Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Адолати Мирзо: Ман ПОМИРИЯМ

Сиёсат 25.07.2012 16:32

Adolati_MirzoИн шоми рӯза модари тоҷик, дар Бадахшон, дар Рашту дар Хатлон, дар Суғду дар Зарафшон, дар Русияву ҳама ҷое аз қораи ҷаҳон рӯза накушоданд.

Даҳони рӯзадори модарони тоҷикро хуни рехта дар ҷодаҳои танги Бадахшон талх сохт.

Луқма дар гулӯ дармонд. Зеро ҷанг дар тангиҳои Бадахшон тоҷики рӯзадорро аз по меафканд.

Он чӣ ки набояд иттифоқ меуфтод, фитод.

Ҷанги бидуни ҷабҳа синаи модару кӯдаки тоҷикро дар моҳи шафқат, моҳи раҳм, моҳи парҳезкорӣ шикофт.

Аммо дигар бас аст!

Бештар аз ин ва бадтар аз ин нахоҳад иттифоқе дигар уфтодан.

Ҳанӯз ашки чашмони модарони фарзандгумкарда дар ҷанги бемаъниву мансабталошон хушк нагардидааст, ҳанӯз либоси азо модари тоҷик аз тан бадар накардааст, ҳанӯз аз модарони ҷигарреш касе аз ду ҷониби ҷабҳа узр нахостааст.

Ва боз дигарбора синаи ҷигарбандашро ба нишон мегиранд.

Ба ҳеч як ҷониби даргир дар ин моҳи шарифи Рамазон мувофиқ нестам.

Аммо чаро давлат воқеиятро аз мардум пинҳон медорад, амре ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд пазируфта нест?!

Амалиёти низомиро барои боздошти чаҳор тан муҷрим дар қатли генерал Абдулло Назаров, ки бо корд гӯё кушта шудааст ва ё дар ҷанги муштзанӣ, оғоз карданд, аммо дар гузоришҳо дар бораи кушта шудани 30 нафар ҷинояткор бар асари даргириҳо суҳбат мекунанд. Барои боздошти чаҳор нафар, ҳатто бигузор 20 нафар, ба маълумоти расмӣ 42 нафар кушта, даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Мантиқ куҷост, ин чӣ бедодист?

Субҳи имрӯз аз кушта шудани чор кӯдак, ду мард ва як зан ба зарби гулулуаи тактирандоз хабар ёфтам. Аҷаб даҳшате! Бузургтарин мусибат дар 20 соли охир.

Тасаввур кунед, ки гурӯҳҳои зудамали зиддиҷиноӣ барои дастгир кардани 4 ҷинояткор вориди Бадахшон шудаанд. Аммо расонаҳо дар бораи кушта шудани занону кӯдакон хабар медиҳанд.

Тамоми роҳҳои иртиботӣ бо Бадахшон баста аст. Ин ҳақ аз мардум гирифта шудааст, ки бо азизони худ суҳбат бикунанду дар бораи мурдаву зинда будани онҳо иттилоъ ба даст биоваранд. Аммо расонаҳои дунё бо манобеъи муътамади худ дар Бадахшон хабар пахш мекунанд ва ин хабарҳои росту дурӯғ аз сӯйи ниҳоде дар Тоҷикистон таъйиду такзиб ҳам намешаванд. Шаҳри бедарвоза, аммо баста ба рӯи сокинони хеш. Тамоси дигарон барқарор аст, ба ҷуз шаҳрвандони ин мулк.

Ранги заъфаронии онҳоеро, ки азизонашон дар қури алов ҳастанд, шояд аз пушти шишаи сиёҳи биноҳои панҷарадор дидан натавон, аммо нигоҳи интизори ин азизонро дар сари ҳар хиёбон, дар ҳар нақлиёту истгоҳ метавон дид.

Ҳамаи ин нигоҳҳо суоломезанд. Посух металабанд. Посухи ҷиноёти ҷангӣ, ки умри азизони онҳоро ба қимор мезанад.

Даҳонро ба хотири суботу осмони соф, ки кафили амнияташ маҳз давлатмардон ҳаст, бастаанд, аммо нигоҳҳоро намешавад дӯхт, нигоҳҳо баста намешаванд, нигоҳҳо амалкардҳои мову шуморо таъқиб мекунанд, агар инро мехоҳем ва ё на. Мантиқ куҷост?

Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим, ки маҳз бесалоҳиятӣ, бемасъулиятӣ ва корношоямии дастгоҳи зери раҳбарии ӯ боиси ба ин аҳвол гирифтор шудани мардуми сарбаланди Бадахшон шудааст, ворид шудани артишро ба Бадахшон иштибоҳ хондааст. Ва гуфтааст, ки пас аз анҷоми амалиёт ба истеъфо хоҳад рафт. Истеъфо пеш аз шуруъи ин амалиёт қобили қабул буд, аммо акнун бояд дар курсии додгоҳ посухи ин иштибоҳотро бипардозед. Ин хунбаҳо дар гардани шумост. Шумо бояд ба қиммати ҷони худ ҳам ба баргузории амалиёт розӣ намешудед.

Мантиқи дигар. Давлат гузориш медиҳад, ки як амалиёт барои боздошти чанд ҷинояткор дар Бадахшон сурат мегирад ва вазири нируҳои артиш он ҷо ширкат надорад, аммо вазири дифоъи Тоҷикистон эъломи оташбасъ мекунад. Ва гуфтушунид пеш мебарад ва дар маҳалли ҳодиса аст. Аз рӯйи мантиқ ва қонун оташбас дар шароити ҷанг эълон мешавад, дар амалиёт аллайҳи гуруҳҳои ба бовари давлат ҷинояткор оташбас чӣ маъно дорад?

Намехоҳам гунаҳкор биҷӯям, аммо то кай бояд нодонӣ, дурбин набудан, ношоистагӣ ва мудирияти нодуруст дар мақомоти масъули давлатиро мардум бо қурбон кардани ҷонашон ҷуброн кунанд. Чаро бояд барои беамалӣ, содиқона иҷро накардани вазифа аз сӯйи шахсони мансабдор мардум бо баҳои ҷон ҷавоб бигӯянд?

Имрӯз иштибоҳ не, хиёнат сурат гирифт, иштибоҳ вақте сурат гирифта, ки мардум дар соли 2008, 2009, 2010 алайҳи мақомоти ришвахор шӯрид, аммо мақомоти марказӣ дар Тоҷикистон ба ҷои муҷозот кардани масъулини бесалоҳият ва ришвахор, онҳоро ба мақомҳои болотаре иртиқо дод. Он гоҳ иштибоҳ ин буд, ки иллати эътироз ва шӯридагии мардум таҳқиқ нашуд. Пайомади ин иштибоҳ хиёнати имрӯз аст.  

Соҳиби воқеии ин миллат куҷост? Марди баномуси ин миллат магар мурдааст? Вакили раъйдузди ин миллат куҷост? Сараш хамида аз шарм аст, ки наменамояд?! Шумо мебинед ӯро? Дар миёни ин ҳама хоку хун ман саре фаррохтаву буланд намебинам, эй раъйдуздон ва сиёсатбозони ин сарзамини оғушта ба хуни бегуноҳон ва рӯзадорон!

Ин сарзамин, ин диёр, ин миллат, ин мардуми покизасиришт сазовори иззат аст. Беэҳтиромӣ ба ин мардум, беэҳтиромӣ ба ин Ватан аст. Беиззатӣ ба ин миллат, беиззатӣ ба ин сарзамин аст. Боиззат ва боадолат бошед ва аз эҳтироми ин мардум бархӯрдор. Вагарна ин миллат ҳамеша худ сарнавишташро таъин кардааст.

Ҷинояти гушношунид содир шуд, хуни шаҳидон, чӣ кӯдаку марду зан ва чи сарбозони бегуноҳ аз ҷодаҳои Хоруғ шуста мешавад, аммо ҳаргиз аз ёдҳои таърих зудуда нахоҳад шуд.  

Шояд суол кунед, ки чӣ мехоҳам ва бо кӣ ҳастам.

Посухам возеҳ аст.

Ман ба хотири мардуми сарбаланди диёри мардхезам, ба хотири мардуме, ки як порае аз он дар Бадахшони аз хуни бачаҳои бегуноҳи ин сарзамин рӯза шикаста ба сар мебаранд, садо баланд мекунам.

Ман як помириям, ман як бадахшиям. Ман бо шумоям, мардуми мусибатдида, вале қоматбарафрохта ва сарбаланди Бадахшон.   

Эй силоҳбадастон, ба ҳар гунае, ки либос ба бар доред, даст аз сари Бадахшони ба хун оғуштаву рӯзадори ман бардоред!

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97