Қоҳир Расулзода ба куҷо менигарад: ба Тошканд ё ба Душанбе?!

Расонаҳо 10.03.2011 16:38

Чаро тоҷикон дар Ашт узбак мешаванд?

Qohir_RasulzodaСокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт номи шабакаҳои телевизиони Узбакистонро азёд медонанд, аммо номи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба хусус барои насли наврас ноошност.

Сокинони ин ҷамоат аз маҳрум будан аз тамошои шабакаҳои телевизионии  Тоҷикистон дар ин минтақа изҳори нигаронӣ доранд. Ҷамоати Пунук дар минтақаи наздисарҳадӣ бо шаҳраки Ангрени Узбакистон ҷойгир аст.

Рӯзе ба хонаи хоҳарам ба ноҳияи Ашт рафта будам ва он ҷо дидам, ки аҳли хонавода телевизиони Узбакистонро тамошо мекунанд. Бузургмеҳри 4 сола дар оинаи нилгун филми узбакӣ тамошо дошт. Дар рафти филм суханони қаҳрамонони филмро бо забони узбакӣ такрор мекард. Калимаву ибораҳоеро чун "сен нимага бундай қилдинг", "мен сени бир йил кутум" ва ғайраро бо шавқ мегуфт. Ҳатто ба ҳангоми муошират калимаҳои узбакиро истифода мекунад. Сипас ман  гуфтамаш, ки ин суханҳоро аз куҷо омӯхтӣ? Бузургмеҳр гуфт: "Тағоҷон, ман ҳар рӯз телевизиони узбакӣ мебинам, ин киноро даҳ маротиба зиёдтар дидаам, дар телевизиони узбакӣ филми тасвириву барномаҳои аҷоиб нишон медиҳад, бинед, мазза мекунед". Кӯдак акнун 4 сола аст, аммо калимаҳои узбакиро чунон равону суфта такрор менамояд, ки кас ба ҳайрат меояд. Модари Бузургмеҳр мегӯяд, ки "телевизион, ки бо забони узбакӣ аст, фарзандонамон аз куҷо забони тоҷикиро хуб ёд гиранд". Ҳамин тавр, имрӯзҳо аксарияти кӯдакони ин ҷамоат забони узбакиро аз забони тоҷикӣ хубтар медонанд.

"Йошлар" ва "Марғелон" фаъол аст, "Сафина"- ву "Баҳористон" не

Q_Uzbak_meshavemСабаби асосиро сокинони ҷамоати Пунук аз набудани шабакаҳои радио ва телевизионҳои Тоҷикистон дар ин минтақа медонанд. Ба гуфти сокинони ҷамоати мазкур соли 2003 дар маркази деҳаи Пунук мавҷбаракҳои ноқилии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистонро дар баландии 40 метр насб карданд. Дар вақти пахши мавҷи аввалин сокинони ҷамоат шод буданд. Дар ин вақт барномаҳои бо забони тоҷикӣ таҳияшуда ба онҳо аҷиб буд. То соли 2003 сокинони ҷамоат шабакаҳои кишвари ҳамсояи Узбакистонро медиданд, ки то имрӯз он идома дорад. Вақте сокинони ҷамоати Пунук барномаи аввалини телевизиони Тоҷикистон, яъне "Шабакаи якум"-ро диданд, он барояшон як чизи ғайричашмдошт буд.  Кӯдакон забони барномаҳоро намефаҳмиданд, чунки барномаҳо бо забони адабии тоҷикӣ буданд. Дар ин вақт мавҷҳои телевизионҳои узбакӣ пурқувват буд ва намегузошт, ки мавҷи Шабакаи якуми Тоҷикистон ба сокинони ин мавзеъ босифат пешниҳод гардад. Дар ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт зиёда аз 8 шабакаи телевизионии Узбакистон ва танҳо як шабакаи Тоҷикистон ба мардум дастрас аст. Барои он, ки ин ҷамоат дар марз бо Узбакистон ҷойгир аст ва мардумаш низ дар муомилаву гуфтор забони узбакиро аз забони тоҷикӣ хубтару авлотар медонанд. Дар ин ҷо каналҳои "Спорт", "Канали якум"-и Узбакистон, "ТВБ" (Бағдод телевидиниясӣ), "Йошлар", "Рухсор", "ТВ Марғелон", дар баъзе ҷойҳо ТВ Қирғизистон ва дигар каналҳои узбакӣ бе ягон душворӣ ба мардум дастрас аст.

