Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Гейдар Алиев-бунёдгузори Озарбойҷони муосир

( Барои озмун)

Ба бахти ин ё он халқ дар марҳала ва ё лаҳзаҳои ҳассос, ки миллат дар вартаи нобудӣ қарор мегирад, шахсиятҳое ба арсаи сиёсат омада, азхудгузарӣ намуда, ҷон дар рамақ гирифта, нақши пешвоӣ ва наҷотбахширо ба душ мегиранд. Таърихи муосири Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамрангиҳо доранд. Дар ҳарду кишвар истиқлолу ҷанг ҳамроҳ омад. Ҳарду кишвар ҳам истиқлолияти муфт ба даст омадаро қариб ки аз даст раҳо мекарданд. Ҳарду кишварро ҳам фарзандони худоду барумандашон; якеро Эмомалӣ Раҳмон дигариро Гейдар Алиев наҷоту умри дубора бахшид.

Соли 1993, Озарбойҷон дар гирдоби нооромӣ, бо кишвари ҳамсоя Арманистон дар ҳолати ҷанг, миллат бесарвару бераҳбару раҳнамо, ҳокимияти вақт-фронти халқӣ дар вазъи сардаргумӣ. Сохторҳои давлатӣ фалач, иқтисод хароб, мардум ғамзадаву ноумед. Дар ҳамин лаҳзаҳои басо мураккаб бо дархосту талаби миллиёнҳо ҳамватанон фарзанди баруманду фарзонаи миллат Гейдар Алиев аз зодгоҳаш Ҷумҳурии худмухтори Нахчиван ба Боку омада, ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ зимоми роҳбариро ба зимма мегирад. Ин сана, баъдан дар саҳифаҳои таърихи мардуми Озар ҳамчун рӯзи наҷоти миллат сабт мегардад. Мардум хидмати содиқонаи фарзандони барумандашро фаромӯш намекунад. Маҳз солҳои Шурвӣ дар замони роҳбарии ӯ Озарбойҷон аз як кишвари қафомондаи аграрӣ ба ҷумҳурии саноатӣ табдил ёфта буд. Фарзонамарди миллат-Гейдар Алиев дар муддати хеле кутоҳ аз шумули сиёсатмардон, фозилон, иқтисодшиносон тиме баргузида ба наҷоти миллат камар мебандад. Аввалин корҳое, ки анҷом медиҳад ин Озарбойҷонро ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил ҳамроҳ ва созишномаи Амнияти дастаҷамъиро ба имзо мерасонад. Инчунин бо Президенти вақти Арманистон Левон Тер-Петросиян сари мизи гуфтушунид нишаста оташи ҷанги Қарабоғи куҳиро хомӯш, гуфтушуниди истиқрори сулҳро бо кишвари ҳамсоя оғоз менамояд. Гуфтушунидҳои мушкилу пай дар пай бо миёнҷигарии ҳамсоякишварҳо, хусусан Россия оқибат ба сулҳ меанҷомад. 3-юми майи соли 1993 бо аксари овозҳо Гейдар Алиев Президети Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб мешавад. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ Сарқонуни нави кишвар ҳамчун раҳнамову қутбнамо таҳия ва қабул гардида, барномаи зиддибуҳронии мукаммал омода ва амаликунонияш шуруъ мегардад. Акнун вазифи дигар ва хеле муҳмими парезидент барқрор ва рушду тавсеаи иҷтисоди миллӣ буд. Обру ва таҷрибаи кор дар вазифаҳои баланди Ҳукумати Шуравӣ(аъзои бюрои сиёсии кумитаи марказии Хизби Коммунист, муовини якуми Раиси шӯрои вазирон) кор дод. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва роҳбари Озарбойҷони мустаъқил бо сарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар сатҳи баробар суҳбату гуфтушунидҳо менамуд. Аксари корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда таҷдиду навсозӣ, инчунин бо ҷалби ивиститсияи дохилию хориҷӣ бунёди садҳо корхонаҳои ҷадид шуруъ мешаванд. Ӯ шахси дидадаро, ҳамсуҳбати хуб, ҳунари олии мутмаъин намудани ҳамсуҳбат, донишманд ва сиёсатмадори нозукбин буд. Алорағми ҳама халалрасониҳову душманиҳо, бозиҳои пасипардагии геополитикии баъзе қудратҳо ба тасвиб расонидани созишномаи нафтӣ, ки “Қарордоди аср” ном гирифтааст, намунаи олии гуфтаҳои фавқ аст. Ин қарордодро, ки аз ҷониби 13 ширкати 8 давлати дунё ва манфиати бештари иқтисодии Озарбойҷон ба имзо расид, як навъ муҳаррики иқтисодиёти миллӣ метавон арзёбияш намуд. Акнун дигар даҳсолаҳо технологияи муосир таъмин, нафту гази кишвар дар Аврупову Осиё харидорони боэътимод дошт. Аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти нафтӣ милиардҳо доллар ба хазинаи давлат ворид гардида, эътибори геополитикии кишварро боло бурда, рушди босуръати соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъмин гардиада, вазъи иҷтимоии мардум беҳбуд ёфт. Муҳимтар аз ҳама “Қарордоди аср” рушди истеҳсоли мошинолот, технологияи истихроҷ ва коркарди нафтро таъмин ва соҳаи химияи нафтиро такони ҷиддӣ дод. Ҳамчунин лоиҳаҳои бузурге ба монанди лулуаи нафти Боку-Тбилиси-Ҷайҳан(пайвандгари баҳрҳои Каспий ва Миёназамин), лулаи гази Боку-Тбилиси-Эрзерум, роҳи оҳани Боку-Тбилиси-Карс бо баромадан тариқи Истамбул ба Аврупо ва ғайра маҳз ба номи Гейдар Алиев бастагӣ дорад. Боззосӣ ва ба шаҳри ободу зебову замонавию назаррабо табдил додани пойтахт-Боку, бунёди даҳҳо шаҳру шаҳракҳо, рушди деҳот, экспорти маҳсулоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ, таҷдиди инфросохторҳо, таъсиси садҳо муассисаҳои олию миёна, эҳёи маорифу фарҳанг низ аз шарофати Гейдар Алив мебошад. Дар як муддати кутоҳ Озарбойҷон узви комилҳуқуқи тамоми созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ гарида, нуфузу эътибори ҷаҳонӣ ёфт. Озарбойҷон пайвандгари Осиёву Аврупост, аз ин ру Гейдар Алиев муносибати хубу ҳамшарикӣ ва ҳамсоягиро бо ҳама кишварҳои шарқу ғарб замина гузошт. Аз кору пайкор, роҳи пуршарафи тайнамудаи ин сиёстмадори нотакрор аксари шахсиятҳои бузурги олами сиёсат бо эҳтироми хоса дар суҳбату нигоштаҳояшон ёдоварӣ намудаву менамоянд. Дафтари рӯзгораш дар фанни сиёсатшиносӣ чи дар ватанаш ва чи берун аз он омӯхтаву омӯзонида мешавад.
Имрӯз Озарбойҷон бо бештар аз 10 миллион аҳолӣ, иқтисоди пешрафта, таҳти роҳбарии Илҳом Алиев-фарзанди баруманди падар, аз зумараи кишварҳои муттарақии минтақа ва дунё мебошад. Бигузор руҳи ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳонӣ, фарзонамарди зинданом Гейдар Алиев нигаҳдору мададгори мардуми бародари Озарбойҷон бошад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, 

Директори Китобхонаи шаҳрии

ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

 

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97