Ҳуҷаттулло Фағонӣ: «Аз ин тараф ки манам, роҳи корвон боз аст»

Посухҳои доктор Ҳуҷаттулло Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба суолоти ҳафтаномаи “Миллат” дар робита ба таърихи барқарории равобити сиёсӣ миёни ду кишвар, вазъи муносиботи Эрон ва Ғарб баъди лағви таҳримҳо, таҳдиди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА барои бозбинии тавофуқи ҳастаӣ, музокироти сулҳи Остона миёни тарафҳои даргири Сурия ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон.

– Эрон пас аз лағви бархе аз таҳримот аз сӯи Амрико ва Ғарб дорад нафасҳои тоза мекашад ва хеле аз кишварҳо имрӯз барои сармоягузорӣ ба сӯи Эрон чашм дӯхтаанд. То куҷо робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Эрон бо шарикони собиқ дубора барқарор шуданд?

– Пас аз лағви таҳримҳо, кишварҳои таҳримкунандаи Эрон, бавижа кишварҳои аврупоӣ ва бархе кишварҳои муҳими осиёӣ, барои дастёбӣ ба бозори бикри тиҷорат ва сармоягузории Эрон, билофосила бо эъзоми ҳайатҳои мухталифи тиҷоратӣ вориди музокира шуданд. Бо тавофуқоти ҳосилшуда миёни онҳо ва Эрон, сармоягузории ин ширкатҳо дар Эрон ва арзаи колоҳои онҳо оғоз шудааст. Зарфи як соли гузашта ҳади ақал сад ҳайати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба Эрон сафар карданд ва даҳҳо ҳамоиши иқтисодиву тиҷоратии Эрон дар кишварҳои мухталиф ва бо ҳузури соҳибони корхонаҳои саноатии хориҷӣ баргузор шудааст. Баъд аз «Барҷом” равобит бо тарафҳо ва ширкатҳои хориҷӣ осонтар шуда ва онҳо низ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Эрон эълом кардаанд. Таи як соли гузашта ба иқтисоди Эрон наздик ба 17 миллиард доллар ҷалб карда шуд ва 117 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои муътабари хориҷӣ имзо шудааст, ки 26 мавриди он тафоҳумнома, 18 маврид қарордод ва 63 мавриди он санадҳои иҷроӣ будааст. Баъд аз “«Барҷом”” 113 иҷозатномаи сармоягузории хориҷӣ, ки ҳудуди 11 миллиарду се сад миллион доллар мебошад, тасвиб шудааст.

 Эрон то куҷо аз талоши бознигарии Тавофуқи ҳастаии ин кишвар бо гуруҳи 5+1 тавассути раиси ҷумҳури нави Амрико Доналд Трамп нигарон аст?

– Тавофуқи ҳастаии Эрон бо панҷ кишвари маъруф ба "Гуруҳи 5+1", як тавофуқи дуҷониба бо Амрико нест, ки ҳар вақт Давлати Амрико бихоҳад, битавонад онро барҳам бизанад ё тағйироте дар он бавуҷуд орад. Ин тавофуқи байналмилалӣ ва чандҷониба аст, ки бо қатъномаи шумораи 2231 Шӯрои Амният мавриди таъйид ва ҳимоят қарор гирифтааст. Нигаронӣ дар бобати иқдомот ва изҳороти давлати ҷадиди Амрико дар мавриди “Барҷом” надорем ва албатта Эрон пешбиниҳои лозим барои муқобила бо ҳар гуна иқдоми ғайримантиқии Амрико дар нақзи “Барҷом”-ро намудааст.

Ҳимоятҳои қотеи мақомоти кишварҳои аврупоӣ, Чин ва Русия, ки дар музокироти “Барҷом” нақш доштаанд, аз идомаи иҷрои “Барҷом” ва мухолифати онҳо бо рӯйкарди манфии Раиси ҷумҳур ва давлати ҷадиди Амрико нисбат ба “Барҷом”, ҳазинаи сангандозии давлати оқои Трамп дар масири “Барҷом”-ро ба шиддат афзоиш медиҳад. Акнун, зоҳиран, оқои Трамп аз таҳдиди даврони таблиғоти интихоботӣ ва исрор бар пора кардани “Барҷом” даст бардоштааст. Умедворем эшон, ки аз тозаворидони дунёи сиёсат аст ва дар оғози кори худ баъзе иқдомоти насанҷида, мисли мамнуияти вуруди шаҳрвандони баъзе кишварҳо ба Амрикоро ҳам анҷом дода, ба тадриҷ бо воқеият ошно шуда ва аз фазои даврони интихоботӣ фосила бигирад.

