Расонаҳо

Баёния 13.01.2012 13:30 Баёния
АФРӮЗ - Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ҳамлаи ваҳшиёна ба Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро қатъан маҳкум мекунад. Бар асари ин ҳамла, ки тавассути як фарди ношинохта дар шаҳри Маскав ....

Акбари Саттор ҳам ивазнашаванда будааст 21.10.2011 08:57
Чаро бояд раиси иттифоқ пулдор бошад? Ҳафтаи рафта дар маҷлисгоҳи Корхонаи табъу нашри «Шарқи озод» аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон анҷумани 11- уми хешро баргузор карданд ва Акбаралӣ Сатторов бе интихоботи алтернативӣ дубора барои панҷ соли баъдӣ курсии раисии ин Иттифоқро соҳиб шуд. Номзадии Акбаралӣ Сатторов барои дубора раиси Иттифоқ шудан аз ....
Агар ман Митя бошам, пас Асп кист? 04.04.2011 09:21
Тибқи ақидаи олимони равоншинос дар радифи ниёзмандиҳои инсонӣ талабот ба шӯҳрат яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Гарчанде афзалияти он дар қиёс ба талаботҳои табиӣ (об, ҳаво, ғизо) кам бошад ҳам, ниёз ба номдор шудан доимо инсонро маҷбур мекунад, ки дар ҷустуҷӯи дарёфти роҳҳои мухталифи ба дигарон муаррифӣ кардани худ ....
«Судя ҳуқуқи хато кардан надорад» Э.Раҳмон 01.04.2011 10:02
Шикояти кассатсионии рӯзномаи «Миллат» ба суди ш. Душанбе, нисбати ҳалномаи суди н. Фирдавсӣ 19 феврали соли 2010 ба суди н.Фирдавсӣ аризаи даъвогии Вазорати кишоварзӣ бо имзои вазир Қосимов Қ. ирсол гардидааст. Мувофиқи ин ариза, рӯзномаи "Миллат" баъди чоп намудани мақолаи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" (шумораи №49 (223) аз 10.12.2009) ба сифати ....
«Миллат» - ро кӣ «говсуд» кардан мехоҳад? 17.03.2011 09:29
Ё чаро Парламенти Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз содир шудани ҳукми ноодилона дар мавриди нашрияе, ки маълумоти пешниҳод намудаи онҳоро дар бораи фасодзада будани Вазорати кишоварзӣ ба мардум расонида буд, хомӯшанд?! 
Толибшоҳи Сайидзода: «Эй мукофотбахшҳо, маъзур…» 14.03.2011 15:39
11 марти соли 2011, дар рӯзи Ҷашни матбуоти тоҷик банда ба дарёфти Ҷойизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шудам. Ба ҳангоми супурдани ин мукофоти арзишманд раиси мӯҳтарами Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки яке аз маблағгузорони ин Ҷойиза, Вазорати кишоварзӣ (вазир Қосим Қосимов) мебошад.
Доғи журналистика ва се сурохи парчами САҲА 11.03.2011 09:49
"Матбуот чашму гӯши халқ аст" Ҷанобон! Ин сухани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон; "Матбуот чашму гӯши халқ муҳимтарин рукни ҷомеъаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо раҳо карда метавонад", барои ҳусн бахшидан ба овезаҳои девор нест…
Қоҳир Расулзода ба куҷо менигарад: ба Тошканд ё ба Душанбе?! 10.03.2011 16:38
Чаро тоҷикон дар Ашт узбак мешаванд? Сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт номи шабакаҳои телевизиони Узбакистонро азёд медонанд, аммо номи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба хусус барои насли наврас ноошност.
Ҳалномаи ғайриқонунӣ аллайҳи «Миллат» 11.02.2011 01:23
Судяи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 8-уми феврал, ба баррасии ниҳоии даъвои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи «Миллат» пардохта, ҳалномаи худро содир кард.
Фалаҷи маънавӣ дармон дорад? 03.02.2011 09:40
Ё маънавиёти ҷомеаро ба нафақа гусел накунед! Ҳар инсон барои изҳори ақида озод аст, навобаста аз он ки андешаи нафаре шояд омили ифшои камбуди дигаре бигардад.Фалаҷ шудани дастгоҳи идеологӣ, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ, паст шудани сифати таълим дар муасиссаҳои таълимӣ, коҳиш ёфтани муталеъсозии ҷомеъа дар боби сиёсати давлатӣ, вазъи солимгардонии мардум ва ....
Шурӯъи мурофиаи «Миллат» дар додгоҳ 30.11.2010 12:53
Мурофиаи парвандаи гражданӣ оид ба баррасии баҳси мутақобилаи миёни Вазорати кишоварзӣ ва рӯзномаи «Миллат» мувофиқи огоҳномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 1-уми декабри соли 2010 соати 10.00 дар бинои суди мазкур баргузор хоҳад шуд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97