Суҳбати ихтисосии «Миллат» бо доктор Қосимшоҳ Искандаров
Қарор буд, имрӯз 7 июл натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълон шавад. Таври маълум дар даври дуввуми интихобот тақаллуби густурдае сурат гирифтааст, ки нозирони Иттиҳодияи Аврупо онро тайид кардаанд. Ба гуфтаи ҳайати ИА ҳудуди 6 ҳазор сандуқ, яъне камобеш 6 миллион баргаи тақаллубӣ ба сандуқҳо рехта шудааст, ки бояд онҳо аз орои поки мардум ҷудо шаванд. Аммо Ашраф Ғанӣ, ки гуфта мешавад, ин тақаллуб ба нафъи ӯ сурат гирифтааст, даъво дорад, ки бояд натиҷа ҳарчи зудтар эълон шавад. Ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфтааст, ки агар орои нопок аз пок ҷудо нашавад, бояд натиҷа эълон нашавад, дар ғайри он натиҷаро қабул намекунад. Вобаста ба вазъи буҳронии пешомада дар Афғонистон суҳбате мухтасар бо Афғонистоншиноси маъруф, профессор Қосимшоҳ Искандаров, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон анҷом додем:
-Устод, бо таваҷҷуҳ ба буҳрони интихоботӣ дар Афғонистон вазъият то куҷо қобили нигаронӣ аст?
- Вазъият қобили нигаронии ҷиддист. Зеро тими доктор Абдуллоҳ, ба гуфтаи онҳо шавоҳид ва асноди мувассақ дорад, ки дар интихобот тақаллуби густурда шудааст, аммо Камисюни мустақили интихобот ва Камисюни самъу шикоёт ба ин ҷиддӣ муносибат накардаанд.
- Эълони натоиҷ ба нафъи Ашраф Ғанӣ ва Дустум чи пайомаде хоҳад дошт? Албатта бо таваҷҷуҳ ба ин ки баъди даври якум ва ба доктор Абдуллоҳ пайвастани ҳамаи номзадҳои мутанафизи дигар, мисли Сайёф ва Залмай Расул ва Шерзай.
- Худи тақаллуби густурда ва ба инобат нагирифтани раъйи миллионҳо нафар дар ҷомеа беэътимодӣ нисбат ба ояндаи кишвар, беэътимодӣ байни қавмҳо ва нодида гирифтани асли демократия аст, ки кишварҳои демократии ҷаҳон мехоҳанд дар Афғонистон пиёда кунанд.
- Дар ҳукумати Ғанӣ ҳузур надоштани тоҷикҳо, ва инчунин шахсиятҳои муҷоҳиддини собиқ чи паём дорад?
- Ҷаноби Зиё Масъуд мехоҳад аз тоҷикҳо намояндагӣ кунад. Бе тоҷикҳо дар Афғонистон ҳич ҳукумат пойдор намемонад. Агар Ғанӣ ба мақоми президентӣ бирасад ҳам, ҳатман як ҳукумати васеъулбунёдро бояд ташкил кунад.
- Оё метавонем интизори як истибдоди дигар ва куштаву зиндонӣ кардани рушанфикрон дар умум ва хоса тоҷикони фаъол мисли даврони ҳукумати Амин ва Таракӣ бошем?
- Фикр мекунам, ки дар ин давра ин имкон камтар аст. Тоҷикҳо он тоҷикҳои давраи Таракӣ дигар нестанд.
- Дар ҳоли бартариталабии паштунхо ва аз сӯе ҳам муборизаи ақвоми дигар барои ҳуқуқашон идома дорад, бо тақаллуб ба қудрат расидан ин ҳаракатҳои маданиро таъзиф хоҳад кард ва ё бартариталабонро?
- Баръакс, ҳаракатҳои маданӣ қувват хоҳанд гирифт. Интихоботи 1393 барои ҳама дарс хоҳад шуд.