Фоъидаҳои аҷиби тиббии «Барги зайтун»

Барги зайтун метавонад дар ҷилавгирӣ аз пайдоиши саратони пӯст низ кӯмак кунад.

Бозёфтҳои нави тиббӣ нишон медиҳанд, ки барги зайтун маводи кимиёии хосеро ба номи улюрупин (олеуропеин) тавлид мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз илтиҳоби (варам) захмҳо ва хориши пӯст муфид мебошад.

Докор Чарлс Паслар доктори тибб дар Ню Йорк мегӯяд, ки дар баргҳои зайтун моддаи зидди заҳрӣ вуҷуд дорад ва ҳамчунон ин барг витамин Е ва витамин В9 ро тавлид мекунад, ки барои дармони бемориҳои мухталиф муфид мебошад.

Вай мегӯяд, ки ба ивази чойи хушк истифода аз барги зайтун низ метавонад барои сиҳҳатӣ бисёр муфид бошад.

Докторони тибб мегӯянд, ки барги зайтун барои давои пундидагӣ ва оромиши хориши пӯст низ муфид аст.

Бозёфтҳои як пажӯҳиши нав, ки рӯи ҳайвонот анҷом шуда, нишон медиҳад, ки барги зайтун барои ҷилавгирӣ аз саратони сина, пӯст ва масона низ метавонад нақши умдаеро бозӣ кунад.

Маводи кимиёии мавҷуд дар зайтун барои инкишофи зеҳн ҳам нақш бозӣ мекунад ба вижа метавонад аз бемориҳои монанди алзоимар ё заволи ақлӣ ва поркинсиз ҷилавгирӣ кунад.

Ин гузориш изофа мекунад, ки маводи кимиёи мавҷуд дар барги зайтун омилҳои заъифкунандаи нубуғ ва рушди зеҳниро аз байн мебарад. 

Докторони тибб ҳамчунон супориш мекунанд, ки истифода аз барги зайтун метавонад барои пойин овардани фишори хун ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои қалбӣ ва зардии сиёҳ муфид тамом шуда ва муҳиммтар аз ҳама ин ки барги зайтун дорои улёнулики асид (оланолевая кислота)аст, ки барои инсон энержи диҳанда мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97