Теъдоди кушташудагони ҳамлаи маргталабона дар Кобул ба 55 нафар расид

Хабари хуб 21.11.2018 15:49

Вазорати тандурустии Афғонистон эълон кард, ки теъдоди кушташудагони ҳамлаи интиҳории шаби гузашта дар Кобул ба 55 нафар расидааст.

Бино ба гуфтаи Ваҳидуллоҳи Маҷрӯҳ, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон, ҳамчунин тай ин ҳамла ҳудуди 94 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ин инфиҷор дар меҳмонхонаи “Уранус”- и шаҳри Кобул зимни баргузории маросими бузургдошт аз мелоди паёмбари бузурги ислом рух додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар мақомоти афғон гуфта буданд, вазъияти саломатии теъдоде аз захмиҳои ин ҳамла вазнин аст.

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз мудири меҳмонхонаи Уранус гузориш додааст, ки дар ҳангоми вуқуъи ҳамлаи маргталабона ҳудуд як ҳазор нафар дар дохили бинои ин меҳмонхона ҳузур доштанд.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо, ки хунинтарин инфиҷор дар Кобул тай моҳҳои ахир аст, бар уҳда нагирифтааст.

Гурӯҳи Толибон даст доштани худ дар ин ҳамларо рад мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97