Шурӯъи мурофиаи «Миллат» дар додгоҳ

Расонаҳо 30.11.2010 12:53

junayd-ibodov1111Мурофиаи парвандаи гражданӣ оид ба баррасии баҳси мутақобилаи миёни Вазорати кишоварзӣ ва рӯзномаи «Миллат» мувофиқи огоҳномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 1-уми декабри соли 2010 соати 10.00 дар бинои суди мазкур баргузор хоҳад шуд.

Нахустин ҷаласаи баррасии шикояти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон алайҳи нашрияи «Миллат» 25-уми феврали 2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Зимнан, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби интишоршуда дар ҳафтаномаи «Миллат», ба додгоҳ шикоят бурда, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат арзёбӣ карда ва аз додгоҳ тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97