ҳоҷагиҳои кишоварзӣ доранд, наметавонанд коргарони худро ба матбуоти даврӣ обуна ё таъмин намоянд, дурӯғи маҳз аст. Мо як мушкили куллӣ дорем. Ҳамон механизми обуна ва дастраскунии матбуоти давриро, ки дар замони "СССР" буд, вайрон кардаем. Баъдан масъулин дар андешаи маърифатнокии мардум нестанд. Бубинед, дар солҳои 1980-ум дар ҳудуди як хоҷагии коллективӣ 15-20 ҳазор аҳолӣ кору зиндагӣ доштанд ва дар деҳот хонае набуд, ки дар паси дарвозааш қуттӣ барои рӯзнома надошта бошад. Имрӯз ба гуфтае дигар барои Маскав пахта парвариш намекунем, аммо сатҳи газетахонии пахтакори "колхоз"-у "савхоз" куҷову коргари қатории хоҷагиҳои деҳқонию фермерии имрӯза куҷо? Имрӯз касе дар андешаи он нест, ки лоақал ҳамон системаи хидматрасонии пеш аз замони соҳибистиқлолиро рӯи даст бигирем, то тавассути матбуоти даврӣ маърифати мардумро каме боло бардорем.

Дар интизори паём

Хушбахтона, рӯзҳои охир чунин як ҳисси боварӣ пайдо кардаам, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, масоили фазои иттилоотии кишвар, дастрасии мардум ба матбуоти даврӣ ва роҳҳои рушду инкишофи воситаҳои ахбори умумро мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор медиҳад. Боз ҳам соли 2011 барои вохӯрии мустақими Президент бо кормандони расонаҳо бисёр як соли муносиб аст. Вагарна баъзе мансабдорони кишвар натанҳо гуфтаҳои сарвари давлатро оид ба он ки "Матбуот чашму гӯши халқ аст…", фаромӯш кардаанд, балки баъзан даст ба бастану ҳатто суд кардани ҳамин "чашму гӯши" халқ мешаванд. Оё  ин ҳама даъвоҳои судӣ нисбат ба расонаҳо ба имиджи сиёсии давлат доғ намеорад? Ба суол посух нагӯед ҳам мешавад.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97