– Ба назар мерасад, ки муносиботи Эрону Русия аз нигоҳи сиёсӣ хеше рушд кардааст, аммо аз нигоҳи иқтисодӣ Русия феълан чӣ ҷойгоҳе дар муносибат бо Эрон дорад?

– Муносиботи Эрону Русия ба қарнҳо қабл бармегардад ва фарозу нешибҳои зиёде доштааст. Дар давлати ҷаноби оқои доктор Рӯҳонӣ ба равобити ду кишвар таваҷҷуҳи вижае шуд ва метавон гуфт, ки яке аз авомили муҳимм ва пайвандбахши равобити ду кишвар дар солҳои ахири муборизаи муштарак бо терроризм будааст. Лизо, на фақат равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои амниятиву низомӣ ҳам дар қолаби муборизаи амалӣ бо падидаи терроризм тавсеа пайдо кардааст. Дар заминаи иқтисодӣ ҳам, ба вижа дар саноеъи сангин, монанди сохти зуби оҳан, садд, ниругоҳҳои барқу назири он, тарафайн ҳамкории хубе доштаанд. Ҳатто медонед аввалин ниругоҳи барқи атомии Эрон дар Бушаҳр бо ҳамкории Русия сохта шудааст. Аммо дар бахши тиҷориву сармоягузорӣ ҳамкориҳо мутаносиб бо тавонмандиҳои ду кишвар нест. Акнун ду тараф бар рӯи ин мавзӯъ кор мекунанд. Ҳаҷми ин ҳамкориҳо бисёр бештар хоҳад шуд. Ба унвони намуна пас аз таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия, ду тараф барои судури маҳсулоти ғизоии эронӣ ба он кишвар барномаҳои мухталифе ба марҳалаи иҷро гузоштаанд.

– Оё сармоягузорони тоҷик низ дар Эрон фаъолият доранд? Агар бале, дар чи заминаҳое ва агар не чаро?

– Ғолибан ҳамкориҳои саромоягузорони Тоҷикистон (бахши хусусӣ) дар Эрон ба сурати мушорикатӣ аст ва иллати он ҳам мушаххасан ин аст, ки Тоҷикистон кишвари сармояпазир аст ва табодулоти иқтисодии ду кишвар бештар табодулоти тиҷорӣ аст.

Ҷаноби сафир, яке аз масъалаи печидае, ки дар миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон мавҷуд аст, ин табодули донишҷӯён аст. Дар ҳоле ки мо ҳамчунин мушкилро бо ҳеч кишваре дигар надорем. Мақомоти марбутаи Тоҷикистон мегӯянд, дар ин бахш Эрон ба тааҳуди худ амал накардааст. Масалан ин бурсияҳое, ки пешниҳод мешавад, бахшҳо ё ихтисосҳое ҳастанд, ки умдатан барои Тоҷикистон зиёд зарурӣ нестанд ва ё эълон мешавад, вале қабул сурат намегирад ва мисли инҳо? Оё ҳалли ин масъала ғайримумкин аст?

– Садҳо донишҷӯи тоҷик дар 25 соли гузашта дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил карда ё машғули таҳсил ҳастанд. Дар ҳавзаи ҳамкориҳои донишгоҳӣ ва табодули устоду донишҷӯ асноди мухталифе дорем. Донишгоҳҳои мухталифе ҳам бо донишгоҳҳои Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ имзо кардаанд. Бар асоси ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишии Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон уҳдадор аст солона 250 донишҷӯи бурсияро аз Тоҷикистон аз миёни довталабони чор баробари ин зарфият, аз тариқи озмуни илмӣ ва мусоҳиба пазириш намояд. Ҳеҷ гоҳ теъдоди довталабони муаррафишуда аз Тоҷикистон як баробари ин мизон ҳам набудааст. Ба ҳамин далел ҳеҷ соле ин саҳмия такмил нашудааст. Эрон даҳҳо риштаи тахассусиро, ки мавриди дархост ва ниёзи Тоҷикистон буда, муаррафӣ карда ва агар довталабони дорои шароит муаррафӣ шаванд, дар чорчӯби саҳмияи номбурда ҳатман барои таҳсил ва истифода аз саҳмияи ёдшуда, ба Эрон фиристода хоҳанд шуд. Ин зарфият ҳамчунон вуҷуд дорад ва алоқамандони тоҷик, ҷуз чанд риштаи маҳдуд, ки пазириши донишҷӯи хориҷӣ дар онҳо ба сурати бурсия (на озод) сурат намегирад, метавонанд дар ҳама риштаҳои дигар дар донишгоҳҳои Эрон ба сурати бурсия таҳсил намоянд. Гуфтанист, беш аз 90 дар сади донишҷӯёни тоҷики эъзомӣ ба хориҷ дар риштаҳое машғул мешаванд, ки Эрон ҳам аз қабл он риштаҳоро пешниҳод карда ва сатҳи илмии Эрон дар хеле аз он риштаҳо, аз бархе кишварҳои мақсади ин донишҷӯён болотар ҳам ҳаст.

