Фалаҷи маънавӣ дармон дорад?

Расонаҳо 03.02.2011 09:40

Ё маънавиёти ҷомеаро ба нафақа гусел накунед!

TelevisionҲар инсон барои изҳори ақида озод аст, навобаста аз он ки андешаи нафаре шояд омили ифшои камбуди дигаре бигардад.Фалаҷ шудани дастгоҳи идеологӣ, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ, паст шудани сифати таълим дар муасиссаҳои таълимӣ, коҳиш ёфтани муталеъсозии ҷомеъа дар боби сиёсати давлатӣ, вазъи солимгардонии мардум ва даҳҳо камбудиҳои ҷомеъаи Хатлон аз зумраи масъалаҳои доғи вилоят ба ҳисоб мераванд.

Аз чӣ бошад, ки бештар аз масъулини мақомоти маҳаллӣ ва ҳатто ҷомеъашиносону сиёсатмадорон сабабгори ин ҳама камбудию норасоиҳоро яксон баҳогузорӣ менамоянд. Яке чунин мешуморад, ки сабаби коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеъа ин кори бенизоми дастгоҳи идеологии ҳукумати Хатлон аст. Дигаре мегӯяд, ки дар садри роҳбарии соҳаи маънавиёти ҳукумат нафарони донишманду ботаҷриба ҳузур надоранд. Севвумӣ ва ҳатто замоне муаллифи ин сатрҳо низ бовар доштанд, ки бо иваз кардани муовини cоҳавии раиси Хатлон ба идеологи ҷавонтару ҷомеъашинос метавон дастгоҳи идеологиро дигаргуна ба кор даровард. Аммо агар мушкили соҳаи маънавиёти вилояти Хатлонро аз андешарониҳои сокинони навоҳии гуногуни вилоят шарҳ бидиҳем, метавон чунин хулоса баровард, ки танҳо бо иваз кардани кадрҳо камбудиҳо дар ин соҳа ҳалли худро намеёбанд. Зеро сарчашмаи асосии ҳамаи мушкилоти соҳа ин  мавҷуд набудани низоми дуруст дар кору васоити идеологӣ мебошад.

 Нақши расонаҳои хабарӣ дар тарбияи ҷомеа

Баъзе нафарон чунин мепиндоранд, ки мӯҳтавои барномаҳои радио ва шабакаҳои телевизионии кишвар барои боло бурдани маънавиёти ҷомеъа ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб ва бегонапарастӣ метавонанд хидмати хубе анҷом бидиҳанд. Гарчанде, ки имрӯз дар шабакаҳои телевизионии кишвар аз пахши лаҳзаҳои фаҳши филмҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ кардаанд, аммо ба мӯҳтавои бештар аз филмҳо ва ҳатто барномаҳои алоҳида диққати ҷиддӣ дода намешавад. Кӣ метавонад аз солҳои 1960 - 80 мисоле биёрад, ки аз тариқи телевизион филм ё барномаи тарҷумашудаеро бидуни ризоияти дастгоҳи идеологии ҷумҳурӣ пешкаши мардум намуда бошанд?

