Cафири Озарбойҷон дар Душанбе низои ароманӣ бо озариҳоро шарҳ дод

Сиёсат 29.07.2020 09:47

Рӯзи 28 июли соли 2020 бо ҳузури хабарнигорони тоҷик дар Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Душанбе конфронси хабарӣ доир шуд.

Ҳасан Маммадзаде, Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҳаводиси рӯзҳои 12 —14 июл дар марзи Озарбойҷону Арманистонро ба ҳозирин шарҳ дода, аксу филмҳоеро аз амалҳои ароманиҳо дар баробари озариҳо дар хеле аз кишварҳои дунё дар маърази намоиш гузошт ва афзуд, ин амалҳои ғайриинсонӣ дар баробари муқаддасоти озариҳо ва мардуми Озарбойҷон аст. Дипломати озарӣ дар Душанбе бар он таъкид дошт, ки умедвор аст, ақли солим ба хушунату ҷаҳлу нофаҳмӣ ғолиб хоҳад омад.

Дар посух ба ин суоли хабарнигори «Миллат», ки шояд картаи фитнае дар ин низоъ ба бозӣ даромадааст, гуфт, ҳар эҳтимоле имкон дорад, бошад, ва ин ҷо бояд аз ақл кор гирифт, на эҳсосот. Аммо ҷониби Арманистон бе доштани ҳич далеле ҷониби Озарбойҷонро дар таҳоҷум ва тирпарронӣ дар марз муттаҳам месозад. Ва як маъракаи зиддиозариро дар саросари дунё роҳандозӣ кардаанд, аз хиёбонҳои Аврупо то Амрико.

Сафир ба суолоти хабарнигорон дар масоили равобити Тоҷикистону Озарбойҷон посух дод ва онро нек арзёбӣ кард.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97