– Шумо дар як суҳбати ихтисосӣ дар соли гузаштаи мелодӣ бо нашрияи «Миллат» гуфтед, ки ояндаи равобити Тоҷикистону Эронро равшан мебинед. Оё метавон, гуфт, ки беҳбуд ё ба сатҳи нав нарасидани равобит бо Тоҷикистон, дар дарозмуддат бар зарари манофеъи минтақаии Эрон хоҳад буд? Фикрмекунед, ки ин раҳбарони сиёсӣ ҳастанд, ки бояд барои беҳбуди равобит иқдом кунанд ва ё талошҳои дипломотӣ дар ин маврид муваффақ хоҳанд шуд?

– Равобити Эрону Тоҷикистон реша дар тасмими сиёсатмадорон ва ё хости дипломотҳо надорад, ки агар кудурате байни онҳо пеш омад, аз ҳам бигсалад. Худованд моро бо ҳам ва дар канори ҳам хостааст. Шумо ҳеҷ ду миллатеро дар ҷаҳон пайдо намекунед, ки ин ҳама муштаракот, иштиёқ ва меҳри мутақобил ва заминаҳои такмилии иқтисодӣ ва геополитикӣ барои хамкорӣ дошта бошанд. Муштаракот ва часпандагиҳои Тоҷикистон бо Эрон аз бисёре аз 15 ҳамсояи мо бештар аст. Равобити мо реша дар илзомоти куҳани тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва манофеъи роҳбурдии ду миллат дар ҳама соҳот дорад. Манофеъи мутақобили иқтисодӣ ва амниятӣ имрӯз онро тақвият мекунанд, ба ин далел аст, ки раҳбарони ду кишвар гармтарин ва самимонатарин таъбирҳоро барои равобити ду кишвар баён кардаанд. Раҳбарони мо ду миллатро хешу табор ҳам медонад ва ин бисёр фаротар аз як робитаи хушки сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Ман ҳамчунон ояндаро равшантар мебинам, зеро решаҳои ин муносибот дар аъмоқи таърих ҷой гирифтаанд ва аз уқёнуси бузурги мероси арзишманди ниёгон об мехурад. Адами иртиқо ва равобити ду кишвар на дар дарозмуддат, ҳатто дар кутоҳмуддат бар зарари ҳар ду тараф ва муғойири хости ду миллат ва раҳбарони мост. Доштани пайвандҳо ва иртибототи бештар ва роҳаттар табъан гоҳе мушкилот ва суитафоҳумҳое ҳам эҷод мекунад, аммо мушкиле нест, ки ҳал шуданӣ набошад. Гоҳ бо дӯстони тоҷик шӯхӣ карда мегӯем: Бузургтарин ихтилофи мо он аст, ки Шумо мегӯед чойи кабуд ва мо чойи сабз. Албатта решаи ин мушкил ҳам шояд дар шеъри Ҳофиз бошад, ки осмонро сабз дида ва мефармояд:

Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,

Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.