Баъдан дар чанд соли охир коҳиш ёфтани тамошогарони шабакаҳои телевизионии кишвар бармало мушоҳида мешавад. Аммо аз ҷониби масъулин байни мардум пурсише ҳам доир нагардидааст, то барои омӯзиши талаботи мардум шабакаҳои телевизионӣ сиёсати барномасозии худро каме тағйир бидиҳанд. Акнун дар маҳаллаҳо мардуми оддӣ ҳам ошкоро мегӯянд, ки телевизиони Тоҷикистон бештар барои ором кардани хотири онҳое барномаҳои худро омода ва пахш менамояд, ки ягон мушкили иҷтимоӣ надоранд. Зеро дар барномаҳои бегоҳирӯзии шабакаҳои телевизионии кишвар масоили ҳалталаби мардум кам инъикос мешавад. Боз ҳам дар Хатлон мавҷҳои телевизиони вилоятии ТВ «Хатлон» ба тамоми манотиқи вилоят намерасад. Пӯшида нест, ки барои бештари аҳолии вилоят, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ аст, инъикоси мавзӯъҳои марбут ба кору зиндагии рӯзмараи онҳо беҳтарин барнома маҳсуб меёбад. ТВ «Хатлон», ки бештар ба мавзӯъҳои рӯзмараи халқ даст мезанад, дар нисбати дигар шабакаҳои сартосарии кишвар байни мардум маҳбубияти бештар дорад. Аммо мушкили масъулин ин аст, ки барои пурра фаро гирифтани фазои иттилоотии вилоят эҳтиёҷ ба дастгоҳҳои иловагии мавҷпахшкунанда доранд. Аммо масъулини ҳукуматҳои маҳал баҳри харидории мавҷпаҳнкунандаҳо аз буҷаи маҳаллӣ маблағ намеёбанд. Дар ҳоле, ки ҳамасола аз буҷаҳои маҳал барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ - фарҳангӣ маблағҳои ҳангуфт сарф мешавад, аммо идеологҳои вилоят наметавонанд ҳукуматдоронро мутақойид созанд, ки як маротиба ҷудо намудани маблағ барои таъмини фазои иттилоотӣ бо мавҷгиракҳои муъосири телевизионӣ метавонад даҳсолаҳо барои таъмини аҳолӣ бо ғизои маънавӣ хидмат расонад. Боз ҳам агар аҳли эҷоди телевизиони мазкур дар доираи талаботи рӯзафзуни ҷомеъа барномаҳои гуногунро тарҳрезӣ намоянд, ба манфиати кор аст. Алъон дар Шаҳритӯс, Сарбанд, Қубодиён, Панҷ, Носири Хусраву дигар шаҳру навоҳии Хатлон мардум аз тамошои барномаҳои телевизиони вилоятӣ маҳруманд. Яъне барои пурра кардани фазои иттилоотӣ   одитарин воситаи воқифгардонӣ фаъол нест.

 Кай дубора мардум рӯзномахон мешаванд?

87Гарчанде ҳар ҳафта ба қаламрави вилояти Хатлон тақрибан 70 ҳазор нусха рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун ворид мешавад, аммо сатҳи рӯзномахонии мардум дар нисбати 30 сол қабл дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Мутаассифона ба матбуоти даврии расмӣ бештар корхонаю ташкилотҳо ва идораю муассисаҳои давлатӣ обуна мешаванду  барои мардуми деҳоти вилоят матбуот, ба хусус ҳафтаномаҳои мустақил хеле кам дастрас мешавад. Замоне ба дастгирии созмонҳои хайрия дар кӯчаҳои гуногуни маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа гӯшаҳои хониш ташкил шуда буд, аммо коромадии ин воситаҳои воқифгардонии аҳолӣ алъон танҳо дар пушти девори коргоҳи муаллифони ин лоиҳа ба чашм мерасаду халос.

Зимни як мулоқот ба кишоварзони ноҳияи Қумсангир занони деҳот иброз доштанд, ки дар замони пеш телевизион дар мавзӯи кишоварзӣ бештар барномаҳо таҳия мекард, рӯзномаву адабиёти бадеъиро китобхонаҳои сайёр то сари замин меовард, аммо он вақт замин, ки дар ихтиёри деҳқон набуд, дар ҳаёти мардум пешравӣ дида намешуд. Акнун  мардум соҳиби замину хоҷагиҳо мустақил шудаанд, вале китобу рӯзномае намеёбем то донишу малакаи худро такмил бидиҳем. Дар ҳоле, ки аз коҳиш ёфтани сатҳи маънавиёти ҷомеъа дар ҷаласаҳои ҳукуматҳои маҳал изҳори нигаронӣ менамоянд, аммо то кунун барои ҳалли ин мушкил нақшаи босамаре рӯи даст нагирифтаанд. Ҳол он ки бо ҷудо намудани маблағҳои ночизе метавон дар назди нуқтаҳои фарҳангии маҳал лоақл гӯшаҳои рӯзномахонии ройгонро ташкил намуд.