Мардум аз ҳаводиси кишвар бехабаранд

Кӯдакон дар Шимоли дурдасти Тоҷикистон ва асосан дар ҷамоати Пунук ба тамошои барномаҳои телевизионии узбакӣ майли зиёдтар доранд. Се чор соли охир мардум аз набудани телевизиони тоҷикӣ ва узбак шудани кӯдакони тоҷик зиёд шикоят доранд. Дар ин ноҳия танҳо мавҷи Шабакаи якуми Тоҷикистон паҳн мешаваду халос. Он ҳам дар вақтҳои сармо ва баъзан бо иллати норасоии баъзе аз таҷҳизот пурра фаъолият намекунад. Асосан дар рӯзҳои зимистон набудани қувваи барқ, бар замми он ях кардани дастгоҳи мавҷдиҳандаи Шабакаи якуми Тоҷикистон мардумро ба дод овардааст. Мардум мехоҳанд, ки аз навигариҳои ҳар рӯзаи кишвари хеш огаҳӣ пайдо кунанд. Ба гуфти масъулин ва афроди барӯманди ин ҷамоат агар кор бо чунин минвол идома ёбад, маданияту рафтори мардуми тоҷик ба маданияти узбакӣ мубаддал мегардад. Дар ҷамоати Пунук 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки як қисми онҳоро узбакҳо ташкил медиҳанд. Тоҷикон кӯшиш бар он мекунанд, ки фарзандонашон танҳо шабакаи якуми Тоҷикистонро бубинанд. Аммо кӯдакон, ки аз рӯзи таваллуд телевизионҳои узбакиро тамошо мекунанд, пас чӣ тавр маърифат ва дониши худро сайқал бидиҳанд ва тоҷикиро хуб биомӯзанд,- мегӯянд сокинони ҷамоат Умар Шарипов ва Рухшед Анваров. Ба гуфти онҳо барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ва дарки суханони тоҷикӣ барои кӯдакон душвор аст. Қисми зиёди тоҷикон аз зиёд дидани ТВ-ҳои Узбакистон узбаку узбакпараст низ шудаанд,- мегӯянд, аз дилсӯзӣ баъзе сокинони ҷамоат. Ба онҳо дидани барномаҳои тоҷикӣ не, балки барномаҳову филмҳои бо забони узбакӣ таҳияшуда писанд аст.

Оё барномаҳои ТВТ диққатҷалбкунанда нестанд?

Рухшед Анваров як тан омӯзгор аст, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18- и деҳаи Пунук дарс мегӯяд. Дар хусуси он ки чаро Шабакаи якуми ТВТ- ро намебинед ва телевизиони узбакӣ ба мафкураи аҳолии ҷамоат чӣ таъсир расонидааст, чунин гуфт: "Дар рӯзҳои охир ман аз додани дарс низ дилгир шудаам. Барои он ки аксарияти хонандагони мактаб дар мактаб ва дар рафти дарс низ бо забони узбакӣ сухан мекунанд. Ба фикри ман дарки ин масъала дигар мисли як муаммо шудааст, ки чаро тоҷикон узбак мешаванд. Бар замми он дар ин ҷо якчанд деҳаҳо ҷойгир шудаанд, амсоли Кӯпурукбошӣ, Даҳана, Cарвак, Ғоҷ ва Пунук. Қисмати тоҷикнишини ин макон, ки Пунук ном дорад, талош мекунанд, ки фарзандонашон забони тоҷикиву русиро омӯзанд. Сабаб шояд як бошад. Ин ҳам дур шудани мардум аз тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аст. Медонед,- мегӯяд ҳамсӯҳбатам,- барномаҳои телевизиони Тоҷикистон диққатҷалбкунанда нестанд, барои ҳамин аксарият каналҳои узбакиро шавқу ҳаваси дидан доранд. Ман мехоҳам, ки мавҷи дигар канали ТВ-ҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд асосан дар ноҳияҳои дурдасти он ба пуррагӣ паҳн шавад. Чунки ман бояд фарзандонамро аз узбакпарастӣ баргардонам. Барои ин ба ман танҳо будани шабакаҳои телевизиони тоҷик ёрӣ мерасонаду халос.

Масъулини Суғд ба мардум чӣ ваъда карданд?

Барои рафъи ин ҳама нуқсу камбудиҳо масъулини ҷамоати Пунук чӣ кореро анҷом додаву чӣ андеша доранд? Ба раиси ҷамоат Зоҳирҷонов Идрок муроҷиат кардем ва мавсуф изҳор дошт: "Дар ҳақиқат ду сол мешавад, ки мардум аз набудани телевизион ва радиоҳои тоҷикӣ дар ин минтақа шикоят мекунанд. 9 июли соли 2010 ман аз номи аҳолии ҷамоати Пунук ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мактуб навиштам, аммо то кунун ҷавобе нест. Як моҳ пеш оид ба насби мавҷгираки шабакаҳои телевизионӣ ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, ки то ҳол посухе нагирифтаем. Ин масъаларо сокинони ҷамоати Пунук дар як мулоқот бо раиси вилояти Суғд дар соли 2010 мавриди муҳокима қарор доданд. Масъулини вилоят ваъда доданд, ки шояд баъд аз панҷ шаш солаҳо мардуми ноҳияи Ашт ва ҷамоати Пунук бо  шабакаҳои телевизиони ва радиои тоҷикӣ таъмин карда шаванд".