 Вуҷуди мушкилот амри табиъӣ ва тақозои зиндагии башарӣ аст. Муҳим ин аст, ки мушкилот монеъи ҳамкорӣ ва дӯстӣ набошад ва бо гуфтугӯи самимона ҳаллу рафъ гардад. Равобити мо чунон ки дӯсти хубам ҷаноби оқои Холиқназар ҳам чанде қабл дар мусоҳибае гуфта буд, тира нест ва уфуқи равшане дорад. Ба рағми бархе сиёҳнамоиҳо, ки бархе тарафҳои дигар мехоҳанд равобити ду кишварро тира тарсим кунанд, ҳамакнун даҳҳо ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон фаъоланд ва бо вуҷуди парвозҳои мустақим ва такроршаванда дар ҳар ҳафта мардуми Эрону Тоҷикистон мудовиман дар рафту омад буда ва ҳеҷ барномаи фарҳангӣ ва ҷашну ҳамоишро бе ҳам баргузор намекунанд. Мафохири муштарак дорад ва онҳоро чунон ки дар ҳамоиши бузурги гиромидошти марҳум устод Садриддин Айнӣ дар ҳафтаҳои қабл дар Теҳрон шоҳид будем, ба унвони мафохири муштараки форсизабонон гиромӣ медоранд. Ҳамин ки қарори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон соли устод Лоҳутии эронӣ бошад ва соли қабл низ соли Мирсайиди Ҳамадонӣ буд, барои нишон додани ҷудоинопазирии ду миллат кофӣ аст .Он чи гуфта шуд ба маънии ризоияти инҷониб аз вазъи феълии равобит нест, зеро муътақидам равобите, ки метавонем ва бояд дошта бошем, бисёр фаротар аз ин аст. Мо ба унвони Эрон омодаи рушди равобит ҳастем. Ва ба қавли шоъир: «Аз ин тараф ки манам, роҳи корвон боз аст.» Мутмаинам, ки раҳбарии Тоҷикистон ва миллати азизи он низ чизе ҷуз ин намехоҳанд ва итминон дорам равобити ин ду кишвари бо ҳам бародару ҳамзабон рӯз ба рӯз беҳтару гармтар мешавад.

– Дар поёни суҳбат мехостам роҷеъ ба музокироти сулҳи Сурия дар Қазоқистон бипурсам, ки он чӣ дастоварде дошт? Оё фикр намекунед, ки бидуни ширкати Амрико ва Ғарб дар музокироти сулҳи Сурия баъид аст, натиҷае ҳосил шавад?

– Иҷлоси муҳимми Остона дар ҳоле ахиран дар Қазоқистон ба ибтикори Эрону Русия ва Туркия баргузор шуд, ки дар ин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ афзун бар ҳузури Русия, Эрон ва Туркия кишвари зомини иҷрои тавофуқи Маскав дар бораи Сурия, Стефан де Мистура, намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Сурия , ҳайате аз сӯи давлати Димишқ ва намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳамчунин сафири Амрико дар Қазоқистон ҳузур доштанд. Дар ҳоле, ки то кунун чандин даври музокироти сиёсӣ дар сутуҳи мухталиф ва бо ҳузури кунишгарони матраҳи байналмилалӣ ва мантақаӣ ва ҳамчунин муоризони сурӣ бо ҳадафи ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҳаллу фасли ин буҳрон баргузор шуда, аммо ҳамагӣ ба далели коршикании Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ аз як сӯ ва вуҷуди бархе ихтилофоти ҷузъӣ дар масири барқарории оташбас аз сӯи дигар бенатиҷа поён ёфтааст.

Нишасти Остона аз назари мо нишасти мусбате буд, ки ҳам буъди низомӣ дошт ва ҳам буъди сиёсӣ. Аз муҳимтарин дастовардҳои он метавон ба мавориди зер ишора намуд:

баргузории аввалин даври гуфтугӯҳои сурӣ, ки роҳро барои эҷоди як ҷабҳаи воҳид байни давлати қонунии Сурия ва гурӯҳҳои дохилии ин кишвар дар баробари террористҳои такфирӣ бо меҳварияти давлати қонунии Сурия фароҳам овард;

- ҳамоҳангии се кишвари Русия, Эрон ва Туркия дар саҳнаи Сурия;

тафовут қарор додан байни гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо соир гурӯҳҳои мусаллаҳ;

-тақвияту тасбити оташбас дар Сурия;

-дастёбӣ ба тафоҳум дар мубориза бо терроризм, ба вижа террористҳои ду гурӯҳи Доиш ва ФатҳулШом, ки машғули тавофуқи оташбас низ намебошанд;

ин нишонае аз оғози бозсозӣ дар Сурия буд. Нуктаи мусбати дигари ин нишаст адами ҳузури намояндагони кишварҳои ҳомии терроризм буд, ки ин мавзӯъ баёнгари инзивои ин кишварҳо аст. Дар ин музокирот қарор набуд террористҳои дирӯзи Сурия ба сиёсатмадорони имрӯз табдил шаванд, чаро, ки мавзӯъи аслии музокирот таҳаввулоти майдонӣ ва баҳси оташбас буд, на музокироти сиёсӣ. Нишасти Остона як бори дигар, нақши созанди Эронро, ки ҳамвора ба як мавзеъи усулӣ дар мубориза бо терроризм ва авлавият додани ҳамзамон ба роҳкори сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Сурия таъкид дошт, собит намуд.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97