 Толор танҳо барои консерт нест

Дар асл ҳукуматдорон барои расонидани ин ё он мавзӯъи мубрам барои амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ аз усулҳои гуногуни воқифгардонӣ истифода мебаранд. Аммо боре шудааст, ки масъулини дастгоҳи идеологии маҳал сирф ба мақсади баланд бардоштани  огоҳӣ ва маърифати  ҷомеъа, роҳҳои беҳдошти сатҳи зиндагӣ мардумро дар толорҳо ҷамъ оварда бошанд? Охир толорҳои фарҳангӣ танҳо барои консерту саҳнаҳои театрӣ нест ку? Аслан мо дар баргузории чорабиниҳои омӯзишиву маърифатӣ бо иштироки соҳибкорон, олимон ва шахсиятҳои муваффақ таҷриба надорем.

 Амри маъруф бошад?

Омили дигаре, ки дар тарбияи ҷомеъа нақши бориз дошта метавонад ин масҷид ва амри маъруфи муллоҳои донишманд шуда метавонад. Агар мавъизаҳои имомхатибон бештар мавзӯъҳоеро дар бар гиранд, ки дар доираи арзишҳои миллию давлатии мо бошанд, кори хайре мешавад. Чаро не? Аз даҳҳо сабтҳои овозии амри маъруфи воъизони Ирон як ҷумла, як суханеро шунида намешавад, ки коргузории давлатро мавриди муҳокима ё танқид қарор бидиҳанд. Дар мо чӣ? Қарор аст, ки  дар кишвари мо барои пешгирӣ сахтгӯӣ ва риоя накардани принсипи ҷудо будани дин аз давлат мавзӯъи сӯҳбати воъизон аз ин пас супоришӣ мешавад, ки ин ҳам ба андешаи баъзе соҳибназарон то ҷое одилона ба назар намерасад. Агар имомхатибон дар мавриди интихоби мавзӯъ сухани худро ба мақомот гузаронида натавонанд, пас шубҳае нест, ки он тадбир ба таваҷҷӯҳи омма ба мавъизаҳои нухбагони ислом дар масоҷид бетаъсир намемонад.

 

Дастгоҳи идеологӣ чаро суст кор кард?

remote_tv-webБармегардем ба дастгоҳи идеологии ҳукумати вилояти Хатлон. Дар як соли охир на танҳо дар сӯҳбатҳои алоҳида, балки дар машварату ҷаласаҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ низ масъулин аз коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеъа изҳори нигаронӣ доштанд. Аслан кадрҳои роҳбарикунанда низ дар ин соҳа нақши бориз доранд. Вале на дар ҳамаи нишондиҳандаҳои нисбии сохторҳои марбут ба маънавиёт бояд сабабгор масъулини соҳаро донист. Имрӯзҳо дар бораи иваз намудани муовини раис оид ба умури маънавиёти вилоят сару садоҳои зиёд ба гӯш мерасад. Ин ки замони зуҳури фалаҷи маънавӣ  ба давраи роҳбарии Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, муовини раиси вилояти Хатлон дар умури идеологӣ рост омадааст, наметавон аз касе дигар домангир шуд. Камбудию норасоиҳои асосии коргузории ҳукумати вилоятро дар самти маънавиёт шояд раис  Ғайбулло Авзалов ҳам эътироф дорад.  Ва мусаллам аст, ки барои ислоҳи вазъ на як солу ду сол вақт лозим аст. Новобаста ба он ки масъулин вазъи соҳаро чӣ гуна баҳогузорӣ доранду, сабабҳои камбудию норасоиҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳанд, аммо мардум дар ин мавзӯъ хулосаи худро дорад. Ва суъоли матраҳ ин аст, ки фалаҷи маънавии Хуталонро давое ҳаст? Вагарна бо ин кору чунин аҳвол на танҳо идеологияи имрӯзи ҷомеъа, балки ба тақдири маънавиёти наслҳои ояндаамон низ таъсири бад мерасонем. Ин ҷо бо як мисол аз эродгирии баъзе аз мактаббачагон дар бобати дар сатҳи паст доир гардидани олимпиадаи мактаббачагони вилоят матлаби худро ба анҷом мерасонам. Зеро ифшои он чӣ, ки аз иштирокчиёни озурдаи ин олимпиада шунидаам, мавзӯи оянда аст.

Ҷамолиддин

Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97