Вазъ мисли 50 соли қабл аст

Агар ба таърих нигоҳ кунем бори аввал солҳои 50- уми асри XX бобои Бойматов Абдуқодир ба ин деҳа оинаи нилгуни "Рекорд"-ро оварда будааст. Ӯ мегӯяд, ки дар он вақт аҳли деҳа дар хонааш ҷамъ мешудаанду барномаҳои узбакӣ тамошо мекардаанд. Чунки дар он вақт оинаи нилгун ба ғайр аз каналҳои узбакӣ дигар ягон каналро намегирифтааст.Ман то имрӯз каналҳои узбакӣ мебинам ва дар муносибат бо наберагон ва фарзандонам қариб бо забони узбакӣ сухан мекунам. Набераҳоям забони ӯзбкиро аз забони тоҷикӣ дида хубтар медонанд.Чунки ҳамарӯза телевизионҳои узбакӣ тамошо мекунанд. Медонед ман аз чӣ  ҳарос дорам, аз он  ки наберагонам бо дидани барномаи каналҳои узбакӣ то рафт бештар узбак мешаванд. Ман солҳои 60- ум ҳам телевизионҳои узбакӣ медидам, то ҳол мебинам, чунки дар ин гӯшаи кишвар танҳо мавҷи Шабакаи якуми Тоҷикистон паҳн шудаасту халос, ки  он ҳам дуруст ва доиман фаъол нест. Ҳар рӯз наберагонам мегӯянд, ки барномаҳои телевизиони Шабакаи якуми Тоҷикистон диққат ҷалбкунанда нестанд ва суруду барномаҳояш завқи бинандаро мекушад. Ҳоло бечора наберагонам намедонанд, ки дар Тоҷикистон чӣ воқеъаҳо рух медиҳанд, дар Бадахшону Хатлону Хуҷанд чӣ навгониву навсозиҳо мешавад, хабар надорем. Пас, то кунун ман чунин меҳисобам, ки то ҳол мо, яъне мардуми ҷамоати Пунук дар сатҳи ҳамон солҳои 60- 70- и асри XX, яъне мисли 50 сол қабл зиндагӣ дорем. Вақте бо мӯйсафедон мешинем, онҳо ҳама доимо аз навигариҳои Узбакистон сухан мекунанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки мӯйсафедон низ мӯҳтоҷи дидани телевизионҳои тоҷикзабонанд. Барои тамошои шабакаҳои телевизионии "Сафина", "Ҷаҳоннамо" ва "Баҳористон" бошад мардум ба хонаи он шахсоне мераванд, ки агар дар хонаашон моҳвора дошта бошанд. Агар дар ҷамоати Пунук 4 ё 5 мавҷгираки моҳвораӣ бошад, мавҷи онҳо ба шабакаҳои телевизионҳои хориҷа нигаронида шудааст.

Ба Кумитаи ТВ ва радио муроҷиат кунед!

Q_Uzbak_meshavem._02Дар ин масъала корманди Маркази интиқоли мавҷҳои радиотелевизионии № 2 ҶСК "Телерадиоком" Набиев Саидкамол чунин мегӯяд: "Якчанд сол пеш барномаи кулли давлатӣ "Мавҷи Сомон" аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин барнома оид ба пурра фарогирии мавҷи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аст. Ҳамон вақт раисони ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҶСК "Телерадиоком" шартнома имзо карда буданд. Мувофиқи шартнома 50%-и маблағро худи ҳукумати ноҳияҳо ва 50%-и дигарро ҶСК "Телерадиоком" пардохт мекард. Ҳоло ҳукумати ноҳияи Ашт се сол мешавад, ки аз ҶСК "Телерадиоком" 38 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Барои пурра таъмин кардани аҳолии ноҳияи Ашт бо шабакаҳои телевизионӣ 60-70 адад таҷҳизоти интиқоли мавҷ лозим аст. Барои ин бояд аввал маблағҳои боқимондаро ҳукумати ноҳия пардохт намояд. Соли 2010 сокинони ҷамоати Пунук як бор муроҷиат карданд. Кормандони мо ба деҳа рафта аз вазъи ҷойгиршавии антенаи Шабакаи якуми Тоҷикистон дидан карданд. Супориш дода шуда буд, ки дарахтони дар назди манораи мавҷпаҳнкунӣ рӯидаро решакан кунанд, намедонам ин кор иҷро шуд ё не. Агар сокинони ноҳия хоҳанд, ки ба мавҷи телевизионӣ ва радиоӣ пурра таъмин бошанд, пас ҳукумати ноҳияи Ашт бо Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ муроҷиат кунад, шояд ин масъала ба зудӣ ҳал шавад".

Дар ин масъала арзу шикояти мардуми ҷамоат рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Як нафар сокини ҷамоати Пунук, ки худро Саид Ҷӯраев муаррифӣ кард гуфт, ки «то кай мо телевизиони Узбакистон мебинем, хуб мешуд ҳукумати Тоҷикистон дар ин ноҳия антенаҳои пурқувватеро насб мекард, ки телевизионҳои ҳам ғайридавлатӣ ва ҳам давлатии Тоҷикистонро тамошо мекардем. Барои чӣ ба ин масъала ҳукумати ноҳия ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиддан машғул намешаванд. Ҳар рӯз ба фарзандонам таъкид мекунам, ки Шабакаи якуми Тоҷикистонро бинанд, аммо вақте ман аз хона баромадам, фарзандонам барномаҳои узбакиро мебинанд. Барои ҳамин ҳам бо пахши мавҷи телевизионҳои Тоҷикистон кӯдакони моро бояд аз роҳи узбакпарастӣ гардонд».

Телевизион дарси миллатдӯстӣ ва худшиносӣ медиҳад

Агар миқдори каналҳои телевизионҳои тоҷик дар ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд зиёд шавад, ҳоҷат ба дидани телевизионҳои узбакзабон намемонад. Ман мехоҳам, ки мавҷи телевизионҳои "Ҷаҳоннамо", "Сафина", "Баҳористон" ва дигар телевизионҳо дар ҷамоати Пунук низ паҳн карда шавад. Дар ин радиф ӯ чунин гуфт; "телевизион ба мардум дарс медиҳад, дарси худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва зебоиву сухандонӣ, дарси миллатдӯстӣ. Пас, чӣ бояд кард, ки сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт хештаншиносу ватандӯст шаванд?- мегӯяд Саид Ҷӯраев. Ба фикри Саид Ҷӯраев акнун асри XIX ва ё XX нест, ки мо тоҷикон ҳанӯз бо тафаккури шахшуда бошем. Барои он ки мардуми минтақаҳои дурдаст аз хабарҳо, навгониҳои сиёсиву иқтисодиву илмии кишвар сари вақт огаҳ ва ба қавле ҳамқадами замон бошанд, мавҷҳои телевизион ва радиои дар Тоҷикистон бударо бояд дар тамоми нукоти кишвар паҳн намуд. Худи онҳо иброз мекунанд, ки агар мавҷи телевизионҳо ба мардуми бечора дастрас мешуд, онҳо аз замона шикоят намекарданд. Ғами худро бо дидани барномаҳои аҷоибу ғароиби тоҷикӣ паси cар мекарданд. Ҳоло мардуми аксар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон интизори он ҳастанд, ки ягон шахси хайрхоҳ ин дарди онҳоро шунавад ва посух гардонад. Сокинони миёнасоли ҷамоати Пунук мегӯянд, ки шояд ягон рӯз баъд аз даҳсолаҳо фарзандонамон дигар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бубинанд. Аммо имрӯзҳо сокинони ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон хоҳони онанд, ки мавҷи шабакаҳои ТВ- ҳои Тоҷикистон ба мардум зудтар дастрас гардад. Дар ноҳияи Ашт тақрибан 160 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бойиси нигаронӣ аст, ки ҳамарӯза телевизионҳои узбакӣ меҳмони хонаҳои мардуми ин ноҳия асту онҳо аз тамошои шабакаҳои телевизиони тоҷик  маҳрум бошанд. Сокинони ин ноҳия мегӯянд, ки агар ба ин масъала масъулон ҷиддӣ муносибат накунанд ва ба дарди ҷомеъа малҳам нашаванд, бо гузашти даҳсолаҳои дигар тоҷикони боқимонда низ забони модарии худро фаромӯш мекунанду бо забони узбакӣ сухан меронанд. Дар шароити вазнини ҳам маънавӣ ва ҳам иҷтимоиву иқтисодӣ бояд шахсони масъул ҳамдарди ҷомеъа бошанд. Набудани мавҷҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар ноҳияҳои дурдасти вилоят, бехабар мондани аҳолӣ аз воқеъоти кишвар, чандсолаҳо дур рафтани онҳо аз илму маърифати замон, то рафт фаромӯш шудани забони адабии тоҷикӣ дар ин минтақа хуб аст ё бад, онро ба ҳукм ва ба қазовати шумо вомегузорем.

Ҳалимҷон Ҷӯраев,  рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97